(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt9 декабри соли 2017 дар рӯзи якуми сафари расмӣ дар Шоҳигарии Ҳошимии Урдун мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо вакилони Шӯрои шаҳрдории Аммон ва аъзои маъмурияти ин шаҳр баргузор шуд.

Пеш аз оғози вохурӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Аммон Юсуф Шаварбеҳ намоишгоҳи дастовардҳои мардуми тоҷик, аз қабили чакан, зардӯзӣ, аксу мусаввараҳои манзараҳои нотакрори табиати биҳиштосои Тоҷикистон ва намунаи дигар анъанаҳои миллии халқи тоҷикро, ки аз тарафи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Ҳошимии Урдун ташкил гардида буд, тамошо карданд.

Чорабинӣ бо садои сурудҳои миллии ҳар ду кишвар оғоз гардид.

Дар мулоқот, ки дар бинои маъмурияти шаҳри Аммон баргузор гардид, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар назди вакилони Шӯрои шаҳрдории Аммон ва аъзои маъмурияти шаҳр оид ба ҳадафи сафари нахустини расмӣ ва дурнамои муносибатҳои дӯстию ҳамкорӣ бо ин кишвар суханронӣ карданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз пазироии самимии мардуми дӯсти Урдун изҳори сипос карда, таъкид доштанд, ки Тоҷикистон ва Урдун анъанаҳои деринаи муносиботи нек доранд.

Сарвари давлат бо итминон иброз доштанд, ки Тоҷикистон ва Урдун, бо такя ба алоқамандии амиқи таърихӣ, робитаҳои гуногунҷанбаи худро тавсеа бахшида, ҳамкориҳояшонро ба сатҳи сифатан нав хоҳанд баровард.

“Мо омодаем, ки дар якҷоягӣ бо ҷониби Урдун баҳри рушду такомули муносибатҳои дӯстӣ ва робитаҳои судманди байни кишварҳоямон дар ҳама арсаҳои мавриди таваҷҷуҳ кушишҳои пайваста ба харҷ диҳем” - таъкид доштанд дар охири суханронӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Сипас, Раиси шаҳри Аммон Юсуф Шаварбеҳ дар бораи саҳми арзанда ва талошҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи барқарор кардани муносибатҳои дипломатӣ байни ду кишвар, таҳкими дӯстию бародарии мардумони Тоҷикистону Урдун, инчунин дигар ташаббусҳои ҷаҳонии Сарвари давлати Тоҷикистон оид ба ҳалли масъалаҳои глобалии сайёра суханронӣ карда, дар вазъияти тантанавӣ ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Калиди рамзии тиллоии шаҳри Аммонро тақдим карданд. Ҳамин тавр Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳиби Унвони олии - Шаҳрванди фахрии шаҳри Аммони Шоҳигарии Ҳошимии Урдун гардиданд.

Ёдовар мешавем, ки то имрӯз барои саҳми арзанда дар густариши муносибатҳои дӯстӣ бо мардумони кишварҳои сайёра Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин сазовори унвони Шаҳрванди фахрии якчанд мамлакати дигари ҷаҳон гардидаанд.

Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...