(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Изҳороти ҷомеаи омӯзгории аҳли ҷомеаи МТҒ «Мактаби П. Пӯлотов»-и шаҳри Хуҷанд дар мавриди фаъолияти ташкилоти экстремистӣ террористии ҲНИТ ва дигар гурӯҳҳои ифротгаро.

Мехостем  оиди вазъи ҳозираи  ҷаҳони муосир ва паҳншавии босуръати зуҳуроти басо мураккаб ва барои ҷомеаи башари даҳшатовари ифротгароии динию мазҳабӣ, экстремизм ва терроризми сиёсию миллатгароёна, алалхусус фаъолияти ташкилоти экстремистӣ террористии ҲНИТ ва дигар гурӯҳҳои ифротгаро ва таърихи пайдоиши онҳо чанд ақидаи худро гӯем.

Аҳли омӯзгорони МТЃ “Мактаби Пӯлотов” хуб дарк мекунем, ки таъмини тартиботи ҳуқуқӣ, таҳкими сулҳу субот, мубориза бо ҷинояткорӣ ва пешгирии ҳама гуна ҳуқуқвайронкунӣ, ки ин зуҳуроти номатлуб метавонад  пояҳои давлатро заиф гардонанд, аз фаъолияти мӯътадилу мунтазами кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, масъулиятнокии шаҳрвандон вобастагии мустаҳкам дорад.

Ифротгароӣ ва ё экстремизм якчанд марҳилаҳоро дар бар мегирад гуем, хатто намекунем.Ифротгарои ё худ экстремизм дар марҳилаи нави пайдоиш ва инкишофи сохти капиталистии ҷамъият аввалин маротиба солҳои 1798-1820- бо мақсади сарнагун намудани сохти давлатдорӣ дар  Фаронса, Ирландия, Македония, Сербия, Италия, Испания ва як қатор давлатҳои дигар ба вуҷуд омадааст. Раванди дуюми хурӯҷи терроризм ба охирҳои асри 19 рост меояд.

Экстремизм  –  аз  калимаи  франсузии  «ехtrеmismе»  ва  лотинии «eхtrеmus» гирифта шуда, маънои аслиаш ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо ва амалҳои тундравона,  аз ҳад гузаштан,  аз андоза гузаштан аст.

Истилоҳи «Терроризм» аз калимаи лотинии «tеrrоr» сарчашма гирифта,  маънояш «Тарс ва ваҳм» аст.  Террористон мехоҳанд,  мақсаду мароми худро бо роҳи зӯроварӣ,  куштор,  тарсу  ваҳм амалӣ  созанд.

Террор  кардан, ҷомеаро  баҳолати  тарсу  ваҳшат ва ноумедӣ афкандан аст. Ба  ақидаи аксари муҳаққиқон, сиёсатшиносон,  рӯзноманигорон экстремизм бештар аз ҳама дар соҳаи дин дучор меояд ва ин падида дар тамоми гӯшаву канори сайёраи мо ба амал омадааст.  Сабабу решаҳои он дар чист ва омилу ангезаҳои он кадом ҳоянд?

Ба ин савол ҷавоби дақиқу мушаххас додан душвор аст. Ба ҳар ҳол баъзе сабабҳо,  решаҳо,  омилҳо ва ангезаҳои асосӣ ва умумии онро номбар кардан мумкин аст:

Аввалан, афзудан ва густариши ҳисси маъюсӣ,  нобоварӣ,  парешонӣ  аз  зиндагӣ.

Дуюм,  ҷараёни бошиддати ҷаҳонишавӣ  (глобализатсия)  олами моро тағйир медиҳад, тамаддун,  фарҳанг,  анъана,  урфуодат,  дину мазҳаб ва суннатҳои анъанавиро заиф месозад ва ҳатто,  тамоман аз байн мебарад.  Натиҷаи он на ҳамавақт мусбату дилхоҳ аст ва ин падида эҳсоси нотавонӣ, заифӣ, маъюсӣва дар бисёр маврид нафрат, эътироз ва муқобилиятро ба миён меорад.  Ин омил метавонад,  боиси бегонагӣ ва ҷудоӣ  аз  раванди ягонагӣ, ҳамкорӣ, ҳамзистӣ,  таҳаммулпазирӣ гардад.

