24 Июн 2016

Дар ин мусобиқа дастаҳои футболи наврасони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии литсей ва гимназияҳои шаҳри Хуҷанд фаъолона ширкат намуда, барои гирифтани мақоми аввал мубориза бурданд.

Натиҷаи мусобиқа байни дастаҳои футболбозони навраси солҳои таваллудашон 2001-2002, ки аз 14 даста иборат буд, бо чунин натиҷаҳо ҷамбаст гардид. Дар ҷойи якум дастаи Гимназияи №4, ҷойи дуюм насиби дастаи МТМУ №5 ва соҳиби ҷойи сеюм дастаҳои Литсей №1 ва МТМУ №14 гаштанд.
Дастаҳои солҳои таваллудашон 2003-2004 бошад аз 8 даста иборат гашта ғолибиятро дастаи футболбозони Гимназияи №4 ба даст оваранд.
Дар ҷойи дуюм дастаи Гимназияи №24 ва дар ҷойи сеюм дастаҳои Гиназияи №1 ва МТМУ №9 қарор гирифтанд.
Ғолибони мусобиқа бозингарони беҳтарин ва ба омӯгорон тарбияи ҷисмонӣ аз тарафи шуъбаи маориф ва бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Хуҷанд Ҷом, ифтихорнома, медал ва тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шудаанд.