(2 овоз, миёна 3.00 аз 5)

altДар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо иштироки зиёда аз 40 нафар рӯзноманигорони дохилию хориҷӣ нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолият дар соли 2019 сурат гирифт.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳамадзода доир ба нишондиҳандаҳои фаъолияти хоҷагии халқи шаҳр давоми соли 2019 иттилоъ дода, аз ҷумла афзуд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бањри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти саноатикунонии босуръати кишвар, суръатбахшии истеҳсолот, пешбурди ҳамаи паҳлуҳои ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, фарҳангӣ, иқтисодию иҷтимоӣ, равнақи созандагию бунёдкорӣ ва ободонӣ бахшида ба эълон гардидан солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои амалӣ андешида, давоми соли 2019 ба нишондиҳандаҳои мусбат ва устувор комёб гардид. Дар давоми соли 2019 қисми даромади буҷети маҳаллӣ ба маблағи 183462,0 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шуда, иҷроиши нақша амалан 183468,3 ҳазор сомонӣ ва ё 100,0 фоиз таъмин гардид, ки ин нисбати нақша ба маблағи 6,3 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Афзоиши даромадҳои андозӣ ва ғайриандозии буҷети маҳаллӣ нисбат ба ҳамин давраи соли сипаришуда ба 27928,4 ҳазор сомонӣ зиёд ва ё 118,0 фоизро ташкил намуд. Дар ин давра нақшаи қисми даромади умумии буҷети маҳалли шаҳри Хуҷанд пурраю барзиёд таъмин гардида, он 183, 5 миллион сомониро ташкил дод. Ба қисми даромади буҷети умумӣ 391 миллион сомонӣ ва хазинаи ҳифзи иҷтимоӣ 170, 2 миллион сомонӣ ворид гардида, дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2018 мутаносибан 2, 8 фоизӣ афзоиш ёфтааст.

Иттилоъ дода шуд, ки дар натиҷаи фаъолияти пурсамари корхонаҳои саноатии шаҳр давоми соли 2019 ба миқдори 1 миллиарду 291 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст, ки он 172,1 млн. сомонӣ ё 15,4 дар сад афзудааст. Ин нишондиҳанда нисбат ба маҷмўи маҳсулоти шаҳрӣ 21,2 фоизро ташкил медиҳад. Дар корхонаҳои шаҳр 98 намуд маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда мешавад, ки аз онҳо ҳаҷми 66 намуд маҳсулотҳо нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 зиёда аз 100,0 фоиз таъмин карда шудааст. Дар соли ҳисоботӣ аз тарафи 16 корхонаҳои саноатии шаҳр ба маблағи 206,6 млн. сомонӣ маҳсулот ба давлатҳои хориҷии дуру наздик содирот карда шуда, ҳиссаи он дар маҷмўи маҳсулоти саноатӣ 16,0 фоизро ташкил медиҳад. Инчунин аз ҷониби 60 адад корхонаҳои хурду калон маҳсулотҳои ивазкунандаи воридот ба маблағи 343,7 млн. сомонӣ истеҳсол гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта 21,2 миллион сомонӣ ё 6,6 фоиз зиёд мебошад. Мавриди тазаккур аст, ки чораҳои андешидашуда дар соҳаи саноат дар асоси “Барномаи давлатии мусоидат ба содирот ва воридотивазкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” амалӣ гардида истода, барои лоиҳаҳои сармоягузории ин соҳа зиёда аз 23,0 млн. сомонӣ маблағ ҷалб карда шудааст. Бояд қайд намуд, ки дар ин давра барзиёд таъмин шудани нишондиҳандаҳои соҳаҳои истеҳсолӣ, таъсиси 13 адад корхонаҳои нави истеҳсолӣ, бунёди боз 44 адад иншооти нави иҷтимоию маданӣ, зиёд шудани шумораи соҳибкорони инфиродӣ ва баланд шудани музди миёнаи меҳнат баҳри ташаккули сарчашмаҳои иловагии буҷети маҳаллӣ замина хоҳад гузошт.

Маъруф Муҳаммадзода гуфт, ки раванди босуръати сохтмонҳо дар шаҳри Хуҷанд аз он гувоҳӣ медиҳад, ки сатҳи зиндагии мардум баланд гардида, марҳила ба марҳила масъалаи эҳтиёҷмандии шаҳрвандон ба манзили зист ҳалли худро ёфта истодааст. Бояд қайд намуд, ки дар қитъаҳои замини барои сохтмони биноҳои баландошёна ҷудо гардида 61,4 ҳазор метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ бо истифода аз унсурҳои инноватсионӣ сохта ба истифода дода шудааст, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 4,8 дар сад афзоиш ёфта, таъминотро ба ҳар як сари аҳолӣ 0,50 метри мураббаъ зиёд намудааст. Ҳоло дар ҳудуди шаҳр аз тарафи соҳибкорон 47 адад биноҳои истиқоматӣ сохта шуда истодааст. Дар соли 2019 ҳаҷми маблағгузории асосӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои молиявӣ 311 миллиону 100 ҳазор сомониро ташкил дода, ба маблағи 215 миллиону 500 ҳазор сомонӣ корҳои сохтмонию васлкунӣ ба анҷом расонида шуданд, ки он нисбат ба соли 2018 мутаносибан 18,1 ва 4,6 дар сад зиёд мебошад. Илова бар ин, ҳаҷми корҳои ба сомон расонидашудаи корхонаҳои пудратӣ ба 188 миллиону 800 ҳазор сомонӣ расидааст.

Шаҳрдор гуфт, ки баҳри баланд бардоштани сатҳи зиндагии шаҳрвандон ва барои таъмин намудан бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ чораҳои амалӣ андешида шуда, ҳоло бо назардошти солҳои пешина 4493 нафар барои гирифтани қитъаи замини наздиҳавлигӣ ва 1795 нафар барои таъмин шудан бо хонаи истиқоматӣ ба навбат гирифта шудааст.

Иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади амалӣ намудани нақшаи чорабиниҳои шаҳрӣ оид ба корҳои ободонию бунёдкорӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ки аз 341 банд бо назардошти сохтмон, азнавсозӣ ва таъмиру таҷдиди беш аз 510 иншооти соҳаи хоҷагии халқ иборат мебошад, корҳои назаррас ба сомон расонида шуданд.Маврид ба зикр аст, ки ҳар як сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Хуҷанд боиси ифтихори сокинон гашта, он барои инкишофи тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ саҳми босазо мегузорад. Соли сипаригашта низ, Пешвои муаззами миллат ҳангоми 2 сафарҳои кориашон ба шаҳри Хуҷанд дар ифтитоҳи 12 адад иншоотҳои ҳаётан муҳими иҷтимоию иқтисодӣ иштирок намуданд, ки ин иқдомҳо аз идомаи сиёсати пайгирона ва хирадмандонаи Сарвари муаззами кишвар шаҳодат медиҳад. Дар маҷмўъ дар соли 2019 дар доираи нақшаи чорабиниҳои 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд зиёда аз 280 иншооти гуногуни иҷтимоию маишӣ ва савдою хизматрасонӣ дар шаҳри Хуҷанд мавриди истифода қарор дода шуд.

Раиси шаҳр гуфт, ки соҳаи маориф яке аз самти афзалиятнок ба ҳисоб рафта, дар рушди сармояи инсонӣ аҳамияти муҳим дорад. Аз ин лиҳоз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба соҳаи мазкур таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Танҳо соли 2019 дар олимпиадаи фаннии вилоятӣ 102 нафар хонандагони синфҳои 5-11 иштирок намуда, 18 нафар ҷойи якум, 29 нафар ҷойи дуюм ва 55 нафар сазовори ҷойи сеюм гардиданд. Дар олимпиадаи фаннии ҷумҳуриявӣ бошад 47 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр иштирок намуда, 6 нафар ҷойи якум, 19 нафар ҷойи дуюм, 22 нафар ҷойи сеюм ва 2 нафар ба гирифтани Сипосномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовор гардиданд. Бо ин дастоварди арзанда дастаи хонандагони болаёқати шаҳр дар миқёси ҷумҳурӣ мақоми сеюм ва дар миқёси вилоят ҷойи аввалро ишғол намуданд. Чанд рӯз қабл муаллимаи литсейи физикӣ-математикии №1 ба номи академик Муҳаммад Осимӣ Дилафрӯз Каримова дар озмуни ҷумҳуриявии “Омӯзгори соли 2019” мақоми олиро ишғол намуд ва ин боиси ифтихори хуҷандиён аст. Соли 2019 дар шаҳр 137 адад чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ доир гардида, дар онҳо 96 ҳазору 412 - нафар иштирокчиён, аз ҷумла меҳмонони шаҳри бостонии Хуҷанд иштирок намуданд.

Зикр гардид, ки ҷиҳати рушди соҳаи сайёҳӣ дар шаҳр 7 муассисаҳои сайёҳӣ ба монанди ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуди “Спутник”, “Саёҳати олӣ”, “Олами саёҳат”, “Ҷаҳонгард”, “Алп Сомон-тур”, Ассотсиатсияи тараққиёти туризми “Зарафшон” ва муассисаи давлатии Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” фаъолият бурда истодаанд. Айни ҳол, дар шаҳр барои қабули сайёҳон 14 меҳмонхонаҳо бо теъдоди 873 адад ҷойи қабули меҳмонон фаъолият намуда истодаанд. Барои сайёҳон 16 адад нуқтаҳои фурўши маҳсулоти ороишӣ аз сангҳою металлҳои қимматбаҳо, тўҳфаҳои хотиравӣ, намунаҳои ҳунарҳои дастии ҳунармандон фаъолият менамояд. Боиси тазаккур аст, ки дар давоми соли 2019 ба шаҳри Хуҷанд аз рўи маълумоти пешакӣ 6,5 ҳазор нафар сайёҳон ташриф оварда, аз мавзеъҳои ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангию истироҳатӣ шиносоӣ пайдо намуданд.

Маъруф Муҳаммадзода гуфт, ки ҳамчун тадбирҳои меҳварӣ ва муҳим ҷиҳати беҳдошти вазъи иҷтимоии аҳолӣ баҳри таъмин намудани марказҳои маъмурии шаҳр бо инфрасохтор дар давраи ҳисоботӣ дар кўчаҳои Аминҷон Шукўҳӣ, Себзор, Хуҷанд, Сирдарё, Камоли Хуҷандӣ, майдони маҷмааи Исмоили Сомонӣ, майдони назди мақомотҳои иҷроияи вилоятию шаҳрӣ, хиёбони Раҳмон Набиев ва дигар майдонҳои ҳудуди шаҳр 3964 адад лампаҳо, чароғакҳою фурўзонакҳо, равшанкунакҳо ва шилшилаҳои муосир таъмир, иваз ва насбу васл карда шуданд. Дар самти таъмини устувории экологӣ ҷиҳати кабудизоркунӣ дар кўчаю хиёбонҳо ва майдонҳои ҳудуди шаҳр чораҳои амалӣ андешида шуда, дар натиҷа 3835 адад дарахтони ороишии сояафкани ҳамешасабз ба монанди ардач, санавбар, сарви аризонӣ ва сарвинози шарқӣ шинонида шуданд.

Илова бар ин, 1216,9 ҳазор дона гулҳои ҳархелаи ороишию махаллӣ ба монанди буттагули садбарг, хризонтема, петуния, салвия, тагетс ва 471,2 ҳазор дона пиёзаки гули лола шинонида шуда, таҳти нигоҳубин қарор дорад.Инчунин аз тарафи корхонаву ташкилотҳо, мактабу донишкадаҳо ва соҳибкорон дар маъракаҳои шанбегӣ 2397 адад дарахтони сояафкан, 9138 дона гулҳои ороишӣ ва 12,1 ҳазор дона қаламчаи гули садбарг шинонида шуданд.Тибқи нақшаи тасдиқшуда дар соли 2019-ум 35,8 км таъмири роҳҳои автомобилгард, аз он ҷумла 24,8 км таъмири асосӣ ва 11 км таъмири ҷорӣ ба нақша гирифта шуда, дар давраи ҳисоботӣ 36,2 км роҳҳо таъмир, аз ҷумла 18,21 км таъмири асосӣ ва 18,0 км таъмири ҷорӣ карда шудааст.

Сипас, ба Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аз ҷониби рӯзноманигорон, аз ҷумла: Мирзоаъзам Мақсудов (рӯзномаи “Садои мардум), Мавлуда Рофиева “ОИ Азия плюс”, Раънои Муҳаммад (маҷаллаи “Кайҳон), Афзал Босолиев (ШТР “Азия”), Ҷӯра Юсуфӣ (маҷаллаи “Бонувони Тоҷикистон”), Мадина Поччоева (ОИ “Азия плюс”), Мафтуна Шукурова (ШТР “СМ-1”), Фарзона Муродӣ (рӯзномаи “Тоҷикистон”), Сино Ғафурӣ (ШТР “Танин”), Сурайё Ҳакимова (рӯзномаи “Ҳақиқати Суғд”), Ӯғулой Раҷабова (ШТР “7 ситора”), Ӯрунбой Усмонов (рӯзномаи “Халқ овозӣ”), Тилав Расулзода (ОИ “Фергана ру”) ва дигарон доир ба самтҳои мухталифии хоҷагии халқи шаҳр, аз ҷумла, хизматрасонии коммуналӣ, муроҷиати шаҳрвандон, пешгирии сохтмонҳои ғайриқонунӣ, таъмиру азнавсозии макотиби таҳсилоти томактабӣ, рушди сайёҳӣ ва нигоҳдошти асолати биноҳои таърихӣ, сохтмони корхонаҳои муштарак, ободонии маҳаллаҳо, омодагӣ ба маъракаҳои интихоботӣ, ободонӣ дар маҳаллаҳои шаҳр ва ғайра саволҳо дода, ҷавобҳои мушаххас дарёфтанд.

Дар поёни нишасти матбуотӣ Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аз рӯзноманигорон даъват ба амал овард, ки ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нишондодҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар самти корҳои ободониву созандагӣ ва таъмини зиндагии шоиста барои мардум ҳамкории мутақобилаи судмандро ба роҳ монанд.

Маъмури Юсуфзод,
роҳбари Дафтари матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд


Семинар: «Дастгирии ислоҳоти соҳаи молияи давлатӣ дар Тоҷикистон»

altДар толори Маркази фарҳанги шаҳри Хуҷанд бо иштироки намояндагони Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти “Ҷамъияти Кушода” Бунёди Мадад дар Тоҷикистон семинар-омӯзиш дар доираи лоиҳаи «Дастгирии ислоҳоти соҳаи молияи давлатӣ дар Тоҷикистон» вобаста ба шаффофияти раванди буҷети маҳаллӣ гузаронида шуд.

Дар семинари омӯзиши мазкур намояндагони Институти “Ҷамъияти Кушода” Бунёди Мадад дар Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобохон Бобоев, Абдураҳмон Наҷмиддинзода, намояндагони Сарраёсати молия дар вилояти Суғд ва Раёсати молия дар шаҳри Хуҷанд инчунин 54 нафар сармуҳосибони ташкилоту муассисаҳои аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ маблағгузоришаванда ҷамъ 60 нафар иштирок доштанд.

Минбаъд коршиноси миллӣ оид ба масъалаҳои буҷетӣ Абдураҳмон Наҷмиддинзода баромад намуда, қайд намуд, ки ҳадафи асосии муҳокимаи ҷамъиятии буҷети шаҳри Хуҷанд пеш аз ҳама ба таъмини шаффофияти буҷетӣ нигаронида шудааст. Ин чорабинӣ бо дастгирии барномаи «Дастгирии ислоҳоти соҳаи молияи давлатӣ дар Тоҷикистон»-и институти «Ҷомеаи кушода»-Бунёди мадад дар Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида истодааст. Марҳилаи таҳияи лоиҳаи буҷети маҳаллӣ ва иҷрои онро дарбар мегирад. Тазаккур дода шуд, ки мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд оид ба таъмини шаффофияти буҷети маҳаллӣ, самаранок ва мақсаднок истифодабарии маблағҳои буҷетӣ диқати махсус зоҳир менамояд.

Дар баромади худ Абдураҳмон Наҷмиддинзода сохтори даромад ва хароҷоти буҷети шаҳрро муфассал таҳлил намуд. Дар рафти муаррифӣ, вобаста ба дархостҳое, ки иштирокчиёни муҳокимаи қаблӣ оид ба буҷети шаҳр дар соли 2020 баён дошта буданд посух дод. Қайд карда шуд, ки қисми пешниҳодҳои аҳолӣ дар буҷети шаҳр ба инобат гирифта шудаанд ва раёсати молияи шаҳр дар доираи имкониятҳои молиявӣ онҳоро амалӣ намуда истодааст.

Вобаста ба вазъи буҷети шаҳр ва зиёд намудани қисми даромади он тавсия дода шуд, ки фаъолияти соҳибкорӣ дар шаҳр бояд рушд дода шавад. Махсусан оид ба ташкил намудани корхонаҳои истеҳсолӣ, зиёд намудани муассисаҳои хизматрасонӣ ва истеҳсоли маҳсулоти хонагӣ таваҷҷӯҳи ҷиддӣ зоҳир карда шавад.

Сипас сухан ба сардори раёсати молия дар шаҳри Хуҷанд Абдусалом Бобоҷонзода дода шуд. Мавсуф қайд кард, ки буҷети шаҳри Хуҷанд буҷети тамоми аҳолии шаҳр ба ҳисоб рафта, он барои баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинон сарф карда мешавад. Мавсуф вобаста ба таъмини нишондиҳандаҳои буҷети шаҳр дар соли 2019 ва банақшагирии буҷети шаҳр дар соли 2020 аз рӯи даромад ва хароҷот пурра қайд намуд. Ҳангоми таҳияи буҷет он пешниҳодҳое, ки аз ҷониби ҷомеъаи шаҳрвандӣ ва дигар иштирокчиён баён гардид аз рӯи имкониятҳои буҷети маҳаллӣ ба инобат гирифта шудаанд. Қайд гардид, ки пешниҳодҳои манзургардида, мавриди таҳлил қарор гирифтанд ва онҳо вобаста ба хусусиятҳои хоси худ дар маблағгузории соҳаи буҷетӣ ба инобат гирифта мешаванд.

Вобаста ба рафти маблағгузории соҳаи маориф, сариқтисодчии шӯъбаи маорифи шаҳр М.Ботурова, суханронӣ намуд, ки афзалиятҳои аввалиндараҷаи соҳа амали гардида истода, маблағгузории соҳаи маориф пурра дар давраи ҳисоботӣ аз рӯи сметаҳои хароҷотӣ таъмин гардида истодааст.

Дар ҷараёни семинар иштирокдорони он саволу пешниҳодот, аз ҷумла оид ба ҷойивазкунии мураббиёни боғчаҳои кӯдакона савол дода, хоҳиш карданд, ки пардохти он дар вақти рухсатии меҳнатӣ дида баромада шавад.

Дар доираи чорабинии мазкур фокус-гуруҳҳо аз ҳисоби фаъолон ва шахсони масъулини шаҳр ташкил карда шуд. Аъзоёни ин гурӯҳ муваззаф гардонида шуданд, ки минбаъд мустақилона фаъолият намуда, тамоми масъалаҳои баррасишавандаро ба дигар ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва аҳолии шаҳр муҳокима намоянд.

Муҳокимаи буҷети шаҳр дар самти баланди якдигарфаҳмӣ баргузор гардид ва тамоми иштирокчиён ба саволҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд. Дар баробари ин иштирокчиён пешниҳод намуданд, ки дар оянда чунин чорабиниҳо зиёдтар баргузор карда шавад.

Дар охир масъулони шаҳр ба намояндагони барномаи «Дастгирии ислоҳоти соҳаи молияи давлатӣ дар Тоҷикистон»-и Институти “Ҷамъияти Кушода” Бунёди Мадад дар Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баргузории чунин як чорабинии муҳим изҳори миннатдорӣ намуданд ва умед карданд, ки чунин чорабинӣ дар оянда низ гузаронида шавад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд


Хуҷанд: Дар иҷлосияи бистуякуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, даъвати панҷум вакилон буҷаи 2020-ро тасдиқ намуданд“

Бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд иҷлосияи бистуякуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати панҷум таҳти роҳбарии Раиси шаҳри Хуҷанд, Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода оғоз гардид.

Баъди гузаронидани муқаррароти расмӣ ва интихоби котиботи иҷлосия рӯзномаи он аз ҷониби вакилон тасдиқ гардид. Вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд нахуст тибқи рӯзнома Ҳисоботи Раиси шаҳри Хуҷанд дар соли 2019”-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Аз рӯйи масъалаи мазкур Маъруф Муҳаммадзода Раиси шаҳри Хуҷанд баромад карда, аз ҷумла афзуд, ки имрӯзҳо мо мардуми шарафманди шаҳри бостонии Хуҷанд зери таасуроти амиқи нишотбахши Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ қарор дорем, ки санаи 26-уми декабри соли равон тариқи шабакаҳои телевизионӣ пахш гардид. Дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд. Зимни суханронӣ Сарвари давлат таъкид доштанд, ки соли 2019 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳиму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Зеро соли ҷорӣ, ки аз ҷониби Пешвои муаззами миллат солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон ва саноатикунонии босуръати кишвар ҳамчун ҳадафи чоруми миллӣ муайян гардид, дар қаламрави шаҳри бостонии Хуҷанд дар раванди суръатбахшии истеҳсолот, тараққиёти ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ, пешбурди кулли паҳлуҳои ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ, фарҳангию маънавӣ, равнақи созандагию бунёдкорӣ як қатор чорабиниҳо амалӣ гаштанд. Дар натиҷаи иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастуру супоришҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, густариши ислоҳоти иқтисодӣ ва истифодаи захираҳои мавҷуда муяссар гардид, ки инкишофи бонизоми иқтисодии шаҳр ҳамчун қисми таркибии иқтисоди миллӣ таъмин гардида, дар ёздаҳ моҳи соли 2019 ба нишондиҳандаҳо ва дастовардҳои назарраси соҳаҳои хоҷагии халқ ноил гардидем.

Дар анҷоми суханронии худ Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода изҳори умедворӣ намуд, ки натиҷаҳои назарраси нишондиҳандаҳои иҷтимоию иқтисодии давраи ҳисоботӣ маҳсули азму ташаббускории вакилон ва фаъолони шаҳр буда, дар натиҷа рушди устувории ҳамаи соҳаҳо таъмин шуда истодааст. Бо итминони комил қайд кардан мумкин аст, ки дар соли нави омадаистода кулли сокинон бо ҳисси баланди ватандорию меҳнапарварӣ ҷиҳати татбиқи нуктаҳои Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз ҳам корҳои ободониву созандагиро бо заҳмати софдилона пеша намуда, барои бо дастовардаҳои назаррас ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми босазо мегузоранд.

Сипас, вакилони шаҳр нақшаи қисми хароҷот ва даромади буҷети шаҳри Хуҷанд барои соли 2020-ро тасдиқ намуданд. Дар соли 2019 қисми даромади буҷети маҳаллӣ бо назардошти ворид намудани тағйиру иловаҳо ба маблағи 183462,0 ҳазор сомонӣ таъмин гардид, ки ин 100 фоизи таъмини иҷрои нақша мебошад. Афзоиши даромадҳои андозӣ ва ғайриандозии буҷети маҳаллӣ нисбат ба ҳамин давраи соли сипаришуда маблағи 27928,4 ҳазор сомонӣ зиёд ва ё 118,0 фоизро ташкил намуд. Дар ин давра аз 10 намуди сарчашмаҳои даромадҳои андозии ба нақша гирифташуда, 3 манбаъи воридоти буҷет таъмин нагардид, ки ин ҳам бошад андоз аз даромад, андоз аз фоида ва андоз аз арзиши иловашуда, ки дар натиҷа аз ин ҳисоб ба буҷети маҳаллӣ 4509,7 ҳазор сомонӣ маблағ кам ворид гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки буҷаи соли 2020 ба андозаи 475 миллион сомонӣ муайян гардидааст. Нақшаи қисми даромади буҷети шаҳр аз руи ҳамаи намуди андозҳо ва пардохтҳо ба маблағи 218750000 сомонӣ ва қисми хароҷоти буҷети шаҳр аз руи соҳаҳо ба маблағи 218750000 сомонӣ муқаррар карда шуд.

Дар музокира вакилони халқӣ Мадина Набизода,Муҳсин Исобоев ва Инъом Аминов баромад намуданд.

Сипас 6 адад нақшаҳои муфассали тарҳрезишудаи маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд аз ҷониби Аюбҷон Раҳматзода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд муаррифӣ гардид, ки тибқи он дар як қатор маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд бунёди хонаҳои баландошёна ва марказҳои савдо пешбинӣ гардидааст, аз ҷониби вакилон тасдиқ шуд.

Ҳамчунин вакилон қарорҳои Раиси шаҳри Хуҷандро тасдиқ намуданд.

Раиси шаҳри Хуҷанд, Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода дар поёни иҷлосия аз вакилон даъват ба амал овард, ки ҷиҳати истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба корҳои созандагию бунёдкорӣ ва ободонӣ вусъати тоза бахшида, иҷрои сифатноки Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», қарори Раиси вилояти Суғд «Дар бораи вусъат бахшидан ба корҳои созандагию бунёдкорӣ, ободию кабудизоркунии маҳали зист ва сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва қарори Раиси шаҳри Хуҷанд «Дар бораи эълон намудани 1300 рӯзи ободонию созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дар сатҳи баланд гузаронидани маъракаҳои интихоботии дар пеш истода тадбирҳои судманд андешанд.

Бо садо додани Суруди миллӣ ба иҷлосияи бистуякуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати панҷум ҳусни анҷом бахшида шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд


Ахборот оид ба ҷамъбасти фаъолияти Раёсати молияи шаҳр дар соли 2019

Раёсати молия дар шаҳри Хуҷанд ҷиҳати татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019» аз 26 ноябри соли 2018, №1553 ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2018, №594 «Дар хусуси тадбирҳои иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019» ва қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019» дар соли 2019 як қатор силсила корҳоро ба анҷом расонид.

Дар соли 2019 қисми даромади буҷети маҳаллӣ бо назардошти ворид намудани тағйиру иловаҳо ба маблағи 183462,0 ҳазор сомонӣ таъмин гардид, ки ин 100 фоизи таъмини иҷрои нақша мебошад. Афзоиши даромадҳои андозӣ ва ғайриандозии буҷети маҳаллӣ нисбат ба ҳамин давраи соли сипаришуда маблағи 27928,4 ҳазор сомонӣ зиёд ва ё 118,0 фоизро ташкил намуд. Дар ин давра аз 10 намуди сарчашмаҳои даромадҳои андозии ба нақша гирифташуда, 3 манбаъи воридоти буҷет таъмин нагардид, ки ин ҳам бошад андоз аз даромад, андоз аз фоида ва андоз аз арзиши иловашуда, ки дар натиҷа аз ин ҳисоб ба буҷети маҳаллӣ 4509,7 ҳазор сомонӣ маблағ кам ворид гардид.

Дар ин марҳила даромади умумиӣ буҷети шаҳри Хуҷанд бо назардошти ворид намудани тағйиру иловаҳо ба маблағи 412634,4 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шуда, иҷроиши амалии он ба маблағи 391030,5 ҳазор сомонӣ таъмин гардид, ки ин нисбати нақша 21603,8 ҳазор сомонӣ кам ва ё 94,8 фоизро ташкил медиҳад. Афзоиши даромадҳои андозӣ ва ғайриандозии буҷети умумӣ нисбат ба ҳамин давраи соли ҷорӣ маблағи 10604,8 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад, ки ин 102,8 фоизро ташкил медиҳад. Дар ин давра аз 11 намуди даромадҳои андозии ба нақша гирифташуда 4 манбаъи воридоти буҷет таъмин нагардид, ки ин ҳам бошад андоз аз даромад, андоз аз фоида, андоз аз арзиши иловашуда ва андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард, ки дар натиҷа аз ин ҳисоб ба буҷети умумӣ 26454,3 ҳазор сомонӣ маблағ ворид нагардид.

Бақияи қарзи андози андозсупорандагони шаҳр бо назардошти қарзи андози андозсупорандагони калон ва миёна ба ҳолати 1 январи соли 2019 бо назардошти андози иҷтимоӣ маблағи 18908,6 ҳазор сомониро ташкил намуда, ба ҳолати 1 декабри соли 2019 маблағи 19365,8 ҳазор сомонӣ боқӣ мондааст, ки ин нисбати аввали соли ҷорӣ ба маблағи 457,2 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Қисми хароҷоти буҷети шаҳри Хуҷанд дар соли 2019 бо назардошти ворид намудани тағйиру иловаҳо ба маблағи 189431,1 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шуда, иҷроиши он маблағи 189326,4 ҳазор сомонӣ таъмин карда шуд, ки ин 99,9 фоизро ташкил намуд.

Дар ин давра барои рушди соҳаҳои иҷтимоӣ алалхусус маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ маблағи 136314,2 ҳазор сомонӣ ва ё 72,0 фоизи маблағҳои харҷгардидаи буҷетӣ равона карда шуда, барои таъмини кормандони муассисаҳои буҷетии аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ маблағгузоришаванда, ба истиснои соҳаи Хоҷагии манзилию коммуналӣ, ба маблағи 96818,7 ҳазор сомонӣ музди меҳнат якҷоя бо андози иҷтимоӣ пардохт карда шуд, ки ин 51,1 фоизи хароҷоти умумии буҷети маҳаллиро ташкил намуда аз ин ҳисоб қарздориҳо ҷой надорад.

Дар соли 2019 барои сохтмони асосии иншоотҳои сохташавандаи шаҳри Хуҷанд нақша бо назардошти ворид намудани тағйиру иловаҳо маблағи 28656,8 ҳазор сомонӣ муайян карда шуда, иҷроиши амалии он маблағи 28656,8 ҳазор сомонӣ ва ё ин 100,0 фоиз иҷроиши маблағгузории сохтмони асосии иншоотҳои сохташавандаи шаҳрро ташкил медиҳад.

Дар соли 2019 мувофиқи буҷети тасдиқшудаи соҳаи маориф ҷиҳати маблағгузории сарикасии муассисаҳои таълимии шаҳр барои 35838 нафар хонандагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии шаҳр маблағи 37528,1 ҳазор сомонӣ маблағ пешбини карда шуда, дар ин давра барои ин мақсад 37496,3 ҳазор сомонӣ ва ё 99,9 фоизи хароҷот нисбати нақша, аз ҷумла барои пардохти музди меҳнати омўзгорон якҷоя бо андози иҷтимоӣ 31773,8 ҳазор сомонӣ маблағҳо равона карда шудаанд, ки ин 84,7 фоизи хароҷоти умумии муассисаҳои таълимии шаҳрро ташкил медиҳад.