Сеюм,  омиле,  ки бештар  дар ҷаҳони ислом,  дар байни мусулмонон ривоҷ ёфтааст - ин эҳсоси беадолатӣ нисбат ба ислом ва пайравони он буда,аз сатҳи пасти дониши диниву дунявӣ ва  маърифати ахлокиву ҳуқуқӣ мебошад;

Ифротгароӣ ва терроризм дар Тоҷикистон аз аввали солҳои 90-уми асри гузашта сарчашма мегирад. Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ яку якбора низоми маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон қудрати худро аз даст дод. Фалаҷ гардидани ҳокимияти давлатӣ, бӯҳрони иқтисодӣ, бекорӣ, паст шудани сатҳи зиндагии аҳолӣ, аз назорат дур мондани таъмини амнияти давлатию ҷамъиятиро ба вуҷуд овард. Вазъияти баамаломада, ки идорааш аз ҷониби фишангҳои ҳокимияти иҷроия ва давлати ғайриимкон гардид, ба он боис шуд, ки зуҳуроти таҳдид ва зӯроварӣ дар ҷамъият ба худ роҳ кушода, Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар солҳои охири асри гузашта бадоми ҷанги дохилаи бародаркуш –шаҳрвандӣ  кашид.

Мақсади ин гурӯҳҳои тундраво ғасб намудани ҳокимияти давлатӣ ва дигар кардани сохти давлатдорӣ  буда,маҷбуран ҷори намудани идеалогияю фарҳангӣ ба мардуми мо бегона буд. Аз тарафи ин гурӯҳҳо амалҳои террористи нисбати собиқ Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хувайдуллоев Нурулло, собиқ Раиси ноҳияи Ғарм Б. Музаффаров, собиқ депутати Маҷлиси Олӣ А.Неъматов, собиқ ректори Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон Юсуф Исхокӣ,  собиқ аъзоёни Коммисияи оштии милли О. Латифӣ, собиқ раиси кумитаи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  С. Кенҷаев, собиқ мушовири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Юлдошев К., собиқ раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Раҳимов,  куштори намояндагони Созмони Милали Муттаҳид ва дигар амалҳои террористӣ содир карда шуданд.Ин ҷанги хонумонсӯз ҳазорҳо шарвандонро ба гирдоби марг кашида,онҳоро гурезаву саргардон, кӯдаконро ятим намуд.Ба ҳаёти иқтисодиву иҷтимои,сиёсиву фарҳангии  мамлакат таъсири манфӣ расонид.

Дар он солҳо  фаъолияти террористӣ ва экстремистии созмонҳои «Ал-Коида», «Ҳаракати Толибон», «Бародарони Мусулмон», «Ҳаракати исломии Туркистони Шарқи» ва дар қатори онҳо ХНИТ  ва ғайраҳо дар ҳудуди Иттиҳоди давлатҳои мустақил, Осиёи Маркази ва инчунин, Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсири манфии худро ба вазъияти ҷамъиятию сиёсии ин давлатҳо мерасониданд.

Бо қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ташкилотҳо террористӣ ва ё экстремистӣ эътироф шуда, фаъолияти онҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст

Хушбахтона  27-июни соли 1997 “Созишномаи Сулҳ ва ризоияти миллӣ” дар Маскав ба имзо расида, ҷанги шаҳрванди ба итмом расид. Нақши Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беандоза калон мебошад, зеро маҳз сиёсати одилонаи ин  фарзанди фарзонаи миллат буд, ки миллати тоҷик аз вартаи парешониву парокандагӣ  наҷот ёфт.Чӣ  хеле ,ки устод Лоиқ мегӯяд:

Раҳми парвардигори мо омад

Нури ҳак бар диёри мо омад

Ҷанги девонавори мо бигзашт

Сулҳи деринтизори мо омад.

Бо мақсади решакан намудани терроризм соли 1999 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонун «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» ва соли 2003 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди ифротгарои»қабул карда шуд.  Тибқи ин қонунҳо, терроризм ва экстремизм,  яъне зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи он нисбати шахсони воқеӣ, аз ҷониби гурӯҳҳои тундрав  маҷбур кардан ё таҳдиди истифодаи он нисбати шахсони ҳуқуқӣ, ҳамчунин нобуд сохтан  ё таҳдиди нобуд сохтани амвол ё ин ки дигар объектҳои моддии шахсони воқеи ва ҳуқуқиро маҳкум месозад ва ба ҷавобгарии ҳуқуқи-ҷинояти кашида мешавад.

