24 Октябр 2016
Санаи 22 октябри соли 2016 аз ҷониби масъулини мактаби варзишии № 3 - шаҳр дар назди Театри мазҳака-мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ машқи пагоҳӣ гузаронида шуд.
Бештар аз 100 нафар ихтиёриёни тарзи ҳаёти солим бо роҳбарии мураббиёни мактаби номбурда машқи обутоби баданро анҷом доданд. Назар ба андешаи масъулин максад аз баргузории чорабиниии варзишӣ тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалби наврасону ҷавонон ба варзиш, пешгирии шомилшавии чавонон ба ҳаргуна равияю гурӯҳҳои ғайриқонунӣ мебошад.