(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Рушди босуботи иқтисоди шаҳри Хуҷанд ва тадбирҳои самаранокии фаъолиятБо мақсади натиҷагирӣ аз фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд давоми се моҳи соли 2018 дар толори Маркази фарҳанги шаҳр бо иштироки Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода, муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ, муовинони Раиси шаҳр, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарияти идораву ташкилот, муассисаҳои тандурустиву маориф, воҳидҳои сохтории шаҳр ҷаласаи ҷамъбастӣ баргузор гардид.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ҷаласаро ифтитоҳ намуда, иттилоъ дод, ки  дар баррасии рӯзномаи маҷлис танҳо як масъала «Натиҷаҳои фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва рушди соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳр дар семоҳаи соли 2018» қарор дорад.

Рушди босуботи иқтисоди шаҳри Хуҷанд ва тадбирҳои самаранокии фаъолиятСипас, Аюб Раҳматзода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд доир ба нишондиҳандаҳо асосии хоҷагии халқи шаҳр давоми се моҳаи соли 2018 иттилоъ дода, аз ҷумла афзуд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар партави Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (22.12.2017), дастуру супоришҳо ва нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2017 ва вазифаҳое, ки барои соли 2018 муайян гаштанд, дар давраи ҳисоботӣ фаъолияти худро ба роҳ монда, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид.

Дар давоми семоҳаи аввали соли 2018 нақшаи қисми даромади буҷети давлатии шаҳр 104,8 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 86,2 млн. сомонӣ ворид шуд, ки нисбат ба нақшаи тасдиқ гардида, 3,9 млн. сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли 2017 ба маблағи 8,7 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Дар ин давра ба буҷети маҳаллии шаҳр 34,3 млн. сомонӣ ворид гардид, ки ин аз нақша 350,6 ҳазор сомонӣ ё 1,0 фоиз зиёд ва дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2017 ба маблағи 2,8 млн. сомонӣ, ё 8,8 фоиз афзудааст. Бояд қайд кард, ки доир ба масъалаҳои мақсаднок ва самаранок истифода бурдани маблағҳои буҷетӣ чораҳои амалӣ андешида шуда, нақшаи қисми хароҷоти буҷети маҳаллӣ бо тағйироташ дар ин давра 31,8 млн. сомонӣ буда, иҷроиш 31,5 млн. сомониро ташкил намудааст, ки баробари 93,0 фоизи нақша мебошад.

Рушди босуботи иқтисоди шаҳри Хуҷанд ва тадбирҳои самаранокии фаъолиятИттилоъ дода шуд, ки баҳри ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ, истифодаи мақсадноки захираҳои табиӣ ва нерӯи инсонии минтақа якчанд лоиҳаҳои инвеститсионӣ дар мисоли сохтмони коргоҳи коркарди пӯст ба маблағи 12,5 млн. доллари амрикоӣ, фабрикаи пойфзолбарорӣ ба маблағи 12,6 млн. доллари амрикоӣ, коргоҳи истеҳсоли зарфҳои шишагин ба маблағи 17,0 млн. доллари амрикоӣ, коргоҳи коркарди мева ва истеҳсоли консерва ба маблағи 11,7 млн. доллари амрикоӣ, яхдону сардхонаҳои гуногунҳаҷм ба маблағи 3,1 млн. доллари амрикоӣ ва фабрикаи дорусозӣ ба маблағи 45,0 млн. доллари амрикоӣ мавриди омодасозӣ қарор гирифта, барои рушди соҳаҳои дигари афзалиятнок низ бо истифода аз имкониятҳои мавҷудбуда лоиҳаҳои инвеститсионӣ барои пешниҳод ба сармоягузорони дохиливу хориҷӣ ва институтҳои молиявӣ омода карда мешаванд. Бояд қайд намуд, ки соли 2018 се корхонаи нави саноатӣ, аз ҷумла: ҶДММ “Азияполитекс”, “Арча мебел” ва “Корхонаи сайёри механиконишуда” таъсис дода мешаванд, ки дар ин самт корҳо оғоз гардидаанд.