Эзоҳ:

Гуфтаҳои боло аз он шаҳодат медиҳад, ки дар замони муосир экстремизм ва терроризм хусусияти байналмилалӣ дошта, барои ин гуна зуҳурот сарҳади байнидавлатӣ, миллат ва дин, муқаддасоти дигар низ мавҷуд надорад. Аз ин лиҳоз, барои баланд бардоштани самаранокии мубориза бо терроризм ва дигар зуҳуроти экстремистӣ ҳамкорӣ ва мусоидати ҳар як фарди ҷамъият   барои пешгирӣ ва мубориза алайҳи ҷиноятҳои трансмиллӣ лозим аст. Гарчанде ки мубориза бо терроризм ва экстремизм вазифаи асосии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ мебошад, ҳамзамон дар ин ҷода дастгирии ҳаматарафаи шаҳрвандон низ зарур аст.

Азҷумла, аз ҷониби роҳбарияти мамлакат ба масъалаи мазкур диққати басо ҷидди дода мешавад. Ҳанӯз  дар яке аз баромадҳои худ Сардори давлат таъкид намуда буданд, ки дуруст иҷро нагардидани нуқтаҳои асосии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дартаълиму тарбияи фарзанд№ яке аз сарчашмаҳои ғофил мондани наврасону ҷавонон аз ҳодисаву воқеаҳои таъсиркунанда ба оромии кишвар мебошад. Инчунин, дар натиҷаи дуруст ба роҳ монда нашудани масъалаҳои раванди муҳоҷирати меҳнати ба хориҷи кишвар дар баъзе ҳолатҳо шаҳрвандони кишвар фирефтаи гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятии фаромарзӣ, эмиссарҳои ташкилоту ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ва корфармоёни қаллоб гардида, ба содир намудани амалҳои террористиву экстремистӣ, кочок ва гардиши ғайриконунии маводи муҳаддир ҷалб карда мешаванд.

Барои он ки пайравӣ аз тарафи ҷавонон ба ингуна равияҳои ифродгароӣ аз байн бардошта шавад, бояд масъалаҳои таълим ва хусусан, тарбия дар муассисаҳои миёнаи таҳсилоти умумӣ,  муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ,миёна ва олии касби беҳтару хубтар ба роҳ монда шавад. Мо- омӯзгоронро лозим аст,ки дар дарсҳои тарбиявӣ  бобати масъалаҳои мазкур бештар диққат диҳем,дар семенар-конфронсияҳо оиди ин падидаи номатлуб хонандагонро масъалагузори намуда,дар хонандагон ҳисси нафрат ва бадбинӣнисбати терроризм,экстремизм ва ҳизбу ҳаракатҳои тундрав ва равияҳои номатлуб  бедор намоем, зеро ки мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм натанҳо вазифаи давлат ва мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ,муассисаҳои таълимиву равшанфикрон, балки вазифаи ҳар фарди  ватандӯсту инсонпарвар, ҳар шахси комилҳуқуқӣ ҷомеа мебошад.

Аҳли ҷомеаи МТҒ
«Мактаби П. Пӯлотов»
-и шаҳри Хуҷанд

Председатель города

Заместители Председателя

Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Бахтиёр Бокизода Бахтиёр Бокизода Заместитель председателя городаБахтиёр Боқизода родился 28 июля 1983 года в городе Худжанде, имеет четыре высших образования: юридическ...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Миробидова М. М. Миробидова М. М. Миробидова Муаттар Мирмухамедовна. Родилась 24 июня 1966 года в городе Худжанде, таджичка, образование высшее. В 1990 году окончила Таджикск...
Бободжонзаде А. Бободжонзаде А. Бободжонзаде Абдусалом родился 27 декабря 1966 года в районе Б.Гафуров. По национальности таджик, имеет высшее образование, в 1992 году...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Недоступен ни однин перевод.Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Недоступен ни однин перевод.Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Каримов А. А. Каримов А. А. Недоступен ни однин перевод.Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумота...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Недоступен ни однин перевод.Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Недоступен ни однин перевод.Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии ти...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Недоступен ни однин перевод.Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ меб...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Недоступен ни однин перевод.Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ т...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Недоступен ни однин перевод.Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ...