09 Май 2016
Дар ин чорабинӣ иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Хуҷанд Шарифзода Шариф Файз иштирок намуда тамоми хизматчиёни ҳарбӣ афсарону сарбозони ин қисми низомиро бо Иди Зафар муборакбод намуд.
Баъди қисмати тантанавӣ дар назди иштирокдорони чорабинии идона ҳайати сарбозони ин қисми низомӣ, намунаи муҳорибаи тан ба тан, маҳорати гашти низомӣ қадамзанӣ ва дигар маҳорати ҷангии худро намоиш доданд.
Раиси шаҳри Хуҷанд дар баробари иштирок дар чорабинии идона аз шароити хизмат ва вазъи иҷтимоии сарбозон ошно гардид. Номбурда аз хобгоҳ, ошхона, ҳуҷраҳои дамгирӣ ва маишӣ дидан намуд. Аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд барои ҳайати шахсии қисми низомии 3501 дастурхони идона ороста шуда, аз ҷониби ҳунармандони хонаҳои маданияти шаҳр барномаи ҷолиби консертӣ намоиш дода шуд.