(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Аксарияти хатмкунандагони донишкада бо ҷойи кор таъмин гаштандДар Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки ҳайати васеи рӯзноманигорон ва Раёсати муассиса нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Дар нишаст зиёда аз 12 нафар рӯзноманигорони васоити ахбори оммаи вилояти Суғд ширкат варзиданд.
«Бояд қайд намуд, ки кулли донишҷӯёни Донишкада аз рӯи шакли таълими шарномавӣ таҳсил менамоянд. Аз ин лиҳоз онҳо баъд аз хатми Донишкада дар асоси шартномаҳои тарафайн ва иштирок дар озмунҳо бо ҷои корӣ таъмин мешаванд. Мавриди зикр аст, ки аввалин гуруҳҳои таҳсил бо забони англисӣ соли таҳсили 2009-2010 таъсис дода шуда буданд. Соли 2014 ин гуна гурӯҳро-18 нафар, соли 2015-40 нафар, соли 2016-48 нафар хатм намуданд ва ҳамаи онҳо дар ташкилотҳои байналхалқии дар ҷумҳурӣ ва давлатҳои хориҷӣ фаъолияткунанда бо ҷои корӣ таъмин гаштанд» -дар ин хусус зимни нишасти матбуотӣ директори донишкада, номзади илми иқтисод, дотсент Рауф Олимӣ иттилоъ дод. Дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба масъалаи ташкили таҳсили гурӯҳҳо бо забони англисӣ дар донишкада ҳалли худро пурра ёфтааст. Ҳоло дар донишкада 13 гурӯҳҳое, ки дар онҳо ҳамаи фанҳо (иқтисодӣ, ҳуқуқӣ, риёзӣ, ҷамъиятӣ ва ғайра) бо забони англисӣ таълим дода мешаванд, амал мекунанд. Донишкада бо омӯзгорони ихтисосманд (иқтисоддонҳо, ҳуқуқшиносон, риёзидонҳо ва ҷомеашиносон), ки фанҳои худро бо забони англисӣ дарс мегӯянд, пурра таъмин мебошад. Аз хориҷи дур (ИМА, Аврупо) низ мунтазам олимону профессорон ба донишҷӯён дарс мегӯянд. Дар доираи барномаҳои Эрасмус Мундус ва Темпус алоқаҳои байналмилалии таълимгоҳ беҳтар шуд, 4 нафар устодон ва 6 нафар донишҷӯён дар донишгоҳҳои ИМА ва Аврупо такмили ихтисос ва таҳсил намуда истодаанд.
Тибқи нишондоди оморӣ ва корбарӣ аз тарафи мутахассис оид ба карйераи Донишкада нишон медиҳад, ки аз 634 нафар хатмкардагони шӯъбаи рӯзона  512 нафарашон, яъне 80,7% аз рӯи ихтисос, соҳиби кор ва ё аз рӯи патент дар соҳаҳои гуногун фаъолият карда истодаанд. Чунончи, аз ҷумлаи 312 нафар хатмкардагони соли 2015-и шӯъбаи рӯзона, 261 нафарашон бо ҷои корӣ таъмин гаштанд, ки 83,65%-и хатмкардагонро ташкил медиҳад.
Хатмкунандагони шӯъбаи ғоибона бошад, аксар худ бо ҷои корӣ таъмин мебошанд ва танҳо барои баландбардории тахассус ва малакаи касбӣ дар Донишкада таҳсил менамоянд. Аз ин лиҳоз гуфтан мумкин аст, кионҳо қариб пурра бо ҷои кор таъмин мебошанд.
Заминаи моддию техникии Донишкада ҷавобгӯи талаботи стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ мебошад. Ҷараёни таълим дар се бинои таълимӣ, ки аз 80 синфхонаҳои алоҳида иборатанд ташкил карда шудааст. Пояи моддӣ-техникии донишкада ҷавобгӯи талаботи муосир мебошад. Дар донишкада зиёда аз 550 компютерҳои фардӣ, 20 доскаҳои электронӣ, 60 проекторҳо, 60 камераҳои назоратӣ ва ғайра корбаст карда шудаанд. Китобхонаи электронӣ ва муқаррарӣ, синфхонаи интернет, 4 синфхонаи лингафонӣ, 6 синфхонаҳои компютерӣ, толори фитнес бо 18 тренажерҳо, майдончаи варзишии волейбол, минифутбол, баскетбол ҳамеша ба донишҷӯён хизмат мерасонанд. Ҳамаи синфхонаҳо, толори варзиш ва бинои Донишкада бо гармӣ ба тариқи мутамарказ бо воситаи ангишт таъмин карда шудаанд.
Сипас рӯзноманигорон Мелибоев О. аз рӯзномаи “Замон” оид ба шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва интиқоли донишҷӯён аз донишгоҳҳои хориҷи кишвар, Қамари Аҳрор аз радиои байналмилалӣ оиди бо кор таъминшавии хатмкунандагон, Абдусабури Абдуваҳҳоб, аз рӯзномаи “Шафақ” оид ба фаъолият ва пешрафти пояи моддию техникии таълимгоҳ, Мардонов М. аз рӯзномаи “Маорифи Суғд” оид ба норасоии кадрҳои педагогӣ дар муассиса, Рустамова М. аз рӯзномаи “Тирози ҷаҳон” перомуни робитаҳои байналмилалӣ ва ташкили таҳсилоти фосилавӣ дар донишкада, Моҳира Раҳимзода аз рӯзномаи “Сухани халқ” оид ба ташкили раванди таълим ва муаррифии директори таълимгоҳ ва Самад Юсуфӣ  аксбардор аз АМИТ “Ховар” перомуни риояи меъёри забони давлатӣ дар донишкада суолҳо пешниҳод карда, ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...