Дар соли 2019-ум 32 адад мактабҳои таҳсилоти умумии аз ҳисоби буҷети маҳаллии шаҳри Хуҷанд маблағгузоришаванда фаъолият намуда, мувофиқи нақшаи соли хониши 2019-2020 дар мактабҳои шаҳр 1178 синф бо миқдори 35838 хонандагон ва ё ба ҳисоби миёна дар як синф 30,4 талабагон таҳсил намуда истодаанд.

Хароҷоти миёна барои нигаҳдории як хонанда дар мактабҳои таҳсилоти умумии миёна 932,0 сомонӣ ва барои як мактаб 172992,0 сомонӣ ба нақша гирифта шуда, иҷроиш мутаносибан 100 фоизро ташкил додааст.

Мувофиқи нақшаи мактабҳо миқдори ставкаи дарсгузарии омўзгорон 1932 ставкаи педагогӣ пешбини гардида, иҷроиши он 100 фоиз ё 1932 ставка таъмин карда шуд.

Дар соли 2019 мувофиқи буҷети тасдиқшудаи соҳаи маориф ҷиҳати маблағгузории сарикасии муассисаҳои таҳсилоти томактабиӣ шаҳр барои 8797 нафар тарбиятгирандагони муассисаҳои томактабии шаҳр маблағи 15656,8 ҳазор сомонӣ пешбини карда шуда, дар ин давра барои ин мақсад 15604,7 ҳазор сомонӣ ва ё 99,7 фоизи хароҷот нисбати нақша, аз ҷумла барои пардохти музди меҳнати мураббиён якҷоя бо андози иҷтимоӣ 13314,3 ҳазор сомонӣ маблағҳо равона карда шудаанд, ки ин 85,3 фоизи хароҷоти умумии муассисаҳои томактабии шаҳрро ташкил медиҳад.

Дар 32 кўдакистонҳои шаҳр 330 гурўҳ ба нақша гирифта шуда, иҷроиши он 330 гурўҳро ташкил дода, дар он 8797 кўдакон тарбият мегиранд.

Дар соли 2019 аз буҷети шаҳр 17 муассисаи соҳаи тандурустӣ маблағгузорӣ карда шуда, дар он 3129,5 воҳиди корӣ ба нақша гирифта шуда, дар асл 2946,25 воҳиди корӣ бо кормандон таъмин карда шудааст. Вазифаҳои холӣ аз ҳисоби духтурон 88 воҳиди корӣ, кормандони миёнаи тиббӣ 47,75 воҳиди корӣ, кормандони хурди тиббӣ 27,5 воҳиди корӣ ва ғайра 20 воҳиди кориро ташкил медиҳад.

Музди миёнаи маоши духтурон ба маблағи 1076,0 сомонӣ, кормандони миёнаи тиббӣ 695,0 сомонӣ, кормандони хурди тиббӣ 485,0 сомонӣ ва ғайраҳо 655,0 сомонӣ ба нақша гирифта шуда, иҷроиши он мутанаосибан 1003,0 сомонӣ, 648,0 сомонӣ, 451,0 сомонӣ ва 609,0 сомониро ташкил додааст.

Дар ин давра ҷиҳати таъмини моддаи 16 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019» ҷиҳати ҳиссагузорӣ ба Фонди стабилизатсионӣ оид ба рушди иқтисодиёт ва мутобиқи талаботи моддаи 20 Қонуни мазкур барои маблағгузории сохтмони иншооти муҳими давлатӣ аз ҳисоби иҷрои барзиёди қисми даромади буҷети маҳаллии шаҳри Хуҷанд, бинобар ҷой надоштани барзиёдии қисми даромади буҷети маҳаллӣ, ба фондҳои мазкур ҳиссасагузорӣ карда нашуданд. Ҳаминро бояд қайд кард, ки бинобар дар семоҳаҳои пеш ҷой доштани иҷрои барзиёди қисми даромади буҷети маҳаллии шаҳри Хуҷанд ва аз ин ҳисоб ҳиссасагузорӣ намудан ба фондҳои мазкур, ба ҳолати 1 январи соли 2020 зиёдпардохти маблағ дар Фонди стабилизатсионӣ оид ба рушди иқтисодиёт 1102,5 ҳазор сомонӣ ва барои маблағгузории сохтмони иншооти муҳими давлатӣ 220,5 ҳазор сомонӣ ҷой доранд.

Инчунин, мутобиқи талаботи моддаи 20 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019» барои маблағгузории сохтмони иншооти муҳими давлатӣ, дар соли 2019 аз ҳисоби маблағҳои махсуси ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, ба истиснои муассисаҳои томактабӣ, таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мувофиқи меъёрҳои муқарраргардида 5 фоиз барои маблағгузории сохтмони иншооти муҳими давлатӣ маблағи 42,7 ҳазор сомонӣ ҳисоб ва равона гардид. Ҷиҳати таъмини иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 марти соли 2019, №117, қарори Раиси шаҳр аз 3 майи соли 2019, №320 “Дар бораи саривақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти шаҳр барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2019-2020” ба тавсиб расонида шуда, эҳтиёҷот ба ангишт дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2019-2020 барои муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ба миқдори 600 тонна ва муассисаҳои соҳаи маорифи шаҳр ба миқдори 801,9 тонна, ҳамагӣ ба андозаи 1401,9 тонна муайян карда шуда, аз ҳисоби маблағҳои буҷетии соҳаи маорифи шаҳр ба маблағи 530,3 ҳазор сомонӣ барои харидории 845,7 тонна ангишт ва аз ҳисоби маблағҳои буҷетии соҳаи тандурустии шаҳр ба маблағи 312,5 ҳазор сомонӣ барои харидории 580 тонна ангишт ба харҷ дода шуда, дар ин хусус эҳтиёҷот ба ангишт дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2019-2020 бо назардошти 78 тонна бақия аз зимистони солҳои 2018-2019 дар соҳаи тандурустии шаҳр таъмин карда шуданд.

