(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Дар давоми даҳсолаҳои охир ва махсусан дар нимаи дуюми асри XX терроризм ва экстремизм мавриди таваҷҷӯҳи ҳаматарафаи олимон ва сиёсатмадорон қарор гирифт, хусусан аз ҷониби коршиносони мамлакатҳои Ғарб омӯзиши ин зуҳуроти номатлуб дар мадди аввал гузошта шуд. Шояд суоле ба миён биёяд, ки барои чӣ ба омӯзиши ин масъала маҳз дар ҳамин давра таваҷҷӯҳ зоҳир карда шуд, ҳол он, ки таърих исбот мекунад, ки дар ҳама давру замони форматсияҳои ҷамъиятӣ содиршавии терроризм ва экстремизм буд. Чунки  танҳо дар нимаи дуюми асри ХХ дар қатори дигар проблемаҳо терроризм ва экстремизм ба проблемаи глобалии ҷаҳонӣ табдил ёфт.

Омӯзиши ин самт дар корҳои зиёди илмии таҳлилгарон, олимон ва сиёсатмадорон баррасӣ карда шудааст ва проблемаи мазкур онро тақозо мекунад, ки  ин самт бояд ба таври васеъ ва ҳаматарафа омӯхта шуда, сабабу омилҳо ва чораҳои пешгирикунандаи терроризм ва экстремизм муайян карда шавад. Зеро, ки ин зуҳурот намуди ҷинояти махсусан вазнин буда, имрӯзҳо ҷаҳонро ба таҳлука андохтааст.

Тибқи  илми этимология  ибораи терроризм аз калимаи лотинӣ гирифта шуда, маънояш «тарс», «таҳлука», «воҳима» буда он аз ҷониби ташкилотҳо, гурӯҳҳо ва ё шахсони алоҳида барои ба ҳадафҳояшон расидан  амалӣ карда мешавад.

Умуман  маҳфуми терроризм ва экстремизм бисёр васеъ аст ва дар рисолаҳои илмии таҳлилгарон, олимон ва сиёсатмадорон шумораи он қариб ба 100 мерасад.

Ҳуқуқшиноси машҳури рус Л.А.Моджорян мегӯяд: Терроризм – ин амале мебошад, ки аз ҷониби шахси алоҳида, ташкилот ва ё гурӯҳи одамон, барои ба ҳадафҳояшон расидан равона карда мешаванд. Дар ин ҷо қайд кардан бамаврид аст, ки дар баъзе ҳолатҳо истифодаи терроризм ва ё экстремизм, барои ба  даст овардани ҳокимият низ ҷой дорад. Умуман дар бораи терроризм фикру ақидаҳо мухталифанд ва аз ҷониби таҳлилгарон ва олимони ин соҳа ба таври васеъ шарҳ дода шудаанд.

Терроризм аз рӯи хусусияташ  гуногунҷабҳа буда дар давраи ҳозира  дорои чунин  шаклу намуд мебошад:

- таркиш, оташ задан, вайрону валангор кардани объектҳои махсусан муҳим, манзилгоҳҳо;

Ин намуди ба амал баровардани акти террористӣ бевосита аз ҳама даҳшатнок мебошад. Ҳангоми ба ин амал даст задан шумораи зиёди одамон ҳалоку захмӣ гардида, бехонаю ҷой ва бесаробон мемонанд. Албатта чунин амал дар байни мардум таҳлука андохта, дар натиҷа одамонро воҳима зер мекунад ва бевосита ҳукуматдоронро ба он водор месозад, ки ба хотири амнияти шаҳрвандон ва озод намудани гаравгонон ба таклифҳои террористон ва экстремистон розӣ шаванд (ё ки қисман розӣ шаванд).

-куштор ва қасдан расонидани зарар ба саломатии шахсони алоҳида;

Ин намуди ба амал баровардани акти террористӣ пеш аз ҳама ба он равона карда мешавад, ки ягон нафар шахсони бонуфузи идораҳои дахлдори давлатӣ (ҳукумат, ВКД, амният), намояндагони воситаҳои ахбори омма, арбобони шоистаи давлатиро аз байн бурда, ҷинояткорон  бо ҳамин восита ба ҳадафҳояшон расиданӣ мешаванд. Дар ин ҷо дар хусуси содир намудани кушторҳои дархостӣ: куштори  Минҳоҷ Ғуломов, Муҳаммад Осимӣ, Сайф Раҳими Афарзод дар Тоҷикистон, Индира Гандӣ, Раҷив Гандӣ (Ҳиндустон) ва ғайраҳоро мисолҳо овардан мумкин аст.

- рабудани одамон ва ба гаравгон гирифтан;

Ин намуди ба амал баровардани акти террористӣ аз ҳама шакли маъмул аст ва қариб, ки дар ҳамаи давлатҳои дунё истифода бурда мешавад.

Асосан рабудани одамон ва ба гаравгон гирифтан аз ҷониби ташкилотҳои террористӣ ва террористони алоҳида ба он равона карда мешавад, ки агар ҳукуматдорон ба ақидаҳои онҳо ё ин ки, ба пешниҳодҳои онҳо розӣ набошанд, онҳо метавонанд гаравгононро ба қатл расонанд. Даҳшатнокии ин намуди акти террористӣ аз он иборат аст, ки дар рафти амалиёти безараргардонии террористон эҳтимолияти талафёбии шумораи зиёди одамон мавҷуд мебошад.

Ба ёд биёрем воқеъаҳои дар шаҳри Будённовск, театри Нордост (Москва) ё Беслани Федератсия Россия рӯйдодаро, ки террористон чӣ гуна барои ба ҳадафҳояшон расидан пешниҳодҳо карда буданд ва оқибати ин амалҳо ба чӣ анҷомид.

- таҳдиди куштан ва нобуд кардан, нисбати ходимони давлатӣ ва сиёсӣ;

Ин намуди акти террористӣ ба он равона карда мешавад, ки ташкилотҳои террористӣ ё террористони алоҳида ба воситаи таҳдиди куштан ва несту нобуд кардан аз мансабдорон ва ё ҳукумат талаб мекунанд, ки ин ё он шахсро аз мансабаш дур кунанд ва қабули ин ё он қонунро ба таъхир гузоранд. Дар сурати иҷро нагардидани ин амал ба ҳар роҳу восита таҳдиди куштану несту нобуд кардани ходимони сиёсӣ ва давлатиро идома медиҳанд. Ин шакли намуди акти террористиро барои тағйир додани сохти давлатдорӣ низ истифода мебаранд.

- ташвиқоти терроризм;

Ин амал бевосита дар он ифода мегардад, ки баъзе давлатҳо дар таъсис додани ташкилотҳои террористӣ мусоидат мекунанд, дигар давлатҳо бошанд чунин ташкилотҳоро дар ҳудудашон ҷойгир карда, бо маблағҳои калони пулӣ сарпарастӣ мекунанд, инчунин ташкилотҳои мазкур аз ҷониби созмонҳои ғайридавлатии байналмиллалӣ, чун қувваҳои озодихоҳӣ ба даст овардани мустақилият эътироф мешаванд ва ҳатто ин ё он давлат онҳоро эътироф мекунад. Дар асл бошад онҳо дар ҳудуди давлати ҷойгиршудаашон истода, бо роҳҳои истифодабарии амалҳои террористию экстремистӣ ба сохти давлатдорӣ таъсир мерасонанд.

- созмон додани ташкилотҳои террористӣ;

Ташкилотҳои террористӣ аз қабили «Ҳаракати Исломии Ӯзбекистон», «Ал-Қоида» ва ғайраҳо, ки рӯйхаташон ба садҳо расидааст, созмон ёфтаанд ва ба сафҳои худ шахсонеро, ки дар ҳудуди давлати хеш ҳамчун ҷинояткор дар ҷустӯҷӯ қарор доранд ва ё, ки аз ҳисоби ҷавононе, ки назари танг ба тараққиёти ҷомеа доранд ё, ки аз дину оини аслии хеш дур гашта, ба дигар равияҳо дода шудаанд, шахсоне, ки худро сиёсатмадор нишон дода, аз сиёсати давлаташон норизо мебошанд ба воситаи ақидаҳои гуногун ҷалб менамоянд.

Дар ин хусус метавон чандин мисол овард: ташкилоти экстремистии «Ансоруллоҳ» аз ҷониби Табаров Амриддин, ки сокини ноҳияи Нурободи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад созмон дода шудааст.

-кӯмак кардан ба ташкилотҳои террористӣ;

Ба ҳамагон маълум аст, ки имрӯзҳо аз ҷониби кадом созмонҳо ва давлатҳо ба ташкилотҳои террористӣ, экстремистӣ кӯмак расонида мешаванд. Назари таҳлилгарон, олимон ва сиёсатмадорон дар ин хусус ҳаминро нишон медиҳад, ки аз ин рафтори созмонҳо ва давлатҳои алоҳида террористон ва экстремистон истифода бурда, барои ба ҳадафҳояшон расидан даст ба куштору таркиш мезананд.

Бояд гуфт, ки Тоҷикистон чун як давлати мустақил ба арсаи ҷаҳонӣ қадамҳои нахустини худро дар солҳои 90-уми асри ХХ гузошта, пеш аз ҳама ба ҷанги шаҳрвандӣ дучор гардид ва ба ҷиноятҳои ҳам анъанавӣ ва ҳам навини  асри ХХ-ХХ1 аз қабили терроризм, экстремизм, сепаратизм, хариду фурӯши силоҳ, савдои одамон ва гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар дучор гардид.

Тоҷикистон дар кӯтоҳтарин мӯҳлат оиди ин раванд ба ҷомеаи ҷаҳонӣ пайваста, аз рӯзҳои аввалини давлатдории хеш ин қабил ҷиноятҳоро маҳкум карда, ба қонунҳои амалкунанда тағйироту иловаҳо ворид карда, ба ташкилотҳои байналмиллалии давлатию ғайридавлатӣ дар ин раванд ҳамроҳ шуда, ҳамагуна зуҳуроти террористӣ ва экстремистиро қотеъона маҳкум кард.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳояшон чандин маротиба аз минбари баланди СММ ва дигар ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ таъкид мекарданд, ки Тоҷикистон ва тоҷикистониён дар ҳама давру замони давлатдориашон зидди зуҳуроти терроризм ва экстремизм буданд ва ҳастанд. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ дар самти мубориза бар зидди зуҳуроти терроризм ва экстремизм чун як иштирокчии фаъол мешиносанд ва арзёбӣ мекунанд.

Дар таърихи на он қадар тӯлонии давлатдории хеш мақомоти қудратии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза бар зидди ин зуҳуроти номатлуб дастболо гашта, имрӯзҳо низ муборизаро давом дода истодаанд.

Барои ба ҳадафҳои  сиёсӣ расидан аксаран ташкилотҳои экстремистӣ ба эътиқоди динии шахсон таъсир расонида мардумро бовар кунониданиянд, ки сиёсати давлатдорӣ бар зидди ақидаҳои динии онҳост ва ин роҳу воситаро истифода бурда, мехоҳанд дини мубини исломро барои ба ҳадафҳои нопоки худ ноил шудан истифода баранд. Ин гуфтаҳоро метавон нисбат ба баъзе шахсони алоҳидаи радикалӣ мансуб донист, ки худро ҳомии дини мубини ислом муаррифӣ намуда, кӯшиш мекунанд, ки дар байни пайравони Имоми Аъзам, ки аксаран мардуми тоҷик пайравашон мебошанд, тухми кинаву адоват кошта, боз мардумро ба вартаи ҷудоиандозиҳо бикашанд.

Ҳол он, ки агар назар афканем дар давраи соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз тарафи давлат чӣ қадар масҷиду марқадҳо ва оромгоҳҳои шахсони бузурге, ки дар соҳаи дини ислом маъруфу машҳур буданд, таъмиру тармим карда шуда, номҳояшон аз сари нав зинда карда шудааст.

Бо забони тоҷикӣ аз чоп баровардани китоби муқаддаси «Қуръон» ва дигар адабиётҳои динӣ, кушодани Донишгоҳи исломии ба номи Имом Тирмизӣ дар пойтахти мамлакат, имконоти озодонаи зиёрати хонаи Худо, ки барои шаҳрвандони мамлакат имконпазир гардидааст, аз он далолат медиҳад, ки давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди тараққиёти ҷомеа имрӯзҳо барои ба ҷо овардани рукнҳои дини мубини ислом боз ҳам шароитҳои хубро фароҳам оварда истодаанд.

Соли 2009-ум Ҷумҳурии Тоҷикистон соли бузургдошти Имоми Аъзамро қайд карда, ба ҷаҳониён нишон дод, ки мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави давлати соҳибистиқлол, ҳуқуқбунёд, демократӣ, ягона ва дунявӣ буданаш ба шаҳрвандони худ дар доираи Конститутсия имконоти васеи амалгардонии анъанаҳои дину оини хешро фароҳам овардааст.

Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм» аз 8 декабри соли 2003 бо тариқи возеҳу равшан оварда шудааст, ки кадом мақомоти давлатӣ барои мубориза бурдан бар зидди экстремизм сафарбар карда шудаанд.

Субъектҳои асосии мубориза бар зидди экстремизм дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ дар ҷойҳо мебошанд, ки дар доираи салоҳияташон низ барои мубориза вазифадор карда шудаанд.

Дар Қонуни дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» аз 16 ноябри соли 1999 мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт тибқи талаботи санадҳои меъёрии байналмилалӣ мушаххасан дарҷ гардидааст ва Тоҷикистон ӯҳдадориҳои худро дар ин замина ба таври доимӣ ба иҷро мерасонад.

Дар масъалаи бартараф кардани сабабу шароитҳое, ки ба содир шудани ин қабил ҷиноятҳо оварда мерасонад, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қишрҳои ҷомеа ҳамаи  чораҳо андешида шуда истодаанд, аз қабили баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, зиёд кардани ҷойҳои нави корӣ, фаро гирифтани ҷавонон ба варзиш, ташаккул додани мафкураи баланди ватандӯстию ватанпарастӣ, корҳои фаҳмондадиҳӣ, сохтани масҷидҳои замонавӣ, табъу нашр кардани китобҳои динӣ ба забони модарӣ, ташкили барномаҳои динию ахлоқӣ дар садову симо, чопи мақолаҳо дар рӯзномаю  маҷаллаҳо, созмон додани ҳизбу ҳаракатҳо. Ин ҳама чорабиниҳо дар барномаҳои дурнамои тараққиёти имрӯзаи Ҷумҳурии Тоҷикистон васеъ таҷассум ёфтааст.

Хайрӣ Шарифова, омӯзгори литсейи
Донишкадаи политехникӣ дар шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...