(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Ба и.в Раиси шаҳри Хуҷанд
мӯҳтарам Шарифзода Ш.Ф.


Баромади
Сармутахассис-котиби Комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдаки назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
шаҳри Хуҷанд оиди татбиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №377 аз 01.08.2008 «Оиди таъмини ҳифзи ҳуқуқи кӯдак» дар семоҳаи аввали соли 2016

Комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдаки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд фаъолияти худро дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №377 аз 01.08.2008 «Оиди таъмини ҳифзи ҳуқуқи кӯдак» ва Низомномаи Комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак, ба роҳ монда бо мақсади татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», Эъломияи ҳуқуқи кӯдаки Созмони Миллали Муттаҳид, ташкили чорабиниҳои пешгирикунандаи ҳолатҳои беназоратии ноболиғон, қонуншиканӣ ва падидаҳои номатлуб байни наврасон, ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо дар ҳамаи ҷабҳаҳои ҳаёт ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомотҳои дахлдор, ки маҳз бо масъалаҳои марбут ба кӯдакон кор мебаранд, нақшаи чорабиниҳои мукаммали хешро таҳия намуда силсилаи тадбирҳоро амалӣ намуд.
Дар заминаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №377 аз 01.08.2008 «Оиди таъмини ҳифзи ҳуқуқи кӯдак» Қарори Раиси вилояти Суғд аз 11 сентябри соли 2008, №307 «Дар бораи таъмини ҳуқуқи кӯдак», ва Қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз 16 августи соли 2013, №450 Қарори ба тасвиб расида тибқи қарори мазкур дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд комиссия дар ҳайати 12 нафар ташкил ва Низомномаи комиссия шаҳрӣ тасдиқ карда шудааст.
Мувофиқи Низомномаи комиссия яке аз вазифаҳои асосии комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак;
а) назорат, муоина ва санҷиши шароитҳои нигоҳубин,  тарбияву таълими кӯдакро, аз ҷумла дар ҷойи зист, ҳамчунин истифодаи меҳнати кӯдаконро дар ташкилотҳо новобаста аз шаклҳои ташкилӣ-ҳуқуқӣ ва шаклҳои моликияташон ташкил менамояд;
б) ба суд ба хотири ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии кӯдак муроҷиат мекунад, ба суд маводҳоро нисбати падару модар, намояндагони қонунии кӯдак дар сурати аз ҷонибашон иҷро нашудан ва ё иҷрои ғайри дилхоҳи ӯҳдадориҳояшон оид ба нигоҳубин, тарбия, таълим, ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии кӯдак мефиристад;

маводҳо ва парвандаҳоро нисбати:

- ноболиғе, ки кирдори барояш ҷавобгарии маъмурӣ пешбинишуда содир намудааст;
- ноболиғе, ки кирдори ба ҷамъият хавфноки бо Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо то расидан ба синни фарорасии ҷавобгарии ҷиноятӣ содир намудааст;
- ноболиғе, ки кирдори зиддиҷамъиятӣ содир намудааст;
- падару модар, намояндагони қонунии кӯдак дар сурати ӯҳдадориҳояшонро аз хусуси нигоҳубин, тарбия, таълим, ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои кӯдак иҷро накардан ё иҷрои номатлуби онҳо;
- зумраи шахсони дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст;
г) маводу парвандаҳоро баррасӣ менамояд, чораҳои таъсиррасониро бо тартибе, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, татбиқ менамояд ва қарорҳои зеринро қабул менамояд:
дар бораи бо розигии падару модар, намояндагони қонунӣ, дар сурати ба синни 10 расидани кӯдак бошад, бо розигии ӯ ба муассисаҳои барқарорсозии гуногун бо тартиби пешбинӣ намудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон равон кардани кӯдаке, ки таълиму рафтораш боиси нигаронист;
дар бораи гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ бо кӯдаконе, ки машруботи спиртӣ, воситаҳои нашъадор, маводи мадҳушкунанда истеъмол мекунанд, ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудаанд, аз муассисаҳои таълиму тарбиявии махсус баргаштаанд ё аз ҷойҳои маҳрум аз озодӣ озод шудаанд;
д) шаклҳои ҷойгиркунонӣ ва дастгирии кӯдаконеро, ки ниёз ба ёрии давлат доранд, муайян менамояд;
е) иҷрои вазифаву ӯҳдадориҳои марбут ва васояту парасториро аз ҷониби мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ тибқи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси Оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд;
ҷ) ваколатҳои дигареро, ки қонунгузорӣ ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешбинӣ намудаанд, татбиқ менамояд.
11. Ба ҳайати комиссияи шаҳрӣ раиси Комиссия, муовини Раиси шаҳр, муовини раиси Комиссия, Сармутахассиси комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак, ба ҳайати комиссияи шаҳрӣ намояндаи шӯъбаи маориф, сармутахаасиси-ҳуқуқшиноси дастгоҳи Раиси шаҳр, шӯъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, сардухтури хонаи кӯдакон, шӯъбачаи пешгирии беназоратӣ ва ҳуқуқвайронкуниҳои ноболиғон, шӯъбаи кор бо маҳаллаҳо, бахши кор бо занон ва оила, бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳр, бахш оид ба корҳои дин, намояндаи ташкилоти ҷамъиятии «Сарчашма» дохил мешаванд.

