(2 голоса, среднее 1.50 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Ҳ И С О Б О Т И

Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Хуҷанд

барои нимсолаи аввали соли 2015

Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Хуҷанд фаъолияти хешро баҳри татбиқ намудани Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», «Тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш», «Дар бораи туризм», қарорҳои Раиси шаҳри Хуҷанд аз 11-уми феврали соли 2013, № 60 дар бораи амали намудани нақша-чорабиниҳои «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015, аз 12 январи соли 2012, № 13 «Дар бораи тадбирҳои амалӣ намудани Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020», аз 12 январи соли 2012, № 15 «Дар бораи тадбирҳои амалӣ намудани Барномаи рушди футбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016», аз 2 декабри соли 2011, № 708 «Дар бораи тадбирҳои амалӣ намудани «Барномаи маҷмӯии  рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015”, аз 27 январи соли 2015, № 78 «Дар бораи амалӣ намудани нақша-чорабиниҳои Барномаи рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2015-2017 дар шаҳри Хуҷанд», қарори ҳайати мушовараи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 январи соли 2015, № 11 ба табъ расидааст, ба роҳ монда дар нимсолаи аввали соли 2015 як қатор чорабиниҳоро амалӣ намуд.
Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи мушовара ва ҷамбасти фаъолияти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2014 ва вазифаҳо барои соли 2015 баргузор гардид, ки дар он мудири Бахш иштирок намуд. Дар он бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Хуҷанд ҷиҳати татбиқи босамари Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015 дар маҳал бо сипосномаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз карда шуд.
Баҳри татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълим ва тарбияи фарзанд», дар ҳамкорӣ бо комиссияи ҳуқуқи кудак, шуъбаи вазорати корҳои дохила дар шаҳр, шуъбаи маориф ва шӯъбаи кор бо занон ва оила корҳои тарғиботӣ, фаҳмондадиҳӣ баргузор гардиданд.
Бо мақсади ҷамъбасти фаъолият ва муайян намудани самтҳои фаъолияти бахш дар соли 2014 санаи 29 январи соли равон дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд маҷлиси ҷамъбастии Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Хуҷанд баргузор гардид. Дар маҷлиси ҷамбасти муовини сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят Аҳмадхӯҷаев Қ ва кормандони зерсохтори бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, варзишгарон ва ҷавонони фаъоли шаҳр иштирок доштанд.
Аз рӯи рӯзномаи маҷлис маърӯзаи мудири бахш доир ба ҷамбасти фаъолияти Бахш дар соли 2014 маърӯза намуда, дар навбати худ аз тарафи сарварони мактабҳои варзишии бачагон ва наврасон мудирони шӯъбаҳои кор бо ҷавонони донишгоҳҳо ва маҳаллаҳо музокира намуданд.
Ҷиҳати татбиқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 январи соли 2015, «Дар бораи Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои Байналмилалии варзишӣ» санаи 15 январи соли равон вохӯрӣ бо кормандони беҳтарини соҳаи варзиш, мураббиён ва варзишгарони беҳтарин баргузор гардид. Дар он сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд, кормандони ботаҷрибаи соҳаи варзиш оиди мӯҳтавои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан намуданд.
Ҳамзамон Рӯзи ягонаи ахбор дар мавзӯи «Натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳр дар соли 2014 ва вазифаҳо барои соли 2015» дар Муассисаҳои давлатии мактабҳои варзишии бачагон ва наврасони шаҳр баргузор гардид.
Бахшида ба 80-солагии устоди варзиш Ҳофизов Шариф Мӯминович санаи 13 январи соли равон конфронси илмӣ-амалӣ дар маҷлисгоҳи Раёсати донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров баргузор гардид. Дар он беш аз 180 нафар ҷавонон устодон ва аҳли пайвандон иштирок намуда, ба ҳаёт ва фаъолияти ин устоди варзиш ошно гардиданд.

