22 Декабр 2016
Донишҷӯёни зарофатгӯю ҳунарпешаи ҳамаи факултетҳо аз иҷрои шартҳои саломнома, саволу ҷавоб, намоиши видеоролик ва озмуни мусиқӣ бо сарбаландона баромада, ба аҳли нишаст намоиши хеле диданӣ ҳадя карданд. Ҳайати ҳакамон, ки аз роҳбарон ва аъзоёни лигаи олии маҳфили зарифони вилоят иборат буданд, ба ҳунару малакаи ҷавонон баҳои баланд доданд.
Дар ҷамъбаст шогирдони факултети информатика ва энергетика ҷойи аввал, зинаҳои баъдиро дастаҳои факултети муҳандисӣ-технологӣ, муҳандисӣ- иқтисодӣ ва сохтмон ва нақлиёт соҳиб шуданд. Ба ғолибон дар вазъияти тантанавӣ директори донишкада Дилафрӯз Сангинова тӯҳфа ва ҷоми маҳфилро супорид. Ҳамзамон беҳтарин донишҷӯёни донишкада, ки дар раванди таълиму тарбия фаъолнокӣ зоҳир намуданд, бо Ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.
Абдусабури Абдуваҳҳоб,
котиби матбуотии ДПДТТ
дар шаҳри Хуҷанд