(10 голоса, среднее 3.40 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Шиносоии Раҷаббой Аҳмадзода бо фаъолияти муассисаҳои иҷтимоии маркази вилоятРӯзи 28 январ иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода зимни як сафари корӣ бо ҷараёни корҳои созандагӣ ва фаъолияти муассисаҳои иҷтимоии маркази вилоят шинос шуд.

Аз ҷумла, ҳолати кунунии КВД Маҷмааи ҳавзҳои шиноварии ба номи 20 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз наздик санҷида шуд. Ин иншооти беназир бо кумаку дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 20 - солагии Истиқлолияти давлатӣ ба мардуми вилоят туҳфа гардидааст. Аммо вазъи имрӯзаи маҷмааи шиноварӣ роҳбари вилоятро қаноатманд накард. Зеро ин муассисаи варзишӣ ба мушкилоти таъмирию хизматрасонӣ дучор гардида, аз рӯи таъинот фаъолият намебарад. Вазъи ободонии муҳити атроф нигаронкунанда буда, фаввораҳо мавриди ҳифзу нигаҳдорӣ қарор дода нашудаанд. Тӯли ду соли охир бо сабаби бемасъулиятии роҳбарият ва масъулини соҳа маҷмааи ҳавзҳои шиноварӣ ба ҳолати   корношоямӣ расидааст. Дар иншоот системаҳои зарурии мавҷуда, аз қабили равшанию гармидиҳӣ ва ҳавокашӣ ба таври бояд фаъолият надошта, хизматрасонӣ ба мизоҷон дар сатҳи паст қарор дорад. Илова бар ин, боми иншоот низ ба азнавсозӣ ниёз дорад.

Иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар мавриди ҳифзу нигаҳдорӣ ва истифодабарии самаранок ба роҳбари Маҷмааи ҳавзҳои шиноварӣ эроди ҷиддӣ гирифт ва дар сурати  ислоҳ накардани камбудиҳо дар муҳлати муаяйншуда, чораи  амалиро то сабукдӯш намудан аз вазифа таъкид кард. Роҳбари вилоят ба раёсати Идораи сохтмони асосӣ ва дигар масъулини дахлдори шаҳр дастур дод, ки иншооти мазкурро пурра азнасозӣ карда, минбаъд дар фаъолияти он муносибати ҷиддиро ба роҳ монанд. Дар ин замина,  иваз кардани системаи рашаниву обгармкунии муқаррарии он ба усули табиии офтобӣ, дар сатҳи зарурӣ барқарор намудани ҳавзҳои шиноварӣ, хонаи ивази либос, гармоба, толори обутоби бадан ва дигар ҳуҷраҳои хизматрасонӣ пешбинӣ гардидааст.

-Маҷмааи ҳавзҳои шиноварӣ бояд дар муҳлати муайяншуда ба таъмири куллӣ фаро гирифта шуда, ҳамчун муассисаи варзишию солимгардонӣ бо реҷаи доимӣ ва дар тамоми фаслҳои сол, бахусус тирамоҳу зимистон пурра барои сокинону меҳмонони шаҳр хизмат расонад, - таъкид намуд роҳбари вилоят.

Варзишгоҳи ба номи 20 - солагии Истиқлолияти давлатӣ низ имрӯз таъмирталаб шудааст. Махсусан, пас аз офати табиии шамол, ки рӯзи 27 -уми декабр ба вуқуъ пайваст, варзишгоҳ хисороти бештар дид. Вобаста ба ҳолати нигаҳдорӣ ва ободониву сабзгардонии атрофи иншооти мазкур ба роҳбарияти варзишгоҳ ва фаъолияти хоҷагии манзилию коммуналии шаҳр низ аз ҷониби роҳбари вилоят эрод гирифта шуд ва барои бартараф намудани камбудиҳову барқарорсозии дубораи варзишгоҳ ба масъулин то 10 - уми феврал, яъне то баргузории бозиҳои Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё муҳлат муқаррар гардид. Дастур дода шуд, ки дар доираи корҳои азнавсозӣ барқарорсозии минбари хоса, рангубори нишастгоҳҳо, насби монитори замонавӣ ва ниҳолшинонии атрофи шаҳраки варзишӣ дар назар дошта шавад. Ҳамзамон таъкид гардид, ки дар варзишгоҳ фаъолияти маҳфилҳои гуногун барои наврасону ҷавонон аз рӯи намудҳои пешрафтаи варзиш мунтазам ба роҳ монда шавад.

Ба роҳбарияти шаҳр, сармеъмор ва дигар мутасаддиёни дахлдор ҷиҳати пешниҳоди лоиҳа дар мавриди сохтмони меҳмонхонаи замонавӣ барои варзишгарон дар ин мавзеъ вазифагузорӣ карда шуд. Дар сурати бунёди чунин меҳмонхона шароитҳои беҳтарин барои варзишгарон фароҳам оварда хоҳанд шуд.

Иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Қасри варзиши шаҳрро низ аз назар гузаронд ва пайваста дар ҳолати хуби корӣ нигоҳ доштану ба ободонӣ фаро гирифтани онро аз роҳбарияти муассиса талаб намуд. Ба Раёсати ҷавонон ва варзиши вилоят, Раёсати муҳити зист ва хоҷагии манзилию комуналӣ супориш дода шуд, ки  маъракаи ниҳолшинониро дар канори кӯча ва ҳудуди шаҳраки варзишӣ вусъат бахшанд.

Дар доираи “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” роҳбарияти вилоят тасмим гирифтааст, ки ба хотири боз ҳам ободу зебо ва ба макони фароғатию сайёҳӣ табдил додани Хуҷанд аз маҷмааи Шоҳ Исмоили Сомонӣ то Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” роҳи сайругашт ва саёҳатии арғамчинӣ ё худ канатиро бунёд намояд. Ин ташаббуси беназир метавонад мақоми сайёҳии маркази вилоятро боз ҳам боло бардорад ва ба зиёд шудани сафи сайёҳони дохилию хориҷӣ мусоидат намояд. Аз ҷониби дигар, барои худи сокинони шаҳр низ имконияти нави истироҳату фароғат пайдо хоҳад гашт. Бинобар ин, бо дастгирии роҳбарияти вилоят таъмиру азнавсозии Қалъаи Хуҷанд ба роҳ монда шуда, дастур дода шуд, ки дар ҳудуди шаҳраки варзишӣ низ нуқтаҳои фуруши маҳсулоти дастии мардумӣ ва армуғонҳои миллӣ  ташкил карда шавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Председатель города

Заместители Председателя

Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Бахтиёр Бокизода Бахтиёр Бокизода Заместитель председателя городаБахтиёр Боқизода родился 28 июля 1983 года в городе Худжанде, имеет четыре высших образования: юридическ...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Миробидова М. М. Миробидова М. М. Миробидова Муаттар Мирмухамедовна. Родилась 24 июня 1966 года в городе Худжанде, таджичка, образование высшее. В 1990 году окончила Таджикск...
Бободжонзаде А. Бободжонзаде А. Бободжонзаде Абдусалом родился 27 декабря 1966 года в районе Б.Гафуров. По национальности таджик, имеет высшее образование, в 1992 году...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Недоступен ни однин перевод.Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Недоступен ни однин перевод.Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Каримов А. А. Каримов А. А. Недоступен ни однин перевод.Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумота...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Недоступен ни однин перевод.Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Недоступен ни однин перевод.Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии ти...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Недоступен ни однин перевод.Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ меб...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Недоступен ни однин перевод.Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ т...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Недоступен ни однин перевод.Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ...