11 Май 2016
Дар расми ифтитоҳи мусобиқа мудири Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳр Бахтиёрҷон Исматҷонов Омири кулли маҷмааи фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд» Иброҳим Иброҳимов, сармураббии вилояти Суғд оид ба бокс Баҳром Усмонов, собиқадорону устодони варзиш ва беш аз 500 нафар мухлисони бокс иштирок доштанд. Мусобиқаи мазкур санаҳои 11-13 май баргузор гардида дар он беш аз 200 нафар варзишгарон аз шаҳри Душанбе, вилояти Суғд, шаҳру ноҳияи тобеи марказ ва шаҳри Хуҷанд иштирок менамоянд.