14 Феврал 2016
Дар ин рӯз бештар аз 70 нафар сокинон ба Раиси шаҳри Хуҷанд муроҷиат намуда, бобати масъалаҳои ҳалталаби худ арз намуданд.
Аз шумораи умумии муроҷиаткунандагон 9 нафар барои гирифтани замини наздиҳавлигӣ, 9 нафар бобати мушкилоти таъмири манзил, 7 нафар барои таъмини манзили истиқоматӣ, 4 нафар барои гирифтани кӯмаки моддиро ташкил медод. Раиси шаҳри Хуҷанд Рачаббой Аҳмадзода бо мақсади ҳалли мушкилот шаҳрвандон ва қабули муроҷиату барррасии масъалаҳои ҳалталаби онҳо бо усусли «Равзанаи ягона» ба масъулину мутасддиёни сохторҳои марбута супориш дода, таъкид намуд,ки дархости сокинон бояд сари вақт ҳаллу фасл гардида дар мӯҳлати муқаррар намудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон « Дар бораи муроҷиати шаҳрвандон» ҷавоб дода, қарорҳои дахлдор кабул намоянд.
Дар «Рӯзи қабули шаҳрвандон» ин навбат ҳамчунин вакили Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии №13 «Хуҷанд» Гулбаҳор Турсунова низ иштирок дошт.