Ҳамчунин санаи 13 январи сорли равон маҷлиси ҷамбастии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар соли 2014 ва вазифаҳо барои соли 2015 дар Маркази фарҳанг баргузор гардид. Дар он мудири Бахш оиди фаъолияти бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ маълумот дод.
Санаи 5 феврали соли равон Рӯзи ягонаи ахбор дар мавзӯи «Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон-ифодагри самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид. Рӯзи ягонаи ахбор дар мавзӯи мазкур дар муассисаҳои таълимӣ ва варзишии шаҳр гузаронида шуд.
Ҳамчунин вохӯри бо сокинони маҳаллаи дӯстии халқҳо доир ба мӯҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Бахшида ба  60-солагии зодрӯзи Устоди хизматнишондодаи варзиши ИҶШС, камонвар Зебунисо Рустамова, санаи 10 феврали соли равон вохӯрии ҷавонону варзишгарон бо Устоди хизматнишондода дар толори китобхонаи вилоятӣ баргузор гардид.
Бо мақсади фаҳмонидани мафҳуму муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаҳои 5 ва 11 феврали соли равон дар факултаҳои «Химия – биология» ва «Геоэкология» вохӯрӣ бо ҷавонон доир гардид. Дар вохӯрӣ беш аз 200 нафар ҷавонон иштирок намуда,  оид ба масъалаҳои бекорӣ, коҳиши муҳоҷирати меҳнатӣ, рушди иқтисодиёту иҷтимоиёти мамлакат, бекоршавии ақди никоҳ ва никоҳи хешутаборӣ ва пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ сухан карда шуд.
Бахшида ба эълон гардидани Соли 2015 – Соли Оила ва Рӯзи модар санаҳои 23 феврал то 6 марти соли равон тибқи нақшаи алоҳида дар факултаҳои Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров вохўриву мулоқотҳо доир ба мавзӯи «Маърифати оиладорӣ - калиди хушбахтӣ» баргузор гардиданд. Дар вохӯриву мулоқотҳо беш аз 800 нафар ҷавонон ҷалб карда шуда, доир ба татбиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба масъалаи мафҳум ва моҳияти эълон гардидани Соли 2015 – Соли Оила, баланд бардоштани маърифати оиладории љавонон баромадҳо карда шуданд.
Ҷиҳати беҳдошти тарбияи ватандӯстии ҷавонон, ҳурмату эҳтиром нисбати Артиши Миллӣ, санаи 11 феврали соли равон тибқи нақшаи якчояи Шуъбаи маориф, Комиссари ҳарбии шаҳри Хуҷанд Рӯзи дарҳои кушод дар қисми низомии 03377 баргузор гардид, ки дар он зиёда аз 200 нафар ҷавонони сини даъвати иштирок намуданд. Ҷавонон аз ҳаёт ва фаъолияти сарбозон, шароити хуби қисми низомӣ шинос гардиданд.
Тибқи нақшаи якҷояи бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Хуҷанд, комиссриати ҳарбӣ, шӯъбаи маориф ва Иттифоқи собиқадорони ҷанговарони интернатсиалистӣ бахшида ба Рӯзи Артиши Миллии Ҷумхурии Тоҷикистон санаҳои 13-14 феврали соли равон даври ниҳоии мусобиқаи ҳарбӣ-варзишии «Ҳомиёни ҷасури Ватан» байни хонандагони синфҳои болоии мактабҳои миёнаи умумӣ, литсей ва гимназияҳо баргузор гардид.
Мақсад аз баргузории чорабинии мазкур беҳдошти тарбияи ҳарбӣ-варзишии ҷавонон, бедор намудани ҳурмату эҳтиром нисбати Артиши Миллӣ, содиқона муҳофизат намудани диёри худ, омода ва қавӣ гардонидани ҷавонон аз чиҳати ҷисмонӣ, омодагии ҷавонон барои хизмат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санҷиши донишу малакаи касбии ҷавонон мебошад.
Тибқи низомномаи мусобиқаи ҳарбӣ-варзишии «Ҳомиёни ҷасури Ватан», дастаҳо аз мактабҳои таҳсилоти миёна умумӣ, литсей ва гимназияҳои шаҳр иштирок доштанд.
Ба мусобиқа беш аз 500 нафар ҷавонон ҷалб гардида, дар натиҷа дастаҳои гимназияи №13, МТҒ «П.Пӯлотов» сазовори ҷои якум, дастаҳои гимназияи №4, Литсейи донишкадаи политехникӣ сазовори ҷои дуюм ва дастаҳои МТМУ №14, МТҒ «Мактаби Иршод» сазовори ҷои сеюм гардиданд. Ғолибон бо ҷом, диплом ва тӯҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд қадрдонӣ карда шуданд.
Ҷиҳати тарбияи ватандӯстии насли ҷавон, санаи 21 феврали соли равон вохӯрӣ бо сарбозону афсарон таҳти унвони «Сарбозони шуҷои Ватан» дар Осорхонаи вилоятӣ баргузор гардид. дар он 50 нафар ҷавонони тосинни даъватӣ иштирок намуданд.
Ҳамчунин санаи 19 феврали соли равон дар муассисаҳои таълимӣ ва варзишии шаҳри Хуҷанд Рӯзи ягонаи ахбор дар мавзӯи «Хизмат дар сафҳои Артиши миллӣ, арзи виҷдон ва ҳаққи фарзандии ҳар як ҷавони далер аст» баргузор гардид.
Дар «Қасри љавонон» ба номи Лоиқ Шералии шаҳри Хуҷанд, санаи 22 феврали соли равон маҳфили хушдилон ва ҳозирҷавобони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо номи «Tajik-Шоу» баргузор гардид, ки дар он зиёда аз 600 нафар ҷавонон иштирок намуданд.

Дар доираи таҷлили 22-умин солгарди Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумхурии Тоҷикистон, санаи 19 феврали соли равон дар Гимназияи №4-и шаҳр чорабинии ҳарбӣ-варзишии «Ватанпарвар» байни ҷавонони то сини даъватӣ баргузор гардид. Дар озмуни ҳарби-варзишии «Ватанпарвар» синфҳои болоӣ иштирок намуданд.
Дар озмуни мазкур беш аз 150 нафар ҷавонон ҷалб карда шуда, ғолибон бо сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Ҳамчунин дар муассисаҳои таълимӣ ва варзишии шаҳр чорабиниҳои фарҳангӣ-варзишӣ бахшида ба 22-умин солгарди Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумхурии Тоҷикистон бо ҷалби бештари ҷавонону варзишгарон доир гардиданд.
Бахшида ба 22-умин солгарди Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумхурии Тоҷикистон вохӯрии ҷавонон бо собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳ ва хизматҷиёни ҳарбӣ, собиқадорони меҳнат дар мавзӯҳои «Артиши миллӣ – сипари бо эътимоди миллат», «22- солагии Артиши миллӣ», баргузор гардиданд.
Бо мақсади ҳифзи табиат, муҳити зист ва сарсабзу хуррам гардонидани кишвар ва дар асоси фармоиши Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 январи соли 2015, №6 «Дар бораи эълони Амалиёти умумиҷумҳуриявии 100 рӯзи ниҳолшинонӣ таҳти унвони «Ин Ватанро мо ҷавонон сабзу хуррам мекунем!», факсограммаи Кумита аз 23 феврали соли 2015, № 6.6/2-137-с ва дар арафаи рӯзи Интихоботи вакилони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллӣ, Амалиёти ниҳолшинонӣ зери унвони «Ин Ватанро мо ҷавонон сабзу хуррам мекунем!» баргузор гардид.
Аз ҷумла санаи 21 феврали соли равон дар Муассисаи давлатии «Мактаби варзишии бачагон ва наврасони №2»-и шаҳр, Амалиёти ниҳолшинонӣ бо иштироки беш аз 100 нафар ҷавонону варзишгарон доир гардида, беш аз 70 адад дарахтони сояаафкан ва 500 адад гули лола шинонида шуд.
