11 Феврал 2016
Чунин як чорабинӣ дар қисми низомии 03377 доир гашта, сӯҳбату мулоқоти сарбозон бо ҷавонписарон доир карда шуд. Як гӯруҳ хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Хужанд аз мактабҳои №7, 14, 8, 10 бо ҳаёту хизмати афсарону сарбозони қисми ҳарбии №03377 шинос гаштанд. Ҷавонписарони мактабҳо аз ҷойи хоби сарбозон, ошхона, китобхона, варзишгоҳи қисми ҳарбӣ дидан карда, бо афсарону сарбозон ҳамсуҳбат гашта, ба саволҳи хеш посух гирифтанд.