(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Он чӣ дар одам биғунҷад олам аст,

Он чӣ дар олам нағунҷад одам аст.

Бале, зебоии диёр, гулгулшукуфоии Ватан, сар боло намудани сабзаҳои навруста, ҷорӣ шудани чашмаҳои мусаффо, ба хониш омадани паррандаҳои хушхон, қомат афрохтани биноҳои баландошёнаву қасрҳои бошукӯҳ, таровати тоза гирифтани ҳусни олами атроф, рӯз аз рӯз дилоро гардидани тамоми олам аз инсон вобастагӣ дорад. Маҳз инсон метавонад бо қувваю нерӯ, қалби поку иродаи қавӣ хостаҳои неку беолоиш ҷаҳонро ба боғу биҳишт мубаддал ва муҳаббати беандозаи онро дар дили кӯчаки худ ҷой бидиҳад. Баръакс, маҳз дастони хиёнаткор, андешаҳои заҳролуд ва қалбҳои нопоки инсон метавонад оламро ба вайрона табдил додаву оламиёнро ба шӯр оварад ва ин ҷаҳони бекарон барояшон тангӣ бикунад.

Низомӣ фармуда, ки «На яксон рӯяд аз дасте даҳ ангушт». Чун сари ин гуфтаҳо андешаронӣ менамоем, дар ҳақиқат, шоҳиди он мешавем, ки инсонҳои рӯйи олам ҳам ҳарчанд аз як обу гиланд дар зуҳури хасоил фарқиятҳои зиёд доранд. Имрӯз як зумрае дар байни ҷомеа худро боимону худотарс, ҳақҷӯву ҳақшинос муаррифӣ мекунанд, дар зери сояи дини мубини ислом даст ба амалҳои ношоиста мезананд, дар байни мардуми одӣ шӯру иғво меандозанд, бо ин васила мехоҳанд мақсадҳои нопоки худро амалӣ созанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дуруст таъкид доштаанд: «Мо бояд дини мубини исломро аз тафриқаангезӣ ва олудашавӣ бо ифротгароӣ ҳифз намоем, ҷавҳар ва чеҳраи ҳақиқии маънавию ахлоқӣ ва таҳаммулгароии онро ба мардум ва махсусан ба насли ҷавонамон нишон диҳем ва дар тарбияи ахлоқиву маънавии онҳо аз арзишҳои исломӣ истифода намоем».

Худойбердӣ Холиқназар директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни ифтитоҳи ҳамоише, ки ба ифротгароӣ бахшида шуда буд, зикр намуд, ки норасоиҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ, бекорӣ, фақр ва фасод, омода набудани ҷавонон аз дидгоҳи идеологӣ ва сиёсӣ, надоштани асолати исломи суннатӣ, яъне бесаводии динӣ сарчашмаҳои асосии зуҳури ифротгароӣ дар кишвар маҳсуб меёбанд. Ин натиҷагирӣ аз нигоҳи имрӯза хеле дуруст аст.

Терроризм ва экстремизми байналмилалӣ дар ҷаҳони муосир аз масъалаҳои доғи рӯз ва нигаронкунанда ба шумор меравад. Мутаасифона, ҳамарӯза мо ба воситаи ахбори омма аз амалҳои террористӣ, куштору ғорат, гаравгонгирӣ, одамрабоӣ ва худкушиҳои маргталабона огоҳ мешавем, ки ҳама амали душманонӣ дини мубини ислом аст.

Феълан, барои кишварҳои Осиёи Миёна дар масири устувории амнияти миллӣ, маориф, ҳифзи арзишҳои маънавӣ ва рушду тараққиёти иқтисодӣ рӯзҳои санҷишу имтиҳонӣ мегузарад. Фитнаву ангезаҳои хориҷӣ кӯшиши заифсозии сиёсати миллӣ ва бақои давлатҳои минтақа, хоса Тоҷикистонро доранд.

Яке аз роҳҳои осони аҳдофи нопоки ин гуна гурӯҳҳои террористию эксремистӣ ба доми худ гирифтор намудани ҷавонони ноогоҳ аз фароизи динӣ ва асли ислом ба шумор меравад. Имрӯзҳо ҷалби қувваи ҷавонони фирефташуда дар низоъҳои минтақавию ҷаҳонӣ маълумтарин васоити амалисозии мақсадҳои нопоки душманони ислом гардидааст.