Дар атрофи Муассисаҳои давлатии мактабҳои варзишии бачагон ва наврасони шаҳр дар маҷмӯъ аз беш аз 225 адад дарахтони сояафкан, мевадиҳанда, арча ва беш аз 850 адад гулҳои ороишӣ шинонида шуданд.
Ҳамзамон бо қарори Раиси шаҳр аз 14 январи соли 2015, №29 Барномаи шаҳрии «Соли 2015-Соли гулҳо» тасдиқ гардидааст. Тибқи Барномаи мазкур дар маҳаллаҳо, кӯчаҳо, биноҳо, муассисаҳо ва идораю ташкилотҳо корҳои ободонӣ, кабудизоркунӣ ва гулкорӣ идома дорад, ки дар он ҷавонон фаъолона иштирок намуданд.
Бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҷавонон ва эҳтироми фарҳанги миллӣ, санаи 15 феврали соли равон дар «Маркази фарҳанг»-и шаҳр маҳфили маърифати дар мавзӯи «Ташаккули фарҳангӣ, инсондӯстӣ ва таҳаммулпазирӣ дар байни ҷавонон» бо иштироки олим адабиётшинос Абдунабӣ Сатторзода баргузор гардид, ки дар он зиёда аз 80 нафар ҷавонон иштирок намуданд.
Ҳамчунин вохӯриву мулоқотҳо дар мавзӯъҳои «Мақоми васоити ахбори омма дар рушди ҷомеа», «Ифротгароии динию сиёсӣ ва пешгирии он, хурофоти динӣ, динситезӣ, зинаҳои таърихии ташаккул ва рушди андешаи миллӣ», «Низоми давлатдорӣ ва рукнҳои рушди институтҳои сиёсӣ, ҳадафҳои стратегии таъмини рушди Тоҷикистон» баргузор гардиданд.
Бо мақсади дастгирии занон ва духтарон, қадршиносӣ аз саҳми арзандаи онҳо дар ҳаёти ҷамъиятӣ, таъмини фаъолнокии минбаъдаи онҳо, таҳкими нақш ва мақоми занону духтарон дар ҷомеа Рӯзи Модар байни ҷавонону варзишгарони шаҳр ботантана таҷлил гардида, занони собиқадор ва фаъолу барӯманди соҳа табрик карда шуданд.
Тибқи супориши Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2015, №8.7/1-161-с ва бо мақсади беҳдошти фазои экологӣ ва ба роҳ монадни корҳои ободонӣ дар кишвар бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар доираи ҳашари умумиҷумҳуриявии ҷавонон таҳти шиори “Рушди туризми экологӣ” ҳашари умумишаҳрӣ бо иштироки фаъолонаи ҷавонон, варзишгарон баргузор гардид. Дар боғҳои фарҳангу фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ ва “Наврӯзгоҳ”, соҳили дарёи Сир ва дигар мавзеъҳои фароғатии шаҳр ҳашарчиён аҳлона меҳнат намуда, барои тоза намудани мавзеъҳои номбурда аз партов, алафҳои худрӯй, сафед намудани дарахтон саҳм гирифтанд. Дар ҳашари мазкур беш аз 1500 нафар ҷавонону варзишгарон иштирок намуданд.
Дар арафаи Наврӯзи ҳуҷастапай бо иштироки кормандони Хонаи ақди никоҳи шаҳри Хуҷанд бахшида ба Соли оила дар кумитаи маҳаллаи «Тиллоқон» дар шаҳри Хуҷанд маъракаи суманакпазӣ бо эҳдои анъанаҳои миллии хӯрокпазӣ, намоиши либосҳои миллӣ, ороиши як қисми хона бо ҷиҳозҳои миллӣ ва саҳначаи тарбиявӣ доир ба одоби оиладорӣ ва тарбияи хонаводагӣ баргузор гардид. Дар маҳфил  оилаҳои намунавии маҳаллаи мазкур иштирок намуда, аз таҷрибаи оиладорӣ ва рӯзғордорӣ ба ҷавонон нақл намуданд.
Бахшида ба Рӯзи байналмиллалии Оила бо иштироки 13 оилаҳои ҷавон ва оилаи намунавии шаҳри Хуҷанд маҳфил бо номи «Оила-маҳзани меҳру муҳаббат» бо ҳидояти аҳливу тифоқӣ ва устувор гардонидани пояи оила, пешгирии пошхӯрии оилаҳои ҷавон баргузор гардид.
Ҳамчунин Конференсияи илмӣ-адабӣ таҳти унвони «Ҷомеаи солим аз оилаи солим ва наслҳои солим ташаккул меёбад» дар толори мактаби таҳсилоти умумии «Иршод» баргузор гардид, дар он ҷавонони синфҳои болоӣ мактаби мазкур иштирок доштанд. Ҳамчунин маърӯзаи мутахассиси Хонаи ақди никоҳ оид ба оқибатҳои никоҳи хешутаборӣ ва солимии оилаҳои ҷавон шунида шуд.
Ҳамзамон дар байни ҷавонони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, донишгоҳи ДИС ДДТТ, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Хонаи ақди никоҳи шаҳри Хуҷанд сӯҳбатҳо оиди пешгирии никоҳи хешутаборӣ ва аз муоинаи тиббӣ гузаштани ҷавонон гузаронида шуд.
Тибқи қарори Раиси шаҳр «Дар бораи ба қайди ибтидоии ҳарбӣ гузаронидани шаҳрвандони соли таваллудашон 1999», ҷавонони синну солашон ба 16 расида дар комиссириати ҳарбии шаҳри Хуҷанд аз қайди ибтидоии ҳарбӣ гузаронида шуданд.
Бо мақсади эҳёи анъанаҳои миллии неки ниёгон, баланд бардоштани ҳисси худшиносиву худогоҳӣ, тарғиби расму оинҳо ва ҷашну маросимҳои мардумӣ, бо назардошти мақом ва нақши ҷашни Наврӯз силсила чорабиниҳои Наврӯзӣ, тантанаҳои идона, барномаҳои фарҳангӣ дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ ва варзишӣ бо иштироки кулли ҷавонону варзишгарони шаҳр баргузор гардид.
Дар доираи таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз ҷавонони маъюбу камбизоат ва ҷисман заиф аёдат ва табрик карда шуданд.
Бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз озмуни шеъри беҳтарин байни хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, литсеюу гимназияҳо ташкил ва гузаронида шуд.
Ҳамчунин дар тантанаҳои Наврӯзии боғи Камоли Хуҷандӣ, варзишгоҳи 20-солагии Истиқлолият, майдони чавгон, ки бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон доир гардид, ҷавонону варзишгарон сарҷамъона иштирок намуданд.
Тибқи иҷроиши қарори Раиси шаҳри Хуҷанд «Оид ба даъвати навбати шаҳрвандони солҳои таваллуди 1988-1997 ба хизмати ҳарбӣ моҳҳои апрел-май соли 2015» дар якчоягӣ бо комиссириати шаҳри Хуҷанд гусели даъватшавандагон ба сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.
Гусели нахустини 40 нафар ҷавонони ихтиёран ба сафи қувваҳои мусаллаҳ номнавис шуда, санаи 2 апрели соли равон дар назди муҷассамаи Исмоили Сомонӣ ва силсилафаввораҳо бо иштироки ҷавонон ва сарбозони қисми низомии 3501 ҚДВКД дар шаҳри Хуҷанд. Барои ҷавонони ихтиёран ба сафи қувваҳои мусаллаҳ номнавис шуда либосҳои варзишӣ ва маводҳои гигиенӣ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд тақдим гардид.
Ҳамчунин собиқадорони ҷангу меҳнат ва падару модарони даъватшудагон бо баромадҳои худ ҷавонони ихтиёран ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ номнавис гардидаро табрик намуданд.
