(2 овоз, миёна 3.00 аз 5)

altДар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо иштироки зиёда аз 40 нафар рӯзноманигорони дохилию хориҷӣ нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолият дар соли 2019 сурат гирифт.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳамадзода доир ба нишондиҳандаҳои фаъолияти хоҷагии халқи шаҳр давоми соли 2019 иттилоъ дода, аз ҷумла афзуд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бањри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти саноатикунонии босуръати кишвар, суръатбахшии истеҳсолот, пешбурди ҳамаи паҳлуҳои ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, фарҳангӣ, иқтисодию иҷтимоӣ, равнақи созандагию бунёдкорӣ ва ободонӣ бахшида ба эълон гардидан солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои амалӣ андешида, давоми соли 2019 ба нишондиҳандаҳои мусбат ва устувор комёб гардид. Дар давоми соли 2019 қисми даромади буҷети маҳаллӣ ба маблағи 183462,0 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шуда, иҷроиши нақша амалан 183468,3 ҳазор сомонӣ ва ё 100,0 фоиз таъмин гардид, ки ин нисбати нақша ба маблағи 6,3 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Афзоиши даромадҳои андозӣ ва ғайриандозии буҷети маҳаллӣ нисбат ба ҳамин давраи соли сипаришуда ба 27928,4 ҳазор сомонӣ зиёд ва ё 118,0 фоизро ташкил намуд. Дар ин давра нақшаи қисми даромади умумии буҷети маҳалли шаҳри Хуҷанд пурраю барзиёд таъмин гардида, он 183, 5 миллион сомониро ташкил дод. Ба қисми даромади буҷети умумӣ 391 миллион сомонӣ ва хазинаи ҳифзи иҷтимоӣ 170, 2 миллион сомонӣ ворид гардида, дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2018 мутаносибан 2, 8 фоизӣ афзоиш ёфтааст.

Иттилоъ дода шуд, ки дар натиҷаи фаъолияти пурсамари корхонаҳои саноатии шаҳр давоми соли 2019 ба миқдори 1 миллиарду 291 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст, ки он 172,1 млн. сомонӣ ё 15,4 дар сад афзудааст. Ин нишондиҳанда нисбат ба маҷмўи маҳсулоти шаҳрӣ 21,2 фоизро ташкил медиҳад. Дар корхонаҳои шаҳр 98 намуд маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда мешавад, ки аз онҳо ҳаҷми 66 намуд маҳсулотҳо нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 зиёда аз 100,0 фоиз таъмин карда шудааст. Дар соли ҳисоботӣ аз тарафи 16 корхонаҳои саноатии шаҳр ба маблағи 206,6 млн. сомонӣ маҳсулот ба давлатҳои хориҷии дуру наздик содирот карда шуда, ҳиссаи он дар маҷмўи маҳсулоти саноатӣ 16,0 фоизро ташкил медиҳад. Инчунин аз ҷониби 60 адад корхонаҳои хурду калон маҳсулотҳои ивазкунандаи воридот ба маблағи 343,7 млн. сомонӣ истеҳсол гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта 21,2 миллион сомонӣ ё 6,6 фоиз зиёд мебошад. Мавриди тазаккур аст, ки чораҳои андешидашуда дар соҳаи саноат дар асоси “Барномаи давлатии мусоидат ба содирот ва воридотивазкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” амалӣ гардида истода, барои лоиҳаҳои сармоягузории ин соҳа зиёда аз 23,0 млн. сомонӣ маблағ ҷалб карда шудааст. Бояд қайд намуд, ки дар ин давра барзиёд таъмин шудани нишондиҳандаҳои соҳаҳои истеҳсолӣ, таъсиси 13 адад корхонаҳои нави истеҳсолӣ, бунёди боз 44 адад иншооти нави иҷтимоию маданӣ, зиёд шудани шумораи соҳибкорони инфиродӣ ва баланд шудани музди миёнаи меҳнат баҳри ташаккули сарчашмаҳои иловагии буҷети маҳаллӣ замина хоҳад гузошт.

Маъруф Муҳаммадзода гуфт, ки раванди босуръати сохтмонҳо дар шаҳри Хуҷанд аз он гувоҳӣ медиҳад, ки сатҳи зиндагии мардум баланд гардида, марҳила ба марҳила масъалаи эҳтиёҷмандии шаҳрвандон ба манзили зист ҳалли худро ёфта истодааст. Бояд қайд намуд, ки дар қитъаҳои замини барои сохтмони биноҳои баландошёна ҷудо гардида 61,4 ҳазор метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ бо истифода аз унсурҳои инноватсионӣ сохта ба истифода дода шудааст, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 4,8 дар сад афзоиш ёфта, таъминотро ба ҳар як сари аҳолӣ 0,50 метри мураббаъ зиёд намудааст. Ҳоло дар ҳудуди шаҳр аз тарафи соҳибкорон 47 адад биноҳои истиқоматӣ сохта шуда истодааст. Дар соли 2019 ҳаҷми маблағгузории асосӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои молиявӣ 311 миллиону 100 ҳазор сомониро ташкил дода, ба маблағи 215 миллиону 500 ҳазор сомонӣ корҳои сохтмонию васлкунӣ ба анҷом расонида шуданд, ки он нисбат ба соли 2018 мутаносибан 18,1 ва 4,6 дар сад зиёд мебошад. Илова бар ин, ҳаҷми корҳои ба сомон расонидашудаи корхонаҳои пудратӣ ба 188 миллиону 800 ҳазор сомонӣ расидааст.