Дар соли 2019 барои рушду нумўъ ва тараққиёти соҳаҳои мухталифи шаҳр аз ҳисоби захираҳои озоди буҷети маҳаллӣ тибқи қарорҳои дахлдори Раиси шаҳр 5335,4 ҳазор сомонӣ, аз ҳисоби фонди захиравии Раиси шаҳр маблағи 938,0 ҳазор сомонӣ ва аз ҳисоби захираҳои иловагии буҷети маҳалли 2746,6 ҳазор сомонӣ маблағи равона карда шуданд. Ҳамзамон, дар асоси қарорҳои дахлдори Раиси шаҳр бо мақсади дастгирии молиявӣ ва таъмини иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробар бо доруворӣ ва лавозимоти тиббӣ, кўдакони синнашон то 3 сола ва маъюбони модарзод бо дорувориҳо ва бо мақсади таъмини хуни бехатарии донорӣ аз ҳисоби маблағҳои барои ҳифзи саломатии оммаи шаҳр пешбинишуда дар соли 2019 ба Муассисаҳои давлатии «Маркази саломатӣ»-и шаҳрӣ ва беморхонаҳои шаҳрӣ 97,5 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардида, сари вақт маблағгузори карда шуданд.

Дар соли 2019 ба 54 нафар иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, маъюбони ҳифзи сохти конститутсионӣ дар ҷанг дар қаламрави давлатҳои дигар, ҳамсарони дар ин ҷангҳо ҳалокшуда, ҳар моҳ 30 сомонӣ ва дар ин давра 19320 сомонӣ, ба 24 нафар шахсоне, ки барои меҳнати фидокорона дар ақибгоҳ бо ордену медалҳо мукофотонида шудаанд ҳар моҳ 25 сомонӣ ва дар ин давра 6975 сомонӣ, ба 26 нафар маъюбони бартарафкунии оқибати садамаи нерўгоҳи барқӣ-атомии Чернобил ҳар моҳ 25 сомонӣ ва дар ин давра 8005 сомонӣ ва ба 14 нафар маъюбони Артиши Шўравӣ ҳар моҳ 30 сомонӣ ва дар ин давра 5040 сомонӣ иловапулиҳо ба нафақа пардохта шуданд.

Дар ин давра аз ҳисоби буҷети маҳаллии шаҳри Хуҷанд иловапулӣ ба 61 нафар гирандагони нафақа барои хизматҳои махсус дар назди вилоят ба маблағи 80850 сомонӣ пардохт карда шуд. Мувофиқи нақшаи тасдиқшудаи Ҷамъияти «Иттифоқи Чернобил»-и шаҳри Хуҷанд барои соли 2019 ҷиҳати барқарорсозии саломатии иштирокчиёни бартарафкунии садамаи нерўгоҳи барқии атомии Чернобил маблағи 206603 сомони пешбини карда шуда, иҷроиши он 206500 сомониро ташкил дод. Бояд кайд кард, ки дар соли 2019 барои дастгирии табақаҳои алоҳидаи ниёзманди шаҳр, аз ҷумла дар асоси қарорҳои дахлдори Раиси шаҳр аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Раиси шаҳр барои расонидани кўмаки яквақтаинаи моддӣ ба муносибати 74-солагии Рўзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941–1945 бо мақсади ҳифзи иҷтимоии иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ 4500 сомонӣ ва шахсоне, ки дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар хизмати ҳарбӣ буданд ва на кам аз 6 моҳ дар ақибгоҳ кор кардаанд, инчунин шахсоне, ки барои хизмати ҳарбии бенуқсон ва меҳнати фидокорона дар ақибгоҳ дар давраи Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941–1945 бо ордену медалҳо мукофотонида шудаанд маблағи 26400 сомонӣ, ҳамагӣ ба маблағи 30900 сомонӣ кӯмкпулиҳои яквақтина пардохт карда шуда, ба 12 нафар шаҳрвандони камбизоат барои дафнпулӣ маблағи 13100 сомонӣ ва барои расонидани кӯмаки моддии яквақта ба 73 нафар шаҳрвандони камбизоат маблағи 94400 сомонӣ, аз ҳисоби захираҳои озоди буҷети маҳаллӣ барои гузаронидани чорабиниҳо бахшида ба 30 солагии баровардани Қўшунҳои собиқ Иттиҳоди Шўравӣ аз хоки Афғонистон 10500 сомонӣ, бахшида ба таҷлили “Наврӯзи байналмилалӣ” ба 64 нафар ятимони кулл кӯмаки моддии яквақта 43440 сомонӣ ва ҷиҳати расонидани кўмаки моддии яквақта ба 132 нафар шаҳрвандони камбизоат маблағи 1169735 сомонӣ ҷудо ва пардохт карда шуданд.

Дар соли ҷорӣ бо мақсади таъмини иҷрои қарорҳои Раиси вилояти Суғд ва Раиси шаҳр ҷиҳати маблағгузории «Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зўроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023» ва татбиқи «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015–2020» аз ҳисоби маблағҳои ба ин мақсад дар буҷети маҳаллӣ пешбинишуда 10000 сомонӣ равона карда шуданд.

Ҷиҳати таъмини иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2018, №80 “Дар бораи Барномаи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020”, қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз 12 ноябри соли 2018 “Дар бораи амалӣ намудани нақшаи чорабиниҳои “Барномаи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020” дар шаҳри Хуҷанд ба тавсиб расонида шуда, бо мақсади муаррифии ҳарчи бештари имкониятҳои сайёҳии шаҳри Хуҷанд дар байни ҳунармандон оид ба истеҳсоли маҳсулоти сайёҳӣ, ҷиҳати рушди ҳунарҳои мардумӣ ва таҳияи маҳзани маълумот оид ба ҳунармандон озмуни шаҳрӣ эълон карда шуда, тибқи қарори дахлдори Раиси шаҳр дар ин давра барои ин мақсад аз ҳисоби захираҳои озоди буҷети маҳаллӣ 6,0 ҳазор сомонӣ маблағҳо ҷудо карда шуданд. Ҷиҳати таъмини иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018, №АП-1140, дар ин давра дар асоси қарори Раиси шаҳр “Дар бораи ташкил ва баргузории Фестивали шаҳрии “Сад ранги чакан” бо мақсади тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, тарбияи зебоипарастӣ, тақвияту густариш бахшидан ба истеҳсолу истифодаи анвои гуногуни либосу матоъҳои миллӣ ва бахшида ба “Солҳои 2019-2021 солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” озмуни шаҳрӣ эълон гардида, барои ин мақсад аз ҳисоби захираҳои озоди буҷети маҳаллӣ 15000 сомонӣ маблағҳо равона карда шуданд.

Барои татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2015, №801 “Дар бораи Консепсияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, бо мақсади тарғибу ташвиқи оилаи солим, маърифати одоби оиладорӣ, устувории оилаҳои ҷавон, бахшида ба солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардидан ва бо мақсади таҷлили Рӯзи байналмилалии оила, қарори дахлдори Раиси шаҳр ба тавсиб расонида шуда, барои ин мақсад аз ҳисоби захираҳои озоди буҷети маҳаллӣ 14920 сомонӣ маблағҳо равона карда шуданд.

Ҷиҳати таъмини иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1999, №5 “Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа”, қарори Раиси вилояти Суғд аз 30 апрели соли 2019, №215 ва қарори раиси шаҳри Хуҷанд “Дар бораи таъсис ва ҷудо намудани грантҳои Раиси шаҳр оид ба дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занони ҳунарманд ва эҷодкор барои соли 2019”, барои дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занони ҳунарманд ва эҷодкор грантҳои Раиси шаҳр ба маблағи 169160 сомонӣ аз рӯи 40 номинатсия ҷудо ва пардохт карда шуданд.

Инчунин, бахшида ба таҷлили «Рўзи модар» маблағи 23150 сомонӣ, барои дастгирии моддӣ ба 22 нафар раисони шўрои занони маҳаллаҳо ҳар моҳ ба ҳаряке 200 сомонӣ ва дар давоми сол маблағи 66200 сомонӣ, дар 22 маҳаллаҳои шаҳр раисони созмони ҷавонони маҳаллаҳо ба ҳаряке бо музди меҳнати ҳармоҳа ба андозаи 600 сомонӣ таъсис дода шуда ва дар давоми соли ҷорӣ 198000 сомонӣ, барои мукофотонидани ғолибони озмуни шаҳрии “Кадбонуи беҳтарин” маблағи 13312 сомонӣ, барои гузаронидани 33 солагии поси хотири фавтидагони фалокати садамаи Нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил маблағи 14500 сомонӣ аз ҳисоби захираҳои озоди буҷети маҳаллӣ ҷудо ва сари вақт ба ин мақсад маблағҳо равона шуданд.

Таҳлили мақсаднок ва самаранок истифодабарии маблағҳои буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ дар 18 муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ маблағи 156644 сомонӣ камбудиҳои молиявӣ, аз ҷумла хароҷотҳои ғайриқонунии пулию молӣ 119600 сомонӣ, талафи воситаҳои пулию молӣ 36474 сомони, камомад ва тасарруфи воситаҳои пулию молӣ 570 сомонӣ ошкор ва маблағҳои мазкур пурра ба даромади буҷети давлатӣ барқарор карда шуданд.

Раёсати молияи шаҳр минбаъд низ барои сари вақт маблағгузорӣ намудани муассисаҳои буҷетии аз ҳисоби буҷети маҳаллии шаҳри Хуҷанд маблағгузоришаванда ва назорати маблағҳои харҷгардидаро зери назорати доимӣ қарор медиҳад ва тамоми чораҳои таъхирнопазиро меандешад то, ки маблағҳои буҷетӣ мақсаднок ва сарфакорона ба харҷ дода шаванд.

Абдусалом Бобоҷонзода,
сардори Раёсати молияи шаҳри Хуҷанд

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин г...
Фирӯза Нуруллозода Фирӯза Нуруллозода Муовини Раиси шаҳрФирӯза Нуруллозода 9 феврали соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Соли 2004 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи акад...
Раҳматзода А.А. Раҳматзода А.А. Муовини Раиси шаҳрРаҳматзода Аюбҷон Алиҷон 7-уми августи соли 1974 шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ. Соли 1997  Д...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Сол...

Роҳбарони сохторҳо

Алимов У.С. Алимов У.С. Алимов Усмон Собирҷонович 20-уми майи соли 1958 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1979 Донишгоҳи да...
Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Миркамолов М. Н. Миркамолов М. Н. Миркамолов Муҳсин Насруллоевич 10-уми ноябри соли 1959 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 1980 Донишгоҳ...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...
Муҳаммадзода М. М. Муҳаммадзода М. М. Муҳаммадзода Мӯъмин Муҳаммад. 15-уми июни соли 1958  дарр   шаҳри Хуҷанд   таваллуд ёфтааст. Соли 1981 Донишкадаи политехникии Тоҷикистонро ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми  августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи пол...
Самадов С.А. Самадов С.А. Самадов Сӯҳробҷон Абдусамадович 29-уми декабри соли 1976 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ. Соли 1998 филиали ...
Собитова М. А. Собитова М. А. Собитова Мунзифа Аҳмадовна 14-уми  сентябри соли 1960 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ, соли 1982 Донишгоҳи д...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдуқаҳоровна 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Таҳсилот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи да...
Раҳимхӯҷаев М. А. Раҳимхӯҷаев М. А. Раҳимхӯҷаев Музаффар Анварович 8 августи соли 1982 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи да...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Акмалхӯҷаева М. Ҳ. Акмалхӯҷаева М. Ҳ. Акмалхӯҷаева Муҳайё Ҳалимовна 28 сентябри соли 1967 дар оилаи хизматчц ба дунё омадааст. Соли 1990 Донишкадаи давлатии педагогии шаҳри Душан...
Мухбира Дониёрова Мухбира Дониёрова Тибқи қарори Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аз 30-юми июли соли равон мудири шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳр Мухбира Дони...
Солизода Раҳим Солизода Раҳим Солизода Раҳим Рашидӣ бо қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз моҳи июли соли 2017 ба вазифаи мудири бахши нақлиёт ва алоқа таъин гардид. Солизода Р...
Каримов Манучеҳр Каримов Манучеҳр Каримов Манучеҳр Мухторович бо фармоиши Раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 апрели соли 2018 бо тариқ...

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз4860
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта8051
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта28242
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта41640
mod_vvisit_counterҲамин моҳ127600
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта187141
mod_vvisit_counterҲамагӣ3752657