(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Ғолибони Фестивал – озмуни “Оши палав” муайян ва бо туҳфаҳо қадршиносӣ шудандСанаи 24 августи соли 2017 дар Маҷмааи таърихию фарҳангии “Қалъаи Хуҷанд”-и маркази вилоят бо мақсади ташвиқу тарғиби фарҳанги рӯзгордорӣ, эҳё ва рушди анъана ва суннатҳои мардумӣ ва дар доираи чорабиниҳо бахшида ба 26-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фестивал – озмуни “Оши палав” баргузор гардид.
Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ва Раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон Шодихон Ҷамшед пас аз анҷоми намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзиву саноатӣ, ҳунарҳои мардумӣ, либосворӣ, асбобҳои мусиқӣ ва таомҳои миллии мардуми ВМКБ ба макони баргузории Фестивал – озмуни “Оши палав” омода, бо ҷараёни омодасозии Оши палави иштирокчиёни ҷашнвора шинос гардиданд. Дар баробари сокинони вилоят меҳмонон-иштирокчиёни Ҳафтаи фарҳанги Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дар вилояти Суғд низ ба макони баргузории Фестивал – озмуни “Оши палав” ташриф оварда, аз таоми омодакардаи ошпазҳои вилоят тановул намуданд. Ғолибони Фестивал – озмуни “Оши палав” муайян ва бо туҳфаҳо қадршиносӣ шудандДар ин фестивал беш аз сад нафар ошпазони моҳир аз тамоми шаҳру навоҳии вилоят ширкат варзида, дар сад дег навъҳои гуногуни палави тоҷикиро омода ва пешниҳод намуданд.
Дар доираи Фестивал – озмуни “Оши палав” инчунин озмунҳои анъанавии “Ошхури беҳтарин” ва “Дастони моҳир” гузаронида шуданд. Дар бахши “Ошхури беҳтарин” 20 нафар дӯстдорони оши палав иштирок намуданд.
Дар поёни Фестивал – озмуни “Оши палав” ғолибони озмун дар бахшҳои гуногун муайян ва бо диплому мукофотҳои пулии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд сарфароз гардонида шуданд. Аз ҷумла, Фурқат Буриев аз ноҳияи Ашт дар бахши “Ошхури беҳтарин” ва Ғуфрон Обидов аз ноҳияи Ҷаббор Расулов дар бахши “Дастони моҳир” ғолиб дониста шуда, ҳар кадоме бо диплом ва ду ҳазор сомонӣ қадрдонӣ гардиданд.
Ҳамзамон, ғолибият дар бахши “Ошпази беҳтарин дар байни арӯсон” насиби намояндаи ноҳияи Спитамен, дар бахши “Ошпази беҳтарин байни домодҳо” насиби намояндаи шаҳри Хуҷанд, дар бахши “Ошпази беҳтарин байни занон” насиби намояндаи ноҳияи Зафаробод, дар бахши “Ошпази беҳтарин байни мардон” насиби намояндаи шаҳри Конибодом, дар бахши “Ошпази беҳтарин байни занҳои куҳансол” насиби намояндаи ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ ва дар бахши “Ошпази беҳтарин байни муйсафедон” насиби намояндаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гардида, ба ҳар яке аз ғолибон диплом ва 1000 сомонӣ тақдим карда шуд.
Дар бахши “Оши палави беҳтарин” намояндаи ноҳияи Ҷаббор Расулов ғолиб дониста шуда, бо диплом ва 5 ҳазор сомонӣ қадршиносӣ шуд. Ҷойи дуюми ин бахшро намояндаи шаҳри Исфара ба даст оварда, соҳиби се ҳазор сомонӣ гардид.
Ғолибони Фестивал – озмуни “Оши палав” муайян ва бо туҳфаҳо қадршиносӣ шудандНамояндагони шаҳру навоҳии Мастчоҳ, Бӯстону Гулистон, Панҷакенту Айнӣ ва Деваштичу Истиқлол, Истаравшан ва Шаҳристон низ барои иштироки фаъолона дар Фестивал-озмуни “Оши палав” бо туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ карда шуданд.
Дар доираи Фестивал-озмуни “Оши палав” ҳамзамон барои кӯдакони дорои имконияти маҳдуди мактаб-интернати ёрирасони шаҳри Хуҷанд дастархони идона ороста шуд ва кӯдакон низ аз оши палав тановул намуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...