(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altНимаи дуюми 19 март бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Умари Хайёми ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дар ҳудуди Донишгоҳи аграрӣ майдони варзишии «Душанбе Арена» мавриди истифода қарор гирифт.

Иттилоъ дода шуд, ки иншооти мазкур аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати алюминии тоҷик» сохта шуда, масоҳати умумии он 1,2 гектарро ташкил медиҳад.

Майдони варзишии «Душанбе Арена» бо паҳноии 45 ва дарозии 90 метр тибқи меъёрҳои Федератсияи байналмилалии футбол бо 1000 ҷойи нишаст бунёд гардидааст.

Аснои шиносоӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба анҷоми корҳои сохтмонӣ дар майдони варзишии «Душанбе Арена» баҳои баланд доданд.

Тарҳи майдони варзишии «Душанбе Арена» аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати алюминии тоҷик» омода шудааст.

Мавриди таъкиди хос аст, ки танҳо дар соли 2017 дар ҳудуди шаҳри Душанбе зиёда аз 70 майдончаи варзишӣ бунёд гардида, дар соли 2018 бунёди зиёда аз 90 майдончаи варзишӣ ба нақша гирифта шудааст.

Ҳамзамон дар иншооти сохташавандаи варзишӣ корҳои ободонӣ бо авҷу суръати тоза идома ёфта, майдончаҳои варзишӣ дар муҳлати муайянгардида бо сифати баланд сохта мавриди истифода қарор дода мешаванд.

Тадбирҳои амалинамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои оммавигардонии варзиш ва ташфиқи тарзи ҳаёти солим дар байни наврасону ҷавонон мусоидат менамояд. Бунёди иншооти нав, аз ҷумла майдончаҳои варзишӣ ин шабу рӯз бо суръат идома дорад.

Дар майдони варзишии «Душанбе Арена» барои гузаронидани мусобиқаҳои футбол ва машқу тамрин шароити мусоиду арзанда фароҳам оварда шуда, аз ин иқдоми созандаву бунёдкоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе варзишгарон изҳори хушнудӣ карданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки бо мақсади оммавигардонии варзиш, таблиғи тарзи ҳаёти солим ва рушди бемайлони варзиш дар мамлакат роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин соҳа таваҷҷуҳи бештар зоҳир менамояд, зеро варзиш ҳамчун қосиди сулҳ воситаи беҳтарини муаррифии давлату миллат дар арсаи байналмилалӣ ба шумор меравад.

Дар иртибот ба ин роҳбарияти шаҳри Душанбе оид ба бунёди майдончаҳои варзишӣ дар ҳудуди пойтахти мамлакат тадбирҳои муассиру созандаро вусъат бахшида, оммавигардонии варзиш, ташфиқи тарзи ҳаёти солим ва рушди варзишро марҳила ба марҳила амалӣ менамоянд.

Авҷу суръати бесобиқаи корҳои ободонию созандагӣ, аз ҷумла бунёд ва ба истифода додани майдончаҳои варзишӣ дар маҳаллаҳои шаҳри Душанбе имкон фароҳам овард, ки наврасону ҷавонон ба варзиш ҷалб гардида, дар заминаи дастгирию ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон варзишгарони мамлакат дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ муваффақу комёб мегарданд.

Имкониятҳо ва шароити арзандаи фароҳам овардашудаи машқу тамрин барои варзишгарон онҳоро водор месозад, ки беш аз пеш бо такмил ва сайқали маҳорати варзишӣ шарафи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар сатҳи байналмилалӣ ҳифз намоянд.

Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Председатель города

Заместители Председателя

Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Бахтиёр Бокизода Бахтиёр Бокизода Заместитель председателя городаБахтиёр Боқизода родился 28 июля 1983 года в городе Худжанде, имеет четыре высших образования: юридическ...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Миробидова М. М. Миробидова М. М. Миробидова Муаттар Мирмухамедовна. Родилась 24 июня 1966 года в городе Худжанде, таджичка, образование высшее. В 1990 году окончила Таджикск...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим родился 1 августа 1968 года в городе Худжанде, по национальности таджик, имеет высшее образование. В 1994 году окончил ...
Бободжонзаде А. Бободжонзаде А. Бободжонзаде Абдусалом родился 27 декабря 1966 года в районе Б.Гафуров. По национальности таджик, имеет высшее образование, в 1992 году...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Недоступен ни однин перевод.Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Недоступен ни однин перевод.Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Каримов А. А. Каримов А. А. Недоступен ни однин перевод.Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумота...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Недоступен ни однин перевод.Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Недоступен ни однин перевод.Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии ти...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Недоступен ни однин перевод.Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ меб...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Недоступен ни однин перевод.Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ т...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Недоступен ни однин перевод.Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ...