23 Август 2015
Шаҳрвандон барои харидани масолеҳи сохтмонӣ, таъмин барои истиқомати муваққатӣ дар хобгоҳ, ҷойгир намудани фарзанд ба мактаб, баррасии масъалаи гирифтани замини наздиҳавлигӣ, расондани кeмаки моддӣ, мусоидат барои харидани либоси мактабӣ ва дастгирӣ дар масъалаи соҳибкорӣ муроҷиат намуданд.
Раиси шаҳр Раҷаббой Аҳмадзода ба муаммо ва муддаои муроҷиаткунандагон гeш дода, барои муайян намудани роҳҳои ҳалли мушкилоти эшон ва дастгирии ҳамаҷонибаи онҳо ба муовинон ва дигар масъулини сохторҳои дахлдор супориш дод. Дар рафти қабул Раҷаббой Аҳмадзода ба раисони кумитаҳои маҳаллаҳо супориш дод, ки бо мардум дар ҷойҳо бештар кор кунанд, аз вазъи зиндагии онҳо бохабар шаванд ва баҳри ҳалли мушкилоти онҳо мусоидат намоянд.
Хотиррасон мекунем, ки то нимаи рeз ба Раиси шаҳр Раҷаббой Аҳмадзода анқариб 90 нафар муроҷиат кард.