(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар партави Паёми  Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастуру супоришҳо ва нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2016 ва вазифаҳое, ки барои соли 2017 муайян гаштанд, дар давраи ҳисоботӣ фаъолияти худро ба роҳ монда, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид.
Тибқи нақшаи чорабиниҳо дар соли таърихии 2017 ҷиҳати истиқболи сазовори ҷашни 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ, 25 – солагии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2017–Соли ҷавонон, “Соли дастрасии аҳолӣ бо оби тозаи нӯшокӣ”, ташкил ва гузаронидани “120 рӯзи ободонӣ дар шаҳри Хуҷанд” дар самти суръатбахшии истеҳсолот, тараққиёти ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ, пешбурди кулли паҳлуҳои ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ, фарҳангию маънавӣ, равнақи созандагию бунёдкорӣ то имрӯз як қатор чораҳо амалӣ гардиданд.

Дар натиҷаи иҷрои саривақтии вазифаҳои муайянгардида, густариши ислоҳоти иқтисодӣ ва истифодаи самараноки захираҳои мавҷуда муяссар гардид, ки рушди бонизоми иқтисодии шаҳр ҳамчун қисми таркибии иқтисоди миллӣ таъмин гардида, нишондиҳандаҳо ва дастовардҳои ёздаҳ моҳи соли 2017 аз он шаҳодат медиҳанд.
Рафти иҷрои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, консепсия ва барномаҳои давлатӣ дар шаҳр.
Бояд тазаккур дод, ки имрӯз барои рушду такмили соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи шаҳр иҷроиши 53 санад, аз он ҷумла 37 Барнома, 6 Консепсия, 10 Стратегия таъмин гашта истодаанд.

Дар давоми ёздаҳ моҳи соли 2017-ум 110 санади ҳуқуқии мақомоти болоӣ, аз ҷумла қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси вилоят ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр барои иҷро ворид гардида, дар асоси онҳо 65 санади дахлдори Раиси шаҳр ба тасвиб расонида шуданд.

Дар натиҷаи ташкили назорати иҷро ва корбарӣ бо супоришҳои мазкур сари вақт ахборотҳои муфассал ба мақомотҳои болоӣ ирсол карда шуд.
Дар ин давра 657 қарор ва 258 амрҳои раиси шаҳр оид ба масъалаҳои гуногун ба имзо расида, 82 ҷаласаи машваратии назди Раиси шаҳр ва муовинони раис гузаронида шудааст, ки дар он зиёда аз 167 масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Вазъи иҷрои буҷет.

Дар шароити ташаккулёбии иқтисоди бозоргонӣ ва дар натиҷаи фаъолияти пурмаҳсули ҳамаи соҳаҳои истеҳсолию ғайриистеҳсолӣ ҳамчун ҳадафҳои стратегӣ ҳамарӯза беҳтар кардани раванди иҷроиши буҷет ва ислоҳоти андоз тақвият меёбад, ки он ба ислоҳоти идоракунии молиявии давлат, шаффофият, самаранокӣ ва иҷрои қатъии қисми даромади буҷет равона мешавад. Татбиқи амалии ин ҳадаф собит менамояд, ки дар ёздаҳ моҳи соли 2017 нақшаи қисми даромади буҷети давлатии шаҳр (бе назардошти андози иҷтимоӣ) ба андозаи 102,3 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 312,6 миллион сомонӣ ворид шуд, ки нисбат ба нақшаи тасдиқ гардида (305,6 миллион сомонӣ) 6,9 миллион сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли 2016 ба маблағи 34,7 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Дар ин давра ба буҷети маҳаллии шаҳр ба ҷои 122,4 миллион сомонии пешбинигардида 125,0 миллион сомонӣ ворид гардид, ки ин аз нақша 2,6 миллион сомонӣ ё 2,2 фоиз зиёд ва дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2016 ба маблағи 16,5 миллион сомонӣ афзудааст.
Нақшаи буҷети иҷтимоӣ бошад, дар ёздаҳ моҳи соли ҷорӣ 150,3 миллион сомониро ташкил намуда, иҷроиши он 140,6 миллион сомонӣ ё 93,6 фоизро ташкил дод, ки дар натиҷа ба хазинаи иҷтимоӣ 9,7 миллион сомонӣ маблағ ворид нагардид.
Бояд қайд намуд, ки доир ба масъалаҳои мақсаднок ва самаранок истифода бурдани маблағҳои буҷетӣ чораҳои амалӣ андешида шуда, нақшаи қисми хароҷоти буҷети маҳаллӣ бо тағйироташ дар ин давра 143,0 миллион сомонӣ буда, иҷроиш 136,1 миллион сомониро ташкил намудааст, ки баробари 95,1 фоизи нақша мебошад. Аз маблағҳои хароҷотии буҷети маҳаллӣ 78,2 фоизи он ба соҳаи иҷтимоӣ аз ҷумла, маориф, тандурустӣ, фарҳанг, суғурта ва ҳифзи иҷтимоӣ равона карда шудааст.
Савдои дохилӣ ва хориҷӣ.
Дар самти беҳтар намудани таъминоти аҳолии шаҳр бо маводҳои аввалиндараҷаю ниёзи мардум ва ҷиҳати такмили самаранокии фаъолияти муассисаҳои соҳаи савдо ва хизматрасонӣ тадбири амалӣ андешида шудаанд.
Дар ин давра ҳаҷми гардиши савдои чакана 2218,2 миллион сомониро ташкил намуда, дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2016 ба маблағи 383,0 миллион сомонӣ, ё 20,9 фоиз афзудааст. Ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ бошад, дар ин давра ба 1240,6 миллион сомонӣ баробар шуда, нисбатан 70,8 миллион сомонӣ зиёд гаштааст.
Ҳоло савдои чакана дар шаҳр рушду такомул ёфта, дар ин давра ҷиҳати бартараф намудани муаммои асосии соҳа, яъне ба танзим даровардани савдои кӯчагӣ, аз ҷумла майдони “Регистон”-и бозори “Панҷшанбе”, бардоштани дӯконҳои дар қади роҳи протоколӣ ҷойгирбуда ва дар ҷойҳои холии бозорҳои шаҳр ҷойгир намудани онҳо корбарӣ карда шуда, 26 адад дӯконҳои сари роҳ бардошта шуданд.
Робитаҳои иқтисодӣ собит менамояд, ки имрӯз шаҳри Хуҷанд бо 39 мамолики дуру наздик ҳамкорӣ дошта, ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ дар давраи ҳисоботӣ ба 288,5 миллион доллари амрикоӣ, аз ҷумла воридот 258,2 миллион доллари амрикоӣ ва содирот 30,3 миллион доллари амрикоиро ташкил менамояд, ки ҳаҷми маҳсулотҳои содир гашта, нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта 5,4 миллион доллари амрикоӣ зиёд шудааст.
Бояд қайд намуд, ки гарчанде ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ дар муқоиса нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта 7,0 фоиз коҳиш ёфта бошад, ҳам дар структураи воридоту содирот тағйироти мусбӣ ба назар мерасад.
Аз таҳлилҳо бармеояд, ки ҳаҷми содирот нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта 21,7 фоиз зиёд гаштааст. Ин комёбиҳои назаррас дар самти содирот асосан аз ҳисоби татбиқ гардидани лоиҳаи афзалиятноки соҳаи истеҳсоли маҳсулотҳои воридотивазкунанда ба ҳисоб рафта, он дар натиҷаи дуруст истифода бурдани иқтидорҳои мавҷуда ва бунёди иқтидорҳои иловагии истеҳсоли маҳсулотҳои пахтагӣ, либосҳои дӯхта ва алюминию маснуот аз он маҳсуб меёбад.
Бояд қайд намуд, ки гарчанде дар структураи воридот ҳаҷми воситаҳои нақлиёт 1,9 маротиба, равған ва чарбуҳо 1,8 маротиба, гази нафтӣ 1,5 маротиба зиёд гашта бошад, ҳам дар натиҷаи дар дохили вилоят афзудани истеҳсоли гандум ҳаҷми воридотии он ба шаҳр кам гардидааст. Ин ҳолат бозгӯи дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудани истеҳсоли ивазкунандаи воридот ба ҳисоб меравад.
Дар самти муносибатҳои бурунмарзӣ бояд қайд намуд, ки шаҳри Хуҷанд бо 6 шаҳрҳои хориҷии дуру наздик аз ҷумла, шаҳрҳои Оренбурги Федератсияи Руссия, Могилёви Ҷумҳурии Белоруссия, Шимкенти Ҷумҳурии Қазоқистон, Оши Ҷумҳурии Қирғизистон, Табрези Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ганҷаи Ҷумҳурии Озарбойҷон солҳои тӯлонӣ робитаҳои иқтисодию фарҳангии бародаршаҳрӣ дорад. Чораҳои мутақобилаи судманди ин росто, дар натиҷаи ташрифи намояндагони сохторҳои давлатӣ ва соҳибкорӣ ба ин кишварҳо барои рушду такомули соҳаҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ ва соҳибкорию ташаббускорӣ заминаи мусоид гузошта истодааст.
Вазъи хусусигардонӣ ва татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ.
Дар давраи ҳисоботӣ барои самаранок истифода бурдани иншоотҳои давлатӣ ва ба иҷора додани он чораҳои зарурӣ андешида шуда, он зери назорати доимӣ қарор дорад. Дар ин марҳила бо тариқи музояда 104 адад шартномаҳо оид ба иҷораи амволи давлатӣ баста шуд, ки дар натиҷа зиёда аз 497 нафар шаҳрвандон бо ҷои кори доимӣ таъмин шуданд ва аз ҳисоби ин шартномаҳо ба буҷети маҳаллӣ 704,6 ҳазор сомонӣ маблағ ворид гардид.
Айни замон самти таҳкими иқтидори истеҳсолӣ, такмили сиёсати инвеститсионӣ ва ҳарчӣ бештар ҷалб намудани сармоягузориҳо аҳамияти рӯзафзун пайдо менамояд. Дар баробари ин бо мақсади таъмини рушди итисодиёти шаҳр барои сармоягузории дохилӣ ва хориҷӣ муҳити солим омода карда шуда, дар ин давра 20,9 миллион доллари амрикоӣ, аз ҷумла сармояи дохилӣ 10,5 миллион доллари амрикоӣ ва 10,4 миллион доллар сармояи хориҷӣ ҷалб карда шудааст. Сармояи хориҷӣ асосан ба соҳаҳои алоқа, саноат, хизматрасонӣ ва сармояи дохилӣ бештар ба соҳаҳои саноат, сохтмон ва хизматрасонӣ ворид шудаанд.
Дар ҷодаи баланд бардоштани савияи хизматрасонии коммуналӣ, ҳифзи муҳити зист ва некӯаҳволии халқ марҳилаи дуюми Лоиҳаи инвеститсионӣ оид ба “Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Хуҷанд” ба маблағи 5910 ҳазор доллари амрикоӣ амалӣ гардида истодааст.
Лоиҳаи дигари инвеститсионӣ “Оид ба беҳтар намудани вазъи оби нӯшокии шаҳри Хуҷанд” дар марҳилаи сеюм оғоз гардидааст, ки ба маблағи 652,21 ҳазор доллари амрикоӣ корҳо ба анҷом расонида шудааст.
Бо мақсади баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ бо нақлиёти мусофиркашон ва беҳтар намудани вазъи мусофиркашонӣ бехатарии экологии шаҳр бо Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд барои татбиқи лоиҳаи сармоягузории “Рушди нақлиёти мусофиркашони шаҳри Хуҷанд” то ин давра корҳои амалӣ ба иҷро расонида шудаанд. Маблағи умумии лоиҳаи мазкур 26,0 миллион доллари амрикоиро ташкил дода, тавассути ду марҳила амалӣ карда мешавад.
Вазъи истифодабарии замин.
Ҳамчун тадбирҳои меҳварӣ ва муҳим ҷиҳати беҳдошти вазъи иҷтимоии аҳолӣ дар давраи ҳисоботӣ 1373 адад аризаю мактубҳо ворид гардид, ки аз онҳо 539 адад ариза оид ба ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмон, 554 адад ариза доир ба вобаста намудани қитъаи замини иншоотҳои хусусигардонидашуда, 165 адад аз дигар корхонаю ташкилотҳо, 42 адад аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят 42 адад аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз кумитаи идораи замини вилоят бошад 31 ададро ташкил медиҳад.
Ҳамаи аризаю мактубҳои воридшуда сари вақт мавриди баррасӣ қарор дода шуда, тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» дар муҳлатҳои муайян ҷавобҳои хаттӣ ирсол карда шуд.
Инчунин дар асоси иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 1998, №1021 “Дар бораи ба амал баровардани ҳуқуқи истифодабарии замин” ба 587 нафар шахсони воқеию ҳуқуқӣ Сертификати ҳуқуқи истифодаи замин дода шуд.
Дар робита ба иҷрои супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 майи соли 2009, № 13/5-17, қарори Раиси вилоят аз 7 майи соли 2010, № 140 «Дар бораи таъсис додани гурӯҳи кории доимоамалкунанда» оид ба масъалаҳои тақсимоти одилонаи қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ба табақаҳои эҳтиёҷманд донисташудаи сокинони шаҳр чораҳои амалӣ андешида шуданд.
Бо ин мақсад ҷиҳати таъмин намудани шаффофият дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр комиссияи манзилӣ иборат аз 15 нафар аъзо, бо қарори Раиси шаҳр аз 5 феврали соли 2015, № 107 дар ҳайати нав таъсис дода шудааст.
Лозим ба қайд аст, ки дар ин давра 5 маротиба ҷаласаи комиссия баргузор гардида, дар он 616 адад дархосту муроҷиатҳои шаҳрвандон баррасӣ гардид. Аз онҳо 549 нафар барои гирифтани қитъаи замини наздиҳавлигӣ ҳамчун эҳтиёҷманд ба навбат гирифта шуд.
Маврид ба зикр аст, ки бо қарорҳои дахлдор ва бо хулосаҳои комиссияи ҷамъиятӣ ба 20 нафар кормандони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи шаҳру вилоят аз заминҳои навбунёди маҳаллаҳои 14 ва 15 -уми шаҳри Хуҷанд ба ҳар оила ба масоҳати 600,0 м2 ҷудо карда шуда, илова бар ин бо қарори раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба 30 нафар оилаҳои эҳтиёҷманди шаҳри Хуҷанд аз шаҳраки навбунёди “Сайҳун” қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ҷудо карда шудааст.
Дар рафти гузаронидани корҳои назоратӣ давлатии истифода ва ҳифзи замин 240 адад қонунвайронкуниҳои замин дар майдони 15928,7 м.кв. муайян карда шуда, нисбати ин қонунвайронкунандагон дар асоси моддаи 55-и Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 114,7 ҳазор сомонӣ ҷаримабандӣ карда шудааст, ки аз он 91,6 ҳазор сомонӣ пардохт гардидааст.
Инчунин дар ин давра 13 адад маводҳои риоя накардани талаботи моддаи 338, қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ ба мақомоти прокуратура ирсол карда шудааст. Аз миқдори умумии қонунвайронкуниҳо 129 адад дар масоҳати 12723,7 м.кв. дар маҳалҳо бартараф карда шуданд.
Боиси қайд мебошад, ки ба муносибати Иди байналмилалии Наврӯз тибқи қарори Раиси шаҳр  №150 аз 20 марти соли 2017 “Дар бораи тасдиқ намудани протоколи комиссияи манзилии назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд аз 17 марти соли 2017, №2 ва додани хонаи истиқоматӣ” аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 10 нафар оилаҳои эҳтиёҷманд бо манзил таъмин гардиданд. Умуман, дар ин давра 64967 метри мураббаъ манзили истиқоматӣ ба истифода дода шудааст.
Иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҷараёни сафарҳои корӣ нақшаи чорабиниҳо таҳия ва ба иҷро расонида шудааст.
Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ҷараёни сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Исфара, Конибодом, Бобоҷон Ғафуров, Мастчоҳ, Ашт ва мулоқот бо фаъолони вилояти Суғд рӯзҳои 23-27 марти соли 2016, дар ҷараёни сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Исфара, Бобоҷон Fафуров ва мулоқот бо фаъолони вилояти Суғд рӯзҳои 23-25 март ва 17 ноябри соли 2017 баён доштанд, таҳти назорат қарор дошта, ҷиҳати иҷроиши онҳо мунтазам аз масъулини соҳа ахборот доир ба рафти иҷроиши бандҳои дахлдори нақшаи чорабиниҳои қабулгардида пешниҳод шуда истодааст.
Вазъи соҳаи энергетика ва саноат.
Дар самти рушду такомули соҳаи саноат дар натиҷаи фаъолияти мунтазами корхонаҳои саноатии шаҳр давоми ёздаҳ моҳи соли ҷорӣ ба миқдори 860,5 миллион сомонӣ (бо назардошти тақсимоти қувваи барқ ва истеҳсол ва тақсимоти об) маҳсулот истеҳсол карда шудааст, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 23,0 дар сад афзудааст.
Дар давраи ҳисоботӣ шумораи корхонаҳои саноатии калону миёна ба 155 адад расида, инчунин 20 адад (бо назардошти соҳибкорони инфиродӣ) корхонаҳои саноатии хурди нав таъсис додашуда, аз ин ҳисоб 171 нафар шаҳрвандон бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд.
Дар асоси қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди таъмини мунтазами корхонаҳо бо барқ, баланд бардоштани музди меҳнат, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ворид намудани технологияҳои нав ва истеҳсоли намудҳои нави маҳсулоти саноатии воридотивазкунанда корҳои муайян ба иҷро расонида шуда истодааст.
Боиси тазаккур аст, ки дар давраи ҳисоботӣ ба соҳаи саноати шаҳр ба маблағи зиёда аз 58,9 миллион сомонӣ сармояҳои дохилӣ ва хориҷӣ ҷалб гардида, нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта 23,7 дар сад афзудааст.
Инчунин баҳри иҷроиши ҳадафҳои гузошташуда аз ҷониби 5 корхонаҳои саноатии шаҳр, ки бо коркарди нахи пахта фаъолият менамоянд ба миқдори 4056,7 тонна нахи пахта коркард шуда, он нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта 1782,1 тонна, ё 78,3 фоиз афзудааст.
Дар давраи ҳисоботӣ номгӯи намуди маҳсулотҳои истеҳсолшаванда низ зиёд шуданд, ки ба онҳо профилҳои алюминӣ, дастпоккунакҳои намнок, маҳсулоти дӯхта, плитаҳои роҳрав, мех, рангҳои акрилӣ, арматура ва дигар маҳсулотҳои сохтмонӣ мисол шуда метавонад ва онҳо асосан ба давлатҳои муштаракулманофеъ содирот карда мешаванд. Аз ин ҳисоб, нишондиҳандаҳои содиротии молӣ баланд бардошта шуда, дар ин давра аз ҷониби 18 корхонаҳои саноатии шаҳр ба маблағи 303,8 миллион сомонӣ маҳсулот содирот карда шудааст, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 140,5 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Айни замон, бо маҳсулоти сохтмонии воридотивазкунанда 25 адад корхонаҳо фаъолият бурда дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи онҳо ба маблағи 78,1 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шуда, он нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта ба маблағи 2,8 миллион сомонӣ зиёд шудааст. Соли ҷорӣ 9 адад корхонаҳо бо истеҳсоли маҳсулоти хӯрокаи воридотивазкунанда фаъолият бурда, ба маблағи 15,7 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта ба маблағи 1,2 миллион сомонӣ зиёд мебошад, Илова ба ин, корхонаҳои истеҳсолии воридивазкунандаи маҳсулоти ришта ва матои пахтагӣ, маҳсулоти дӯзандагӣ ва қоғазӣ бошад, ба маблағи 156,1 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд, ки он нисбатан ба маблағи 43,2  миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Дар маҷмӯъ корхонаҳои истеҳсолкунандаи маҳсулотҳои воридотивазкунанда ба маблағи 249,9 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки нисбати ҳамин давраи соли сипаригашта ба маблағи 47,1 миллион сомонӣ ё 23,2 фоиз зиёд мебошад.
Бо мақсади омӯзиши маркетинги бозорҳои хориҷӣ, пайдо намудани ҳамкорӣ бо давлатҳои хориҷӣ, пешниҳоди маҳсулоти саноатии ватанӣ ба хориҷи кишвар, васеъ намудани бозори фурӯши маҳсулоти саноатӣ ва зиёд намудани маҳсулоти содиротӣ ба давлатҳои дуру наздик коргоҳҳои саноатии шаҳр дар намоишгоҳҳои байналхалқии Фаронса, Итолиё, Олмон, Руссия, ӯзбекистон, Чин ва дигар давлатҳои хориҷӣ иштирок намуда, барои бастани шартномаҳо, воридоти технологияи нав ва таъсиси корхонаҳои муштарак кор бурда истодаанд.
Ҳамчун вазифаҳои сархатӣ дар стратегияи рушди кишвар афзалияти бештар ба рушди соҳаи энергетика дода шудааст.
Дар ин росто ба роҳ мондани истифодаи оқилонаву сарфакоронаи захираҳои энергетикӣ аҳамияти рӯзафзун пайдо кардааст.
Дар давраи ҳисоботӣ мувофиқи маълумоти идораҳои фурӯши барқ аз тарафи шабақаҳои барқи шаҳр ба миқдори 450,3 миллион кВт/соат нерӯи барқ интиқол карда шуд. Маблағи пардохти умумии он 98,8 миллион сомонӣ, ё 97,8 фоиз, аз ҷумла аз тарафи аҳолӣ 42,7 миллион сомонӣ, ё 108,1 фоизро ташкил менамояд.
Бояд тазаккур дод, ки дар соли 2018 низ нақшаҳои ҳаётан муҳими амалишаванда дар соҳаҳои саноат ва энергетика пешбинӣ шудааст: Аз ҷумла, 25 адад корхонаҳои нави истеҳсолӣ бо зиёда аз 300 адад ҷойҳои корӣ таъсис меёбад, ки он барои тақвияти иқтидории соҳаи истеҳсолии воридотивазкунанда мусоидат менамояд.
Инчунин ҷиҳати беҳтар намудани таъминоти муштариён бо қувваи барқ дар кӯчаи Раҳмон Набиев шафати боғи Камоли Хуҷандӣ сохта ба истифода додани зеристгоҳи барқии “Темурмалик” 110/10 2х25000 килоВатт/Ампер ба нақша гирифта шудааст.
Вазъи соҳаи сохтмон, меъморӣ ва ободонии шаҳр.
Дар растаи бунёдкорӣ ва ободии шаҳр дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми маблағгузории асосӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои молиявӣ 170,9 миллион сомониро ташкил дода, ба маблағи 110,8 миллион сомонӣ корҳои сохтмонию васлкунӣ ба анҷом расонида шуданд. Яке аз манбаъҳои корҳои ба сомон расида, ин маблағгузорӣ аз ҳисоби маблағҳои мутамарказ буда, аз ин сарчашма дар ҳаҷми 98,9 миллион сомонӣ корҳои сохтмонӣ ба анҷом расонида шуданд.
Бар замми ин, ба маблағи 184,7 миллион сомонӣ фондҳои асосӣ ба истифода дода шуда, аз тарафи корхонаҳои пудратии шаҳр бошад, ба маблағи 153,4 миллион сомонӣ корҳо ба анҷом расонида шуданд, ки ин нишондиҳандаҳо нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 278,9 ва 100,9 фоизро ташкил дод.
Бо мақсади дуруст ва мақсаднок ҷойгир намудани иншоотҳо дар минтақаҳои аҳолинишини шаҳр, баҳри пешрафти самтҳои иҷтимоию иқтисодии кишвар расидан ба ҳадафҳои талаботи имрӯзаи ҷомеа, иҷрои азнавсозии лоиҳаи банақшагирии дақиқ ва муфассали сохтмони шаҳри Хуҷанд тасдиқ гардид.
Дар ин асос дар давраи сипаригашта 15 адад иншооти маданӣ-маишӣ, истиқоматӣ ва коммуналӣ сохта ба истифода дода шуд. Боиси ифтихор аст, ки бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 23 марти соли ҷорӣ бинои баландошёна ва маркази савдои “Анис” дар маҳаллаи 34, санаи 17-уми моҳи ноябри соли равон мактаби Президентӣ дорои 1296 ҷои нишасти хонандагон дар маҳаллаи 8-ум ва маркази миллии “Оши палов” барои хизматрасонӣ ба 600 нафар мизоҷон дар маҳаллаи 20-уми соҳили рости шаҳри Хуҷанд бо шукӯҳ ифтитоҳ гардид.
Бояд тазаккур дод, ки иловатан ба мактаби Президентӣ сохтмони хобгоҳ барои хонандагони лаёқатманд, ҳавзи шиноварӣ ва хонаҳои истиқоматии 9-ошёна барои муаллимон дар маҳаллаи “Темурмалик” дар нақшаи соли 2018 ба назар гирифта шудааст, ки он аз дастуру супоришҳои Сарвари кишварамон бармеояд.
Илова бар ин, дар соли 2018 азнавсозии боғчаи бачагона барои 240 ҷой дар маҳаллаи 34-ум собиқ мактаби таҳсилоти умумии №29, боғчаи бачагонаи №3 дар кӯчаи Р.Эгамбердиев, мактаб гимназияи ба номи М.Беҳбудӣ барои 340 талаба, корҳо вобаста ба таъминот бо об, барқ ва қисман бунёди роҳ дар шаҳраки Сайҳун ва барқарор намудани чойхона ва чашмаи “Оби шифо” дар назди маҷмааи “Ҳазрати Бобо” ба иҷро расонида мешавад.
Маврид ба зикр аст, ки ҳамарӯза иҷрои қонунгузорӣ дар рафти сохтмони иншоотҳо зери назорат қарор дошта, дар 41 иншоотҳои сохташудаистода 38 ҳолати риоя нагардидани талаботи Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон ошкор гардида, ба маблағи 22,5 ҳазор сомонӣ ҷаримабандӣ карда шудааст. Ғайр аз ин барои бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта 34 адад амрнома дода, оид ба ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ 38 адад протокол тартиб дода шудааст.
Дар самти ободонӣ ҳамчун ҳадафҳои бунёдкорӣ ба масъалаи роҳсозӣ ва таъмиру таҷдиди онҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир шуда истодааст. Дар ин ҷода барои корҳои аз партов тоза намудани ҷӯйборҳо ва қубурҳои обгузар, хобонидани мумфарши хунук дар сатҳи чуқурчаҳои роҳ, ҳамвор намудани бардюрҳои ду тараф ва миёнаҷои роҳҳои кӯчаю хиёбонҳо ба маблағи 3,1 миллион сомонӣ корҳо иҷро гардидааст.
Бо мақсади дар сатҳи ба талаботи муосир ҷавобгӯй будани роҳҳо, дар ин давра бо масрафи 3306,35 тонна асфалтобетон, дар 98 кӯчаю хиёбонҳои шаҳр ба масоҳати 31509 м2. ё ин, ки дар 44,82 километр роҳҳо корҳои таъмиру мумфаршкунӣ ба сомон расонида шуданд.
Инчунин, барои таъмиру рангубор ва кашидани хатҳои уфуқии 4 кӯчаҳо ва 2 кӯпруки шаҳр ба маблағи 316,3 ҳазор сомонӣ корҳо иҷро карда шуданд.
Дар кӯчаю хиёбонҳо ва майдонҳои ҳудуди шаҳр 825 адад фурӯзонакҳои каммасраф, 9827,5 метр симҳою кабелҳо ва 740 метр дуралайтҳою светодиодҳо, 2530 дона чароғҳои ҳархела ва равшанкунакҳои ороишӣ, 7 адад қуттии ҳисобкунак иваз ва насб карда шуданд.
Давоми ёздаҳ моҳи соли ҷорӣ 38 адад биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ рангубор карда шуда, 76 адад даромадгоҳҳо ва 5 адад лифтҳо аз таъмир бароварда шуда, ба масоҳати 12635 м2 таъмири боми биноҳо ва 200 м2 тирезаҳо оинабандӣ карда шуда, 2520 метр қубурҳои обу ташноб таъмир ва иваз карда шуданд.
Дар ин давра дар қадди кӯчаҳои асосии шаҳр ва гулгаштҳо ба миқдори 357 ҳазор дона гулҳои ҳархелаи ороишӣ, 47,3 ҳазор адад гулҳои садбарг, 75,1 ҳазор дона гулкарам, 107 адад буттагули палма, 200 ҳазор дона гулҳои маҳаллӣ ва 7043 дона дарахтҳои сояафкан шинонида шуданд. Илова бар ин давоми соли ҳисоботӣ дар ҳудуди шаҳр зиёда аз 23 маротиба шанбегиҳо гузаронида шуда, аз ҷониби иштирокчиён зиёда аз 7,0 ҳазор дарахтони сояафкан ва 22,1 ҳазор дона гулҳои ҳархелаи ороишӣ шинонида шуданд.
Ҳамагӣ дар давраи сипаригашта аз тарафи идораю ташкилотҳои соҳаи коммуналии шаҳр ба маблағи умумии он 44,9 миллион сомонӣ хизмат расонида шуда, аз он 19,8 миллион сомонӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ маблағгузорӣ карда шудааст.
Дар соли 2018 мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр корҳои ободонию бунёдкориро боз ҳам афзалиятнок рӯи кор  гирифта, дар ин самт:
мумфаршкунии кӯчаю хиёбонҳои марказии шаҳр, аз ҷумла, роҳҳои байни микроноҳияҳои 8-12, 12-13, маҳаллаи 28-ум ва кӯчаҳои дохили кумитаи маҳаллаҳо;
чароғонкунии 10 адад кӯчаю хиёбонҳо ва роҳҳои шаҳр бо тарзи замонавӣ бо 1228 адад равшанкунакҳои светодиодӣ, аз ҷумла хиёбони Раҳмон Набиев (шафати бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят) кӯчаҳои К.Хуҷандӣ, Гагарин, Себзор, Хуҷандӣ, Сирдарё, С.Умарӣ, хиёбони Р.Ҳоҷиев ва роҳи байни микроноҳияҳои 12-13 ва 13-18 (роҳи баромадгоҳи маркази саломатии №5);
- беҳтар намудани таъминоти аҳолии маҳаллаи “Чашмаи Арзана”бо оби нӯшокӣ;
- лоиҳа оид ба таъминот бо оби полезӣ;
-рангубор намудани 41 адад намо;
- таъмири 19 адад даромадгоҳ ва 13 адад боми биноҳои баландошёнаи соҳили рост ва чапи шаҳр мувофиқи нақша амалӣ карда мешавад.
Инчунин дар боғу гулгаштҳои шаҳр шинонидани зиёда аз 550 ҳазор гулҳои ороишӣ ва маҳаллӣ, дар кӯчаю хиёбонҳои марказии шаҳр зиёда аз 12 ҳазор дарахтони ороишию сояафкан, 40 ҳазор буттагули садбарг, буттагули палма, ёси ҳиндӣ амалӣ мегардад.

