(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Саноатчии муваффақДар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд конференсияи илмӣ - назариявӣ бахшида ба фаъолияти меҳнатии Корманди шоистаи саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд Ғаффорхон Муҳитдинов  таҳти унвони "Саҳми Ғаффорхон Муҳитдинов дар пешрафти  соҳаи саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода зимни маърӯзаи хеш гуфт, ки “Истиқлолияти давлатӣ бо сайъю кӯшишҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушду тараққиёти кишвар пешравиҳои назаррасро фароҳам овард. Дар ин росто саҳми фарзандони кордону садоқатманди фарзонаи миллат низ боризу назаррас арзёбӣ мегардад."

Таъкид шуд, ки Ғаффорхон Муҳитдинов соли 1993 Академияи хоҷагии халқии назди Ҳукумати Федератсияи Русияро хатм намуда, солҳои 1993-1994 дар вазифаи муовини аввали Раиси шаҳри Хуҷанд кор кардаанд.

Саноатчии муваффақ Солҳои 1994-1997 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси кумитаи давлатӣ оид ба саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуда, соли 1997 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи Раиси кумитаи саноати мудофиаи назди Ҳукумати Ҷумурии Тоҷикистон таъин гардида, соли 2001 муовини Вазир-сардори департаменти саноати мошинсозӣ, электронӣ ва таҷҳизоти барқии Вазорати саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз соли 2003-2005 ёвари Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон адои вазифа кардааст.

Карим Шариф, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Меҳрономаи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба самъи ҳозирин расонд. Зикр гардид, ки бо кӯшиши Ғаффорхон Муҳитдинов корхонаҳои саноати мудофиаи Ҷумҳурӣ пешрав гашт. Барои ин марди наҷиб фазилату поквиҷдонӣ, хоксорӣ, ғамхорӣ нис-бат ба кормандон, маҳбубият ба халқу диёр, башардӯстӣ хос мебошад. Ватан хизматҳои хоксоронаи ин абармардро қадр кардааст. Барои мувафаққиятҳои калон, навовариҳои илмию истеҳсолӣ, саҳм дар тарбияю камолёбии мутахассисон ба унвони фахрии “Корманди шоистаи сано-ати Тоҷикистон”, нишони “Шараф”, Ифтихорномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ифтихорномаи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардидааст. Инчунин бо медали корманди фахрии саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, медалҳои Ҷашнии “5, 10-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “10-солагии ҷаласаи 16-уми Иҷлосияи тақдирсози Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва унвони “Аълочии сарҳадчии Ҷумҳурии Тоҷикистон” мукофотонида шудааст.

Директори генералии корхонаи муштараки тоҷикӣ-туркии “Арча-мебел” Алишер Рустамов доор ба саҳми Ғаффорхон Муҳитдинов дар тараққиёти саноати Тоҷикистон ва иштирокчии иҷлосияи 16 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимҷон Ҳасанов бо маърӯзаи худ таҳти унвони “Саноатчии муваффақ ва сиёсатмадори барҷаста” доир ба хидматҳои  Ғаффорхон Муҳитдинов дар соҳаи саноат ва нақши ӯ ҳамчун вакили мардумӣ андешаҳои хешро баён дошт.

Қайд гардид, ки Ғаффорхон Муҳитдинов Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд  ва шаҳри Линколни штати Небраскаи ИМА мебошанд.   Ба туфайли меҳнати шоёну назаррас дар саросари ҷумҳурӣ шӯҳратёр гардидааст. Ғаффорхон Муҳитдинов ҳамеша кӯшиш менамояд, ки барои ободии диёр ва барои беҳтар кардани ҳаёти иҷтимоии аҳли меҳнат, саҳми арзандаи худро гузорад.

Ҳамкорону ҳамсабақон ва хешону пайвандон низ аз дигар хислатҳои неки Ғаффорхон Муҳитдинов ҳарф заданд.

Ғаффорхон Муҳитдинов дар анҷоми конфронс барои ташкили чунин маҳфил ба Роҳбарияти шаҳри Хуҷанд ва дигар масъулин миннатдорӣ баён намуда, таъкид дошт, ки дар оянда низ баҳри тарбияю раҳнамоии ҷавонони ободкори Ватан саҳми хешро мегузорад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...