(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt12 майи соли 2018 дар Кохи Борбад Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи моҳи шарифи Рамазон бо масъулини мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, намояндагони фаъоли соҳаҳои иҷтимоӣ, олимон, зиёиёни эҷодкор ва ходимони дин мулоқот карданд.

Нахуст Сарвари давлат ҳамаи иштирокчиёни мулоқот ва кулли мардуми кишварро бо фарорасиии айёми раҳмату мағфират шодбош гуфта, дар бораи фазилатҳои накуи моҳи шарифи Рамазон андешаронӣ карданд. Таъкид гардид, ки моҳи Рамазон ба сифати яке аз рукнҳои дини мубини ислом имтиҳони нафсу ҷисми саркаши инсонӣ буда, одамонро ба сабру таҳаммул, эҳтироми якдигар, раҳму шафқат ва кумак намудан ба эҳтиёҷмандону камбизоатон ҳидоят месозад.

Дар ҷараёни мулоқот Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон диққати иштирокчиёнро ба вазъи зудтағйирёбандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, вазъи мураккаби сиёсӣ дар баъзе кишварҳои олам, ҳолати дастрасии аҳолии сайёра ба неъматҳои моддию сарватҳои табиӣ, таъсири тағйирёбии иқлим ва низоъҳои солҳои охир ба ташаккули дунёи маънавии инсоният, инчунин дигар масъалаҳои мубрами рӯз ҷалб карданд.

Аз ҷумла, оид ба талошҳову тадбирҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ дар самти ҳалли мушкилоти оби ошомиданӣ сухан ронда, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки “ҳар сол танҳо бо сабаби норасоии оби тозаи ошомиданӣ як миллиону 400 ҳазор кӯдак азият кашида, ҳар дақиқа як кӯдаки навзод аз бемориҳои сироятии вобаста ба норасоии оби тоза ва муҳити пок ба ҳалокат мерасад. Ҳамасола аз шумораи умумии аҳолии сайёра бо сабаби норасоии об 3 миллиону 400 ҳазор нафар вафот карда, 31 фоизи муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷаҳон ба оби тоза дастрасӣ надоранд. Ғайр аз ин, қариб 800 миллион нафар аҳолии сайёра аз норасоии ғизо азият кашида, як миллиард нафар кӯдакон дар шароити қашшоқӣ зиндагӣ мекунанд ва бо ҳамин иллат ҳар сол 22 ҳазор нафар кӯдак вафот мекунад.

Вобаста ба вазъи ноороми сиёсӣ дар кишварҳои ҷангзадаи олам Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки вазъияти ниҳоят ҳассосу ноороми ҷаҳон мову шуморо водор мекунад, ки нисбат ба ҳар вақти дигар зираку ҳушёр бошем, дар ғафлат намонем, манфиату зарари худро дар гуфтору амали хеш дуруст дарк кунем, ба қадри бузургтарин неъмату дастовардҳои зиндагиамон - истиқлолияту озодӣ, соҳибватаниву соҳибдавлатӣ, сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ расем.

Дар ҷамъомади имрӯза бо масъулини мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, намояндагони фаъоли соҳаҳои иҷтимоӣ, олимон, зиёиёни эҷодкор ва ходимони дин Пешвои миллат бори дигар оид ба зарурати қабули қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” андешаронӣ карда, аз аҳли ҷомеаи кишвар риояи муқаррароти қонунҳоро талаб намуданд.

Баъди суханронии пурмуҳтавои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Юсуф оид ба таъмини волоияти қонун, Вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон дар бораи вазъи пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ, Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Саймумин Ятимов оид ба таъмини амнияти давлату миллат, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимзода Насим оид ба ҳифзи солимии ҷомеа гузориш доданд.

Сарвари давлат ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастур доданд, ки барои иҷрои супоришҳои дар мулоқот зикргардида, баҳри таъмини волоияти қонун, пешгирии ҳамагуна ҷинояткорию қонуншиканиҳо, ҳифзи муқаддасоти миллӣ, боло гузоштани манфиати давлат, дуруст ба роҳ мондани ташхису табобат, таъмиру тармим ва бунёди муассисаҳои тандурустӣ, махсусан марказҳои саломатӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, дар байни аҳолӣ корҳои тарғиботию ташвиқотӣ баранд ва тадбирҳои мушаххасу саривақтӣ андешанд.

Супоришҳои дигар ба масъулини мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба таълиму тарбияи насли наврас дар роҳи хештаншиносию ватанпарастӣ, бунёди муассисаҳои муосири таълимӣ, китобхонаву ҳаммомҳо бо сартарошхонаву кошонаи ҳусн, боғу гулгаштҳо ва ҷойҳои сайру истироҳати оммавӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ, аз ҷумла коргоҳҳои дӯзандагӣ, истеҳсоли маснуоти ҳунарҳои мардумӣ дар ҳар як ҷамоату деҳоти кишвар, бо оби босифати ошомиданӣ таъмин намудани аҳолии деҳаҳо, таъмири роҳи байни деҳаҳо, риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, дода шуданд.