Салоҳияти Комиссия 

12. Комиссия ҳуқуқ дорад:
а) маълумоти барои корашон заруриро аз кумитаи маҳаллҳо, ҳамчунин аз ташкилотҳо новобаста аз шаклҳои ташкилӣ-ҳуқуқӣ ва шаклҳои моликият дархост кунанд ва ройгон гиранд;
б) шахсони мансабдор, мутахассисон ва шаҳрвандонро барои аз онҳо гирифтани маълумот ва баёнот вобаста ба масъалаҳои баррасишаванда даъват намоянд;
в) ҷиҳати иштирок дар кор намояндагони кумитаи маҳаллаҳо ва ташкилотҳоро новобаста аз шаклҳои ташкилӣ-ҳуқуқӣ ва шаклҳои моликияташон, ҳамчунин шахсони манфиатдори дигарро ҷалб намоянд;
г) санҷиши оилаҳоро таъин ва гузаронанд, санадҳо таҳия намоянд, доир ба ҳуқуқу манфиатҳои кӯдак мувофиқат доштани шароитҳои зиндагиву тарбияи ӯ хулосаҳо диҳанд;
Комиссия якҷоя бо мақомоту муассисаҳои манфиатдори дигар кӯдаконро дарёфт ва ба қайд мегиранд, аз хусуси ҷойгиркуниашон ва ба онҳо муҳайё сохтани шароитҳои мусоиди тарбияву таълим Қарор мебароранд ва қарорҳои қабулкардаашонро нисбати инҳо назорат мекунанд:
а) кӯдакони ятиму бепарастор;
б) кӯдакони имконияташон маҳдуд, ки ниёз ба ғамхории давлат доранд;
в) кӯдаконе, ки дар оилаҳои шомил ба гурӯҳи таваккалии иҷтимоӣ истиқомат мекунанд;
г) кӯдакони беназорату бесаробон, ҳамчунин кӯдаконе, ки муассисаҳои таълимиро тарк кардаанд ва кор намекунанд;
д) кӯдакони дигаре, ки ниёз ба кӯмаки давлат доранд. 

Номгӯи маълумот

2015

2016

Шумораи умумии ноболиғон дар шаҳри Хуҷанд.

58 624

59358

Шумораи кӯдакони ба таҳсил фаро гирифта шуда.

33 642

33 642

Шумораи умумии кӯдакони ба кӯдакистонҳо ҷалб карда шуда.

8066

8066

Шумораи аз таҳсил дур монда.

-

-

Шумораи кӯдакони ба таълими хонагӣ фаро гирифта шуда

42

42

Шумораи кӯдакони имконияташон маҳдуд, ки ба таҳсил дар мактаб ва кӯдакистон фаро гирифта шудаанд.

201

201

Шумораи кӯдакони дар мактаб-парваришгоҳи махсус таҳсил мекарда

233

233

Шумораи кӯдакони дар мактаб-парваришгоҳи махсус ҷойгир карда шуда

3

1

Шумораи кӯдакони имконияташон маҳдуд ва бо кӯмакпулӣ таъмин гашта.

507

21

Шумораи кӯдакони дар вазъи ногувори иҷтимоӣ қарор дошта.

27

10

Шумораи кӯдакони ятим.

47

44

Шумораи кӯдакони таҳти васоят ва парасторӣ гирифта шуда.

14

1

Шумораи кӯдакони дар хонаи кӯдакон тарбия мегирифта.

63

61

Шумораи кӯдакони аз хонаи кӯдакон ба оила баргардонида шуда.

36

10

Кӯдакони ба оилаҳои мураббӣ (фостер) ҷойгир шуда.

5

4

Шумораи кӯдакони ба фарзандхондӣ дода шуда аз хонаи кӯдакон.

51

12

Санаи 21 январи соли 2015 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ҷаласаи васеи ҷамъбастӣ бо иштироки Сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Мирдадоев С. ва Мудири бахши ҳуқуқи кӯдаки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Ҳомидова М.Р., ёрдамчии прокурори шаҳри Хуҷанд Матазимова Л. ва масъулини комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак ва сарварони макотибҳо ва мудирони боғчаҳои ҳудуди шаҳр Хуҷандро доир гардид. Дар рафти ҷаласа фаъолияти Комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак ва бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ мавриди таҳлил ва муҳокима қарор дода шуда, масъулини шӯбаи маориф, шӯъбаи кор бо маҳаллаҳо, шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва кор бо ҷомеа, ШПҲНҶ ШВКД-и ҶТ дар шаҳри Хуҷанд, бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, бахши кор бо занон ва оила, вазифадор карда шуданд, ки камбудиҳои ҷойдоштаро дар соли 2016 ба инобат гирифт, баҳри ислоҳи он чораҳои мушаххас андешида шавад. Алалхусус бо мақсади паст намудани сатҳи ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон корҳои фаҳмондадиҳӣ хуб ба роҳ монда шуда, корҳои тарғиботӣ дар самти татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” хуб ба роҳ монда шавад.
Ба унвони Комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак тӯли 3 моҳи соли 2016, 50 аризаи хаттӣ, 26 адад муроҷиати шифоҳӣ, 72 адад мактуб ворид гашта дар 3 ҷаласаи комиссия мавриди муҳокимаву баррасӣ қарор дода шуда 20 қарори комиссия вобаста ба ҷойгир намудан ба хонаи кӯдакон, Муассисаи давлатии “Маркази солимгардонии норасоӣ ва ҳифзи кӯдакон”-и шаҳри Хуҷанд, ивази ном, фурӯши амвол, муайян намудани тартиби муошират бо фарзандони ноболиғ қабул гардидааст.
Дар ин замина масъалаи 1 нафар кӯдаки дар вазъи ногувори зиндагӣ қарор дошта Степанская Люба санаи таваллудаш 5 январи соли 2011 ва Авезов Тоҳир санаи таваллудаш 30 марти соли 2012, ки волидонашон майзада мебошанд дар ҷаласаи комиссия мавриди муҳокимаву баррасӣ қарор дода шуда ин кӯдакон ба хонаи кӯдакони шаҳри Хуҷанд ҷойгир карда шуда кӯмакҳои равонӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ расонида шуда истодааст. Ба волидони ин кӯдакон мӯҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ба таври бояду шояд фаҳмонида шуд. Ҳамзамон 9 нафар кӯдаки дар мухолифат бо қонун буда ва 3 нафар дар вазъи ногувори зиндагӣ қарор дошта, барои офиятгардонӣ ба Муассисаи давлатии “Маркази солимгардонии норасоӣ ва ҳифзи кӯдакон”-и шаҳри Хуҷанд бо мақсади бурдани назорат вобаста ба пешгирии такроран содир намудани ҷиноят ва расонидани кӯмакҳои равонӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ ҷойгир карда шуданд. Бо ин ноболиғон ва оилаи онҳо кормандони ҳифзи иҷтимоии марказ мунтазам мулоқот ва вохӯриҳо доир намуда истодаанд.
Аз ҷониби комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак 3 нафар кӯдаки дасткашида аз таваллудхонаи вилояти Суғд ва 1 нафар аз таваллудхонаи шаҳри Хуҷанд ба хонаи кӯдакони шаҳри Хуҷанд ҷойгир карда шуд. Бо мақсади таъмини ҳаёти арзанда дар оила барои кӯдакон дар 3 моҳи соли равон нисбати 8 (3 нафар хешу таборӣ) нафар кӯдак фарзандхондӣ, 6 нафар васояту парасторӣ муқаррар карда шуда, 3 нафар кӯдаки дар вазъи ногувори зиндагӣ қарор дошта муваққатан ба хонаи кӯдакон ва Муассисаи давлатии “Маркази солимгардонии норасоӣ ва ҳифзи кӯдакон”-и шаҳри Хуҷанд ҷойгир карда шуданд.
