(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Изҳороти МТМУ № 15-и шаҳри Хуҷанд ба номи Қодир Раҳимов дар мавриди фаъолияти ташкилоти экстремистӣ террористии ҲНИТ ва дигар гурӯҳҳои ифротгаро

Терроризм ва эстремизм аз зуҳуроти номатлубест, ки ҷомеаи ҷаҳонро ба ташвиш овардааст. Имрӯз дар кишварҳои гуногуни дунё даҳҳо гурӯҳи террористию экстемистӣ амал мекунанд, ки бо таҳрибкорӣ боиси бадбахтии миллионҳо нафар гаштаанд. Зеро ин зотҳои касиф барои ноил гардидан ба мақсаду ниятҳои нопок аз ҳеҷ гуна ҷаҳолату қабоҳат рӯ наметобанд ва ҳатто ба кӯдакон ва занону барҷомондагон раҳм намекунанд.

Омӯзгорӣ пешаи муқаддаси ҳар давру замон ба ҳисоб меравад. Омӯзгор шахсест, ки бо маърифат ва маданияти хос дар ҷомеа дар маҳалли зист, мақому мавқеи худро дорад. Омӯзгоре, ки пешаи худро бо меҳру муҳаббат ва самимият иҷро менамояд, байни шогирдон, падару модарон соҳибэҳтиром мегардад. Омӯзгори хештаншиносу худогоҳ бо масъулияти баланди меҳанпарастӣ дар байни омма сӯҳбатороӣ мекунад, ба масъалаҳои дар байни омма пайдошуда равшанӣ меандозад, моҳияти онҳоро мефаҳмонад.

Шукри Яздони Пок, ки миллати соҳибтамаддуну бофарҳанг, сулҳпарвару бунёдкори тоҷик зиёда аз 20-сол аст, ки аз обу ҳавои Истиқлолият нафас мегираду кишварамон рӯз аз рӯз ободу зебо мегардад. Офтоби оламафрӯз бо нури ҷонбахши худ ба табиати зебою нотакрор, кӯдакони хандону хушбахт, ба пирони барнодилу мардуми меҳнаткаш қувваю дармон мебахшад. Ва ҳама шукргузории ин мулки озодро карда, баҳри ободии он доимо мекӯшанд. Вале афсӯс солҳои охир ба ин ободиву озодӣ, нашъунамои кишвари афсонавии мо хатари ҷаҳонӣ таҳдид менамояд. Шунидани калимаҳои нав ба нав ба монанди терроризм, экстремизм бегонапарастӣ,  ифротгароӣ, гурӯҳҳои тундрав, қочоқи маводи мухаддир, шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб, ҷудоиандозӣ, гумроҳшавӣ, табъи инсонҳои худогоҳу созанда, ободкору хештаншинос ва меҳанпарастро хира месозад. Инчунин дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави «Ҷанги сард» боиси нигаронӣ гардидааст. Дар ҳар гӯшаву канори олам нооромиву низоъҳо идома ёфта барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои щайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Онҳо ба хубӣ дарк наменамоянд, ки банӣ одам аъзои якдигаранд.

Агар имрӯз садои дар ягон кишвари хоҳ хурду хоҳ калон бархезад, акси он дарҳол аз дигар кишварҳои наздик шунида мешавад. Инсоният дар гузашти зиндагӣ, ки тавлиди якбора дорад, бояд на душман, балки дӯст ҷӯяд ва бо истифода аз нерӯҳои зеҳнии хеш наслҳоро ба пуштибониву дастгирии фарҳанги сулҳ омода созад. Аҳли башар бояд сайёраи Заминро чун гавҳараки чашм ҳифз намояд. Мо танҳо як Замин, як маъвои ҳастӣ ва як гаҳвораи ҳаёт дорем. Яке аз омилҳои асосие ки кафолати бехатарии шахсии одамон ҳуқуқу озодиҳоии онҳо,  тартиботу оромии ҷомеа ва амнияти давлатро халалдор месозад афзоиши сатҳи ҷинояткорӣ аз ҷумла ҷиноятҳои терроризми байналхалқӣ ва эстремизм мебошад. Аслан сарчашмаи терроризм ифротгароӣ аст. Эстремистон, яъне моҷароҷӯён бо ягон кас муросо кардан намехоҳанд, ақидаи дигарро таҳаммул намекунанд ва барои ба мақсад расидан терроро кор мебаранд. Воҷаи «террор» лотинӣ буда, маънояш «тарсу ҳарос» мебошад, яъне террористон бо воситаи тарсу ҳаросафканӣ ва зӯроварӣ дар байни одамон мехоҳанд ба мақсад ноил гарданд. Ин зуҳуроти номатлуб асосан дар охири асри ХУ111 зуҳур кард. Дар таърих чанд намуди терроризм, аз ҷумла сиёсӣ, динӣ, миллӣ ва щайра дучор мешавад. Дар ҷаҳон аз ҳама бештар террозми динӣ вирди забонҳост, ки онро бештар ба мардуми мусулмон нисбат медиҳанд ва мисоли он ҳаракати ДИИШ, Ал- Қоида аст, ки онҳо амалиёти ҷангӣ гузаронида, боиси ҳалокати ҳазорҳо нафар ва гуреза шудани қисми зиёди аҳолӣ гардидаанд. Мақсади ниҳоии онҳо бунёди давлати исломӣ дар кишварҳои гуногун мебошад. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми худ ба Маҷлиси Олии мамлакат зикр карданд: «Терроризм ва эстремизм аз як ҷониб чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда,  аз ҷониби дигар аъмоли он гувоҳ аст, ки террорист Ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст». Гурӯҳҳои эстремистию террористӣ бештар ҷавонони камтаҷрибаю гумроҳро бо ваъдаҳои дурӯщин, пулу мол ва зиндагии серу пур ба дом андохта,  ба мақсадҳои нопок истифода мебаранд. Имрӯзҳо ҳазорҳо ҷавонон, аз ҷумла зодагони Тоҷикистон низ ба дурӯщи ин зотҳои касиф бовар карда, дар муҳорибаҳои Ироқу Сурия ва Афщонистон ширкат варзида ба ҳалокат мерасанд. Аз ҳама бештар ҷавонони бекор – онҳое,  ки намехоҳанд бо меҳнати ҳалол рӯз гузаронанд, ба доми террористон меафтанд.