Дар мулоқот ҳамчунун чанд тан аз олимон, зиёиён, ходимони дин, соҳибкорон аз Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлону Суғд, шаҳри Дашанбе ва  ноҳияи Рашт, аз ҷумла Усмоналӣ Нуров - Сархатиби масҷиди ҷомеи марказии шаҳри Бохтари вилояти Хатлон, Ҳоҷиҳусайн Мусозода - Сархатиби масҷиди ҷомеи марказии шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд, Садрӣ Файзиев - соҳибкор аз ноҳияи Деваштиҷ, Сурайё Уроқова - Директори Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Гурӯҳи самимии сохтмон”, Наргис Шерматова - Директори Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Шерматова Наргис”, Абдусамад Саидов - соҳибкор аз шаҳри Истаравшан, Абдулаҳад Муминов - роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Элегант”-и шаҳри Бӯстон, Шафоат Ватаншоева - соҳибкор аз шаҳри Хоруғ, Бахтиёр Ибодуллозода - директори  Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Шаҳри зебои ман”-и шаҳри Душанбе ва дигарон баромад карда, нисбат ба ҳадафҳои арзишманди Роҳбарияти давлату ҳукумати кишвар, ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат дар сатҳи байналмилалӣ оид ба ҳалли мушкилоти оби ошомиданӣ, дастгирии ҳукумати кишвар оид ба рушди соҳибкорӣ дар мамлакат, иҷрои ҳатмии қонуну қарорҳои давлатӣ, инчунин дигар масъалаҳои мубрами ҷомеа андешаронӣ карданд.

Зимни баромади худ соҳибкорони ватандӯсти ҷумҳурӣ асосан ташаббус пеш гирифтанд, ки бо ҷонибдорӣ аз сиёсати неку ояндадори роҳбарияти давлату ҳукумат дар корҳои созандагию бунёдкорӣ тавассути таъмиру тармим ва сохтмони роҳҳо, мактабҳо, марказҳои тандурустӣ, бунгоҳҳои тиббӣ ва дигар иншооти зарурӣ, фаъолона иштирок мекунанд.

Баъди муҳокимаи пурраи масъалаҳои мулоқот Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз аҳли ҷомеаи кишвар даъват ба амал оварданд, ки бо риояи анъанаҳои накуи аҷдодӣ ба масъалаи анҷоми тадбирҳои созандагию бунёдкорӣ, дуруст ташкил ва ба роҳ мондани маросими адои ҳаҷ, иҷрои тадбирҳои хайру савоб, дароз кардани дасти сахо ба эҳтиёҷмандон, ятимону камбизоатон, ғамхорӣ нисбат ба падару модар, хоҳару бародарони хеш, таваҷҷуҳи махсус диҳанд.

Дар охир Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз доштанд, ки ҳар фарди бонангу номуси миллат минбаъд низ ба хотири ободиву пешрафти Ватани азизамон, ҳаёти осоиштаи мардум, таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва истиқболи арзандаи ҷашни сисолагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистони маҳбубамон саъю талош хоҳад кард.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин г...
Фирӯза Нуруллозода Фирӯза Нуруллозода Муовини Раиси шаҳрФирӯза Нуруллозода 9 феврали соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Соли 2004 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи акад...
Раҳматзода А.А. Раҳматзода А.А. Муовини Раиси шаҳрРаҳматзода Аюбҷон Алиҷон 7-уми августи соли 1974 шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ. Соли 1997  Д...
Абдуқаюмзода Ҷ. А. Абдуқаюмзода Ҷ. А. Муовини Раиси шаҳрҶамшед Абдуқаюмзода Алиҷонӣ 16 феврали соли 1976 дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омада, баъди хатми мактаби миёна ба Донишгоҳи да...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Сол...

Роҳбарони сохторҳо

Ишонқулов Ғ. С. Ишонқулов Ғ. С. Ишонқулов Ғайрат Саидбекович 25-уми  феврали соли 1981 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли ...
Алимов У.С. Алимов У.С. Алимов Усмон Собирҷонович 20-уми майи соли 1958 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1979 Донишгоҳи да...
Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Исматҷонов Б.Ҳ. Исматҷонов Б.Ҳ. Исматҷонов Бахтиёр Ҳусейнович 31-уми  майи соли 1982 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2004 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Миркамолов М. Н. Миркамолов М. Н. Миркамолов Муҳсин Насруллоевич 10-уми ноябри соли 1959 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 1980 Донишгоҳ...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...
Расулзода Р.Р. Расулзода Р.Р. Расулзода Раҳим Расул 20-уми июли соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумоташ олӣ. Соли 2000 Донишгоҳи давлатии ...
Муҳаммадзода М. М. Муҳаммадзода М. М. Муҳаммадзода Мӯъмин Муҳаммад. 15-уми июни соли 1958  дарр   шаҳри Хуҷанд   таваллуд ёфтааст. Соли 1981 Донишкадаи политехникии Тоҷикистонро ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми  августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи пол...
Қаландаров И. Ш. Қаландаров И. Ш. Қаландаров Иброҳим Шарифҷонович 8-уми ноябри соли 1963 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 198...
Ёрматов А. Р. Ёрматов А. Р. Ёрматов Абдухалил Рустамович 3-уми феврали соли 1976 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1998 Филиали до...
Бойматов Ф. М. Бойматов Ф. М. Бойматов Фирдавс Мақсудович 26-уми январи соли 1981 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ, соли 2005 Донишгоҳи дав...
Самадов С.А. Самадов С.А. Самадов Сӯҳробҷон Абдусамадович 29-уми декабри соли 1976 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ. Соли 1998 филиали ...
Собитова М. А. Собитова М. А. Собитова Мунзифа Аҳмадовна 14-уми  сентябри соли 1960 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ, соли 1982 Донишгоҳи д...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдуқаҳоровна 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Таҳсилот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи да...
Раҳимхӯҷаев М. А. Раҳимхӯҷаев М. А. Раҳимхӯҷаев Музаффар Анварович 8 августи соли 1982 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи да...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз56
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта923
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта1621
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта6327
mod_vvisit_counterҲамин моҳ18836
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта28577
mod_vvisit_counterҲамагӣ1127790