(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Атласу адрас як ҷузъи фарҳанги миллӣ

Барои баланд бардоштани ифтихори миллӣ, арҷгузорӣ ба фарҳанги воло, тарбияи зебоипарастӣ, тарғибу ташвиқи либосҳои миллӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, ба касбомӯзӣ ҷалб кардани занону духтарони хонашин, ба насли оянда пешкаш кардани ҳунари аҷдодӣ ва бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нав дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар як қатор тадбирҳои созанда андешида шуда истодааст. Аз ҷумла дар толори маҷлисгоҳи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон  чунин чорабинӣ дар сатҳи баланд баргузор гардид. Дар ин бора ба мо аз донишкадаи мазкур хабар доданд.
Ин манбаъ афзуд, ки дар ин чорабинии идона донишҷўёни фаъол аз 4 факултетҳои донишкада иштирок намуданд. Иштирокчиёни аз рӯи шартҳои озмун, ки намоиши либос аз матоъҳои атласу адраси миллии истеҳсоли ватанӣ мебошад, дар бахшҳои «Беҳтарин либоси миллии қадима», «Беҳтарин либоси расмӣ», «Беҳтарин либоси идона» ва «Беҳтарин либоси бачагона» ҳунар ва малакаи хешро нишон доданд. Махсусан ба аҳли нишаст намоиши саҳнача, ки талқингари либоси миллии мо мебошад, писанд афтод. Инчунин рақсу сурудҳои миллӣ ба чорабинӣ шаҳомати хосса бахшид.
Директори донишкада, номзади илмҳои техникӣ Саидӣ Дилафрӯз Раббизода дар ҷамъбасти фестивал зимни суханронӣ иброз дошт, ки барои мардуми мо фарҳанги баланди оиладорӣ ва либоспӯшӣ як ҷузъи фарҳанги миллӣ мебошад. Либоси миллии тоҷикӣ бошад, дар аксари кишварҳои шарқ ба либоси миллии халқияту миллатҳои дигар табдил ёфтааст. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки куртаҳои атласу чакан, тоқиву рӯймол, ҷома ва дигар либосҳои миллӣ дар худ беҳтарин рамзҳои зиндагии аҷдодони барӯманди моро таҷассум намудаанд.
Номбурда барои дар сатҳи баланд гузаштани чорабинии мазкур ба таъсисдиҳандагони изҳори миннатдорӣ намуда, ширкаткунандагони фаъоли Фестивали «Атласу адраси Хуҷанд- 2017»  Ганҷинаи Шӯҳрат, Манзура Ниёзова ва Анӯша Тошхӯҷаева,  ки чанде пеш дар кохии Суғдиён баргузор гардида буд, бо  ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ намуд.
Намояндаи кумитаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Ҳамроҳ Атаева зимни баромади хеш аз ҷавонон даъват ба амал овард, ки ҳар чи бештару беҳтар аз ҳунару фарҳанги бойи миллиамон огоҳ бошанд ва барои эҳёу рушди онҳо замина гузоранд, зеро донишкада дар самти парвариши тарроҳону чеварони чирадаст пештози ҷамъият мебошанд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...