21 Сентябр 2017
Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Таҳсилот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуровро бо ихтисоси рӯзноманигор ва соли 2007 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм кардааст.
Сангинова Муяссар соли 1996 фаъолияти худро ба ҳайси коргузори Идораи телевизион ва радиошунавонии вилояти Суғд оғоз намуда, соли 1998 ба ҳайси референт, муҳаррири барнома дар Идораи телевизион ва радиошунавонии вилояти Суғд идома бахшидааст. Сипас, солҳои 1999-2000 ба сифати муҳаррири барнома дар Ширкати телевизион ва радиошунавоии «Азия», кор кард. Аз соли 2000-2005 ҳамчун коргузор- чопкунандаи шўъбаи умумии Ҳукумати вилояти Суғд фаъолият намуд.Аз соли 2005 то соли 2017 ба ҳайси ҳимоятгар дар ташкилотҳои ҷамъиятии «Адвокатҳои боваринок», «Инис», «Сипари адолат» ва ҳуқуқшиноси филиали ташкилоти ҷамъиятии «Наҷоти кӯдак» ва Муассисаи давлатии махсусгардонидашудаи «Хонаи кўдакон»-и шаҳри Хуҷанд кору фаъолият дошт.
Тибқи Қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз 3 августи соли 2017 ба вазифаи мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд таъин гардидааст.
Оиладор.