20 Сентябр 2017
Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад.
Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигорӣ ва назарияи тарҷумаи факултети суханшиносии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуровро дохил шуда, соли 2004 онро бо дипломи аъло хатм намудааст.
Солҳои 2000-2004 мухбири рӯзномаи «Оила» дар вилояти Суғд буд. Аз соли 2004 то соли 2012 ба ҳайси мухбири махсуси рӯзномаи «Тоҷикистон» дар вилояти Суғд кор кардааст. Соли 2012 сармуҳаррири рӯзномаи «Меҳри замин» таъин шуд. Аз моҳи декабри соли 2013 то моҳи апрели соли 2017 дар вазифаи сардори маркази иттилоот ва таҳлили раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров кору фаъолият намудааст. То моҳи июни соли 2017 дар вазифаи директории МДМИ «Номаи донишгоҳ»-и ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ифои вазифа намудааст.
Узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, муаллифи 4 китоб, Аълочии матбуоти Тоҷикистон. Оиладор соҳиби 3 фарзанд.
Аз 6-уми сентябри соли 2017 ба вазифаи котиби матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд таъин гардидааст.