15 Май 2017
Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст.
Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ва соли 2002 Донишгоҳи давлатии шаҳри Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуровро хатм кардааст.
Дорои ихтисосҳои иқтисодчӣ ва ҳуқуқшинос мебошад. Аз соли 1992 то соли 2002 дар идораи нозироти андози шаҳри Хуҷанд фаъолият бурдааст. Баъдан аз соли 2002 то соли 2006 дар идораи нозироти ноҳияи Бобоҷон Ғафуров кор кардааст.
Солҳои 2006 – 2009 муовини сардори Сарраёсати молияи вилояти Суғд буд. Аз санаи 11 марти соли 2009 сардори Раёсати молияи шаҳри Хуҷанд кору фаъолият дорад.