Ана дар чунин ҳолат нақши омӯзгор, падару модар ҳар як фарди худшиносу ватандӯст хеле калон аст. Омӯзгор аз ҳарвақта дида серкору ҳушёр ва зирак бояд бошад, то ки пеши роҳи ҷавонони гумроҳро гирад, онҳоро ба роҳи рост ва бунёдкорӣ ҳидоят намояд. Танҳо бо баргардонидану ҳабс кардан ин мушкил ҳал намешавад. Бояд тамоми воситаҳоро барои фаҳмонидани хатогиҳои онҳо истифода барем. Вазифаи аввалиндараҷаи омӯзгори имрӯза доимо зери назорат нигоҳ доштани шогирдони хеш мебошад. Бояд бо ҳаёти ҳар шогирди худ муносибати ҷиддӣ дошта бошад.

Ҷомеаи меҳнатии МТМУ № 15-и шаҳри Хуҷанд ба номи Қодир Раҳимов низ нисбати ин масъалаи дощи рӯз бетараф набуда, мунтазам дар муассиса оиди ин мавзӯъ соатҳои тарбиявӣ, вохӯриҳо бо кормандони ҳифзи ҳуқуқ сӯҳбатҳо гузаронида, толибилмонро дар руҳияи ватандӯстӣ, инсонпарварӣ, муттаҳидӣ, тарбия менамоянд. Мо, омӯзгорон ва муҳассилини муассиса амалҳои зишту номатлубро маҳкум намуда, гуфтаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «Ҷавонони далеру щаюри кишвар бояд бо эҳсоси аниқи ватандӯстӣ ва масъулиятшиносӣ ба давлату Ватани хеш содиқ бошанд»-ро сармашқи кори худ намуда, баҳри гул-гул шукуфии кишвари биҳиштосоямон саҳми арзандаи худро хоҳем гузошт. Ҳамаи моро дозим аст, ки дастаҷамъона ба муқобили ин «вабои аср» мубориза барем ва нагузорем, то даст нопоки бадхоҳон ба кишвари биҳиштосои мо низ дароз шавад, зеро бадхоҳон ҳеҷ гоҳ ба мақсад намерасанд. Беҳуда  Сайидои Насафӣ нафармудааст:

Ҳар кӣ ба душмании халқ равон аст чу баҳр,

Зуд бошад, ки сари хеш чу гирдоб хӯрад

Ҷомеаи меҳнатии омӯзгорони МТМУ № 15-и

шаҳри Хуҷанд ба номи Қодир Раҳимов

Председатель города

Заместители Председателя

Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Бахтиёр Бокизода Бахтиёр Бокизода Заместитель председателя городаБахтиёр Боқизода родился 28 июля 1983 года в городе Худжанде, имеет четыре высших образования: юридическ...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Миробидова М. М. Миробидова М. М. Миробидова Муаттар Мирмухамедовна. Родилась 24 июня 1966 года в городе Худжанде, таджичка, образование высшее. В 1990 году окончила Таджикск...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим родился 1 августа 1968 года в городе Худжанде, по национальности таджик, имеет высшее образование. В 1994 году окончил ...
Бободжонзаде А. Бободжонзаде А. Бободжонзаде Абдусалом родился 27 декабря 1966 года в районе Б.Гафуров. По национальности таджик, имеет высшее образование, в 1992 году...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Недоступен ни однин перевод.Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Недоступен ни однин перевод.Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Каримов А. А. Каримов А. А. Недоступен ни однин перевод.Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумота...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Недоступен ни однин перевод.Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Недоступен ни однин перевод.Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии ти...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Недоступен ни однин перевод.Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ меб...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Недоступен ни однин перевод.Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ т...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Недоступен ни однин перевод.Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ...