20 Июн 2016

Дар хавзаи мазкур ду нафар номзад ба вакилӣ ба қайд гирифта шуда буданд. Мувофиқи қарори ҳавзаи интихоботии мазкур иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Хуҷанд Шарифзода Шариф Файз ва мудири боғчаи бачагонаи № 33 Муаттара Мамадҷонова ба рӯйхати овоздиҳӣ ворид карда шуда буд.
Чуноне, ки масъулини ҳавзаи интихоботии мазкур маълумот доданд, рӯзи гузашта дар ин ҳавза интихоботи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд дар сатҳи баланди фаъолнокӣ доир гашта, бештар аз 90% сокинон-интихобкунандагон ширкат намуданд.

Бо Қарори ҳавзаи интихоботии № 19 «Дониш» Шарифзода Шариф Файз вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд интихоб гардид.
Лозим ба қайд аст, ки дар ҳавзаи мазкур 2 ҳазору 20 нафар шаҳрвандони интихобкунанда ба қайд гирифта шуда буданд.