01 Феврал 2018
Дар муассисаи давлатии “Мактаби варзишии №1”-и шаҳри Хуҷанд мусобиқаи шаҳри Хуҷанд оид ба футбол барои Дарёфти Ҷоизаи «Бойчечак-2018» байни мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Хуҷанд байни бачагони соли таваллудашон 2005-2006, 2003-2004 ва 2001-2002-ум ҷамъбаст ва ба ғолибон ҷом ва ифтихорномаҳо тақдим карда шуд.
Дар назди ҳозирин мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Исматҷонов, мудири шуъбаи маориф Илҳом Султонӣ баромад намуда, ҳадаф аз гузаронидани чунин чорабиниҳои варзиширо байни мактаббачагон дар давраи таътили зимистона шарҳ доданд.Сипас ғолибон эълон гардиданд. Ҳамин тавр дар натиҷа байни синну соли 2003-2004 ҷои 1-ум насиби гимназияи №4, мақоми 2-юм гимназияи №24 ва ҷои 3-юм МТМУ №22 шуд.
Байни сину соли 2003-2004, 14 даста ширкат варзида зиёда аз 224 нафар талабагон қувваозмоӣ намуданд. Дар натиҷа ҷои 1-умро гимназияи №4, мақоми 2-юмро МТМУ №21 ва зинаи 3-юмро гимназияи №1 ба даст оварданд.
Байни синну соли 2001-2002, 18 даста ширкат варзида, зиёда аз 288 нафар талабагонро фаро гирифт. Дар давраи ниҳоии қувваозмоӣ, ҷои 1-ум насиби гимназияи №24, ҷои 2-юм литсейи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ва ҷои 3-юм МТМУ №16 гашт.
Аз тарафи ташкилкунандагони мусобиқа ба ғолибон, ҷоизадорон, бозингарони беҳтарин, доварон ва мураббияҳои беҳтарин Ҷом, Ифтихорнома ва медалҳои бахши кор бо ҷавонон ва варзиши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд супорида шудаанд.
Ҷоиз ба зикр аст, ки санаҳои аз 8 то 31 январи соли 2018 дар майдончаи варзишии Муассисаи давлатии «Мактаби врзишии №1»-и шаҳри Хуҷанд, мусобиқаи шаҳри Хуҷанд оид ба футбол барои Дарёфти Ҷоизаи «Бойчечак-2018» байни мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Хуҷанд байни бачагони соли таваллудашон 2005-2006, 2003-2004 ва 2001-2002-ум баргузор гардид.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд