(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Ҷамъбасти фаъолияти семоҳаи шуъбаи маорифДар мактаб-интернати ёрирасони шаҳри Хуҷанд ҷаласаи навбатии Шӯрои шуъбаи маориф баргузор гардид, ки дар он чаҳор масъала: ҷамъбасти фаъолияти семоҳаи шуъбаи маориф ва ҳисоботи панҷсолаи директорони муассисаҳои миёнаи умумии №7,8,9 ва мудирони МТТ-и №2,3,22,24,26,29, рафти иҷрои қарори мушовараи ғайринавбатии Вазорати маориф ва илми Ҷумуҳрии Тоҷикистон дар бораи тартиби ба иҷора додани китобҳои дарсӣ ва маблағҳои гардони он дар муассисаҳои таълимӣ, натиҷаи атестатсияи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №20,21,3, рафти татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи рушди қолинбофии дастӣ ва дигар ҳунарҳои мардумӣ мавриди таҳлилу баррасии амиқ қарор гирифт.
Аз рӯи масъалаи якуми Шӯро мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд Илҳом Султонов маърӯза карда, фаъолияти шуъбаи маорифро дар семоҳаи аввал таҳлил намуд. Дар баробари дастовардҳо мавсуф аз камбудиҳо ёдовар гашта, барои ислоҳи саривақтии онҳо ба масъулин супоришҳои қатъӣ дод. Сипас директорони муассисаҳои таълимӣ ва мудирони муассисаҳои томактабии дар боло зикршуда, зимни ҳисобот аз фаъолияти панҷсолаи худ натиҷагирӣ карданд.
Мушовири китобдорони шуъбаи маориф Замирахон Набиева зимни суханронӣ дар бораи тартиби ба иҷора додани китобҳои дарсӣ ва маъни истифодаи китобҳои нусхабардоришуда маълумот дод. Натиҷаи аттестатсияи мактабҳои №20,21 ва 3 дар маърӯзаи мутахассиси пешбари шуъба Ойимнисо Ғафурова мавриди таҳлил қарор гирифт. Санавбар Ахмедова директори Маркази таҳсилоти иловагӣ перомуни иҷроиши қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рушди қолинбофии дастӣ ва дигар ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва амалӣ гаштани он дар муассисаҳои таълимии шаҳр маълумот дод.
Мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд Илҳом Султонов дар ҷамъбаст таваҷҷуҳи сарварони муассисаҳои таълимиро ба масъалаҳои қабул ба синфи як ва зинаи сеюми таҳсил, берун аз мактаб мондани хонандагон, муҷаҳҳаз гардонидани кабинетҳои фаннӣ, таъмир ва харидории компютерҳо, либоси ягонаи омӯзгорон ва хонандагон, пешгирии ҷиноятсодиркунӣ ва худкушӣ, қабул ба ММТ, омодагӣ ба олимпиадаҳо, харидории ангишт, истироҳати тобистона, вазъи истироҳатгоҳи «Парвоз»,  фаъолияти созмонҳои талабагӣ, пардохти ҳаққи истифодаи обу барқ ва ғайра ҷалб намуд.
Барои фаъолияти пурсамар дар рушди соҳаи маориф ба як зумра кормандони соҳа ифтихорнома ва унвони «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» тақдим гардид. Аз ҷумла, Маҳмудҷон Абдурашидов директори МТМУ№9, Зебинисо Устобоева омӯзгори фанни забони русии мактаби №2, Шарофат Воҳидова омӯзгори мактаб-интернати ёрирасон, Маҳбуба Аюбова мудири МТТ №11, Роҳат Усмонова мураббияи МТТ №13 ва Саиднисо Қодирова сармуҳосиби муассисаҳои томактабӣ ба унвони «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардонда шуданд. Ҳамчунин директори МТМУ№23 Зафарҷон Шафиев бо ифтихорнома ва Замирахон Набиева мушовири китобдорони шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд бо сипосномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуданд.
Нуъмон Раҷабзода

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...