(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Таҷлили Иди Сада дар шаҳри ХуҷандРӯзи 30 январ бахшида ба Иди Сада бо иштироки иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар назди Театри ба номи Камоли Хуҷандии маркази вилоят чорабинии идона ва намоиш-фурӯши ниҳолҳои мевадиҳанда, сояафкану ороишӣ, кӯчати гулу гулбуттаҳо ва тухмии зироатҳои кишоварзӣ баргузор шуд.

Иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода зимни суханронии худ кулли сокинони вилоятро ба муносибати фарорасии ҷашни Cада табрик гуфт ва рӯзгори ободро таманно намуд.

Раҷаббой Аҳмадзода таъкид намуд, ки бо шарофати истиқлолияти давлатӣ ва ташаббусҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни Сада дубора эҳё гардид.

-Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле бамаврид таъкид доштанд, ки “Суннату ойинҳои нек ва ҷашнҳои миллии мо, мисли Наврӯз, Меҳргон ва Сада дар тӯли таърих барои тарғиби ахлоқу маънавиёти созанда хизмат кардаанд. Аз ин рӯ, зарур аст, ки дастовардҳои маънавию моддии мардуми шарифи мо ба феҳристи умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гарданд ва нақши тамаддунсози миллати тоҷикро минбаъд низ боло баранд”. Пешниҳоди Пешвои миллат дар мавриди ворид гардидани ин ҷашни мубораки миллии мо ба феҳристи умумиҷаҳонии ЮНЕСКО итминон мебахшад, ки чун истиқболи самимонаи Наврӯзи Аҷам, бо маҷмӯи фазилатҳои барҷаставу наҷиби хеш Сада ба истиқболи самимонаи мардуми олам рӯ ба рӯ гардида, минбаъд низ дар тарғиби бузургтарин фазилатҳои ахлоқӣ дар миёни ҷаҳониён таъсири пурфайзе мегузорад, - таъкид намуд Раҷаббой Аҳмадзода.

Раҷаббой Аҳмадзода ҳамзамон ёдовар шуд, ки чанд сол қабл тавассути пешниҳоди бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии кишварҳои ҳавзаи тамаддуни Наврӯз ин ҷашни бузургу мубораки мо мақоми ҷаҳонӣ касб намуда, имрӯз чун оини тарғибгари арзишҳои муҳими ахлоқӣ дар миёни мардумони ҷаҳон ба шоистагӣ таҷлил карда мешавад. Баъдтар барои эҳёи ҷашни Меҳргон ҳамчун рамзи фаровонии ҳосили марди деҳқон тадбирҳои амалӣ андешида шуд. Натиҷаи ҳамин талошҳои Пешвои муаззами миллат буд, ки ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” тағирот ворид гардида, ҷашнҳои  Меҳргону Сада низ ҳамчун идҳои хуҷастаи миллӣ ба он ворид гардиданд.

Иттилоъ дода шуд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҷиҳати амалӣ сохтани ҳидоятҳои Пешвои миллат дар самти эҳёи суннат ва оинҳои куҳани таърихӣ, аз ҷумла ҷашни Сада тадбирҳои амалӣ меандешад. Имсол дар баробари дигар оинҳои  хуҷастаи ҷашни Сада роҳбарияти вилоят тасмим гирифт, ки намоиш-фурӯши  ниҳолҳои ороишӣ ва мевадиҳандаро ҳамчун рамзи оғози барномаҳои нави ободониву созандагӣ маҳз дар рӯзҳои таҷлили ҷашни Сада доир намояд.

Маврид ба зикр аст, ки дар чорабинӣ намояндаи ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон дар вилояти Ботканд Абиш Холмирзоев ва ҳамроҳонаш низ иштирок намуданд.

Дар намоиш-фурӯши ниҳолҳои мевадиҳанда, сояафкану ороишӣ, кӯчати гулу гулбуттаҳо ва тухмии зироатҳои кишоварзӣ 100 ҳазор бех ниҳолҳои ороишӣ, сояафкан, ҳамешасаб ва мевадиҳанда,  20 ҳазор бех гулҳои ороишӣ беш аз 1 тонна тухмиҳои хушсифат ва заҳрхимикатҳо пешниҳод гардидаанд. Дар баробари кишоварзони вилояти Суғд деҳқонони Ҷумҳурии Қирғизистон низ намудҳои гуногуни ниҳолҳои  ороишӣ, аз ҷумла коҷи кабуд ва санавбарро пешниҳод намуданд.

Дар ин рӯз инчунин барномаи ҷолиби фарҳангӣ низ пешниҳод гардида, ба чанде аз фаъолони намоиш-фурӯши ниҳолҳо туҳфаҳо супорида шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...