Бо ин мақсад барқарор намудани гармхонаҳо дар ҳудуди КДК “Кабудизоркунӣ ва гулпарварӣ”-и шаҳр ба масоҳати зиёда аз 200 м2  ба назар гирифта шудааст.
Вазъи соҳаи нақлиёт ва коммуникатсия.
Тақвияти иқтидории соҳаи нақлиёт барои натиҷаҳои бобарори соҳаҳои хоҷагии халқ саҳми назаррас мегузорад. Аз ин лиҳоз, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба таъмини мунтазами фаъолияти ин соҳа аҳамияти махсус медиҳад.
Боис қайд мебошад, ки ҳоло дар ҳудуди шаҳр ва маҳаллаҳои атрофи он ҳар рӯз 900 адад микроавтобус дар 90 хатсайр ва 4 адад автобусҳо дар 4 хатсайрҳо ҳаракат мекунанд. Дар давраи ҳисоботӣ тавассути ҳамаи намуди воситаҳои нақлиёт 1775,1 ҳазор тонна бор ва 43,6 миллион нафар мусофирон кашонида шуданд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли пешина мутаносибан 111,4 ва 116,8 фоизро ташкил медиҳад.
Ҷиҳати самаранокӣ ва баланд бардоштани сатҳи хизмати соҳаи алоқа, ҳоло дар шаҳр 35,2 ҳазор адад нуқтаҳои телефонӣ ба аҳолӣ ва ташкилоту муассисаҳо хизмат расонида, миқдори он нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта 23,5 фоиз зиёд гаштааст.
Дар давраи ҳисоботӣ 586 нуқтаҳои радиошунавоӣ ва дар ҷойҳои серодами шаҳр боз 70 адад баландгӯякҳо низ истифода бурда шуданд, ки он барои баланд бардоштани сатҳи иттилоотонӣ нақши муҳим мебозад.
Вазъи ҳолатҳои фавқулодда.
Дар самти пешгирии ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ соли ҷорӣ дар асоси нақшаи тасдиқшудаи солона омӯзиши 153 нафар шаҳрвандон оиди мудофиаи гражданӣ ба нақша гирифта шуда, дар 11 моҳи соли равон 103 нафар шаҳрвандон дар курсҳои кӯтоҳмуддати мудофиаи граждании вилояти Суғд омӯзонида шуданд.
Дар ин давра оид ба ситоди ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании шаҳри Хуҷанд 38 адад муроҷиати шаҳрвандон ва варақаҳои назоратӣ оиди иваз намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ, ки дар селроҳа ҷойгир мебошад ворид гаштанд. Ҳамаи муроҷиатҳо бо пуррагӣ санҷида шуда, онҳо ҳалли худро ёфтаанд.
Вазъи соҳаи илм, маориф ва фарҳанг.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар ин давра фаъолияти соҳаҳои иҷтимоиёту фарҳангро ҳамоҳанг сохта, робитаро бо созмонҳои ҷамъиятиву сиёсӣ таъмин намуд. Ҳамзамон баҳри таҳкими муносибатҳои байни миллатҳо мусоидат карда, фаъолияти ҷамъиятии дигар сохторҳои мақомоти иҷроия, ташкилоту муассисаҳоро танзим бахшид.
Дар ин ҷода, бо мақсади тарғиби комёбиҳои солҳои истиқлолият, ташаккули ҳисси ватандорӣ, қадршиносӣ аз арзишҳои умумимиллӣ, таъмини якпорчагиву ягонагии Тоҷикистони соҳибистиқлол ва таҳкими ваҳдати халқҳои маскуни кишвар, ташаккули давлатдории демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ корҳои амалӣ ба сомон расонида шудааст.
Бо мақсади тарбияи маънавии мардум ва ҷиҳати иҷрои қарори Раиси шаҳр аз 15 марти соли 2008, №128 “Дар бораи гузаронидани Рӯзи ягонаи ахбор” ва густариши корҳои тарғиботӣ, шинос намудани сокинон бо сиёсати дохилӣ ва берунии давлат, дастовардҳои солҳои Истиқлолият, таърих ва анъанаҳои ниёгон дар маҳаллаю қитъаҳои истифодабарии манзил, муассисаҳои таълимӣ ва корхонаю ташкилотҳои ҳудуди шаҳр 11 маротиба Рӯзи ягонаи ахбори сиёсӣ ташкил ва баргузор гардид.
Дар Рӯзҳои ягонаи ахбор ба иштирокдорони ин чорабинӣ дар мавзӯъҳои “Паёми Пешвои миллат – роҳнамои ҷомеа ба ояндаи дурахшон”, “Муҳофизи Ватан будан ифтихору сарбаландист”, “Наврӯз ҷашни ниёгони мост”, “Солимии ҷомеа-кафили рушди Тоҷикистон”, “Ҷавонони Тоҷикистон-созандагони фардои миллат”, “Ваҳдат-ҷавҳари хушбахтиву саодати миллат”, “Падидаҳои номатлубро маҳкум мекунем”, “Неъмате хуштар аз истиқлол нест”, “Забон-рукни асосии миллат”, Конститутсия-кафили ҳуқуқу озодиҳои инсон” ва “Эҳтироми рамзҳои давлатӣ-эҳтироми миллат аст” маълумот дода шуд.
Бахшида ба эълон гардидани соли 2017 – Соли ҷавонон вохӯрии Раиси шаҳр санаи 31 январ бо ҷавонони фаъоли шаҳри Ҳуҷанд ва санаи 21 феврал бо ҷавонон ва донишҷӯёне, ки аз шаҳри Хуҷанд дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии шаҳри Душанбе таҳсил менамоянд баргузор гардида, ба 292 нафар идрорпулӣ  ба маблағи 100 сомонӣ ба ҳар яке супорида шуд.
Тибқи нақшаи чорабиниҳо оид ба ташкили мулоқоту вохӯриҳо дар кумитаи маҳаллаҳои шаҳр бо аҳолӣ, ҷомеаҳои меҳнатӣ ва гузаронидани корҳои ташвиқотӣ-тарғиботӣ ҷиҳати сафарбар намудани шаҳрвандони синни даъватӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии шомилшавиии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ, тарғиби фарҳангу эҳтироми арзишҳои миллӣ, пешгирии никоҳи хешутаборӣ, пешгирии зӯроварӣ дар оила, иҷрои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо сокинони маҳаллаҳои шаҳр вохӯриҳо гузаронида шуданд.
Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи 34-уми шаҳри Хуҷанд як бинои 9-ошёнаи истиқоматиро бо маркази савдою хизматрасонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, ба 10 нафар оилаҳо калиди хонаҳои истиқоматиро тақдим намуданд. Дар ошёнаи якуми бинои мазкур барои 450 нафар ятими кулл аз шаҳру ноҳияҳои вилоят, аз он ҷумла 50 нафар аз шаҳри Хуҷанд дастархони идонаи Наврӯзӣ ороста шуда, ҳамзамон хатнасури 50 нафар кӯдак аз оилаҳои ниёзманд баргузор гардид.
Санаи 21 марти соли равон дар назди Театри мазҳака-мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ тантанаҳои бошукӯҳи Наврӯзӣ бо иштироки чеҳраҳои шинохтаи илму адаб ва меҳмонон баргузор гардид, ки дар онҳо зиёда аз 10 ҳазор сокинони шаҳр иштирок намуданд.
Санаи 28 апрели соли 2017 дар толори “Маркази фарҳанг”-и шаҳр вохӯрӣ оид ба вазъи сиёсӣ, таблиғоти ҳуқуқӣ, пешгирӣ намудани ҷинояткорӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ-террористӣ ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии аҳолӣ бо роҳбарони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ташкил ва гузаронида шуд.
Бахшида ба ҷашни 31-умин солгарди Рӯзи ёдбуди бартарафкунандагони садамаи Нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил дар тарабхонаи “Хубон” чорабинии идона ташкил карда шуд.
Санаи 9 майи соли 2017 дар майдони ёдгории шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 бахшида ба таҷлили 72-солагии Рӯзи Ғалаба маросими гулчанбаргузорӣ гузаронида шуда, сипас дар чойхонаи “Сирдарё” дастархони идона ороста шуд.
Бахшида ба 72-умин солгарди Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар ҳамаи муассисаҳои таълимии шаҳр ҳафтаи “Поси хотир” гузаронида шуда, конфронсу вохӯриҳо, мизи мудаввару мулоқотҳо баргузор гардиданд.
Ҳар сол дар арафаи таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ба ҷавонону наврасони фаъолу аълохон ва пешсафи шаҳр стипендияи Раиси шаҳри Хуҷанд тақдим мегардад.
Санаи 18 майи соли равон 100 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ, донишҷӯёни коллеҷҳо, донишгоҳҳо ва варзишгарон бо мақсади ҳавасмандкунӣ, дастгирии моддиву маънавӣ стипендияи Раиси шаҳри Хуҷандро гирифтанд.
Санаҳои 20 май дар  варзишгоҳи “Спартак” ва 23 майи соли равон дар муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангӣ-таърихии “Истиқлол” чорабинии фарҳангӣ бахшида ба таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, таҳти унвони “Ҷавонон-пайрави Пешвои миллат” баргузор гардид.
Санаи 26 май дар толори Муассисаи давлатии “Кохи фарҳангии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ” тибқи ҷадвали тасдиқнамудаи Раиси вилояти Суғд, муҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ оид ба баргузории вохӯрии раисони шаҳру ноҳияҳо бо донишҷӯёни шӯъбаҳои рӯзонаи муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии маркази вилоят бахшида ба соли 2017 – Соли ҷавонон, вохӯрии Раиси шаҳр бо донишҷӯён баргузор гардид, ки ба донишҷӯёни фаъол ва имконияташон маҳдуд ёрии моддӣ расонида шуд.
Санаи 30 май дар муассисаи давлатии махсусгардонидашудаи табобатии Хонаи кӯдакони шаҳр чорабинии идона бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон гузаронида шуд.
Дар баробари раванди корҳои ободонӣ ҷиҳати сазовор таҷлил намудани ҷашни 20 солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Хуҷанд чорабиниҳои мухталиф, аз ҷумла маҳфили “Адибони ваҳдатсаро”, конференсияҳо, мизи мудаввар, сӯҳбату мулоқоту вохӯриҳои фаъолони Шӯрои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, собиқадорони ҷангу меҳнат, муҳофизони сохти конститутсионӣ, зиёиён ва пешқадамони истеҳсолот бо ҷавонон оид ба арзишҳои Ваҳдати миллӣ ташкил ва баргузор гардиданд.
Боиси қайд аст, ки санаи 17 июни соли ҷорӣ дар маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”  бо иштироки соҳибкорон, ҳунармандон ва корхонаю муассисаҳои шаҳр “Фестивали гулҳо” баргузор гардида, дар он ғолибони озмун қадршиносӣ карда шуданд.

Санаи 27 июни соли равон таҷлили ҷашни 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар толори Муассисаи давлатии “Кохи фарҳангии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ” баргузор гардид.

Санаи 21 августи соли равон қабули меҳмонони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷиҳати баргузории Рӯзҳои фарҳанги Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд дар сатҳи баланд ташкил ва гузаронида шуд.

Санаи 23 августи соли равон тибқи Барномаи сафари Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба вилояти Суғд аз ҷониби роҳбарияти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф ба хонаи шоира Фарзона ва зиёфати расмии Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба 200 нафар собиқадорони вилоят дар тарабхонаи “Суғдиён”-и шаҳри Хуҷанд ташкил ва гузаронида шуд. Ҳамзамон маросими гулгузорӣ дар пояи муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ ва боздиди меҳмонон аз Муассисаи давлатии “Маҷмааи таърихию фарҳангии “Истиқлол” ва шиносоӣ бо фаъолияти ҶДММ КФ “Фортуна Ко”-и  минтақаи озоди иқтисодии “Суғд”-и шаҳри Хуҷанд ташкил ва гузаронида шуд.

Санаи 24 августи соли равон намоиши маҳсулоти кишоварзиву саноатӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллии мардуми Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, гулгузорӣ ба муҷассамаи Камоли Хуҷандӣ ва зиёрати мақбара ва шиносоӣ бо хона-музейи Камоли Хуҷандӣ дар Муассисаи давлатии “Маҷмааи таърихию фарҳангии “Қалъаи Хуҷанд” ва Фестивал-озмуни “Оши палов” ташкил ва гузаронида шуд.

Ярмарка–фурӯши маҳсулотҳои корхонаҳои саноатӣ, ҳунармандон ва косибони вилояти Суғд дар Муассисаи давлатии “Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ” баргузор гардид, ки дар он маҳсулотҳои корхонаҳои саноатӣ ва ҳунармандони шаҳр ташкил карда шуд.

Санаи 7 сентябри соли равон дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд маросими супоридани “Ифтихорнома” ва “Сипоснома”-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ба фаъолони соҳаҳои мухталифи шаҳр ва кӯмакпулии яквақта аз ҷониби Раиси вилоят ба нафақахӯрони аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва вилоятидошта ба муносибати ҷашни 26-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва гузаронида шуда, барои иштирокчиёни фаъоли ошхонаю чойхона ва каҳвахонаҳои шаҳр, ки дар озмуни “Оши палов” фаъолона иштирок намуда буданд, 20 адад сипосномаҳои Раиси шаҳр тақдим карда шуд.

Санаи 9 сентябри соли равон дар толори Муассисаи давлатии “Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ” маҷлиси тантанавӣ бахшида ба таҷлили ҷашни 26-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва гузаронида шуд.

Санаи 22 сентябри соли равон дар назди муҷассамаи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, хиёбони Раҳмон Набиеви шаҳри Хуҷанд Рӯзи Рӯдакӣ баргузор гардид. Санаи 23 сентябри соли равон ба ифтихори Рӯзи шаҳри Хуҷанд дар назди Театри мазҳака ва мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ чорабинии тантанавӣ фарогири барномаи театрикунонидашуда ва консерти ситораҳои дурахшони эстрадаи Тоҷикистон баргузор гардид. Намоиши дастовардҳои хуҷандиён ба маърази тамошо гузошта шуд. Дар вазъияти тантанавӣ ба 3 нафар унвони “Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд”, ба 2 нафар Ҷоизаи ба номи Маҳастӣ тақдим гардида, 15 нафар занони ҳунарманд соҳиби Грантҳои Раиси шаҳр гардиданд. Дар доираи тантанаҳои Рӯзи шаҳри Хуҷанд бо дастуру пуштибонии Раиси вилояти Суғд, мӯҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ дар шафати масҷиди ҷомеи марказии “Шайх Маслиҳатдин” чойхонаи “Мӯйсафедон” ба истифода дода шуд.

Тибқи қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз 27 апрели соли 2017, №232 “Дар бораи гузаронидани Озмуни ихтироъкорон ва навоварони ҷавони шаҳр” санаи 3 октябри соли равон озмуни ихтироъкорон ва навоварони ҷавон гузаронида шуда, ғолибони озмун муайян карда шуданд.

Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ, Рӯзи Конститутсия, 25-солагии Иҷлосияи тақдирсоз дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ бо иштироки олимону устодон, адибон, Шаҳрвандони фахрӣ, собиқадорон ва донишҷӯён конференсияҳои илмӣ-назариявӣ доир гардиданд.

Инчунин санаи 4 ноябри соли ҷорӣ дар муассисаи давлатии “Кохи фарҳанги Суғдиён” маҷлиси тантанавӣ бахшида ба рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  баргузор гардид.

Санаи 14 декабри соли ҷорӣ дар Муассисаи давлатии «Кохи фарҳанги Суғдиён» мулоқоти Раиси шаҳр бо донишҷӯён доир гардида, ба ғолибони озмуни ихтироъкорон ва навоварони ҷавони шаҳр диплом ва мукофотпулӣ ботантана супорида шуда, барои 125 нафар донишҷӯёни фаъол тӯҳфаи Раиси шаҳр ба ҳар яке ба маблағи 150 сомонӣ супорида шуд.

Аз ҷониби Комиссия оид ба татбиқи Қонуни забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми 11 моҳи соли равон 8 маротиба бо мақсади ҷавобгӯ намудани номгузории нуқтаҳои савдою маишӣ ва ба танзим даровардани матни навиштаҷот ва шиору овезаҳои кӯчаю хиёбонҳои марказии шаҳр амалиёти назоратӣ гузаронида шуданд.

Баҳри баланд бардоштани нақши матбуоти даврӣ дар ҳаёти сиёсӣ, ҷалби бештари аҳолӣ ва ҷомеаҳои меҳнатӣ ба рӯзномаву маҷаллаҳо, таъмини фазои иттилоотӣ ва тарғибу ташвиқи васеи сиёсати дохиливу хориҷии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ҷиҳати иҷрои қарори Раиси вилояти Суғд аз 3 августи соли 2017, №343 “Дар бораи муташаккилона гузаронидани маъракаи қабули обуна ба рӯзномаю маҷаллаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, соҳавӣ ва маҳаллӣ барои соли 2018” маъракаи қабули обуна барои соли 2018 гузаронида шуда, айни замон нақшаи иҷрои обуна ___ фоизро ташкил медиҳад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази вилоят-шаҳри Хуҷанд дар назди тарабхонаи “Ҷавонӣ” бо намунаи дастовардҳои арзандаи корхонаву ширкатҳои калонтарини саноатии масолеҳи сохтмонӣ истеҳсолкунанда шинос шуда, бо сохтмончиён мулоқот карданд. Дар намоишгоҳ молу маҳсулоти гуногун, аз ҷумла намунаи фаршҳои рангаву пурнақшу нигор, дару тирезаҳо, мизу курсиҳо, ашёҳои мухталифи кандакоришуда, сутуну тахтасангҳои мармарӣ, хиштҳои ороишии аз сангҳои нодири Тоҷикистон омодашуда, чароғҳо, рангҳои сохтмонӣ, нақшу нигори аз гаҷ сохташуда пешкаш карда шуданд.

Дар давраи ҳисоботӣ дар 88 мактабҳо, кӯдакистонҳо ва маркази таҳсилоти иловагӣ 38605 нафар хонандагон ва 9600 нафар тарбиятгирандагон ба таълиму тарбия фаро гирифта шуда, 532 нафар омӯзгорон савияи дониши худро баланд бардоштанд, ки ин 118 фоизи нақшаи солонаро ташкил менамояд.

Дар арафаи иду ҷашнҳо ба 38 нафар ятими кулл, 504 нафар бепадар, 312 нафар бемодар, 275 нафар толибилмон аз оилаҳои камбизоат пайваста маводи ғизоӣ, либос ва лавозимоти хониш кӯмак карда шуд. Дар аксарияти мактабҳои шаҳр барои хонандагони ятими кулл хӯроки гарм ройгон ташкил карда шудааст.

Дар арафаи соли таҳсили нав аз тарафи Раиси шаҳр ба 320 нафар хонандагони ятиму камбизоат либосҳои мактабӣ тақдим карда шуд.

Бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ бо иштироки Раиси шаҳр дар мактаби хусусии “Гулчини маърифат” толори варзишӣ ва майдони теннис, дар маҳаллаи Тути калон Маркази ислоҳнамоӣ-педагогӣ барои кӯдакони норасоии нутқдошта мавриди истифода қарор дода шуд. Сохтмони бинои нави мактаби хусусии Пӯлотов дар маҳаллаи 28 ва сохтмони толори варзишӣ дар гимназияи Гёте идома дорад.

Дастаи мактаббачагони шаҳр (хонандагони синфҳои 10-11) дар олимпиадаи вилоятӣ ба гирифтани 49 мақоми ифтихорӣ мушарраф гардида, дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ бошад, 14 нафар хонандагон соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардида, шаҳри Хуҷанд дар миқёси вилоят ҷойи якумро ишғол намуд. Бояд зикр намуд, ки хонандагони синфҳои 5-11 дар олимпиадаи вилоятӣ, дар соли таҳсили 2016-2017 ба гирифтани 95 мақоми ифтихорӣ мушарраф гардиданд. 52 нафар хонандагон ба гирифтани стипендияи Раиси шаҳр, 6 нафар ба гирифтани стипендияи Президентӣ сарфароз гаштанд.

Бо мақсади тақвият бахшидани завқу шавқи хонандагон ба омӯзиши илму техника, ихтироъкориву навоварӣ ва ташаккули тафаккури техникии онҳо дар ин давра озмуни вилоятии “Техникони наврас” баргузор гардид, ки дар он 7 нафар ғолибони озмуни шаҳрӣ ширкат варзиданд.

Бо мақсади ташаккул додани маърифати хонандагон, ҷалби бештари онҳо ба тадқиқоти илмӣ, мақолаю гузоришҳои пажӯҳишӣ ва дар ин замина дарёфти хонандагони болаёқату соҳибистеъдод даври ҷумҳуриявии сессияи Академияи хурди илмҳо баргузор гардид, ки дар он 62 нафар хонандагон сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.

Дар ин давра озмуни шаҳрии “Мутахассиси ҷавон” таҳти унвони “Касби ман - ифтихори ман” доир гардид.

Барои ҳар чӣ бештар ба истироҳат ва солимгардонӣ фаро гирифтани мактаббачагон, таъмини сатҳи баланди ташкилӣ дар истироҳатгоҳи “Парвоз” соли равон аз ҳисоби буҷети шаҳр, бо қарори Раиси шаҳр 90 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардид.

Аз рӯи ҷамъбасти соли таҳсили 2016-2017 67 нафар хонандагони синфи 9 ба гирифтани Шаҳодатномаи аъло мушарраф гаштанд. Ҳамчунин як нафар хатмкунандаи гимназияи ба номи Гёте ва 3 нафар хатмкунандагони гимназияи №24 барои иштироки фаъолона дар озмуни “Аттестати аъло” бо медали тилло ва нуқра, бо Сипосномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд.

Соли равон синфи 9-ро 2987 нафар ва синфи 11-ро 2504 нафар хатм намуданд. 1922 нафар дар имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ соли 2017 иштирок намуда, 1853 нафар (74 фоиз) ба мактабҳои олӣ, аз он ҷумла 321 нафарашон ба мактабҳои олии хориҷи кишвар ва 237 нафар ба мактабҳои миёнаи махсус дохил шуданд.

Дар соли 2018 низ ҷиҳати рушди соҳаи маориф чораҳои амалӣ андешида шуда, дар ин самт корҳои сохтмонии мактаби хусусии Пӯлотов воқеъ дар маҳаллаи 28 ва толори варзишии гимназияи Гёте идома дода мешавад.

Илова бар ин, ба системаи ягонаи гармидиҳӣ гузаронидани муассисаҳои таълимии №2, 10, 11, 14, 16 ва муассисаҳои томактабии №2, 6, 16, 22, 25, 29, 40, таъмири синфхонаҳо ва гурӯҳҳои муассисаҳои томактабӣ, харидорӣ намудани тахтаҳои электронӣ ва иваз намудани компютерҳои корношоями муассисаҳои таълимӣ, таҷҳизонидани 5 адад кабинетҳои фаннӣ амалӣ карда мешавад.

Дар давраи ҳисоботӣ ба унвони Комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак 257 адад аризаҳои хаттӣ, 220 адад муроҷиатҳои шифоҳии шаҳрвандон ва 390 адад мактубҳо аз мақомотҳои судӣ, ҳифзи ҳуқуқ, маориф ва дигар ташкилоту муассисаҳо ворид гашта, саривақт тибқи меъёрҳои муқарраркардаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” мавриди баррасӣ қарор дода шуда, баҳри ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии кӯдакони ноболиғ тадбирҳои зарурӣ андешида шуданд. Ҳамзамон дар ин давра тибқи маводҳои ҷамъкардашуда 10 маротиба ҷаласаҳои комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак гузаронида шуда, дар он зиёда аз 192 масъалаҳо вобаста ба ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии кӯдакон мавриди муҳокима қарор дода шуд.

Бо мақсади таъмини ҳаёти арзанда дар оила барои кӯдакон дар ин давра 24 нафар кӯдакон ба фарзандхондӣ, 16 нафар кӯдакон ба васояту парасторӣ дода шуда, 36 нафар кӯдакон ба Хонаи кӯдакон ва Муассисаи давлатии “Маркази солимгардонии норасоӣ ва ҳифзи кӯдакон”-и шаҳри Хуҷанд ҷойгир карда шуданд.

Соҳаи фарҳанг дар рушди маънавии ҷомеаи муосир нақши назаррас мебозад. Дар ин давра зиёда аз 96 чорабиниҳои фарҳангӣ гузаронида шуд, ки дар он зиёда аз 215 ҳазор нафар тамошобинон иштирок карданд.

Санаи 25 июли соли равон дар толори муассисаи давлатии “Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ” фестивал-озмуни ҷумҳуриявии “Бӯстон-2017” бо иштироки роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, намояндагони мактабҳои олӣ ва миёнаи махсус, соҳаҳои маориф, фарҳанг, тандурустӣ, саноат, иқтисодиёт, ҷавонон ва варзиш, сохтмон, раисони кумитаи маҳаллаҳои шаҳр ташкил ва гузаронида шуд.

Вазъи соҳаи тандурустӣ, кор бо занон ва оила

Дар соҳаи тандурустӣ баҳри беҳдошти вазъи сиҳатии омма, пешбурди кори муассисаҳои табобатӣ ва баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ба аҳолӣ дар асоси нақшаи тасдиқгардида тадбирҳои муайян ба сомон расонида шуданд.

Ҳоло 16 муассисаҳои тиббии шаҳр дорои 1110 кати беморӣ буда, дар онҳо зиёда аз 2260 нафар кормандони соҳаи тиб адои вазифа менамоянд. Ғайр аз ин дар ин соҳа 136 нафар духтурони оилавӣ ва 168 нафар ҳамшираҳои тибби оилавӣ хизмат мерасонанд.

Баҳри иҷрои қарорҳои Раиси вилояти Суғд ва раиси шаҳр “Оид ба таъмини иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробар бо доруворӣ ва лавозимотҳои тиббӣ” дар ин давра 10 нафар иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, 127 нафар иштирокчиёни ҷанги Афғонистон, 46 нафар бартарафкунандагони садамаи Чернобил ва 48 нафар иштирокчиёни барқароркунии сохти конститутсионӣ ба қайди хизматрасонӣ гирифта шуда, ба онҳо хизматҳои тиббии ройгон расонида шуда истодааст.

Дар ин давра ба 255 нафар беморон мувофиқи 1046 дорухати имтиёзнок ва дар беморхонаҳои шаҳр ҳуҷраҳои алоҳида ҷудо карда шуда, ҳамагӣ 3631 ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ шудааст.

Инчунин ҷиҳати таъмини иҷроиши қарори Раиси вилояти Суғд “Дар бораи таъмин намудани кӯдакони синни то 3 сола ва маъюбони модарзод бо дорувориҳо” дар асоси 366 дорухати имтиёзнок ба маблағи 8050 сомонӣ ба 149 нафар кӯдакон дорувории ройгон дода шуд. Ғайр аз ин, дар Муассисаи давлатии ёрии таъҷилии тиббии шаҳр дар давраи ҳисоботӣ ба 1545 нафар кӯдакони синни то 3 сола ёрии тиббии ройгон расонида шуд.

Ҷиҳати баланд бардоштани савияи дониш аз тарафи кормандони Маркази репродуктивию Марказҳои саломатии шаҳр якчанд маротиба вохӯрӣ дар муассисаҳои таълимии шаҳр, дар маҳаллаҳо сӯҳбатҳо дар мавзӯъҳои “Гигиенаи шахсии духтарон”, “Исқоти ҳамл ва зарари он”, “Бемориҳои бо роҳи алоқаи ҷинсӣ гузаранда”, “Синну соли никоҳӣ ва танзими расму оинҳо”, “Ташаккули тарзи ҳаёти солим”, “Танзими оила ва нигоҳ доштани фосилаи байни таваллуд”, “Истифодабарии маводҳои пешгирии ҳомилаи номатлуб”, ки аз проблемаҳои актуалии ҷомеаи имрӯза ба ҳисоб мераванд, вохӯриҳо гузаронида шуданд.

Дар ин давра корҳои вобаста ба таъмир дар муассисаҳои тиббии шаҳр, аз ҷумла, шӯъбаҳои таваллудхонаи шаҳрӣ, беморхонаи сироятӣ, маркази мубориза бар зидди бемории сил,  маркази саломатии шаҳрии №1, беморхонаи шаҳрии №1, стансияи ёрии таъҷилӣ гузаронида шуда, барои ин мақсадҳо зиёда аз 2467,0  ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст.

Бояд зикр намуд, ки дар соли 2018 таъмири муассисаҳои тиббии шаҳр, аз ҷумла қисми биноҳои таваллудхонаи шаҳрӣ, дармонгоҳи дандонпизишкӣ, маркази саломатии №4 ва беморхонаи шаҳрии №1 ба иҷро расонида мешавад.

Оид ба рафти иҷроиши Барномаҳои давлатии “Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020”, “Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014 – 2023” ва Консепсияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарору амрҳои Раиси вилоят, Раиси шаҳр, таъмини иҷрои нақшаю вазифаҳои вогузоргардида, ҷиҳати густариши фаъолияти бонувон, саҳми онҳо дар рушди ҷомеа, ҳимояи ҳуқуқи занон ва тақвияти мақому маърифати онҳо тадбирҳои мушахас андешида шуданд.

Бояд зикр кард, ки 49,4 фоизи аҳолии шаҳрро занон ташкил дода, аз ин шумора 21,2 ҳазор нафарашон қобили меҳнат буда, шумораи умумии занони роҳбарикунанда 3876 нафарро ташкил медиҳанд.

Дар асоси нақшаи тасдиқгардида дар давоми 11 моҳи соли равон дар ташкилоту муассиса, корхонаҳо, 22 маҳаллаҳо, 7 бозорҳо, марказҳои савдою хизматрасонӣ, марказҳои фарҳангӣ – фароғатии шаҳр амалиётҳои муштарак “Оид ба фарҳанги либоспӯшии миллӣ” ва доир ба “Маданияти шаҳрдорӣ” чорабиниҳо гузаронида шуданд.

Ҷиҳати таҳкими анъанаҳои оиладорӣ, танзими муносибатҳои оилавӣ, тарғиби таомҳои миллӣ, як навъ арҷгузорӣ ба анъанаҳои миллии гузаштагони халқи тоҷик, дар доираи чорабиниҳо бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ бо иштироки 21 нафар кадбонуҳо аз кумитаи маҳаллаҳои шаҳр озмуни телевизионии “Кадбонуи беҳтарин” баргузор гардид.

Ҳамчунин дар ин давра озмунҳои телевизионии “Оилаи намунавӣ”, “Арӯси арзанда”, “Маҳаллаи ҳамешасабз”, “Модари доно - фарзанди тавоно”, “Хушдомани беҳтарин” ва “Моҳпайкари наврӯзӣ” дар ҳамаи маҳаллаҳои шаҳр гузаронида шуданд.

Вобаста ба таъмини иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, маҳфилҳои доимоамалкунандаи “Фарҳанги оиладорӣ”, “Фарзанди нек-орзую умеди нек” ба роҳ монда шудааст, ки моҳе як бор доир карда мешаванд.

Бо мақсади дастгирии рушди фаъолияти соҳибкории занони ҳунарманду эҷодкор, бахшида ба соли 2017-Соли ҷавонон, 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва дар асоси қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз 30 марти соли 2017, №158 ба тасвиб расида, 10 грант ба маблағи 5 ҳазор сомонӣ ва 5 грант ба маблағи 3 ҳазор сомонӣ, ҷамъ 15 грант ба маблағи 65 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шуда, ба 15 нафар занон супорида шуд.

Бо мақсади тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, тарбияи зебоипарастӣ, баланд бардоштани мақому манзалати либоси миллӣ, тақвияту густариш бахшидан ба истеҳсолу истифодаи анвои гуногуни либосу матоъҳои миллӣ, рушди атласу адрасбофӣ бахшида ба соли 2017-Соли ҷавонон ва 25-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 10 октябри соли ҷорӣ дар Муассисаи давлатии “Кохи фарҳанги Суғдиён” Фестивали шаҳрии “Атласу адраси Хуҷанд – 2017” баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур 14 нафар тарроҳон беш аз 150 намуд либосҳоро аз рӯи 5 бахш бо матои атласу адрас омода намуда, пешкаши тамошобинон намуданд. Ғолибони фестивал бо тӯҳфаҳои Раиси шаҳр ва диплом қадршиносӣ гардиданд.

Санаи 25 ноябри соли равон чорабинӣ дар доираи маъракаи байналмилалӣ “16 рӯзи мубориза алайҳи хушунат”, “Аксия” дар ҳамҷоягӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии МИҲ “Сарчашма” таҳти унвони “Мо бар зидди зӯроварӣ” дар майдони “Регистон”- и шаҳри Хуҷанд доир гардид. Ҳамзамон дар донишгоҳҳои олӣ ва коллеҷу  маҳаллаҳои шаҳр вохӯриву мулоқотҳо, семинару тренингҳо доир гардиданд.

Инчунин дар доираи “Барномаи давлатии пешгирии зӯроварӣ дар оила барои солҳои 2014-2023” бахшида ба 16 рӯзи алайҳи хушунат байни васоити ахбори омма озмун эълон карда шуда,  9 нафар ғолибон қадрдонӣ карда шуданд.

Дар Хонаи ақди никоҳи шаҳри Хуҷанд маҳфили доимоамалкунандаи “Дарёи муҳаббат” дар мавзӯи “Оила – меҳвари зиндагӣ” бо иштироки оилаҳои намунавӣ доир гардид.

Дар давраи ҳисоботӣ 1491 адад ақди никоҳ, 6051 асноди ҳолати шаҳрвандон сабт гардида, таваллуди 3788 кӯдаки навзод ба қайд гирифта шудаст.

Дар соли 2018 низ таъсиси 15 адад Грантҳои Раиси шаҳр барои ҳавасмандгардонии занони соҳибкору ҳунарманд ва курси семоҳаи захираи кадрии назди шӯъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр пешбинӣ гардидааст.

Вазъи соҳаи ҷавонон ва варзиш

Ҷавонон қувваи бузург ва пешбарандаи ҷомеа ба ҳисоб рафта, шумораи умумии ҷавонони шаҳри Хуҷанд дар ин давра ба 80,9 ҳазор нафар расид, ки аз ин миқдор 36,5 ҳазор нафари онҳоро духтарон ва 41,4 ҳазор нафари онҳоро писарон ташкил медиҳанд.

Бо мақсади ҷалби бештари аҳолӣ, хусусан наврасону ҷавонон ба варзиш дар ҳудуди шаҳр беш аз 260 иншооти варзишӣ мавриди истифодабарӣ қарор дорад. Дар давраи ҳисоботӣ 13 иншооти варзишӣ: 4 майдончаи футбол бо алафи сунъӣ дар маҳаллаи Суғдиён ва майдони футбол дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ, майдончаи варзишӣ дар Коллеҷи тиббии шаҳр ба номи Ю.Б.Исҳоқӣ, майдончаи варзишӣ дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, толори варзишии замонавӣ бо майдончаи теннис дар мактаби хусусии “Гулчини маърифат”, Маҷмааи фароғатию варзишӣ барои шуғли кӯдакон, бозии футболи хурд, волейбол, баскетбол дар маҳаллаи Мевағул, майдони футбол бо алафи сунъӣ дар шафати варзишгоҳи 20-солагии Истиқлолият, толори варзишӣ, майдони футбол бо алафи сунъӣ ва дар Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат майдончаи варзишӣ барои бозии футбол, волейбол ва баскетбол дар маҳаллаи Темурмалик мавриди истифодбарӣ қарор дода шуд.

Дар ин раванд, соли 2018 тибқи дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз таҷрибаи шаҳри Душанбе 10 адад майдончаҳои варзишӣ дар маҳаллаҳо  сохта ба истифода дода мешавад.

Бо мақсади баланд бардоштани самарнокии сиёсати давлатии ҷавонон, фаъолгардонии мақоми онҳо дар ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ, рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, рушди сайёҳӣ ва бахшида ба эълон гардидани соли 2017-Соли ҷавонон, зиёда аз 180 чорабиниҳои мухталиф, аз қабили вохӯриву мулоқотҳо, озмунҳо, конфронсҳо, аксияҳо, чорабиниҳои маънавӣ, фарҳангӣ ва варзишӣ, фестивалҳо, корҳои ободониву созандагӣ, чорабиниҳои варзишии сатҳи шаҳрӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуривӣ, корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ва фаҳмондадиҳӣ, бо ҷалби беш аз 142 ҳазор нафар ҷавонону наврасон, варзишгарону мухлисон ва сайёҳону меҳмонон баргузор гардиданд.

Ҷавонон яке аз захираҳои асосӣ дар роҳи рушди мақсадҳо маҳсуб ёфта, барои тарбияи кадрҳои ҷавон таваҷҷӯҳи махсус зоҳир мегардад. Айни ҳол, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр 20 нафар ҷавонон, аз ҷумла 8 нафар ҷавондухтарон дар вазифаҳои гуногун фаъолият намуда истодаанд.

Бояд қайд намуд, ки дар ин давра мусобиқаҳои мухталифи сатҳи байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ ва вилоятиву шаҳрӣ аз рӯи намудҳои футбол, каратэ-до, намудҳои гӯштин, бокс, шиноварӣ, қаиқронӣ, варзиши сабук, волейболу баскетбол, варзиши ушу, бадминтон, теннис баргузор гардиданд.

Дастовардҳои варзишгарон дар ин мусобиқаҳо назаррас буда, варзишгарони шаҳр ба гирифтани 2811 медал, аз ҷумла, 980 медали тилло, 798 медали нуқра ва 1033 медали биринҷӣ ноил гардиданд.

Вазъи соҳаи сайёҳӣ

Ҷиҳати рушди соҳаи сайёҳӣ, ҷалби сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои сайёҳӣ сайрҳо ташкил гардида, баҳри рушди туризми дохилӣ ва қабули меҳмонон хатсайрҳои дохилӣ, ба монанди хатсайри “Шоми Душанбе”, хатсайри “Искандаркӯл”, хатсайри “Ҳафткӯли мӯъҷизадор” ташкил карда шудаанд.

Айни ҳол дар шаҳр барои қабули сайёҳон 12 меҳмонхонаҳо фаъолият намуда истодаанд. Барои сайёҳон нуқтаҳои фурӯши маҳсулоти ороишӣ аз сангҳою металлҳои қимматбаҳо, тӯҳфаҳои хотиравӣ, намунаҳои ҳунарҳои дастии ҳунармандон фаъолият менамояд. Ҳамчунин дар шаҳр 32 ёдгориҳои таърихӣ, 3 ёдгориҳои археологӣ, 25 ёдгориҳои шаҳрсозиву меъморӣ ва санъат мавҷуд мебошад.

Баҳри беҳдошти фазои экологӣ, рушди ҳамаҷонибаи соҳаи сайёҳӣ дар ҳудуди шаҳр амалиётҳои ҷумҳуриявии ҷавонон, таҳти унвони “Ин Ватанро мо ҷавонон сабзу хуррам мекунем”, “Як рӯзи тамошои осорхонаҳо”, намоишҳои туристӣ, силсила- презентатсияҳо доир гардиданд.

Вазъи соҳаи меҳнат, шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ

Баҳри ҳаёти шоиста ва зиндагии арзанда, масъалаҳои ташаккули минбаъдаи низоми ба талаботи замона ҷавобгӯ, таъмини нафақаи аҳолӣ, баланд бардоштани самаранокии сиёсати дастгирии иҷтимоии табақаҳои камбизоат ва таъсис додани ҷойҳои корӣ ҳамеша дар маркази диққат қарор дошта, дар ин самт чораҳои мушаххас андешида шуда истодааст.

Дар натиҷа музди миёнаи маоши кормандони хоҷагии халқи шаҳр дар ҳолати 1 ноябри соли 2017 ба 1222,5 сомонӣ расида, он нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта 9,1 фоиз ё ба маблағи 101,9 сомонӣ зиёд шудааст. Фонди музди меҳнати кормандони рӯйхатӣ бошад 370,8 миллион сомониро ташкил намуда, ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта 12,6 фоиз ё 41,6 миллион сомонӣ афзудааст.

Бо мақсади муваффақ шудан ба таъмини пурраи шуғли аҳолӣ корҳои мушаххас ба сомон расонида шуда, дар натиҷа шумораи аҳолии аз ҷиҳати иқтисодӣ фаъол 44 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Дар ин давра бошад, 2041 нафар шаҳрвандони бешуғли қобили меҳнат ба қайд гирифта шуда, ба 906 нафар ба таври расмӣ мақоми бекорӣ дода шуд. Аз шахсони бақайдгирифташуда 1158 нафар дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ бо ҷойи корӣ таъмин гардиданд.

Дар самти фароҳам овардани шароити муносиб ҷиҳати пешниҳоди қарзҳои хурди бефоиз барои фаъолияти соҳибкорӣ ба 41нафар шаҳрвандони бекор ба ҳар кадоме аз 1,5 то 5,0 ҳазор  сомонӣ маблағ дода шуд.

Дар давраи ҳисоботӣ 15 маротиба ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ гузаронида шуда, дар натиҷа аз ҳисоби ин ярмаркаҳо 203 нафар шаҳрвандон ба шуғл ҷалб карда шуданд.

Натиҷаҳои пурсиши саросарӣ собит намуд, ки 5395 нафар шаҳрвандони шаҳри Хуҷанд дар муҳоҷират қарор дошта, аз онҳо 5073 нафар дар Федератсияи Руссия кор ва зиндагӣ карда, 576 нафар ба хориҷи кишвар барои хондан сафар намудаанд, аз онҳо 470 нафар дар донишкадаҳо ва 106 нафар дар мактабҳо таҳсил доранд.

Дар шаҳр амалигардонии қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июли соли 2014, №437 «Дар бораи идома ва ҷорӣ намудани механизми таҷрибавии кӯмаки унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат» идома дорад. Айни ҳол, 2915 парвандаҳо тариқи компютер ба сервер ворид карда шуда, аз он онҳо  2808 нафар ба кӯмаки унвонии иҷтимоӣ бархурдор шуданд ва маблағи умумии барои пардохти кӯмакпулӣ воридгардида 1048,1 ҳазор сомониро ташкил дод.

Ба ҳолати 1 декабри соли 2017 шумораи нафақахӯрон 18406 нафарро ташкил дода, андозаи миёнаи нафақа 342 сомонию 24 дирамро ташкил медиҳад. Қайд кардан зарур аст, ки талаботи 11 моҳи соли 2017-ум 70,7 миллион сомониро ташкил дода, маблағи он пурра пардохт карда шуд.

Дар давраи ҳисоботӣ 155 нафар шаҳрвандон, ки ба хизмати хонагӣ ниёз доранд, хизмат расонида шуда, аз ҷониби хизматгузорони соҳавӣ ба ҳар яки онҳо дар як ҳафта ду маротиба хизмат расонида мешавад.

Маълумот дар бораи дастгирии маъюбон, оилаҳои камбизоат, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва нафарони дар ақибгоҳ ба онҳо баробаркардашуда, нафақахӯрон ва табақаҳои ниёзманд

Дар давраи ҳисоботӣ баҳри дастгирии маъюбон, камбизоатон, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ниёзмандону нафақахӯрон чораҳои амалӣ андешида шуда, бо қарорҳои Раиси вилоят ва раиси шаҳр бахшида ба 72–солагии иди Ғалаба ба 11 нафар иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба ҳар кадоме ба маблағи 1,5 ҳазор сомонӣ ва ба 41 нафар шахсоне, ки на камтар аз 6 моҳ дар ақибгоҳ кор карданд, ба ҳар кадоме 1,0 ҳазор сомонӣ, ҷамъ 57,5 ҳазор сомонӣ кӯмакпулӣ ва маводи озуқаворӣ расонида шуда, муроҷиати 520 нафар шаҳрвандон вобаста ба кумаки моддӣ, молиявӣ ва аробачаҳои маъюбӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд ва талаботи онҳо пурра қонеъ гардид. Аз ҷумла, ба 53 нафар муроҷиаткунандагон кӯмаки моддӣ, барои сохтмони манзили зист ба маблағи 65,8 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шуда, ба 23 нафар аробачаи маъюбӣ дастрас карда шуд.

Дар робита ҷиҳати баланд намудани сатҳи иҷтимоӣ, дастгирии оилаҳои камбизоат, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, маъюбон, ятимони кулл, тарбиятгирандагони хона интернатҳо ва дигар ниёзмандон дар арафаи иду айёмҳои бахшида ба таҷлили Рӯзи Артиши миллӣ, Рӯзи Модарон, Иди Наврӯз, Рӯзи Ғалаба, Рӯзи Ваҳтади миллӣ, Рӯзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, Рӯзи Конститутсия, Рӯзи Президент, Рӯзи Парчами давлатӣ, Иди Рамазон, Иди Қурбон, Рӯзи маъюбон ҳамагӣ 8500 оилаҳо аёдат карда шуданд.

Илова ба ин, дар арафаи идҳо дар ҳамаи қисмҳои ҳарбӣ, комендатураи ҳарбӣ ва шуъбаи корҳои дохилии шаҳр аз тарафи саховатмандон ва соҳибкорон дастархони идона ороста шуда, барномаҳои консертӣ ташкил карда шуд.

Нишондиҳандаҳои натиҷаҳои фаъолияти ҷамъбасти 11 моҳаи  соли равон нишон дод, ки иҷроиши нақшаҳои воридоти пардохтҳои суғуртавӣ аз рӯи ҳамаи намудҳои ҳатмӣ ва ихтиёрӣ 100,4 фоизро ташкил дод, яъне ба ҷои 451,1ҳазор сомонӣ нақшаи пешбинишуда 453,2 ҳазор сомонӣ маблағ ворид гардид, ки нисбати нақшаи пешбинишуда 2,2 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Ҳамчунин дар ин давра талофии суғуртавӣ аз рӯи ҳамаи намудҳои суғуртавӣ дар натиҷаи офатҳои табиӣ, садамаи нақлиётӣ, аз ҳодисаҳои нохуш, сӯхтор ва молу амволи хона ба 134 нафар ба маблағи 51,3 сомонӣ ҳақгузорӣ карда шудааст.

Вазъи тартиботи ҳуқуқӣ ва ҷамъиятӣ

Дар давоми ёздаҳ моҳи соли 2017 дар ҳудуди шаҳр ҷинояткорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2016 ба миқдори 158 адад ё 12,79 фоиз кам гардида, (2016-1235) 1077 ададро ташкил медиҳад.

Баҳри беҳтар намудани вазъи тартиботи ҷамъиятӣ дар ҳудуди шаҳр чораҳои амалӣ андешида шуда, дар натиҷа ҷинояткорӣ, ба монанди ҷиноятҳои вазнин 155 адад, ҷиноятҳои дар ҷойҳои ҷамъиятӣ содиргашта 11 адад, қаллобӣ 175 адад, авбошӣ 1 адад, ғоратгарӣ 2 адад, ошкоркунии муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор 20 адад, ҷиноятҳои аз тарафи ноболиғон ва ё бо иштироки онҳо содирнамуда 7 адад, дар ҳолати мастӣ 2 адад, таҷовуз ба номус ва сӯиқасд 2 адад, ғайриқонунӣ нигоҳ доштани яроқи оташфишон 2 адад кам мебошад.

Бояд қайд намуд, ки новобаста аз чораҳои андешидашуда, ҷиноятҳои ба монанди расонидани зарари ҷисмонӣ ба саломатӣ 2 адад, тамаъҷӯӣ 1 адад, дуздӣ 14 адад ва ҷиноятҳои содиргашта вобаста ба дигар хизматҳо 38 адад зиёд гардидааст.

Вазъи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳри таъмини иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” ва Фармони Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тайёрӣ ва гузаронидани даъвати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ ва ба эҳтиёт рухсат шудани сарбозон ва сержантони тибқи даъват хизмати ҳарбиро адо намуданд” дар шаҳри Хуҷанд барои омода ва тайёрӣ ба гузаронидани даъвати тирамоҳии соли 2017 мутобиқи нақшаи чорабиниҳо як қатор чорабиниҳо гузаронида шудаанд.

Дар комиссариати ҳарбии шаҳри Хуҷанд дар якҷоягӣ бо раисони кумитаи маҳаллаҳо, раисони шӯрои кор бо ҷавонони кумитаи маҳаллаҳо ва кормандони комиссариати ҳарбӣ якчанд маротиба машварати корӣ гузаронида шуда, оиди ҷалби ҷавонони синну соли даъватӣ ба хизмати ҳарбӣ, тартиби гузаронидани маъракаи даъвати ҳарбӣ, ба назар гирифтани талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” ва роҳ надодан ба камбудиҳои дар маъракаи баҳоронаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ба назар расида дастурҳо дода шуданд.

Барои соҳиби касб шудани ҷавонон ва ҷалби онҳо ба хизмати ҳарбӣ бо мактаби муттаҳидаи техникии ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа дар шаҳри Хуҷанд ҳамкорӣ намуда, баҳри ройгон таҳсил намудани онҳо тариқи телевизионҳои маҳаллӣ эълон дода шуд ва дар маҳаллаҳо корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ бурда шуданд.

Дар натиҷа аз ҳисоби маблағи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр 25 нафар ҷавонони синну соли даъватӣ ҷалб гардида, дар мактаби муттаҳидаи техникии ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа дар шаҳри Хуҷанд таҳсил намуданд. Инчунин бояд қайд намуд, ки аз ҳисоби маблағи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар мактаби муттаҳидаи техникии ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа дар шаҳри Хуҷанд 11 нафар ҷавонон таҳсил намуданд.

Тибқи қарори Раиси шаҳр аз  21 августи соли 2017, №479 “Дар бораи омодагӣ ба даъвати тирамоҳонаи ҷавонписарони соли таваллудашон 1990-1999 ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2017” моҳҳои октябр – ноябри соли 2017 маъракаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ гузаронида шуд. Бояд қайд намуд, ки нақшаи умумии даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ пурра иҷро гардид.

Ҳолати воқеии пахши барномаҳои телевизиони ҷумҳурӣ ва вилоят

Шаҳри Хуҷанд ба фарогирии барномаҳои телевизионҳои ҷумҳуриявӣ: “Тоҷикистон”, “Сафина”, “Ҷаҳоннамо”, “Баҳористон”, “Варзиш” “Синамо” ва “Шаҳнавоз” бо пахши рақамӣ ва телевизиони вилояти Суғд пурра таъмин аст.

Дар шаҳр ширкатҳои телевизион ва радиои мустақил–“СМ-1”, “Азия”, “Ҷаҳоноро”, “Диёр”, “Танин”, “Салом”, “7-ситора”, телевизионҳои ноқилии “Ант”, “Сомониён”, “Мавҷи ориёно”  ва радиоҳои “Пайванд”, “Садои Хуҷанд”, “Радио-Тироз”, “Тирози ҷавонӣ”, “Шаҳри ман”, “Лав радио” ва “Салом” фаъолият дошта, инчунин рӯзномаи “Тирози ҷаҳон”, ки нашрияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр мебошад, фаъолият дорад.

Баҳри таъмини иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 феврали соли 2009, № 622 “Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма” аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр эътибори ҳамешагӣ зоҳир мешавад.

Дар давраи ҳисоботӣ доир ба муаммоҳои дар шаҳр ҷойдошта дар васоити ахбори умум 16 маводи танқидию таҳлилӣ дарҷу пахш гардиданд. Ба ҳамаи онҳо аз ҷониби масъулин ҷавобҳо ирсол карда шуданд.

Баррасии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ

Дар ёздаҳ моҳи соли ҷорӣ 4445 адад муроҷиати хаттии шаҳрвандон ба қайд гирифта шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 436 адад муроҷиат кам мебошад.

Аз теъдоди умумии аризаҳои бақайдгирифта 1225 ададашон назоратӣ буда, муроҷиати дастаҷамъона 85 адад, аз ҷониби иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробар 1 адад, муроҷиатҳои такрории шаҳрвандон дар ин давра 10 адад ба қайд гирифта шудаанд.

Ҳамчунин шумораи муроҷиат аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 105 адад ва аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят 368 ададро ташкил медиҳад.

Дар ин давра қабули шаҳрвандон дар бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр аз рӯи ҷадвали тасдиқгардида ва тибқи системаи хизматрасонии “Равзанаи ягона” ҷараён гирифта, аз ҷониби роҳбарияти шаҳр 1196 нафар шаҳрвандон қабул карда шуданд.

Рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”

Дар ин давра оид ба рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар шаҳр тибқи маълумоти оморӣ 2622 адад маърака ба қайд гирифта шудаанд. Аз ҷумла, 1499 адад тӯи арӯсию домодӣ, 859 адад хатнасур, 172 адад маъракаи чил ва 92 адад маъракаи сол гузаронида шудааст.

Ба муносибати идҳои давлатӣ ва ифтитоҳи иншооти нави корхонаву муассисаҳо бо ҷалби шахсони саховатманд ва соҳибкорон хатнасури хайриявии 174 нафар кӯдакони ятиму бепарастор аз хона-интернати кӯдакон ва аз оилаҳои камбизоат 30 адад маъракаи хайриявӣ гузаронида шуданд.

Боиси ифтихор аст, ки маҳз аз баракоти сулҳу суботи комил, ваҳдату сарҷамъии миллат ва талошу заҳмати пайгиронаи мардум таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо дастгирии Раиси вилояти Суғд, муҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ нишондиҳандаҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳр афзуда, рушди устувор дар ҳамаи соҳаҳо таъмин гардида истодаанд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати шаҳри Хуҷанд дар оянда низ тамоми имкониятҳоро ҷиҳати рушду такомули иҷтимоиёту иқтисодиёт ва ҳаёти шоистаю арзандаи сокинон равона менамояд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...