(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Тағирот ба Конститутсия талаботи замонИмрӯз дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров мулоқоти кории ҳайати роҳбарияти ин донишгоҳ ва устодону донишҷӯён бо иштироки Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣнамояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло, раиси Комиссияи марказии интихобот ва райпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Худоёрзода Бахтиёр Тавар, муовини аввали Раиси вилояти Суғд Раҳматзода Рустам Мирзо, раиси Суди вилоят Анвар Иброҳимзода, прокурори вилоят Ҳабибулло Воҳидов ва Раиси шаҳри Хуҷанд Шариф Шарифзода баргузор гардид.
Дар оғоз Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣнамояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло бобати аҳамияту ва нуктаҳои муҳими тағироту иловаҳо ба Конститутсияи кишвар сухан ронда таъкид намуд, ки санади асосии кишвар   имрӯз бо назардошти   рушду ташаккулёбии самтҳои мухталифи ҳаёти мамлакат, эҳтиёҷ ба такмилёбии меъёрҳои ҳуқуқӣ таҳлилу омӯзиш ёфта барои ворид намудани тағироту иловаҳо ба райпурсии умумихалқӣ бароварда шудааст. Номбурда ҳамчунин таъсири мусбии ин тарғиротро ба санадҳои ҳуқуқии кишвар ва сифатан беҳтар гаштани иҷроиши онҳо изҳори назар намуд.
Дар назди ҳозирон инчунин раиси Комиссияи марказии интихобот ва райпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Худоёрзода Бахтиёр Тавар баромад намуда, изҳор дошт, ки баргузории ин чорабинии муҳими давлатӣ бояд тибқи талаботи қонунҳои амалкунанда ва сатҳи баланди ташкилӣ бояд баргузор гардад.
Ректори Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд ба номи академик Б Ғафуров Анвар Мақсудов таъкид намуд, ки ин тағироту иловаҳо беш аз ҳама барои ҷавонони эҷодкору лаёқатманд имконияти боз ҳам бештари ишғоли вазифаҳои пурмасъулиятро хоҳад дод.
Баъди анҷоми ин мулоқот ҳайати корӣ аз сатҳи омодагии участкаҳои овоздиҳии № 17 ва № 6 шинос шуданд.
Участкаи овоздиҳии № 17 дар мактаби таҳсилоти умумии № 2 ва участкаи овоздиҳии № 6 дар мактаб-парваришгоҳи махсуси ёрирасони шаҳр ҷойгир аст. Аъзоёни участка ҳуҷраҳои корӣ, кабинаҳои овоздиҳӣ, варақаҳои иттилоотӣ ва рӯйхати райдиҳандаҳоро омода намуда, дигар корҳои омодагиро идома дода истодаанд.
Раиси Комиссияи марказии интихобот ва райпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Худоёрзода Бахтиёр Тавар бо роҳбарони ин участка доири беҳтар намудани шароити корӣ ва низоми райдиҳӣ дастуру супоришҳо дод.
Барои муташаккилона баргузор намудани райпурсии умумихалқии ворид намудани тағироту иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд корҳои омодагӣ дар марҳилаи анҷомёбист. Дар шаҳри Хуҷанд ҳавзаи овоздиҳии № 26 «Хуҷанд» таъсис дода шуда, 64 участкаҳои райдиҳӣ омода карда шуданд.
Ҳоло дар маркази вилоят 102 ҳазору 811 нафар шаҳрвандони ҳуқуқи овоздошта ба қайд гирифта шудаанд, ки аз онҳо 2.504 нафар бори авал дар чунин маъракаи сиёсӣ ширкат хоҳанд кард.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин г...
Фирӯза Нуруллозода Фирӯза Нуруллозода Муовини Раиси шаҳрФирӯза Нуруллозода 9 феврали соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Соли 2004 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи акад...
Раҳматзода А.А. Раҳматзода А.А. Муовини Раиси шаҳрРаҳматзода Аюбҷон Алиҷон 7-уми августи соли 1974 шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ. Соли 1997  Д...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Сол...

Роҳбарони сохторҳо

Алимов У.С. Алимов У.С. Алимов Усмон Собирҷонович 20-уми майи соли 1958 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1979 Донишгоҳи да...
Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Миркамолов М. Н. Миркамолов М. Н. Миркамолов Муҳсин Насруллоевич 10-уми ноябри соли 1959 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 1980 Донишгоҳ...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...
Муҳаммадзода М. М. Муҳаммадзода М. М. Муҳаммадзода Мӯъмин Муҳаммад. 15-уми июни соли 1958  дарр   шаҳри Хуҷанд   таваллуд ёфтааст. Соли 1981 Донишкадаи политехникии Тоҷикистонро ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми  августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи пол...
Самадов С.А. Самадов С.А. Самадов Сӯҳробҷон Абдусамадович 29-уми декабри соли 1976 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ. Соли 1998 филиали ...
Собитова М. А. Собитова М. А. Собитова Мунзифа Аҳмадовна 14-уми  сентябри соли 1960 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ, соли 1982 Донишгоҳи д...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдуқаҳоровна 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Таҳсилот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи да...
Раҳимхӯҷаев М. А. Раҳимхӯҷаев М. А. Раҳимхӯҷаев Музаффар Анварович 8 августи соли 1982 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи да...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Акмалхӯҷаева М. Ҳ. Акмалхӯҷаева М. Ҳ. Акмалхӯҷаева Муҳайё Ҳалимовна 28 сентябри соли 1967 дар оилаи хизматчц ба дунё омадааст. Соли 1990 Донишкадаи давлатии педагогии шаҳри Душан...
Мухбира Дониёрова Мухбира Дониёрова Тибқи қарори Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аз 30-юми июли соли равон мудири шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳр Мухбира Дони...
Солизода Раҳим Солизода Раҳим Солизода Раҳим Рашидӣ бо қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз моҳи июли соли 2017 ба вазифаи мудири бахши нақлиёт ва алоқа таъин гардид. Солизода Р...
Каримов Манучеҳр Каримов Манучеҳр Каримов Манучеҳр Мухторович бо фармоиши Раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 апрели соли 2018 бо тариқ...

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз1849
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта5582
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта30670
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта33388
mod_vvisit_counterҲамин моҳ88388
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта187141
mod_vvisit_counterҲамагӣ3713445