Дар асре, ки илму техника бо суръати кайҳонӣ афзоиш дорад, душманони дини мубини ислом кушиши онро доранд, ки бо роҳи нодуруст шарҳ додани масоили динӣ ва тафриқаандозӣ мусалмононро бо дасти худ нобуд созанд. Гуфтан мумкин аст, ки дар ин самт муваффақ низ шуда истодаанд. Ҳодисаҳои охири Шарқи Наздик, Мамлакатҳои Арабӣ, Африқо ва Покистону Афғонистон ба ин гуфтаҳои мо мисоли равшан шуда метавонанд.

Аслан, ҷиҳод ба кишвари дигаре рафтаву хонаи касеро оташ задан ва ё нафареро, бахусус, занону кӯдаконро ба қатл расондан нест. Куштани инсонҳо на ризоят, балки ғазаби Худоро меорад. Мутаассифона, аз сабаби надоштани саводи кофӣ дар бораи фароизи ислом, бархе аз ҷавонон худро ба андешаи ҷиҳод ба худкушии рӯирост мебаранд. Беҳтарин ҷиҳодро дар таълимоти ислом ҷиҳодро дар таълимоти ислом ҷиҳод ба нафс ва хизмат ба волидайн гуфтаанд.

Сарвари давлатамон дар ҳар як вохӯриву суханрониҳои худ таъкид мекунад, ки Ислом дини инсофу адолат, сулҳу амният, талқингари ахлоқи ҳамида буда, ҳама гуна аъмоли зишту харобиовар, озору шиканҷа, ҳушунату зӯроварӣ ва қатлу ғоратро маҳкум менамояд ва хилофи зуҳуроти манфию таҳдиду хатарҳои муосир, аз ҷумла терроризм ва экстремизм мебошад.

Ба мо лозим аст, ки аз ҳодисаҳои гузаштаву имрӯза ибрат гирифта, фарзандонамонро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ҳисси миллӣ, худшиносӣ, худогоҳӣ, ифтихор аз ниёгон ва миллати соҳибтамаддун ва фарҳанги воло тарбият намоем.

Ҳаракатҳои террористии ба ном исломӣ аз номи арзишҳои маънавии башарӣ баромад карда, оламро ғарқи хуну ваҳшоният қарор додаанд. Муҳим ин аст, ки ҳини азсаргузаронии ҳодисоти фитнаангези олам мардуми Тоҷикистон, хусусан, ҷавонону олимони кишвар ба доми чунин ҳаракатҳои аблаҳона наафтида, оқилона ва якдилона ҳомии сулҳу субот, якпорчагии Ватан ва арзишҳои ахлоқӣ-маънавӣ боқӣ бимонанд.

Ба ҳамагон маълум аст, ки аз дами шамшер дида, нӯги хома кори бештару муассиртарро дар олами муосир ба анҷом мерасонад. Шабакаҳои телевизиониву интернетиро мувофиқи амалкард метавон ҳам ба фоидаи ҷомеа ва ҳам бар зарари он истифода бурд. Ҳоло васоити мазкур ба таври муассир барои мушавваш сохтани зеҳни ҷомеа фаъолона ба кор бурда мешаванд. Аз ҷониби дигар, танҳо бо манъ кардани пахши чунин шабакаҳо масъала ҳалли худро ёфта наметавонад. Шояд ҷиҳоде, ки имрӯз барояш ҷон фидо карда месазад, мубориза алайҳи ҳамин се душмани асосии башарият – ҷаҳолат, фақирӣ ва ихтилоф мебошад, на оне ки барои қатлу куштор ва тахрибу вайронкорӣ равона шудааст.

Дар ҳақиқат, терроризм ва экстремизм вабоӣ аср ба шумор меравад.

Аз ин рӯ,  ҷомеаи омӯзгории МДТ «Литсей барои хонандагони болаёқат» дар шаҳри Хуҷанд бо кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ ҳамкориро дуруст ба роҳ мондаем. Ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, хонандагонро таъкид менамоем, ки ба ҳар гуна корҳои номатлуб даст назананд ва ё шомили равияҳои ифротгаро нашаванд. Дар ҷавоби ғамхориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшиш ба харҷ диҳанд, ки донишҳои ҷавобгӯи талаботи замон гирифта, нисбат ба мероси ниёгон арҷгузор бошанд. Баҳри пойдории фазои сулҳу осоиштагӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун муҳофизони Ватан ҳамеша омода бошанд.

Ҷомеаи меҳнатии МДТ «Литсей барои
хонандагони болаёқат» дар шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...