(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Ифтитоҳи Корхонаи коркарди чӯбу тахтаи “Арча” дар шаҳри ХуҷандПрезиденти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” дар шаҳри Хуҷанд Корхонаи коркарди чубу тахтаи “Арча”-ро, ки дар назди Ҷамъияти Дорои Масъулияти Маҳдуди “Фортуна ва компания” бунёд шудааст, ифтитоҳ намуд.
Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки корхонаи мазкур аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Дадахон Очилов бо харҷи 12 миллион сомонӣ дар зарфи беш аз якуним сол сохта шуда, дар ин ҷо зиёда аз 150 намуди дару тирезаҳои замонавӣ ва профилҳои чӯбӣ истеҳсол карда мешавад.
Дар маҷмӯъ иқтидори солонаи корхона коркарди 250 ҳазор метри мураббаъ чӯбу тахта буда, дар як сол ба маблағи умумии 7 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол менамояд. Баъди пурра ба кор даромадан корхона ин нишондод ба 12 миллион сомонӣ хоҳад расид.
Дар корхонаи Арча ҳамчунин барои хушк кардани чӯби воридшуда технологияи муосир насб гардидааст, ки бо он давоми як моҳ 500 куб ашёи хоми воридшуда барои коркард омода карда мешавад. Таҷҳизоти истеҳсолӣ аз хориҷи кишвар, аз ҷумла Италия ва Украина ворид карда шуда, маҳсулоти корхона, аз ҷумла дару тирезаҳои хушсифат ба бозори дохилӣ ва хориҷӣ пешниҳод мегардад.
Яке аз афзалиятҳои муҳими ин корхонаи нав истеҳсолоти бепартови он мебошад, яъне тамоми партовҳои истеҳсолӣ мавриди коркарду истифода қарор мегирад. Ин кор дар ду дегхонаи буғӣ, ки бо технологияи муосир муҷаҳҳаз гардидааст, ба роҳ монда мешавад.
Дар ин корхона 80 нафар сокинони маҳаллӣ, ки бештари онҳоро занону духтарон ташкил медиҳанд,  бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шудаанд.
Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки дар ошёнаи дуюми бинои истеҳсолӣ корҳои омодагӣ барои таъсиси корхонаи муштарак бо ширкатҳои давлати Белорус идома дорад. Дар навбати дуюм дар ин корхона истеҳсоли намудҳои гуногуни мебел ва дигар ашёи ороишӣ барои хонаҳои ҳама гуна биноҳо ба роҳ монда мешавад.
Ба гуфти мутахассисон маҳсулоти ин корхона пурра аз чӯби табиӣ буда, дар вақти коркард ва истеҳсолот маводи кимиёвӣ хеле кам истифода мешавад.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон намоишгоҳи маҳсулоти гуногуни истеҳсолкардаи корхона, аз ҷумла дару тиреза, профилҳо, ашёи хона, ошхона, утоқҳои корӣ ва дигар маводи ороишии аз чӯб омодашударо тамошо карда, ба сифати онҳо баҳои баланд дод.
Чунонки Сарвари давлат таъкид дошт, чунин соҳибкорон метавонанд дару тиреза ва мебели сатҳи ҷаҳонӣ бароварда, ба бозори Тоҷикистон маҳсулоти воридотивазкунанда пешниҳод намоянд ва ҳам содироти онро ба хориҷи кишвар ба роҳ монанд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки бозори дохилию хориҷиро омӯхта, маҳсулоти рақобатпазир ва воридотивазкунанда, истеҳсол кунанд. Тибқи супоришҳои Президенти кишвар бояд тарғиби маҳсулоти  чунин корхонаҳои ватанӣ ба таври васеъ ба роҳ монда шавад. Маслиҳат дода шуд, ки барои тамоми бахшҳои хоҷагии халқи мамлакат, аз ҷумла соҳаи маориф, тандурустӣ ва ҳам барои аҳолӣ бояд маҳсулоти арзону босифат истеҳсол ва пешниҳод карда шавад.
Роҳбарияти корхона ваъда доданд, ки дар оянда бо васеъ намудани фаъолият истеҳсоли маҳсулотро афзоиш дода, дар ин замина ҷойҳои иловагии корӣ таъсис хоханд дод.

АМИТ «Ховар»

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин г...
Фирӯза Нуруллозода Фирӯза Нуруллозода Муовини Раиси шаҳрФирӯза Нуруллозода 9 феврали соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Соли 2004 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи акад...
Раҳматзода А.А. Раҳматзода А.А. Муовини Раиси шаҳрРаҳматзода Аюбҷон Алиҷон 7-уми августи соли 1974 шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ. Соли 1997  Д...
Абдуқаюмзода Ҷ. А. Абдуқаюмзода Ҷ. А. Муовини Раиси шаҳрҶамшед Абдуқаюмзода Алиҷонӣ 16 феврали соли 1976 дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омада, баъди хатми мактаби миёна ба Донишгоҳи да...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Сол...

Роҳбарони сохторҳо

Алимов У.С. Алимов У.С. Алимов Усмон Собирҷонович 20-уми майи соли 1958 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1979 Донишгоҳи да...
Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Миркамолов М. Н. Миркамолов М. Н. Миркамолов Муҳсин Насруллоевич 10-уми ноябри соли 1959 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 1980 Донишгоҳ...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...
Муҳаммадзода М. М. Муҳаммадзода М. М. Муҳаммадзода Мӯъмин Муҳаммад. 15-уми июни соли 1958  дарр   шаҳри Хуҷанд   таваллуд ёфтааст. Соли 1981 Донишкадаи политехникии Тоҷикистонро ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми  августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи пол...
Самадов С.А. Самадов С.А. Самадов Сӯҳробҷон Абдусамадович 29-уми декабри соли 1976 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ. Соли 1998 филиали ...
Собитова М. А. Собитова М. А. Собитова Мунзифа Аҳмадовна 14-уми  сентябри соли 1960 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ, соли 1982 Донишгоҳи д...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдуқаҳоровна 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Таҳсилот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи да...
Раҳимхӯҷаев М. А. Раҳимхӯҷаев М. А. Раҳимхӯҷаев Музаффар Анварович 8 августи соли 1982 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи да...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Акмалхӯҷаева М. Ҳ. Акмалхӯҷаева М. Ҳ. Акмалхӯҷаева Муҳайё Ҳалимовна 28 сентябри соли 1967 дар оилаи хизматчц ба дунё омадааст. Соли 1990 Донишкадаи давлатии педагогии шаҳри Душан...
Мухбира Дониёрова Мухбира Дониёрова Тибқи қарори Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аз 30-юми июли соли равон мудири шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳр Мухбира Дони...
Солизода Раҳим Солизода Раҳим Солизода Раҳим Рашидӣ бо қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз моҳи июли соли 2017 ба вазифаи мудири бахши нақлиёт ва алоқа таъин гардид. Солизода Р...

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз345
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта3254
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта9437
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта20328
mod_vvisit_counterҲамин моҳ65300
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта100548
mod_vvisit_counterҲамагӣ2112926