Аюб Раҳматзода дар мавриди таъмини шаҳрвандон бо китъаҳои замини наздиҳавлигӣ гуфт, ки ҳамчун тадбирҳои меҳварӣ ва муҳим ҷиҳати беҳдошти вазъи иҷтимоии аҳолӣ то имрӯз барои таъмин намудан бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ 3479 адад муроҷиати оилаҳои эҳтиёҷманд оид ба гирифтани қитъаи замини наздиҳавлигӣ ва 1750 нафар барои таъмин шудан бо хонаи истиқоматӣ ба навбат гирифта шудааст. Дар давраи ҳисоботӣ аз ҳисоби дар қайдбудагон ба 12 нафар хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони сохторҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва оилаҳои эҳтиёҷманд аз ҳисоби заминҳои микроноҳияи 14-15-ум қитъаи замини наздиҳавлигӣ ҷудо карда шудааст. Дар ин давра, дар қитъаҳои замини барои сохтмони биноҳои баландошёна ҷудо гардида 12327,0 метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ бо истифода аз унсурҳои инноватсионӣ сохта ба истифода дода шудааст. Ба 63 нафар шахсони воқеию ҳуқуқӣ Сертификати ҳуқуқи истифодаи замин дода шуд. Дар рафти гузаронидани корҳои назоратӣ давлатии истифода ва ҳифзи замин 68 адад қонунвайронкуниҳои замин дар майдони 2467,2 м2 муайян карда шуда, нисбати ин қонунвайронкунандагон дар асоси моддаи 55-и Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 33,8 ҳазор сомонӣ ҷаримабандӣ карда шудааст, ки аз он 27,7 ҳазор сомонӣ пардохт гардидааст.

Иттилоъ дода шуд, ки дар самти ободонӣ ҳамчун ҳадафҳои бунёдкорӣ ба роҳсозӣ ва таъмиру таҷдиди онҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир шуда истодааст. Дар ин ҷода барои хобонидани мумфарши хунук дар сатҳи чуқурчаҳои роҳ, миёнаҷои роҳҳои кӯчаю хиёбонҳо, ҳамвор намудани бардюрҳои ду тараф, иваз намудани қубурҳои обгузар ва аз партов тоза намудани ҷӯйборҳо ба маблағи 334,3 ҳазор сомонӣ корҳо иҷро гардидааст. Дар шаҳр 164,9 км роҳҳои автомобилгард, 318,0 ҳазор метри тӯлонӣ роҳрав, 175,9 ҳазор метри тӯлонӣ ҷӯйборҳо ва 2 адад кӯпрук вуҷуд дорад. Бо мақсади ба талаботи муосир ҷавобгӯй будани роҳҳо, дар ин давра зиёда аз 20,0 тонна маводҳои зидди лағжиш пошида шуда, инчунин 1,9 км таъмиру барқарорсозии ҷӯйборҳо ва деворчаҳои бетонии қадди роҳҳо ба сомон расонида шуданд. Тибқи нақшаи тасдиқшуда соли ҷорӣ 32,5 км таъмири роҳҳои автомобилгард, аз ҷумла 12,5 км таъмири роҳҳо ва кӯчаю хиёбонҳо ва 20,0 км. роҳҳои автомобилгарди байни биноҳои истиқоматии микроноҳияҳо ва дохилии маҳаллаҳо ба нақша гирифта шудааст. Ба аҳолии шаҳр 5 ширкатҳои нақлиёти автомобилии мусофиркашони хусусӣ ва Корхонаи давлатии коммуналии “Нақлиёти мусофиркашони шаҳри Хуҷанд” хизмат мерасонад.

