(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Раиси вилоят ба азнавсозии «Қалъаи Хуҷанд» суръат бахшидДирӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни боздиди корӣ бо рафти корҳои ободониву созандагӣ дар шаҳри Хуҷанд шинос шуд. Раиси вилоят нахуст ба Қалъаи Хуҷанд, ки яке аз мавзеъҳои таърихиву қадимии маркази вилоят маҳсуб меёбад, ташриф оварда, бо олимону таърихшиносон ва рассомону сохтмончиён машварати корӣ доир намуд. Дар машварат иттилоъ дода шуд, ки дар асоси супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қалъаи Хуҷанд таҷдид гардида, ба макони ободу сарсабз табдил дода хоҳад шуд. Қалъаи таърихии Хуҷанд дар маркази шаҳр, дар соҳили рости дарёи Сир ҷойгир буда, қабл аз ин дар солҳои гуногун навсозӣ шудааст.  Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Раиси вилоят иттилоъ доданд.

Ин манбаъ афзуд, ки Раиси вилоят дар суҳбат бо мутахассисон иброз дошт, ки навсозии Қалъаи таърихии Хуҷанд бояд дар сатҳи баланд ба роҳ монд шуда, ҳангоми иҷрои корҳои сохтмонӣ нишонаҳои таърихии қалъа ҳифз карда шавад. Дар идомаи машварат чанде аз олимону таърихшиносон доир ба таърихи Қалъаи Хуҷанд ибрози андеша намуда, навсозии онро барои ҳифзу нигаҳдории ин ёдгории таърихӣ кори муҳиму саривақтӣ арзёбӣ карданд. Сипас, Раиси вилоят бо вазъи кунунии Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ, ки дар ҳудуди Маҷмааи таърихию фарҳангии “Қалъаи Хуҷанд” ҷойгир аст, шинос гардида, барои боз ҳам ободу назаррабо намудани ин мавзеи истироҳатӣ тавсияҳо дод. Иттилоъ дода шуд, ки бахшида ба “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” аз Маҷмааи Шоҳ Исмоили Сомонӣ то Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” роҳи саёҳатии арғамчинӣ бунёд карда мешавад. Амалишавии ин тадбир метавонад мақоми сайёҳии маркази вилоятро боз ҳам боло бардорад ва ба зиёд шудани сафи сайёҳони дохилию хориҷӣ мусоидат намояд. Дарозии роҳи арғамчинӣ 1 километрро ташкил медиҳад ва тибқи лоиҳаҳои пешакӣ баландии он дар бархе ҷойҳо то 35 метрро дар бар мегирад. Раҷаббой Аҳмадзода ба масъулин супориш дод, ки ҷиҳати иҷрои тарҳи мазкур тадбирҳои заруриро амалӣ намоянд.

Дар идомаи боздид Раиси вилоят бо вазъи меҳмонхонаи “Ленинобод”, ки дар канори  Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” қарор дорад, шинос гардид. Бояд зикр кард, ки  бо назардошти “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” меҳмонхонаи “Ленинобод” навсозӣ карда мешавад. Тибқи нақша дар баробари таъмири ҳуҷраҳои меҳмонхона бунёди қаҳвахонаҳои замонавӣ, истгоҳ барои нақлиёт, ҳавзи шиноварӣ, толори машқу тамрин ва дигар иншооти ёрирасон дар назар дошта шудааст. Раиси вилоят баъди шиносоӣ масъулинро вазифадор намуд, ки корҳои таъмиру барқарорсозиро дар сатҳи зарурӣ ва тибқи талаботи замони муосир ба роҳ монанд.

Бо назардошти афзоиши аҳолӣ ва зиёд гардидани теъдоди хонандагон дар мактаб-гимназияи рақами яки шаҳри Хуҷанд сохтмони бинои иловагӣ барои 640 хонанда идома дорад. Дар аснои шиносоии Раиси вилоят бо рафти корҳои сохтмонӣ иттилоъ дода шуд, ки тибқи лоиҳа бинои нави таълимӣ дорои 31 синфхона, маҷлисгоҳу ошхона мебошад. Раҷаббой Аҳмадзода дар суҳбат бо масъулин ва сохтмончиён иброз дошт, ки соҳаи маориф яке соҳаҳои муҳим маҳсуб ёфта, бо дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳа диққати махсус дода мешавад. Сохтмончиёнро зарур аст, ки корҳоро дар сатҳи баланд ва дар муҳлати пешбинишуда ба анҷом расонанд.

Дар ҳамин мавзеъ Раиси вилоят бо рафти таъмиру навсозии Қасри ҷавонони ба номи Лоиқ Шералӣ ошно шуд. Қасри мазкур, ки макони асосии машғулият ва баргузории чорабиниҳои ҷавонон мебошад, дар вазъи таъмирталаб қарор дошта, ба беҳтар намудани шароити фаъолият эҳтиёҷ дошт. Раҷаббой Аҳмадзода аз ҷараёни сусти корҳо изҳори нигаронӣ намуда, ба масъулин ҷиҳати анҷоми корҳо, чароғон ва гулзор намудани саҳн ва атрофи Қасри ҷавонон супоришҳо дод.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...