(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистон ва ЧинСанаи 31 август, сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар майдони Тянанмэни шаҳри Пекин бо маросими бошукуҳи истиқболи расмӣ оғоз гардид.
Меҳмони олиқадр, Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин самимона пешвоз гирифта, ба болои шоҳсуфаи фахрӣ даъват намуд.
Маросими истиқболи расмӣ бо сафороии ҷузъу томҳои горди фахрӣ, садо додани сурудҳои миллии Тоҷикистону Чин, гузаштан аз назди қатори афсарону сарбозон ва арзи эҳтиром ба парчами давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин ва бо шиносоии сарони давлатҳо бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб идома ёфт. Ба ифтихори сафари давлатии меҳмони олимақом тибқи муқаррароти истиқболи расмӣ аз тупхонаҳо 21 маротиба шиллик парронда шуд.

Масоили ҳамкории ду кишвар дар мулоқоти хосаи сарони давлатҳо оғоз гардида, дар музокироти сатҳи олӣ бо иштироки ҳайатҳои расмии Тоҷикистону Чин идома ёфт.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбари Ҷумҳурии Мардумии Чин барои даъвати анҷом додани сафари давлатӣ изҳори сипосу миннатдорӣ карда, ин кишварро барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамсояи наздик ва шарики боэътимод арзёбӣ намуданд.
Аз сатҳу сифати ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарии Тоҷикистон ва Чин дар давоми 25 соли барқарории муносибатҳои дипломатӣ изҳори хушҳолӣ намуда, ҷонибҳо барои идомаи бобарори муносибатҳои дуҷонибаю бисёрҷониба дар ҳама сатҳу зинаҳо омодагии худро таъкид доштанд.
Ҳамкории бардавом ва робитаи доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин ва доираи соҳибкорию тиҷоратии ду давлат асоси рушду таҳкими муносибатҳои дуҷониба дар ҳама соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ арзёбӣ шуд.
Ҷонибҳо ҷиҳати рушду тавсеаи бештари ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ дар доираи ташаббуси таърихии «Як камарбанд-як роҳ» ҳавасмандии зиёд зоҳир намуданд.
Тавре таъкид гардид, дар сармоягузориҳои мустақими Ҷумҳурии Мардумии Чин имкониятҳои мавҷудаи Тоҷикистон, аз ҷумла иқтидорҳои бойи гидроэнергетикӣ то ба ҳол истифода нагардидаанд ва тақвияти ҳамкориҳоро дар соҳаҳои молия ва низоми бонкӣ тақозо менамоянд.
Тоҷикистон ҳавасманди иштироки фаъоли ҷониби Чин дар татбиқи лоиҳаҳои бунёди неругоҳхои барқи обии миёнаиқтидор мебошад, таъкид доштанд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва афзуданд, ки дар кишвари мо барои амалӣ намудани ин лоиҳаҳо имкониятҳои созгори сармоягузорӣ фароҳам аст. Барои таҳкими робитаҳои байнидавлатӣ дар самти навсозии иқтидорҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон ва нақлиёту транзитӣ, аз ҷумла сохтмони роҳи оҳани минтақавии Чин-Қирғизистон-Тоҷикистон-Афғонистон-Эрон, ки метавонанд шохаи ҷанубии «Роҳи бузурги абрешим»-ро эҳё созанд, фикру мулоҳизаҳои судманд баён гардид.
Имкониятҳои бузурги ҷониби Тоҷикистон дар роҳандозии ҳамкориҳои самарабахш бо Чин дар соҳаҳои сохтмон ва навсозии корхонаҳои истеҳсоли алюминий, воридоти техникаю технологияи муосир аз Чин ва содироти меваю сабзавот ба Чин махсус таъкид карда гардид. Ҷонибҳо барои беҳтару хубтар гардидани робитаҳо дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ таҳким бахшидани кори Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва зеркомиссияҳои дахлдор байни Тоҷикистон ва Ноҳияи мухтори Синзиян Уйғурро зарур шумориданд.
Дар мулоқот ҳамчунин масъалаҳои вобаста ба рушду тавсеаи ҳамкориҳои Тоҷикистону Чин дар соҳаҳои истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, коркарди нахи пахта ва маъданҳои кӯҳию металлургӣ баррасӣ шуда, ҷиҳати беҳтар гардонидани муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва фарҳанг ҳамфикрии амиқ зоҳир карда шуд.
Мавзуи дигари меҳварии мулоқоту музокироти сатҳи баланди Тоҷикистон ва Чин ҳамдастии густурда дар асоси дуҷониба ва дар доираи ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалӣ дар таъмини амнияту суботи сартосарии минтақа, мусоидат ба беҳдошти авзои сиёсию низомии Афғонистон, мубориза бар зидди терроризму экстремизми байналмилалӣ, ҷудоихоҳӣ, қочоқи маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккили трансмиллӣ буд.
Дар анҷоми музокироти сатҳи баланди байнидавлатӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин даъват ба амал оварданд, ки дар вақти барояшон мусоид ба Тоҷикистон ташриф оваранд.
Сипас аз руи натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олӣ дар ҳузур ва бо иштироки сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин 13 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид:
Эъломияи муштарак оид ба истиқрори шарикии стратегии ҳамаҷониба миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин;
Барномаи ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин;
Ёддошти тафоҳум байни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати хоҷагии қишлоқи  Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба пешбурди якҷояи бунёди парки намунавии ҳамкориҳои кишоварзӣ;
Ёддошти тафоҳум байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тиҷорати Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаи захираҳои меҳнатӣ;
Созишнома байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тиҷорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар бораи таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи инфрасохтор;
Ёддошти тафоҳум байни Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати аудитори миллии Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба ҳамкории фаъолияти аудиторӣ дар бахши давлатӣ;
Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар бораи ҳамкориҳои техникию иқтисодӣ доир ба ҷудо намудани кӯмаки бебозгашт;
Созишномаи қолабӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар бораи ҷудо намудани қарзи имтиёзнок (барои лоиҳаи сохтмони хати интиқоли барқи 500 кВ ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ);
Ёддошти тафоҳум байни Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати илм ва техникаи Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба таъсис додани Комиссияи Тоҷикистон ва Чин дар бораи ҳамкориҳои илмӣ-техникӣ;
Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи моликияти зеҳнӣ;
Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон “Ховар” ва Агентии иттилоотии Чин “Синхуа”;
Созишнома оид ба барқарорсозии муносибатҳои бародарона байни вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва музофоти Шансии Ҷумҳурии Мардумии Чин;
Протокол оид ба майли истиқрори муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни шаҳри Хуҷанд, вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳри Тайюани музофоти Шансии Ҷумҳурии Мардумии Чин.
Ёдовар мешавем, ки то имрӯз санадҳои меъёрию ҳуқуқии ҳамкории дуҷониба наздики 200 санадро ташкил медод ва он бахшҳои муҳимро дар бар мегирифт.

Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин г...
Фирӯза Нуруллозода Фирӯза Нуруллозода Муовини Раиси шаҳрФирӯза Нуруллозода 9 феврали соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Соли 2004 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи акад...
Раҳматзода А.А. Раҳматзода А.А. Муовини Раиси шаҳрРаҳматзода Аюбҷон Алиҷон 7-уми августи соли 1974 шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ. Соли 1997  Д...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Сол...

Роҳбарони сохторҳо

Алимов У.С. Алимов У.С. Алимов Усмон Собирҷонович 20-уми майи соли 1958 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1979 Донишгоҳи да...
Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Миркамолов М. Н. Миркамолов М. Н. Миркамолов Муҳсин Насруллоевич 10-уми ноябри соли 1959 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 1980 Донишгоҳ...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...
Муҳаммадзода М. М. Муҳаммадзода М. М. Муҳаммадзода Мӯъмин Муҳаммад. 15-уми июни соли 1958  дарр   шаҳри Хуҷанд   таваллуд ёфтааст. Соли 1981 Донишкадаи политехникии Тоҷикистонро ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми  августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи пол...
Самадов С.А. Самадов С.А. Самадов Сӯҳробҷон Абдусамадович 29-уми декабри соли 1976 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ. Соли 1998 филиали ...
Собитова М. А. Собитова М. А. Собитова Мунзифа Аҳмадовна 14-уми  сентябри соли 1960 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ, соли 1982 Донишгоҳи д...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдуқаҳоровна 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Таҳсилот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи да...
Раҳимхӯҷаев М. А. Раҳимхӯҷаев М. А. Раҳимхӯҷаев Музаффар Анварович 8 августи соли 1982 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи да...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Акмалхӯҷаева М. Ҳ. Акмалхӯҷаева М. Ҳ. Акмалхӯҷаева Муҳайё Ҳалимовна 28 сентябри соли 1967 дар оилаи хизматчц ба дунё омадааст. Соли 1990 Донишкадаи давлатии педагогии шаҳри Душан...
Мухбира Дониёрова Мухбира Дониёрова Тибқи қарори Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аз 30-юми июли соли равон мудири шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳр Мухбира Дони...
Солизода Раҳим Солизода Раҳим Солизода Раҳим Рашидӣ бо қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз моҳи июли соли 2017 ба вазифаи мудири бахши нақлиёт ва алоқа таъин гардид. Солизода Р...
Каримов Манучеҳр Каримов Манучеҳр Каримов Манучеҳр Мухторович бо фармоиши Раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 апрели соли 2018 бо тариқ...

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз3804
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта4581
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта17389
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта26985
mod_vvisit_counterҲамин моҳ36403
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта110370
mod_vvisit_counterҲамагӣ3348512