Рушди босуботи иқтисоди шаҳри Хуҷанд ва тадбирҳои самаранокии фаъолиятЗикр гардид, ки мувофиқи пурсиши дар ба дар ва ҳавлӣ ба ҳавлӣ 5395 нафар сокинони шаҳри Хуҷанд дар муҳоҷирати меҳнатӣ мебошанд, ки аз рӯи нишондиҳандаҳо нисбати марҳилаи аввали соли 2017  772 нафар кам мебошад. Дар давоми семоҳаи аввали соли 2018 ба Агентии шуғли аҳолӣ 826 нафар шаҳрвандон муроҷиат намуданд, ки аз ин шумора 734 нафар аҳолии бешуғли қобили меҳнат буда, аз онҳо  521 нафарашон занон, 243 нафар ҷавононро ташкил менамояд. Аз шумораи умумии муроҷиаткунандагон 398 нафар ба қайд гирифта шудааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2017 50 нафар кам шудааст. Аз шумораи умумии ба қайд гирифташуда, 315 нафар бекорон бо ҷойҳои корӣ дар соҳаҳои гуногун бо кор таъмин карда шуданд, ки аз онҳо 174 нафар занон ва 104 нафар ҷавононро ташкил медиҳад. Дар натиҷаи таҳлилҳо маълум гардид, ки айни ҳол дар ҳудуди шаҳр 4 адад марказҳои таълимӣ, 3 адад нуқтаҳои омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ ва 110 нафар ҳунармандон дар соҳаҳои гуногун фаъолият намуда истодаанд.

Таъкид гардид, ки дар шаҳр 11 муассисаи фарҳангӣ фаъолият дорад. Аз ҷумла, 1 Маркази фарҳанг, 2 Хонаи маданият, 2 мактаби санъат, 1 мактаби мусиқӣ, 1 мактаби рассомӣ, 1 Арт-галереяи «Сомониён», Хона-осорхонаҳои Ҳоҷӣ Юсуф Мирфаёзов ва «Эргашбойбача», ансамбли “Шашмақом” ҷиҳати омӯзиш ва таълим фаро гирифтани сокинон ва меҳмонони шаҳр фаъолият мекунад. Дар муассисаҳои мазкур 192 нафар кормандон фаъолият доранд. Аз 31 ёдгориҳои таърихӣ 1 ёдгории таърихӣ ба реестри ҷумҳуриявии ҷамъиятӣ шомил шудааст.

Инчунин, аз 30 ёдгориҳои меъмории фарҳангӣ, ки дар шаҳр мавҷуданд, 13 ёдгории ҷамъиятӣ, 2 давлатии ҷумҳуриявӣ, 2 маҳаллии шахсӣ, 11 маҳаллӣ ва 2 ҷамъиятии ҷумҳуриявӣ ба шумор мераванд. Аз ин миқдор 3 ёдгориҳои меъморӣ ба реестри умумибашарӣ тааллуқ дошта, ба феҳристи ёдгориҳои ЮНЕСКО ворид гардидаанд.

Дар Маркази фарҳанг ансамбли рақсии бачагонаи «Парниён», дар Хонаи маданияти №1 маҳфилҳои карнайнавозон, ансамбли асбобҳои халқӣ, «Нақшхонон», ансамбли “Шашмақом”, дар Хонаи маданияти №2 маҳфилҳои аккосони ҷавон «Нигоҳи нав», навозандагони асбобҳои аврупоӣ фаъолият бурда, ба насли наврас аз тамоми фанҳои санъату мусиқӣ ва рассомӣ таълим медиҳад.

Иттилоъ дода шуд, ки дар кӯчаю хиёбонҳо ва майдонҳои ҳудуди шаҳр 4153  адад дарахтони ороишии сояафкани ҳамешасабз, ба монанди ардач 3450 адад, санавбар 303 адад, бирючина 60 адад, булут 170 адад, дроги испанӣ 106 адад, каштан 170 адад шинонида шуда, барои хуб нашъунамо гаштани онҳо чораҳои зарурӣ андешида шуда истодааст.Илова бар ин, 196,1 ҳазор дона гулҳои ҳархелаи ороишӣ, 45,1 ҳазор адад буттагули садбарг, 22,5 ҳазор адад карнайгул, 6 адад юкка, 85,0 ҳазор дона тухми пиёзаки лола шинонида шуда, таҳти нигоҳубин қарор дорад.Ҷиҳати тақвияти ин самт дар ҳудуди корхонаи кабудизоркунӣ ва гулпарварии шаҳр дар 5 адад гармхонаҳо ба масоҳати 4950 м2 тухмиҳои гулҳои баҳорӣ кошта шудааст. То имрӯз ба қуттичаҳои полиэтиленӣ 300,0 ҳазор дона тухми гулҳои ороишии мавсимӣ ба монанди: тагетес, катарантус, петуния, селозия ва марҷонгул кошта шуда, дар ҳолати парвариш ва нашъунамо қарор дорад. Аз ин миқдор 106,2 ҳазор дона гулҳои ороишӣ сабзонида шуда ба мавзеъҳои гулгашти шаҳр шинонида шуданд. Ҳоло дар гармхона 193,8 ҳазор дона гулҳо парвариш шуда истодаанд.