Бо мақсади татбиқи қонуни мазкур комиссия ҳамоҳангсозиро бо мақомоти прокуратураи шаҳри Хуҷанд, шӯъбачаи пешгирии ҳуқувайронкунӣ байни ноболиғону ҷавонони ШВКД ҶТ дар шаҳри Хуҷанд ва мақомоти судӣ ба роҳ монда дар ҳамкорӣ масъалаҳои баҳсноки кӯдаконро ҳаллу фасл намуд.
Дар ин радиф комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак дар давоми 3 моҳи соли 2016 3 адад аризаи даъвогии комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак, бинобар ба таври дахлдор иҷро накардани вазиваву ӯҳдадориҳо вобаста ба таълиму тарбияи фарзанд оиди аз ҳуқуқи модарӣ маҳрум намудани волидон ба суди шаҳри Хуҷанд ирсол карда шуда 1 адад қонеъ, 1 адад рад ва 1 адад мавриди баррасӣ қарор дорад. Инчунин бо дархости суди шаҳри Хуҷанд дар 3 моҳи соли равон аз ҷониби комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак 7 санад ва хулоса вобаста ба фарпзандхондӣ ва 4 хулоса вобаста ба муайян намудани тартиби муошират ва муқаррар намудани ҷои зисти кӯдак тартиб дода шуда ба суд пешниҳод карда шуд.
Айни ҳол дар шаҳри Хуҷанд 50 нафар кӯдакони ятими кулл зиндагӣ мекунанд, ки ба ин ноболиғон бо қарорҳои Раиси шаҳри Хуҷанд васӣ ва парастор тайин карда шуда дар ин замина имтиёзҳои давлатӣ, ки ба кӯдакони ятим муайян карда шудааст бархурдор гашта истодаанд. Аз шумораи умумии кӯдакони ятим 36 нафар муҳассилини макотибҳои шаҳр, 3 нафар кӯдакистонҳо, 7 нафар таҳсил намекунанд ва 4 нафар дар оила тарбия меёбанд.
Бо мақсади иҷроиши қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз 19 январи соли 2015, №50 «Дар бораи барҳамдиҳии шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон дар шаҳри Хуҷанд барои солҳои 2015-2020» масъулини Комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдаки назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр санаи 26 январи соли 2016 амалиёти муштарак дар ҳудуди истгоҳи маркази шаҳр доир намуд. Зимни гузаронидани амалиёти мазкур дар микроавтобусҳои мусофиркашон 8 нафар ноболиғон ҳангоми маблағҷамъкунӣ дар микроавтобусҳои мусофиркашон ба қайд гирифта шуда ба шӯъбачаи пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷиноятсодиркунӣ байни ноболиғону ҷавонони шаҳр дастрас карда шуданд. Қобили қайд аст, ки ноболиғони ба қайд гирифта шуда хонандагони макотибҳои ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буда ба шӯъбача волидайни ин ноболиғон даъват карда шуда, нисбаташон маводҳо тартиб дода шуда барои чораҷӯӣ ба мақомотҳои дахлдор ирсол карда шуд.
Тибқи ҷадвали аз ҷониби Раиси комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак тасдиқгардида гурӯҳҳои корӣ аз оғози соли 2016 фаъолияти 10 муассисаҳои таълимии шаҳр аз қабили МТМУ №1,2,3,7,8,9,10,11,12, гимназияи №13,  дар самти кор бо кӯдакони душвортарбия ва пешгирии ҳама гуна падидаҳои номатлуб дар байни хонандагон доир намуд. Дар ин замина ба муассисаҳое, ки дар ин самт дар фаъолият ба камбудиҳо роҳ додаанд тавсияҳо бобати бартараф намудани ин камбудиҳо дода шуд. Ҳамзамон рӯзҳои санҷиш доир шуда аз ҷониби аъзоёни гурӯҳ бо хонандагони синфҳои 9-11 бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии онҳо мулоқот доир намуда масъалаҳои мубрам мавриди муҳокимаву баррасӣ қарор дода шуд.
Бо мақсади татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» шӯъбачаи ХПҲНҶ ШВКД ҶТ дар шаҳри Хуҷанд наздик 50 мулоқоту амалиётҳои ошкоркунӣ дар макотибҳои ҳудуди шаҳр, масчидҳо ва ҷойҳои ҷамъиятии шаҳр доир намуда дар рафти ин мулоқоту амалиётҳо ба шаҳрвандон мӯҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» фаҳмонида шуда, нисбати 79 нафар волидон бинобар ба таври дахлдор иҷро накардани ӯҳдадориҳояшон протоколҳои маъмурӣ оғоз карда шуд. 

