(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Таҷлили Иди кӯдакон дар шаҳри ХуҷандСанаи 1 июни соли 2017 дар Маҷмааи таърихию фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд» -и маркази вилоят бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон бо иштироки Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ва Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода чорабинии идона баргузор шуд.
Дар чорабинии калони идона тарбиятгирандагони муассисаҳои иҷтимоӣ, ятимони кулл, ғолибони олимпиадаҳои фаннӣ, байналмилалӣ, фосилавӣ, ғолибони сессияи Акадмияи хурди илмҳо, ғолибон ва иштирокчиёни як қатор озмунҳо, кӯдакон аз шаҳру ноҳияҳои вилоят, дар маҷмӯъ беш аз 4 ҳазор нафар кӯдакон иштирок намуданд.
Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ иштирокдорони чорабинии идона ва дар симои онҳо кулли кӯдакони вилоятро бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон табрик намуд. Боиси хурсандист, ки соли равон иди кӯдакон ба соли барои халқу миллат муқаддаси 20–солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 25-солагии Иҷлосияи 16 – уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омад. Боварӣ дорам, ки Шумо, дӯстрӯякон, ҳамчун насли нави фардосоз баҳри пешрафту шукуфоии Тоҷикистони азизамон садоқатмандона саъю кӯшиш намуда, бо ташаббусҳои наҷиб, талошҳои пайгирона, дастовардҳои фикриву эҷодӣ, варзишӣ ва хониши хубу аъло барои баланд бардоштани нуфуз ва эътибори Ватани маҳбубамон саҳм мегузоред – таъкид намуд Раиси вилоят.
Зикр гардид, ки имрӯз дар қаламрави вилоят 19 муассисаҳои иҷтимоӣ фаъолият мебаранд, ки дар онҳо беш аз 1700 нафар кӯдакон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Ҳамчунин дар вилоят зиёда аз 470 нафар ятимони кулл умр ба сар мебаранд, ки онҳо ҳамеша дар мадди назари роҳбарияти давлату Ҳукумат қарор доранд. Масъалаҳои солимгардонӣ, истироҳату фароғати кӯдакон ҳамеша дар мадди назари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят қарор дошта, дар давраи тобистони соли ҷорӣ ба чорабиниҳои солимгардонӣ дар 20 лагерҳои беруназшаҳрӣ, 544 лагерҳои наздимактабӣ, 145 лагерҳои истироҳатию меҳнатӣ, 200 лагерҳои солимгардонӣ ва машғулиятҳои меҳнатӣ, 16 лагерҳои варзишӣ-беҳдоштӣ фарогирии зиёда аз 72000 нафар кӯдакону наврасон ба нақша гирифта шудааст, ки аз онҳо беш аз 1200 нафар кӯдакони ятиму бепарастор ва аз оилаҳои камбизоат буда, онҳо ройгон ба истироҳатгоҳҳо фаро гирифта мешаванд.
Инчунин, бо таваҷҷӯҳ ва дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар давраи таътили зимистонаи соли равон 100 нафар кӯдакони ятиму бепарастор ва 200 нафар ғолибони олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ, озмунҳои “Техникони наврас”, “Навозандаи беҳтарин”,  “Бозиҳои миллӣ”, “Хушдилону ҳозирҷавобон”, “Ватанпарвар”, озмуни “Бозёфт”, “Тӯби чармин”, сессияи Академияи хурди илмҳо ва ғайраҳо ба истироҳату фароғат ҷалб карда шуданд.
Раиси вилоят ҳамзамон изҳори боварӣ намуд, ки кӯдакону наврасон бо истифода аз фазои орому осуда ва шароити хуби истироҳату таҳсил чун насли ояндасоз ба камол расида, бештару афзунтар Тоҷикистони азизамонро дар ояндаи наздик чун кишвари соҳибтамаддун ва сарзамини сулҳу ормонҳои наҷиби инсонӣ муаррифӣ хоҳанд кард.
Сипас ғолибони як қатор озмунҳо бо тӯҳфаҳо сарфароз гардонда шуданд. Аз ҷумла, ба ғолибони озмуни “Шукуфаҳои Истиқлол” диплом ва тӯҳфаҳои хотиравӣ, ба ғолибони озмуни “Шашмақомсароёни наврасу ҷавон” диплом ва мукофотпулиҳо дар ҳаҷми аз 1000 то 3000 сомонӣ тақдим гардида, 12 нафар ғолибони озмунҳои расми беҳтарин дар мавзӯи “Кишвари азизам Тоҷикистон”, “Беҳтарин гулҳои хонагӣ”, “Беҳтарин парранда ва ҳайвоноти хонагӣ”, “Гулбазми навқаламон” соҳиби диплому роҳхат ба истироҳатгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” гардиданд .
Барои болидахотирии иштирокдорони чорабинӣ барномаи фарҳангӣ манзур гардида, ба 500 нафар иштирокчиёни барномаи фарҳангӣ ва тарбиятгирандагони кӯдакистонҳо тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.
Бояд гуфт, ки дар Маҷмааи таърихию фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд» гӯшаи зиндаи ҳайвоноту парандаҳои гуногун, гӯшаи саломатӣ ва аёниятҳои таблиғи тарзи ҳаёти солим, гӯшаи техникони наврас, барномаҳои фарҳангии кӯдакистонҳо, маҳфилҳои “Сайри маънӣ”, “Гулбазми навқаламон”, бозиҳои варзишӣ аз қабили шашка, шоҳмот, теннис, арғамчинкашӣ ташкил гардида, маҳсули меҳнати дастии хонандагони макотиби вилоят – аъзои маҳфилҳои адрасбофӣ, гилембофӣ, гулдӯзӣ ва китобҳои бачагона ба намоиш гузошта шуд, ки кӯдакону наврасон аз тамошобинони асосии чунин гӯшаҳо буданд.
Ҷоиз ба таъкид аст, ки барои ятимони кулл ва маъюбони муассисаҳои иҷтимоӣ дастурхони идона ороста шуда, ба ҳамаи иштирокдорони чорабинии идона ба таври ройгон шириниҳои гуногун тақдим гардид.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...