(11 овоз, миёна 1.73 аз 5)

Маликисломов Н. Н.Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и шаҳри Хуҷанд қабул шуда, синфҳои 10-11-ро дар мактаб-гимназияи Пӯлотов ба охир расонидааст. Соли 2004 ба Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур дохил шуда, онро соли 2009 бо ихтисоси «Маркетинг дар сектори аграрӣ», соли 2016 Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ихтисоси «Идоракунии давлатӣ» хатм намудааст.
Аз 4 майи соли 2010 дар Муассисаи давлатии маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» ба кор шурӯъ кардааст. 1 марти соли 2012 ба вазифаи мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва ташкилоти ҷамъияти ҷавонон бо номи «Созандагони Ватан»-и КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд таъин гардид.
Аз 20 феврали соли 2013 дар вазифаи сармутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи Раиси шаҳри Хуҷанд то замони таъин шудан ба вазифаи мудири шуъбаи шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи Раиси шаҳри Хуҷанд кор кардааст.
Тибқи қарори Раиси шаҳри Хуҷанд №14 аз 16 январи соли 2018 Маликисломов Насимҷон Наимович ба вазифаи мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи Раиси шаҳри Хуҷанд таъин гардидааст.

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин г...
Фирӯза Нуруллозода Фирӯза Нуруллозода Муовини Раиси шаҳрФирӯза Нуруллозода 9 феврали соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Соли 2004 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи акад...
Раҳматзода А.А. Раҳматзода А.А. Муовини Раиси шаҳрРаҳматзода Аюбҷон Алиҷон 7-уми августи соли 1974 шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ. Соли 1997  Д...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Сол...

Роҳбарони сохторҳо

Алимов У.С. Алимов У.С. Алимов Усмон Собирҷонович 20-уми майи соли 1958 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1979 Донишгоҳи да...
Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...