Намуди протоколҳо

2015

2016

1

Барои намозгузорӣ

11

9

2

Истифодаи телефони мобилӣ дар мактаб

10

1

3

Барои содир намудани ҷиноят

2

2

4

Барои оворагардӣ

14

16

5

Ба савдо мағул шудани ноболиғ

-

1

6

Аз ҳисоби дарс ба маркази компютерӣ рафтан

-

9

7

Ҷамъоварии маблағ дар микроавтобусҳо

19

26

8

Барои дигар ҳуқуқвайронкуниҳо

20

15

Тӯли 3 моҳи соли ҷорӣ бо мақсади пешгирии саривақтии оворагардии ноболиғон паст намудани сатҳи ҷинояткорӣ ва ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд нақшаи амалиётҳои муштарак таҳти унвони “Талбанда” ва “Намози ҷумъа” тарҳрезӣ доир карда шуда истодааст. Дар давраи ҳисоботӣ ҳангоми доир намудани ин амалиётҳо ба шӯъбачаи пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон 270 нафар ноболиғон дастрас карда шуда 30 нафари онҳо барои муайян намудани шахсият ба ҚТН РВКД ҶТ дар вилояти Суғд дастрас карда шуданд. Айни ҳол дар қайди ШПҲНҶ-и ШВКД ҶТ дар шаҳри Хуҷанд 33 нафар ноболиғон гирифта шуда аз шумора 27 нафарашон хонандагони макотибҳои №8, 31, 14, 29, 21, 25, 7, 19, 9, 10, 23, литсеи касбӣ-хизматии №56, литсеи касбӣ-техникии №44 мебошанд. Аз ин шумора 21 нафар барои содир намудани ҷиноят ба қайд гирифта шудаанд.
Мутассифона дар семоҳаи аввал 1 ҳодисаи худкушӣ аз ҷониби хонандаи синфи 10-и МТМУ №17 Раҳматова Мавлуда Ҳабибуллоевна санаи таваллудаш 13.06.2000 ба қайд гирифта шуд.
Дар ин давра шӯъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд дар ҳамкорӣ бо дигар сохторҳои дахлдор бо мақсади татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» 74 чорабиниҳои гуногун бо иштироки волидону хонандагон доир намуд.

 Таҳлили сатҳи ҷиноятсодиркунӣ ва худкушӣ дар байни ноболиғон барои 3-моҳи соли 2016 

Намуди ҷиноятҳо

Бо моддаи

Шумораи ҷиноят дар соли 2015

Шумораи ноболиғ дар соли 2015

Шумораи ҷиноят дар соли 2016

Шумораи ноболиғ  дар соли 2016

1

Дуздии амволи ғайр

244

12

5

9

6

2

Авбоши

237

3

4

1

1

3

Маводи пиротехникӣ

199

2

2

-

-


Ҷамъ


17

11

10

7

 

машғулият

2015

2016

ҷиноят

шумораи ноболиғон

ҷиноят

шумораи ноболиғон

1.

Хонандагони мактаб

5

3

1

1

2.

Ҷои таҳсил ва кор надорад

10

6

9

6

3.

Хонандагони омӯзишгоҳ

2

2

-

-

4.

Берун аз шаҳр



7

4


ҳамагӣ

17

11

10

7

Дар ин давра дар асоси мактубҳои суди шаҳри Хуҷанд дар 8 мурофиаи суди вобаста ба фарзандхондӣ, 4 мурофиаи судӣ вобаста ба муайян намудани ҷои зисти кудак, рафъи монеъаи муошират бо кудак ва ғайра ширкат варзида баҳри ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои кудакон чораҳои мушаххас андешида шуд.
Қобили қайд аст, ки бо мақсади баланд бардоштани маълумотнокӣ ва маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, таъмини шаффофият дар фаъолияти комиссия дар ҳамкорӣ бо ТВ “Диёр” гуфтугӯи мустақим доир карда шуд, ки аз ҷониби сармутахассис-котиби комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак ба зиёда аз 30 суолҳои шаҳрвандон вобаста ба масъалаи кӯдакон посух дода шуд.
Комиссия оид ба ҳуқуқи кудаки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  шаҳри Хуҷанд, баҳри беҳдошти ҳаёти кӯдакон дар шаҳр минбаъд низ нақша чорабиниҳои худро вусъат бахшида, баҳри дар амал татбиқ намудани Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оиди таъмини хифзи хукуки кудак», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, ташкили чорабиниҳои пешгирикунандаи ҳолатҳои беназоратии ноболиғон, қонуншиканӣ ва падидаҳои номатлуб дар байни наврасон, ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо дар ҳамаи ҷабҳаҳои ҳаёт ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомотҳои дахлдор, чорахои мушаххас хохад андешид.


Сармутахассис-котиби
комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак                                                  М.Салимова

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...