Дар шаҳр як адад партовгоҳи умумишаҳрӣ ва 175 нуқтаҳои мувақатан ҷамъоварии партовҳо мавҷуд буда, бо 900 адад қуттиҳо таҷҳизонида шудааст, ки инҳо дар мувозинати КВДК «Хизматрасони нақлиёти санитари»-и шаҳр мебошад. Ҳолати экологии партовгоҳи умумишаҳрӣ ба талабот ҷавобгӯ мебошад.Тамоми фаъолияти соҳаи ҳифзи муҳити зист дар асоси  «Барномаи давлатии экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019» татбиқ шуда истодааст.

Ҷиҳати рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ва ҷалби васеи омма ба намудҳои мухталифи варзиш ва бахшида ба  соли 2018 “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” зиёда аз 35 чорабиниҳои варзишӣ, аз қабили мусобиқаҳои варзишӣ бо ҷалби беш аз 46 ҳазор нафар ҷавонону наврасон, варзишгарону мухлисон ва меҳмонон баргузор гардиданд. Дар ин давра 10 маротиба машқҳои пагоҳирӯзӣ таҳти унвони “Мо – ҷавонон варзишро интихоб менамоем!” баргузор гардид, ки дар он 2850 нафар ҷавонону варзишгарон ва сокинон, аз ҷумла 1080 нафар духтарону бонувон  иштирок намуданд. Бо мақсади ҷалби бештари аҳолӣ, хусусан наврасону ҷавонон ба варзиш дар ҳудуди шаҳр беш аз 280 иншооти варзишӣ мавриди истифода қарор дорад. Ҳамчунин,  бунёд ва азнавсозии толорҳо ва майдончаҳои варзишӣ аз ҷониби мақомоти давлатию ҷамъиятӣ ва соҳибкорони маҳаллӣ бомаром идома дорад. Дар ин давра 3 иншооти варзишӣ ба истифода дода шуда, аз ҷумла, 2 майдончаи варзишии кӯчаи “Сирдарё” ва толори варзишӣ оид ба намуди бокс дар маҳаллаи “Мевағул” мавриди истифодабарӣ қарор дода шуданд.

Рушди босуботи иқтисоди шаҳри Хуҷанд ва тадбирҳои самаранокии фаъолиятСипас, Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода  аз роҳбарони соҳаҳои гуногун аз ҷумла, Мунаввар Раҷабов, сардори нозироти андоз, Ҳайдар Эшонқулов, роҳбари КВДК “Хизматрасонии нақлиёти сантирӣ”, Мӯъмин Тошматов, мудири шуъбаи энергетика ва саноат, Сӯҳроб Самадов, сардори идораи сохтмони асосӣ, Муяясар Сангинова, мудири шуъбаи кор бо занон ва оила, Муҳайё Акмалхӯҷаева, иҷрокунандаи вазифаи мудири шуъбаи маориф, Абдулмуталиб Каримов, масъул оид ба соҳаи тандурустӣ, Мӯҳсин Миркамолов, мудири бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, Иброҳим Қаландаров, директори генералии КВДК “Сарраёсати ободонӣ, хоҷагию манзилӣ ва коммуналӣ” ва дигарон оид ба рафти иҷрои нақшаву ӯҳдадориҳои соҳавӣ пурсиш ба амал оварда, барои рафъи камбудиҳо супоришҳои қатъӣ ва мӯҳлатҳои муайян дод. Таъкид гардид, ки масъулин баҳр иҷрои самаранокии нақшаҳо аз тамоми имконоту василаҳо самаранок истифода баранд.

Комиссари ҳарбии шаҳр Абдушоҳид Ниёззода, мудири шуъбаи кор бо маҳаллаҳо Мурод Раҷабов, раисони кумитаҳои маҳаллаҳо доир ба сифатнок иҷро намудани нақшаи даъвати баҳорона муваззаф гардиданд.

Анвар Яъқубӣ, муовини Раиси вилояти Суғд аз фаъолияти камранги Ситоди шаҳрӣ оид ба масоили иқтисодӣ интиқод намуда, дастур дод, ки кори он бояд ҷоннок карда шавад. Тамоми масоили вобаста ба рушди иқтисодӣ ва муаммоҳо пайдогардида дар он баррасӣ карда шавад. Таъкид гардид, ки мутаасифона он ситод фаъол нест.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода зимни вазифагузориҳо таваҷҷуҳи ҳозиринро баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ва нишондодҳои Раиси вилоят Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ҷалб намуда, баҳри сифатнок иҷро намудани он мӯҳлатҳои муайян дод.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин г...
Фирӯза Нуруллозода Фирӯза Нуруллозода Муовини Раиси шаҳрФирӯза Нуруллозода 9 феврали соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Соли 2004 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи акад...
Раҳматзода А.А. Раҳматзода А.А. Муовини Раиси шаҳрРаҳматзода Аюбҷон Алиҷон 7-уми августи соли 1974 шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ. Соли 1997  Д...
Абдуқаюмзода Ҷ. А. Абдуқаюмзода Ҷ. А. Муовини Раиси шаҳрҶамшед Абдуқаюмзода Алиҷонӣ 16 феврали соли 1976 дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омада, баъди хатми мактаби миёна ба Донишгоҳи да...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Сол...

Роҳбарони сохторҳо

Алимов У.С. Алимов У.С. Алимов Усмон Собирҷонович 20-уми майи соли 1958 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1979 Донишгоҳи да...
Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Исматҷонов Б.Ҳ. Исматҷонов Б.Ҳ. Исматҷонов Бахтиёр Ҳусейнович 31-уми  майи соли 1982 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2004 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Миркамолов М. Н. Миркамолов М. Н. Миркамолов Муҳсин Насруллоевич 10-уми ноябри соли 1959 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 1980 Донишгоҳ...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...
Муҳаммадзода М. М. Муҳаммадзода М. М. Муҳаммадзода Мӯъмин Муҳаммад. 15-уми июни соли 1958  дарр   шаҳри Хуҷанд   таваллуд ёфтааст. Соли 1981 Донишкадаи политехникии Тоҷикистонро ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми  августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи пол...
Ёрматов А. Р. Ёрматов А. Р. Ёрматов Абдухалил Рустамович 3-уми феврали соли 1976 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1998 Филиали до...
Самадов С.А. Самадов С.А. Самадов Сӯҳробҷон Абдусамадович 29-уми декабри соли 1976 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ. Соли 1998 филиали ...
Собитова М. А. Собитова М. А. Собитова Мунзифа Аҳмадовна 14-уми  сентябри соли 1960 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ, соли 1982 Донишгоҳи д...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдуқаҳоровна 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Таҳсилот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи да...
Раҳимхӯҷаев М. А. Раҳимхӯҷаев М. А. Раҳимхӯҷаев Музаффар Анварович 8 августи соли 1982 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи да...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Акмалхӯҷаева М. Ҳ. Акмалхӯҷаева М. Ҳ. Акмалхӯҷаева Муҳайё Ҳалимовна 28 сентябри соли 1967 дар оилаи хизматчц ба дунё омадааст. Соли 1990 Донишкадаи давлатии педагогии шаҳри Душан...
Мухбира Дониёрова Мухбира Дониёрова Тибқи қарори Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аз 30-юми июли соли равон мудири шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳр Мухбира Дони...

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз1319
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта2828
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта13026
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта15163
mod_vvisit_counterҲамин моҳ39725
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта50785
mod_vvisit_counterҲамагӣ1343918