(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt

Ҳамшаҳриёни азиз!
Иди саиди Фитрро аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ба кулли ҳамдиёрони арҷманд муборакбод гуфта, имону ибодати комил, рӯзгори обод ва неъмати фаровонро таманно менамоям.
Бигузор, аз файзи моҳи шарифи Рамазон ва Иди саиди Фитр Ватани азизамон Тоҷикистон доимо ободу дар амон бошад ва бо дуои неки пирони хирад худованди бузург мардумонашро некрӯзу сарбаланд ва фарзандонашро арҷгузори миллат гардонад.
Дар суханрониҳои Сарвари давлатамон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид гардидааст, ки Тоҷикистон ҷаннати воқеии рӯи замин ва мардумонаш покнаҷоду боимонанд. Бо итминони комил метавон гуфт, ки намозу ибодати аҳли диёр чун ворисон ва пайравони мазҳаби фарзанди фарзонаи миллат Абӯҳанифа Имоми Аъзам ҳамешагӣ намози шукронаву садоқат ба Ватан ва саодати ҷомеа хоҳад буд. Зеро танҳо бо орзуи хушбахтии халқ ва хизмати содиқона ба нафъи ҷамъият ҳар фард  метавонад бар маснади бузургиву шукӯҳ, хонаободӣ ва муҳаббати илоҳӣ мушарраф гардад. Боиси ифтихор аст, ки ба шарофати истиқлолияти кишварамон, сиёсати хирадмандонаи Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати мо дар озодии виҷдон, дину ақида, адои маросимҳои суннатию динӣ ба имкониятҳои фаровон ноил гардид. Дини мубини ислом ҳамчун дини поку беолоиш ва раҳнамои накӯкориҳо дар кишвари мо мақоми мустаҳкам дорад.
Аз ин ҷост, ки Сарвари кишвар дар арафаи ин моҳи мушарраф бо мақсади гиромидошти арзишҳои миллӣ ва фарҳанги исломӣ, ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ боз ҳам устувортар намудани вазъи мӯътадили сиёсиву иҷтимоӣ мулоқоти судбахшу таърихӣ ороста  таъкид доштанд, ки имрӯз дар Тоҷикистон барои иҷро кардани талаботи ислом ҳамаи шароитҳо муҳайё аст. Дар робита ба ин мардуми шукргузори шаҳрамон ин иқдоми Сарвари давлатамонро нек арзёбӣ намуда, баҳри пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ҷудоихоҳ аз ҳамаи имкониятҳо самаранок истифода бурда, баҳри расидан ба ҳадафҳои дар пешгузоштаи Сарвари мамлакат дар самти ободиву равнақи Тоҷикистон саҳми худро мегузоранд.
Бузургтарин савоб дар рисолати ислом хайру саховат ва олиҳимматист. Бузургони мо беҳуда нагуфтаанд, савоби навозиши дилшикастагон аз фазилати ҳаҷҷи акбар зиёдтар аст. Чун анъана дар рӯзҳои моҳи табаррук дастгирии мӯҳтоҷону ниёзмандон дар шаҳр дар сатҳи баланд қарор дошт. Таваҷҷӯҳу щамхорӣ нисбати ятимону беморон ва бепарасторон бештар буд.
Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо  ва ҳам соҳибкорони саховатпеша дар ин бобат хислатҳои наҷиби ҷавонмардӣ нишон доданд. Ҳамзамон дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Раиси вилоятамон, муҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ самти ободонии масчиду оромгоҳҳо бо доир намудани шанбегиву ҳашарҳои умумишаҳрӣ вусъат дода шуда, садҳо ҳамдёрони арҷмандамон дар радифи маюбон, собиқадорони ҷангу меҳнат  кӯдакони ятиму бепарасторон бо маводҳои хӯрокаву кӯмакҳои моддӣ мавриди аёдат қарор гирифтаанд.
Умедвори онам, ки рафтору муомилаи нек бо ҳамдигар, раҳму шафқат ба дардмандону нотавонон, щамхориву меҳрубонӣ ба пиронсолон ва ба ҷо овардани ҳурмату иззати онҳо, ҳусни муошират бо аҳли хонадон ва наздикону пайвандон, мурувват ба дӯстону ҳамкорон, ҷавонмардиву олиҳимматӣ, сабру тамкин, муросову мадоро, сипосгузорӣ ва қадршиносиро амали ҳаррӯзаи зиндагии худ месозед.
Аз Худованди мутаол ба ҳамаи Шумо  сулҳу салоҳ, рӯзгори орому осуда, ризқу рӯзии фаровон ва дастурхони пурфайзу баракатро орзумандам.
Иди саид муборак, ҳамшаҳриёни азиз!

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...