(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 99 фоиз аҳоли мусулмонон мебошанд.  Аз ин рӯ, ҳар гуна ҳаракат, сиёсат, ки ба беҳбудии дин, мустаҳкамкунии эътиқод нигаронида шудааст, бояд пазируфта шавад. Зеро дар мустаҳкамии давлат, ҷамъият ва оромию сулҳ на танҳо меъёрҳои ҳуқуқӣ, инчунин  меъёрҳои ахлоқӣ, хусусан қоидаҳои динӣ низ нақши бузургро ишғол мекунад. Дар Тоҷикистон барои инкишофи динӣ ислом, шароити фароҳам барои мусулмонон чораҳои гуногун андешида шудааст. Сохтмони масчидҳо, нашри китобҳои динӣ, хусусан Қуръон, омӯзиши илмҳои динӣ, ободонии макбараҳои азизони динӣ. Ин аст, сиёсати давлат дар  инкишофи дин.

Дар замони ҷаҳонишавӣ  ғояҳои экстремистӣ, террористӣ  динро рӯпӯш намуда    ба давлатдорӣ, оромию сулҳ таҳдид менамояд. Дар саршавии ҷанги шаҳрвандӣ, сабабгорони ҷанг ҳамин гуна «ҳимоятгарони дин» буданд. Собиқ ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон, ҳозира ташкилоти экстремистӣ-террористии ХНИТ дар замони Иттиҳоди абаркудрати Шӯравӣ соли 1978 дар совхози «Туркманистон»-и ноҳияи Бохтар таъсис ёфтааст. Созмони экстремистии  «Ихвон-ал-муслимин», яъне бародарони мусулмон ба таври маҳфиёна амал мекард. Мақсади онон барпо намудани давлати Халифат дар Тоҷикистон буд.

Хуллас, мақсади асосии ин ҳизб фақат иғвогарӣ, нотинҷӣ дар кишвар, тафрикаандозӣ  байни мардум ва ғайра мебошад. Бояд таъкид намоем, ки мутобиқи моддаи 4-и Қонуни ҶТ « Дар  бораи ҳизбҳои сиёсӣ, ки фаъолияти онҳо ба терроризм, зӯроварӣ, тағйир додани сохти конститутсионӣ равона гардидааст ё маҳалгарои ва диниро ташвиқ менамоянд, манъ аст.

Аслан ХНИТ аз замони таъсис ва пайдошавиаш дар саҳна ва фазои сиёсии кишвар чун ҳизби моҷароҷӯ, тақрибкор, никорталаб, фитаангез, ҷудоиандоз, ҳизби мансабталошону вакилшавандагон, ҳизби бегонапарастон, маҳалгароёну миллатгароён ва дур аз манфиатҳо ва арзишҳои миллии мо «шӯҳрат» пайдо намуд.

Дар муддати начандон тӯлонии даврони Истиқлолият мардуми тоҷик баробари дастовардҳои чашмрас бо азияту кулфат, афтоданҳо, шикастанҳо, сӯхтану нобуд кардан, қатлу ғорат, ғаму ғусса ва фироку ҷудоиҳо рӯ ба рӯ шуд.

Гарчанде мо дар аксар маврид ҷангӣ бародаркушро дар Тоҷикистон (1992-1997) ҷанги таҳмилӣ  мегӯем, айбро ба гардани дигарон бор кардан мехоҳем, вале ташкилкунандагону оташдиҳандагон, душманони дохилии миллати моро зуд бахшидем ва фаромӯш кардем. ХНИТ аз замоне, ки таъсис ёфт ва ба фаъолият шурӯъ намуд, ба ҷузъ ташкил намоишу майдоннишини, мочароҷӯй, никорталабӣ, қонуншиканӣ, фишороварӣ, таҳдиду зӯроварӣ дигар кори хайру савобе накардааст. Оқибати майдоннишинӣ, қонуншиканӣ, муқовимати сиёсӣ ба чӣ овард, ҳама  медонад. Вале муассисону сарварон, аъзои ин ҳизб, фаъолони он таърихро зуд фаромӯш намуда худро мусичаи бегуноҳ  ҳатто «ҷабрдида», «бечораву» «оҷиз» мешуморанд. Солҳои тӯлони сарварони ин ҳизб ба ҷойи ватандӯстию  миллатпарастӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон таассубро талқин мекарданд, барои «ҷиҳоду шаҳодат» кор мебурданд, супоришҳои хоҷаҳои хориҷии худро иҷро мекарданд. Як решаи дигари хиёнаткориҳои роҳбарияти ин ҳизб дар он аст, ки онҳо ҷавонони роҳгумзадаи тоҷикро гуё барои таҳсил ба таълимгоҳҳои кишварҳои исломии хориҷа мефиристоданд ва аксарияти онҳо имрӯз дар сафи гурӯҳу ташкилотҳои террористии Ироқу Сурия, Афғонистону Покистон мебошанд.

Ин ҳизби ноком, ки худро зери ниқоби дини мубини ислом гирифта, бо сӯистифода аз номи Худованд мехоҳад ба ҳокимият ноил гардид, ки ҷомеаи Тоҷикистон аксарият мусулмон буда, ба ин ҳизб ниёз надорад ва мардум дигар ба ваъдаю дасисаҳои он бовар надоранд. Кирдорҳои зишту нопок ва ғайриқонунии баъзе аз аъзоёни ХНИТ ҳамаро дил монда кадааст. Тибқи Конститутсия Тоҷикистон давлати дунявӣ ба шумор рафта, мавҷудияти ҳизбе, ки бо дин омезиш ёфтааст мантиқан нодуруст аст,аммо Ҳукумати мамлакат ба хотири сулҳу суботи ҷомеа ва як дилии миллати тоҷик ба ХНИТ иҷозат дода буд ва ҷавоби аъзоёни шӯрои ин ҳизб ин аст.

Аз ин рӯ, беҳтар он аст, ки масъулини ташкилоти терористии ХНИТ аз ҳар гуна амалӣ душманона нисбат ба ватану миллати худ даст кашида, пайравонашонро низ ба чунин рафтор ҳидоят намоянд.

Хушбахтона 29 сентябри соли 2015 аз ҷониби Суди Олии ҶТ аризаи прокурори генералии ҶТ қонеъ гардонида шуда, ХНИТ-ро ҳамчун ташкилоти ифротгарои эътироф намуда, фаъолияташ дар тамоми кишвари мо барҳам дода шуд. То имрӯз руҳониёни исломии асил ХНИТ –ро қабул надоранд ва эътироф ҳам намекунанд.

Тоҷикистон давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд аст, инро Сарқонуни кишвар кафолат додааст, вале ин маънои  онро надорад, ки мо чӣ коре хоҳем, ҳамонро кунем ва исломро ниқоб карда, теша бар решаи давлат занем, мо аз ноогоҳии худ солҳои навадум сарро ба санг зада гирифтем, ки то ҳол аз ҷароҳати он хун меравад.

Бо терроризму ифротгароӣ, сиёсикунонии исломи ноб бо яроқ мубориза бурдан ғайриимкон аст. Танҳо дар самти идеологӣ, корҳои тарғиботӣ мо метавонем ин вабоҳои асри 21 –ро решакану нест  ва ҷаҳони зебоямонро боз қашангтар, рангину дидани кунем.

Дигар ба ваъдаҳои ҳангомадорӣ муҳофизони ислом бовар намекунем. Сиёсати пешгирифтаи Сарвари муаззами давлатамон Эмомалӣ Раҳмонро дастгирӣ менамоем ва дар атрофи давлату ҳукумат муттаҳид  шуда, ба паҳн шудани ҳар гуна ғояҳои бегонапарастӣ, иғвоандозӣ ва бесуббот намудани кишвар роҳ намедиҳем.

Ф. Назаров, омӯзгори
фанни таърих  ва ҳуқуқ
МТҒ «Мактаби П. Пӯлотов»-и шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...