17 Январ 2017
Озмуни мазкур аз рӯи 6 шарт, аз ҷумла машғулияти таълимӣ, мизи мудаввар, тасвир ва сохтани манзара, ҳолатҳои равонию педагогӣ ва муаррифии таҷрибаи корӣ гузашта, дар он 4 нафар ғолибони даври сеюм аз шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ширкат варзиданд. Мураббияи муассисаи давлатии Кӯдакистони Президентии вилояти Суғд Заррина Рӯзиева аз рӯи ҳамаи шартҳо фаъолона ширкат варзид ва дар ҷамъбасти озмун ба унвони «Мураббии соли Тоҷикистон» сазовор дониста шуд.
Ғолибон ва иштирокчиёни озмун аз ҷониби Вазорати маориф ва илм, Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маориф ва илми кишвар бо нишони «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон», мукофоти пулӣ ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ шуданд.
Заррина Рӯзиева ва маорифчиёни вилоятро ба муносибати дастоварди назаррас муборакбод гуфта, ёдовар мешавем, ки дар озмуни «Муаллими соли Тоҷикистон» низ намояндаи вилояти Суғд – омӯзгори мактаб барои хонандагони болаёқати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров – Замира Рустамова ғолибият ба даст овард.