(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Натиҷагирӣ аз фаъолияти Шӯрои шаҳрии Ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи ТоҷикистонСубҳи имрӯз дар Маркази фарҳанги шаҳри Хуҷанд ҷаласаи ҷамъбастии Шӯрои шаҳрии Ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон бо иштироки фаъолон, кормандони касбу кори гуногун ва аъзои фаъоли Ҳаракат баргузор гардид.

Абдуҳақим Шарифов, котиби ҳамоҳангсози Шӯрои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон онро ифтитоҳ намуда, иттилоъ дод, ки бояд ҳозирин Раиси нави Шӯрои шаҳрии Ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистонро интихоб намоянд. Ҳамин тариқ, Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба ҳайси Раиси Шӯрои шаҳрии Ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон пешбарӣ ва интихоб гардид.

Маъруф Муҳаммадзода, Раиси шаҳри Хуҷанд барои боварию эътимод ба аъзои Шӯрои Ҳаракат миннатдорӣ баён намуда, таъкид дошт, ки барои рушду такомули  Шӯрои шаҳрии Ҳаракат аз тамоми имконоту василаҳо истифода хоҳад кард.

Натиҷагирӣ аз фаъолияти Шӯрои шаҳрии Ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи ТоҷикистонСипас, ба аъзогии Шӯрои Ҳаракат ашхоси нав қабул ва ба ҳайси муовини аввали Раиси Шӯрои шаҳрии Ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Олимҷон Ҳасанов, ба вазифаи Раиси кӯҳансолони Ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Ҳамроҳ Атаева, ба маснади котиби ин Ҳаракати ҷамъиятӣ Гавҳар Умаров интихоб гардиданд.

Роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр Абдуваҳҳоб Ҳомидзода аз фаъолияти Ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд давоми соли 2017 иттилоъ дода, аз ҷумла афзуд, ки «Бо шарофати Ваҳдати миллӣ ҷараёни демократикунонии ҷомеаи мо вусъат ёфта, фарҳанги сиёсӣ ва ҳуқуқии мардум баланд гашт. Ба майдон омадани Ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ҳамчун иттиҳоди ихтиёрии ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ, новобаста аз шакли моликият баҳри истиқрори сулҳ ва таҳкими муттаҳидии миллат амри зарурӣ ва воқеӣ буд, ки аз ибтидои таъсисаш то имрӯз ҳадафи он таҳкими раванди Ваҳдати миллӣ, устувории суботи иҷтимоӣ ва таъмини муносибати мутавозини миёни ҷомеа ва давлат мебошад.Дар арафаи ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ бо ташаббуси Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо мақсади пойдории оромӣ, осоиштагӣ, ободӣ ва пурқувват гардидани кишвар – Ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ташкил ёфт.

Иттилоъ дода шуд, ки ин иттиҳоди ихтиёрӣ ва мардумӣ тавонист дар саросари ҷумҳурӣ ҷонибдорони зиёдеро пайдо намояд ва Оинномаву Барномаи худро пас аз муҳокимаҳои умумӣ дар тамоми ташкилотҳои ибтидоӣ баррасӣ ва қабул намуда, фаъолияти худро дар зинаҳои наздиктарин бо аҳолӣ ҷоннок кунад, то ин ки ҳадаф, мақсад ва мароми ин Ҳаракат сармашқи фаъолияти ҳар як фард, оила, муассиса ва ҷомеаи шаҳрвандӣ гардад.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд: «Танҳо бо сабру таҳаммул, иродаи мустаҳкам, иттиҳоду сарҷамъӣ, саъю талоши аҳлона, заҳмати содиқонаву софдилона, масъулияти баланд ва ташаббусҳои созанда мо метавонем ба ҳадафҳои дар наздамон қарордошта муваффақ шавем ва ҳамаи нақшаву барномаҳои қабулкардаамонро амалӣ намоем.

Сипас, зимни музокира Наим Маликисломӣ, раиси кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд, Матлуба Муинова, раиси ташкилоти ибтидоии Ҳаракат, Самад Болтуев, аъзои ташкилоти ибтидоии Ҳаракат баромад намуда, андешаҳои хешро доир ба пеш бурдани фаъолияти ин Ҳаракати ҷамъиятӣ иброз намуданд.

Абдуҳаким Шарифов, котиби ҳамоҳангсози Шӯрои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон аз ҳозирин даъват ба амал овард, ки баҳри афзун намудани сафи аъзои Ҳаракат, баргузор кардани чорабиниҳои тарғиботиву ташфиқотӣ саҳмгузорӣ намоянд.

Бо ҷонибдории ҳозирин нақшаи фаъолияти Шӯрои шаҳрии Ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон барои нимсолаи якуми соли 2018 баррасӣ ва тасдиқ карда шуд.

Раиси Шӯрои шаҳрии Ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон,  Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода зимни вазифагузорӣ аз ҷумла таъкид сохт, ки «Мо бояд пеш аз ҳама ба сафи иштирокчиёни ҳаракат диққат дода, дар ташкилотҳои ибтидоии Ҳаракат аз нав ба қайдгирӣ гузаронем ва баҳри зиёд намудани иштирокчиёни Ҳаракат кӯшиш намоем.  Ҳадаф аз ин бештар фарогирии аъзои ҷомеа ба ғояҳои Ваҳдат ва густурда намудани заминаҳои иҷтимоии Ҳаракати мо мебошад. Мо бояд ба ҳар як оила роҳ ёфта, дар шуури ҳар як сокини шаҳр мафкураи нави давлатдориро ҷойгир намоем.

Зикр гардид, ки моро зарур аст, ки оид ба таҳкими Ваҳдати миллӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ ва пешгирии ҳар гуна ҳодисаҳои номатлуб, инчунин, пешгирии шомилшавии ҷавонон баҳизбуҳаракатҳои ифротгаро корҳои тарғиботию ташвиқотиро ҷоннок намоем. Ба тафаккури наврасону ҷавонон ҳисси ватандӯстиву ватанпарвариро ҷой дода, корҳои тарғиботиро тақвият бахшем.

Раиси Шӯрои Ҳаракат Маъруф Муҳаммадзода гуфт, ки соли 2018 бо ибтикори Роҳбари Давлат, Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардид. Мо бояд ба вусъати корҳои ободониву бунёдкорӣ аҳамияти хоса дода, дар мафкураи насли наврасу ҷавон корҳои созандагиро ҷойгир намоем ва завқи зебоипарастиву ҳунармандиро дар ҳисси онҳо бедор созем. Барои боз ҳам баланд бардоштани обрӯву нуфузи Ҳаракат чораю тадбирҳои мушаххас андешида, аз имкониятҳои мавҷуда васеъ истифода бурда шавад. Ба масъалаи ҷалби ҷавонон ба сафи аъзои Ҳаракат эътибори хоса зоҳир намуда, дар назди Шӯрои шаҳрӣ ва ташкилотҳои ибтидоӣ аз ҳисоби ҷавонони болаёқату соҳибистеъдод таъсис додани ҷабҳаи ҷавононро мувофиқи мақсад меҳисобам”.

Дар ниҳояти кори ҷаласаи Шӯрои Ҳаракат Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ҳозиринро баҳри таҳкими ҳамаҷонибаи сулҳу ваҳдат, меҳнати садоқатмандона ба нафъи халқу Ватан даъват намуда, таъкид сохт, ки Шӯрои Ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон натиҷаи сиёсати хирадмандонаю ваҳдатофарини Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллатамон мебошад. Вазифаи мо ин арзиши гаронбаҳоро чун гавҳараки чашм ҳифз кардану ба ҷавонону насли наврас фаҳмонидани таърихи Тоҷикистони навин мебошад. Моро зарур аст, ки Ваҳдати миллиро ҳамчун ифодаи ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамзистии тамоми шаҳрвандон, наслҳо ва ақидаҳо муаррифӣ намоем. Он бояд ба як унсури муҳими худшиносии миллӣ табдил ёбад. Тарбияи насли худогоҳу ватандӯст, бунёдкору созанда рисолати ҳатмии мо бояд бошад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Председатель города

Заместители Председателя

Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Бахтиёр Бокизода Бахтиёр Бокизода Заместитель председателя городаБахтиёр Боқизода родился 28 июля 1983 года в городе Худжанде, имеет четыре высших образования: юридическ...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Миробидова М. М. Миробидова М. М. Миробидова Муаттар Мирмухамедовна. Родилась 24 июня 1966 года в городе Худжанде, таджичка, образование высшее. В 1990 году окончила Таджикск...
Бободжонзаде А. Бободжонзаде А. Бободжонзаде Абдусалом родился 27 декабря 1966 года в районе Б.Гафуров. По национальности таджик, имеет высшее образование, в 1992 году...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Недоступен ни однин перевод.Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Недоступен ни однин перевод.Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Каримов А. А. Каримов А. А. Недоступен ни однин перевод.Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумота...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Недоступен ни однин перевод.Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Недоступен ни однин перевод.Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии ти...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Недоступен ни однин перевод.Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ меб...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Недоступен ни однин перевод.Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ т...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Недоступен ни однин перевод.Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ...