(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Хуҷандшаҳр баҳишти рӯйи замин

Ибни Фақеҳ: На дар шарқу на дар ғарб надидам шаҳреро муназзаҳтар аз Хуҷанда. Шигифт аст, бинандаро ба ҳайрат меорад ва ба  форсӣ гӯянд дилмазанда.
Дар улуми ҷуғрофия ва ҷомеашиносӣ дар бораи шаҳру шаҳрвандӣ суханони бисёр рафтааст. Аз нигоҳи ҳар соҳа ва донишмандон таърифи онро аксаран аз нигоҳи мизони ҷамъият, вуҷуди ниҳодҳои маданӣ, иқтисодӣ ва саноатӣ, ки аз муҳимтарин шохаҳои  фарқкунандаи шаҳр аз деҳа ҳисоб мешаванд, дида метавонем. Арасту ҳам дар мавриди шаҳр гуфтааст: Ҷомеае, ки саранҷом аз фароҳам омадани чандин деҳкада падид меояд, шаҳр ном дорад.
Аммо Қуръони карим ин мулкҳоро аз лиҳози фарҳангӣ, динӣ ва иҷтимоӣ матраҳ менамояд, ки бисёр омӯзанда ва ҷолиб аст. Аслан калимаи “шаҳр” дар Қуръони карим “мадина” омадааст, ки аз калимаи “дин” гирифта шуда, маъниҳои зиёд дорад. Калимаи “дин” ба маънои ҳисоб, қонун, шариат, қазоват, сират, ахлоқ, ҳукм, тоат, бандагӣ, қиёмат, имон, қонуни илоҳӣ ва ғайра фаҳмида мешавал. ”Алмадян” ҳам аз ҳамин реша буда, “мадина” сиғаи занонаи он аст. Бинобар ин мадина- шаҳр, дорои мафҳуми арзишӣ ва ҷомеӣ аст, ки намоёнгари қонуни хуб ва баланд, мудирияти шоиста ва манобеъи инсонӣ тавсеъа ёфта, фармонбардори ҷомеае мебошад.
Дар Қуръони карим калимаи шаҳр, яъне мадина 14 маротиба омадааст, ки ҳамаи он дар сурати ”Ал- мадина” дида мешавад ва калимаи қаря (деҳа) 60 маротиба омада, дар шаклҳои танҳо, ҷамъ ва ғайра истифода шудааст. Дар истилоҳи Қуръони карим ҳамаи ободиҳои рӯи замин хоҳ калон ва хоҳ хурд бо калимаи қаря, яъне деҳа, русто омадааст. Шайх Саъдии Шерозӣ гуфтаанд:

Чи Мисру чи Шом ва чи барру ва баҳр,
Ҳама рустоянд ва Шероз шаҳр.

Қуръон шаҳрро аз чанд ҷиҳат муаррифӣ менамояд. Яке аз муҳимтарин шохаҳои шаҳр фарҳанги шахсҳое, ки дар шаҳр зиндагӣ ва умр ба сар мебаранд, ба ҳисоб меравад. Маъмулан дар ҳама ҷамъияти инсонӣ  мардум аз лиҳози фарҳангӣ ду гунаанд, бархе солеҳанд ва ба қонуну одоби иҷтимоӣ тобеъанд. Ва дигаре носолеҳанд ва қонунгурез мебошанд ва ин гурӯҳ агарчи дар як макони ҷуғрофӣ канори ҳам зиндагӣ  менамоянд ва аз аҳолии як минтақа ва ободӣ ба шумор мераванд, вале аз мазмуни Қуръони карим дорои шиносномаҳои якхела нестанд. Қуръони карим инсонҳои солеҳи ҷомеаро бо шиносномаи шаҳрӣ ва инсонҳои носолеҳро бо рустоӣ содир мекунад. Мисолҳои ҳаёти пайғамбарон, макони зисти онҳо ва мардуми онро худованд дар қиссаҳо ва достонҳои зиёди Қуръонӣ баён месозад. Гоҳо Қуръон як маҳалро деҳа ва баъд онро шаҳр меномад, яъне агар сокинони ин макон сифатҳои манфӣ ва бадахлоқӣ  дошта  бошанд,  онро деҳа ва ба сабаби нишонаҳои  мусбии  шахсон  ва  авлодони  боадаб, он ҷойро шаҳр номидааст.  Яъне,  ба  мизони  баҳодиҳӣ,  на  макону  водиву  кӯҳсор,  балки  ахлоқу  одоб  ва  рафтору  кирдори  сокинони  он макон гузошта  шудааст. Дар  асоси таълимоти  Қуръони  карим шаҳр дорои  фарҳангҳо  мебошад, ки  асоси  онро  маънавият ва одобу ахлоқи некӯ ташкил медиҳад.
Ҳар  ҷомеае,  хоҳ  бузург  хоҳ  кӯчак,  ки  дар  он  суннатҳои  одоб  ва  русуми  иҷтимоӣ  бо сиришт  ва  сохтори  ахлоқӣ  ва  инсонӣ  ҳамранг  ва ҳамсоз  аст,  шоистаи  номи  шаҳр  мебошад.  Ва  ҳар  ҷомеае  ҳарчанд  бузург аст,  вале  одобҳои  инсониро  гум  карда  бошад  ва  ба  фарҳангҳо  ва рафторҳои  ношоиста  пайравӣ  намояд,  муҳити  зиндагии  онҳо  қаря  аст  ва онро  дар  фарҳанги  Қуръон  шаҳр  наменоманд.  Агар  ҷомеа  аз  фарҳанг  ва салоҳияти  маънавӣ  дур  бошад,  ҷомеаи  шаҳр  ҳисоб  намешавад  ва  агарчи  муҳити  физикӣ  ва  маконӣ  дошта  бошад  ҳам.  Агар  бар  хилофи  фитрати инсонӣ  одобу  ахлоқро  нодида  гиранд,  шаҳрдор  нестанд.  Аммо  ҳангоме,  ки  дар  ҳамон  ҷой  руҳи  инсонӣ  роҳ  ёбад  ва  шоистаи  сухан  ба  миён  ояд  ва  ба  ахлоқу виҷдону дин  пайравӣ  кунанд,  ин  маҳалро  шаҳр (мадина) меноманд,  яъне  онҳоро  маданӣ (соҳиби  маданият)  мегӯянд.
Қуръон ҷойи  сукунати  пайғамбаронро  низ “мадина” номгузорӣ кардааст,  чун  онҳо  зебандаи  номи  мадина (шаҳр) ҳастанд  ва  дар  мақому қурби  илоҳӣ  дорои  эҳтироми  хоса  мебошанд.  Ва  агар  аҳолии  он ҷо ахлоқи  ҳамида  ва  покиву  иффатро  қабул  накарданд,  он  ҷоро  худованд  боз  қаря  номидааст.  Мадинаи  мунаввара  пештар  номи  Ясрибро  дошт  ва  ба  эҳтироми  иқомати  пайғамбар  Муҳаммад(с)  ва  мақоми   қабри  эшон  ҳеҷ  вақт  ба  ғайр  аз  Мадинаи  мунаввара  номи  дигар  нагирифтааст.  Бо  баракоти  ин  шахсиятҳои  бузург  ва  покдоман  макони  гуногуни  рӯи  замин аз балову офатҳо  эминанд.  Шаҳрҳо  то  замоне,  ки  маданияти шаҳрдориро  риоя  ва  итоат  менамоянд,  аз  офатҳои  илоҳӣ  дар  амну  оромианд   ва  дар  амони  худованди  таъоло  қарор  доранд.  Балоҳо  ва осебҳо  ҳамвора  ба он  маконҳое  меоянд,  ки  ҷамоати  носолеҳ  ва  ношукр  бо  зулму  беадолатӣ  ва  фисқу  фуҷур  дар  тавмаа  бошанд.
Қуръони  карим  мефармояд:  “ Ва  мо  кона  раббука  лиюҳликал-қуро  бизулмин ва  аҳлуҳо  муслиҳун “ (Ҳуд, 117) , яъне  чунин  набуд,  ки  парвардигор ободиҳоро  ба  зулм  ва  ситам  нобуд  кунад,   дар  ҳоле,  ки  аҳлаш  накӯкор  бошад.
Дар  Қуръони  маҷид  калимаи  “миср”  ҳам  омадааст,  ки  маънои  шаҳрро  дорад  ва  панҷ  маротиба  такрор   мешавад.  Миср дар  луғат  маънои  аз  ҳам  ҷудокунандаи  ду  чиз, марзи  ду  минтақа  ва  шаҳри  бузургро  дорад.  Ҳамаи  маъноҳои  миср  дар Қуръони  маҷид  ба  мазмуни  шаҳр  ва  кишвари  Миср  омадааст.  Оятҳои   Қуръонӣ равшан  менамояд, ки  Миср  пойтахти  кишваре  буда  ва  дар  он  шаҳрҳо  ва  ободиҳои  зиёде  мавҷуд  будааст.
Хулоса  Қуръони  карим  бо меъёрҳое, ки  донишмандон  ва коршиносон  дар  тӯли  таърихи  пайдоиши  шаҳрҳо  барои  шиносоии  онҳо арҷгузорӣ   кардаанд,  ҳеҷ  гуна  мухолифате  эълом  намекунад.  Вале  аз мазмуни  паёмҳояш  меъёрҳои  бисёр  зарифе  қобили  дарёфт  аст, ки  бо меъёрҳои  ироашудаи  башарӣ  мушобиҳате  надорад. Қуръони  карим меъёрҳо  ва  имтиёзоти  моддиро  ҳамчун  ташхиси  шаҳр  ба  асос нагирифтааст,  балки  дар  ҷомеашиносии  Қуръон  чизе  бо  номи  шаҳр  ва деҳа  матраҳ  намешавад ,  балки  он  чи  мавриди  тавваҷуҳ  аст,  фарҳанги ҳоким  бар  ҷомеаҳо  ва  имтиёзоти  фарҳангии  инсонҳо  аст.  Қуръони  маҷид  маданиятро  бо  ахлоқу  одоб  ва  амали солеҳ ,  яъне  дину қонунмадории  афроди  ҷомеа  арзёбӣ   мекунад. Дар  ин  мавзӯъ  дар каломи  раббонӣ  аслият  ба  фард  дода  мешавад,  на  ба  навъи  сукунатгоҳ.  Дар  манзари  Қуръони  маҷид  инсонҳо  новобаста  аз  маҳалли  сукунаташон,  агар  соҳиби  одобу  ахлоқ  ва  амали  солеҳанд,  маданианд.
Бар  пояи  паёми  Қуръонӣ  ҳар  кас,  дар  ҳар  куҷои  олам,  агар   бо улгугирӣ  аз  қонунҳо,  рафтори  нек,  дин  ва  одобу  ахлоқи  ҳамида  таҷаллӣ ёфта,  аз  онҳо  пайравӣ  намояд,   маданӣ  аст,  агарчи  дар  деҳа  зиндагӣ  намояд   ва   илло  хориҷ  аз  маданият  аст,  агарчи  дар  шаҳрҳои  азим  умр  ба  сар  барад  ҳам.
Дар  асоси  ин  таҳлилҳо  мушоҳида  менамоем,  ки  ниёгони  мо  бо татбиқи  қавонини  илоҳӣ  ва  дунявӣ,  дар  асоси  одобу  ахлоқи  некӯ,  рафтору  кирдори  намуна  ва  маданияти  волои  шаҳрдорӣ,  хоҳ  дар  деҳаҳо  ва  хоҳ  дар  шаҳрҳо,  зистгоҳашон  Тоҷикистони  азизро  дар  масири таърихи  чандинҳазорсола,  чун  макони  биҳиштӣ  ороставу  обод  ва  машҳури  ҷаҳониён  кардаанд.
Имрӯзҳо  Хуҷанд,  ки  номаш  мафтункунандаи  қалбҳост  ва  ҳавои мусаффои  соҳили  Сайҳун  ба  дилшефтагонаш  аз ҳадяи  нотакрор  мужда медиҳад,  дар  остонаи  ҷашни  Рӯзи  шаҳр  қарор  дорад  ва дар  тӯли  таърихи  бобарокоти  хеш  намунаи  ибрати  ахлоқи  ҳамида  гаштааст  ва  моро зарур аст,  ки  ин  суннати  волои  гузаштагонро  имрӯз  ҳам  бо  ҷону  дил  ҳифзу  ҳимоя  намуда,  дар  оянда  низ  лоиқи  номбардори  он  бошем.  Дар асоси  таълими  гузаштагонамон,  дар  баробари  ободу  сарзабзу  зебо  гардонидани  ин  шаҳри  биҳиштосо  ба  мо  зарур  аст,  ки  ҷавҳари  асосии  маданияти  шаҳрдориро  боз  ҳам  ҷило  диҳем  ва  шоистаи  ҷойнишини  гузаштагоне,  ки  ин  маконро  барои  мо  обод  мерос  гузоштаанд,  бошем.
Аз  қадимулайём  Хуҷандшаҳр  на  танҳо бо тозагиву  таровати хеш,  балки бо  покии  нияту  андешаҳои  сокинонаш  маъруф  ва  машҳур  гашта буд ва  ин  сифатҳои  неки  шаҳрдорӣ,  ки  дар  замони  истиқлолияту  озодӣ  чӣ  аз  ҷиҳати  моддӣ  ва  чӣ  аз  ҷиҳати  маънавӣ боз  ҳам   нашъу  намо  ёфтааст,  ба  қуллаҳои  баландаш  бирасад.
Ёқути  Ҳамавӣ  дар  китоби  маъруфи  худ “Мӯъҷаму- л- булдон” ҷилди 2, саҳ.347  дар  васфи Хуҷанд  чунин  сатрҳои  Ибни  Фақеҳро   овардааст:

Ва лам ара балдатан биизои шарқин ва ло ғарбин бианзаҳа мин Хуҷанда,
Ҳиялғарроу туъҷибу ман раоҳо ва ҳия билфорсияти дилмазанда.

На дар шарқу  на  дар  ғарб  надидам  шаҳреро  муназзаҳтар  аз  Хуҷанда. Шигифт  аст, бининдаро  ба  ҳайрат  меорад  ва ба  форсӣ  гӯянд  дилмазанда.
Бо  табрикоти  ин  рӯзи  пурфайзу  бобаракат,  ба тамоми мардуми Хуҷандшаҳри  бостонӣ  ва  мақомоти  иҷроияи  он,  ки муҷиби пешрафти ин  ҷаннати  заминӣ  мешаванд,  самимона тақдир ва ташаккур  арз намуда,  аз  худованди  маннон тавфиқи  рӯзафзуни босаодат ва беҳрӯзӣ  барои  ин заҳматкашони  босаодат  умедворам.

Мирзоибодулло КАЛОНЗОДА,
имомхатиби масҷиди ҷомеи
"Нури ислом"- и шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...