(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Ба Барака Бобоева лавҳаи ёдгорӣ гузошта шуд

Имрӯз бо иштироки Раиси шаҳри Хуҷанд  Маъруф Муҳаммадзода дар суроғаи шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Хуҷанд, ҳавлии №33 ҷамъомади тантанавӣ оид ба расмикушоди лавҳаи ёдгории  Барака Бобоева баргузор гардид.
Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода чорабиниро ифтитоҳ намуда, аз ҷумла афзуд, ки Давлату Ҳукумат бо мақсади бузургдошти шахсиятҳои мӯътабари таърихӣ, чеҳраҳои барҷастаи сиёсӣ, илму адаб ва фарҳангу маърифат, ки дар давраҳои гуногун дар ташаккули тамаддун ва миллати мо саҳми арзишманд гузоштаанд, хизматҳои эшонро қадр мекунад. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд низ дар баробари шинохти шахсияти бузургмардони миллатамон ва омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи осори онҳо вазифадор аст, ки ин мероси ҷовидониро ба хотири сарчамъиву оромии мардум ва хусусан тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи башардӯстиву инсонпарварӣ, ватанхоҳиву ватандорӣ, илму ҳунаромӯзӣ ва ахлоқи ҳамида истифода намояд.

Раиси шаҳр таъкид намуд, ки дар ин ҷода пардабардорӣ намудан аз лавҳаи ёдбуди шахси накӯном, зани қавииродаву мубориз, ташкилотчии бомаҳорат, фидоиву нексиришт Барака Бобоева дар ҳаёти иҷтимоиву фарҳангии шаҳри Хуҷанд рӯйдоди воқеан   хотирмон  мебошад. Тибқи дархости пайвандон ва қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати панҷум аз 28 сентябри соли 2017, таҳти №185  оид ба гузоштани лавҳаи ёдгории  Барака Бобоева дар суроғаи кӯчаи Хуҷанди маҳаллаи Хуҷанд, ҳавлии №33, ки Барака Бобоева истиқомат доштанд ба тавсиб расидааст,  ба ин муносибат аҳли бошандагони маҳалаи мазкур, хешону пайвандон ва ҳамкасбони ин шахси мӯътабарро самимона табрик мегӯям.
Сипас, дар вазъияти тантанавӣ аз тарафи Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ва пайвандону шогирдони Барака Бобоева парда аз рӯи лавҳаи ёдгорӣ бардошта шуд.
Доир ба хидматҳои Барака Бобоева, шогирди эшон-соҳибкор Мақсудҷон Зиёбоев, сокини маҳаллаи “Хуҷанд” Абдусабур Ғафуров, хоҳарзодаи Барака Бобоева Муҳаббат Кенҷаева, набераи мавсуф Ғайратҷон Дадобоев сухан гуфтанд.
Таъкид гардид, ки абадигардонии номи неки ин шахси барӯманд барои наслҳои имрӯзу фардои ин кӯчаву маҳалла ва шаҳри азизамон бори дигар дарси меҳнатдӯстиву меҳанпарастӣ ва садоқат ба Ватан мегардад.
Бояд қайд намуд, ки Барака Бобоева  25 августи  соли 1917 дар деҳаи Қарақчиқуми ноҳияи Конибодом таваллуд шудааст. Фаъолияти меҳнатиашро аз  соли 1934 ҳамчун колхозчи дар колхози «Коммунаи Париж»-и ноҳияи Хуҷанд оғоз намуда, солҳои 1935-1937 мудири кӯдакистон ва котиби идораи колхози мазкур  буд.  Солҳои  1937-1940  дар техникуми хоҷагии қишлоқи  шаҳри Ленинобод  таҳсил  намудааст. Соли 1940 ба кори ҳизбӣ сафарбар гардида, аввал инструктор, мудири сектори кадрҳои кумитаи ҳизби коммунисти вилояти Ленинобод фаъолият  мебарад. Солҳои 1949-1950 дар ҳайси котиби кумитаи ҳизби коммунисти ноҳияи Ленинобод адои вазифа менамояд. Солҳои 1950-1951  муовини раиси ҷамъияти матлуботи вилояти Ленинобод буд. Аз соли 1951 то соли 1980 сарварии фабрикаи либосдӯзии №2 шаҳри Хучандро дар ӯҳда дошт. Дар давраи фаъолияти меҳнатиаш соли 1953 Донишкадаи омӯзгорӣ ва соли 1964 техникуми бофандагии шаҳри Хучандро хатм намудааст. ӯ дар  солҳои сарвари фабрика буданаш худро ҳамчун роҳбари кордону ташкилотчии моҳир муаррифӣ намудааст. Солҳои тӯлонӣ ҷомеаи меҳнати пешсафиро аз даст надода, дар ҷамъбасти панҷсолаҳо сазовори Байрақи Сурхи сайёри Ҳукумати Умумииттифоқ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон гардидааст. Дар давраи роҳбарии Барака Бобоева якчанд биноҳои истиқоматии баландошёна, кӯдакистонҳо  сохта ба истифода дода шудааст. Дар фабрика сол аз сол шароити корию маишии коргарону мутахассисон беҳтар мешуд. Сехҳои нав ва иншоотҳои ёрирасон сохта мешуданд. Барои аҳли меҳнати фабрика дар соҳили «Баҳри Тоҷик» минтақаи истироҳатӣ бо боғи дарахтонаш  мевадиҳандаю сояафкан барпо карда шуд. Барака Бобоева чун роҳбари нуқтасанҷ, пешбину ояндаҷӯ ба тайёр кардани кадрҳо аз ҳисоби мутахассисони ҷавон доимо ғамхорӣ зоҳир мекард. Онҳоро модарвор парастиш менамуд, кор, одобу усулби роҳбарӣ меомӯзонд ва ба вазифаҳои масъул пешбарӣ менамуд. Барака Бобоева дониши васеъ, ҷаҳонбинии фароҳ, малакаи зиёди корӣ ва зиндагӣ дошт. ӯ як мақсад дошт, саҳм гирифтан дар ободӣ ва рушди кишвар, беҳбудии зиндагии кормандон.
Барака Бобоева зани соҳибдил ва озодандешаву нексиришт буда, дар роҳи саодати мардум солҳои зиёд заҳмат кашидааст. Саҳифаи рӯзгории ӯ басо рангин буда, бо кору пайкори ибратомӯзи хеш тавонист дар дилу дидаи аҳли оила, ҳамкорон, дӯстону пайвандон нақши муассир гузорад.
Хизматҳои тӯлонӣ ва сидқидилонаи Барака Бобоева бо орденҳои Ленин, Инқилоби  Октябр, медалҳо, аз ҷумла бо медали «Барои меҳнати шоён дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945», Ифтихорномаҳои Ҳукуматӣ  қадршиносӣ  гардида, бо унвони «Корманди хизматнишон- додаи саноати Тоҷикистон»  сарфароз  гардонида  шудааст. Борҳо депутати Шӯрои депутатҳо, аъзои кумитаи ҳизби коммунисти шаҳру вилояти Ленинобод интихоб гардидааст ва барои хизматҳои шоёнаш бо якчанд ифтихорномаю ордену медалҳо сарфароз гардонида шудааст.
Барака Бобоева 10 ноябри соли 1994 вафот карда бошад, ҳам ному кори шоёни Барака Бобоева дар дилу дидиаи мардуми диёр абадӣ маскан гирифтааст ва  барои абадӣ гардонидани хотираи ин шахси нексиришт кӯчае дар шаҳри Хуҷанд ба номи Барака Бобоева гузошта шудааст.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...