16 Ноябр 2016
Дар ин чорабинӣ Раиси шаҳри Хуҷанд Шарифзода Шариф Файз ширкат намуда, назди ҳозирон баромад намуд.
Баъди намоиши гузориши тасвирӣ аз таърихи давлатдории муосири мамлакат Раиси шаҳри Хуҷанд доири саҳму хизматҳои арзандаи Пешвои миллат сухан ронда изҳор дошт, ки бо шарофати сиёсати дурандешона ва хирадмадандонаи ин шахсияти таърихӣ даврони истиқлолияти кишвари маҳбуби мо дар ҷаҳон муаррифӣ гашта, Тоҷикистон чун кишвари дорои тамаддун ва арзишҳои бой эътибор пайдо намуд. Баъдан аз ҷониби кормандони китобхонаи мазкур муаррифии китоби “Чеҳраҳои мондагор” ва Забони миллат ҳастии миллат” доир гашта, ҳамзамон Директори китобхонаи оммавии вилоятии ба номи Т. Асирӣ Баҳром Мирсаидов ба Раиси шаҳри Хуҷанд китоби тозанашри Асосгузори сулҳуваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, “Забони миллат, ҳастии мллат” тақдим гардид.