(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Вохӯрии аъзоёни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо устодону донишҷӯёни ДИС ДДТТДар ДИС ДДТТ вохӯрии аъзоёни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаҳои ҳудудии интихоботии шаҳри Хуҷанд ҷиҳати такмил додани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.
Ҳошимзода Раъно, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд ҷаласаро ифтитоҳ карда, Аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон-Аминҷонова Саодат Сайфинаҷотовна ва Ҷӯразода Ҷамшед Ҳабибулло, аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои таърих, профессор, ректори ДДХ ба номи академик Б. Ғафуровро ба ҳозирин шинос кард.
Мавсуф қайд кард, ки аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 10 сол сипарӣ мешавад ва инак зарурияти такмил ва баррасии афкори умум перомуни он ба миён омадааст. Аминҷонова Саодат Сайфинаҷотовна, аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини сардухтури беморхонаи шаҳрии шаҳри Хуҷанд суханронӣ карда, оид ба афзалиятҳои қонуни мазкур ва моҳияти он фикру андешаи хешро иброз намуд.
Ҷӯразода Ҷамшед Ҳабибулло, аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои таърих, профессор, ректори ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров баромад карда, аҳамияти қонуни мазкурро дар сатҳи байналмилалӣ хеле арзанда хонд. Номбурда зимни суханронии хеш иброз дошт, ки аз собиқ ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ танҳо Тоҷикистон ба қабули чунин қонун иқдом кардааст, ки ин таҷрибаро аксари давлатҳои минтақа ва Осиё хуш пазируфтанд ва ҷонибдорӣ карда, мехоҳанд, ки дар кишварҳояшон амалӣ намоянд. Ҷӯразода Ҷамшед оид ба арзиши иҷтимоӣ ва моҳияти он аз назари иқтисодӣ андеша ронда, қабули қонуни мазкур ва тӯли 10 сол ба буҷаи оилаҳо қариб даҳҳо миллиард сомонӣ фоида овардани онро махсусан таъкид намуд.
Пас аз анҷоми суханрониҳо масъалаи мазкур байни иштирокчиёни ҷаласа мавриди муҳокимаронӣ қарор гирифт.
Дар ҷаласа ҳамчунин, омӯзгорон ва донишҷӯёни донишкада фикру мулоҳиза ва суолҳои хешро тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ иброз намуда, посухҳои мушаххас гирифтанд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...