Шаҳрдор гуфт, ки баҳри баланд бардоштани сатҳи зиндагии шаҳрвандон ва барои таъмин намудан бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ чораҳои амалӣ андешида шуда, ҳоло бо назардошти солҳои пешина 4493 нафар барои гирифтани қитъаи замини наздиҳавлигӣ ва 1795 нафар барои таъмин шудан бо хонаи истиқоматӣ ба навбат гирифта шудааст.

Иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади амалӣ намудани нақшаи чорабиниҳои шаҳрӣ оид ба корҳои ободонию бунёдкорӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ки аз 341 банд бо назардошти сохтмон, азнавсозӣ ва таъмиру таҷдиди беш аз 510 иншооти соҳаи хоҷагии халқ иборат мебошад, корҳои назаррас ба сомон расонида шуданд.Маврид ба зикр аст, ки ҳар як сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Хуҷанд боиси ифтихори сокинон гашта, он барои инкишофи тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ саҳми босазо мегузорад. Соли сипаригашта низ, Пешвои муаззами миллат ҳангоми 2 сафарҳои кориашон ба шаҳри Хуҷанд дар ифтитоҳи 12 адад иншоотҳои ҳаётан муҳими иҷтимоию иқтисодӣ иштирок намуданд, ки ин иқдомҳо аз идомаи сиёсати пайгирона ва хирадмандонаи Сарвари муаззами кишвар шаҳодат медиҳад. Дар маҷмўъ дар соли 2019 дар доираи нақшаи чорабиниҳои 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд зиёда аз 280 иншооти гуногуни иҷтимоию маишӣ ва савдою хизматрасонӣ дар шаҳри Хуҷанд мавриди истифода қарор дода шуд.

Раиси шаҳр гуфт, ки соҳаи маориф яке аз самти афзалиятнок ба ҳисоб рафта, дар рушди сармояи инсонӣ аҳамияти муҳим дорад. Аз ин лиҳоз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба соҳаи мазкур таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Танҳо соли 2019 дар олимпиадаи фаннии вилоятӣ 102 нафар хонандагони синфҳои 5-11 иштирок намуда, 18 нафар ҷойи якум, 29 нафар ҷойи дуюм ва 55 нафар сазовори ҷойи сеюм гардиданд. Дар олимпиадаи фаннии ҷумҳуриявӣ бошад 47 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр иштирок намуда, 6 нафар ҷойи якум, 19 нафар ҷойи дуюм, 22 нафар ҷойи сеюм ва 2 нафар ба гирифтани Сипосномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовор гардиданд. Бо ин дастоварди арзанда дастаи хонандагони болаёқати шаҳр дар миқёси ҷумҳурӣ мақоми сеюм ва дар миқёси вилоят ҷойи аввалро ишғол намуданд. Чанд рӯз қабл муаллимаи литсейи физикӣ-математикии №1 ба номи академик Муҳаммад Осимӣ Дилафрӯз Каримова дар озмуни ҷумҳуриявии “Омӯзгори соли 2019” мақоми олиро ишғол намуд ва ин боиси ифтихори хуҷандиён аст. Соли 2019 дар шаҳр 137 адад чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ доир гардида, дар онҳо 96 ҳазору 412 - нафар иштирокчиён, аз ҷумла меҳмонони шаҳри бостонии Хуҷанд иштирок намуданд.

Зикр гардид, ки ҷиҳати рушди соҳаи сайёҳӣ дар шаҳр 7 муассисаҳои сайёҳӣ ба монанди ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуди “Спутник”, “Саёҳати олӣ”, “Олами саёҳат”, “Ҷаҳонгард”, “Алп Сомон-тур”, Ассотсиатсияи тараққиёти туризми “Зарафшон” ва муассисаи давлатии Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” фаъолият бурда истодаанд. Айни ҳол, дар шаҳр барои қабули сайёҳон 14 меҳмонхонаҳо бо теъдоди 873 адад ҷойи қабули меҳмонон фаъолият намуда истодаанд. Барои сайёҳон 16 адад нуқтаҳои фурўши маҳсулоти ороишӣ аз сангҳою металлҳои қимматбаҳо, тўҳфаҳои хотиравӣ, намунаҳои ҳунарҳои дастии ҳунармандон фаъолият менамояд. Боиси тазаккур аст, ки дар давоми соли 2019 ба шаҳри Хуҷанд аз рўи маълумоти пешакӣ 6,5 ҳазор нафар сайёҳон ташриф оварда, аз мавзеъҳои ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангию истироҳатӣ шиносоӣ пайдо намуданд. </