Бахшида ба таҷлили Соли Оила санаҳои 1-10 апрели соли равон давраи якуми интихобии довталабон барои иштирок дар озмуни анъанавии «Маликаи сол» - 2015 гузаронида шуда, 6 нафар ҷавондухтарони беҳтарин интихоб гардиданд.
Тибқи наќша-чорабинии Коллељи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ѓафуров санаи 10 апрели соли равон  маҳфили адабӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «Оила шаҳболи хушбахтӣ» дар толори коллеҷ баргузор гардид. Дар маҳфил ҷавонони фаъоли коллеҷ иштирок намуда, оид ба татбиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахшида ба таҷлили Соли оила баромадҳо карда шуданд.

Ҳамчунин дар коллеҷи мазкур санаи 17 апрели соли равон мизи мудаввар дар мавзўъи «Маърифати оиладории љавонон» бо иштироки равоншинос номзади илмҳои психологӣ дотсент Мансурова А.Р. ва ҷавонони фаъоли коллеҷ баргузор гардид.
Ҷиҳати пешгири намудани наврасону ҷавонон аз ҳодисаҳои номатлуб, оворагардӣ, санаи 13 апрели соли равон якчоя бо шуъбаи кор бо занон ва оила, шуъбачаи пешгрии ҳуқуқвайронкунии байни ноболиғон ва ҷавонон рейдҳои муштарак дар маркази дилхушкуни баргузор гардида, сӯҳбатҳо ва корҳои фаҳмондадиҳӣ дар самти пешгирии оворагардии онҳо гузаронида шуданд.
Бо мақсади дастгирии ҷавонони фаъолу лаёқатманд, санаи 16 апрели соли равон озмуни идрорпулии Раиси шаҳри Хуҷанд дар мактаб интернати ёрирасони шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, ки дар озмуни мазкур 77 нафар довталаб, ки аз ҷониби шӯъбаи маорифи шаҳр, омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ ва шӯроҳои илмии донишҷӯёни коллеҷу донишгоҳҳои олии пешниҳод гардиданд, иштирок накарданд. Озмун дар ду баст: иншо ва саволу ҷавоб ба таври тестӣ гузаронида шуда, дар натиҷа 60 нафар ҷавонони фаъолу барои гирифтани идрорпулии Раиси шаҳри Хуҷанд пешниҳод карда шуданд.
Тибқи дастури Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 18 апрели соли равон мулоқот бо иштироки Одинаева Бунафша муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мирозода Азизулло Файз муовини Раиси Кумита оид ба дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Назарзода намояндаи вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори «Маркази фарҳанг»-и шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, ки дар он ҷавонону варзишгарони шаҳр низ иштирок доштанд. Дар мулоқоти мазкур бобати пешгирии ҷинояткории ва шомил шудани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиу терористӣ ва тарзи либоспӯшӣ баромадҳо карда шуданд.

Санаи 22 апрели соли равон дар толори маҷлисгоҳи «Варзишгоҳи ба номи 20 - солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд ва сохторҳои амудии он давоми семоҳаи якуми соли 2015 баргузор гардид.
Ҳамчунин санаи 22 апрели соли равон дар толори маҷлисгоҳи «Касри варзиш»-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки намояндагони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сармутахассисони бахшҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳру ноҳияҳо, семинар оиди ҳуҷҷатгузорӣ баргузор гардид.
Ҷиҳати татбиқи Ûонуни Ҷум³урии Тоæикистон «Дар бораи æавонон ва сиёсати давлатии æавонон», қарори Раиси вилояти Суғд аз 30 апрели соли 2015, № 221 «Дар бораи таҷлили  Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар вилояти Суғд таҳти шиори «Ҷавонон давомдиҳандагони ҳадафҳои олии кишвар!»» ва бо мақсади дар сат³и баланди сиёсиву фар³ангö, оммавию варзишӣ, тарбиявию ахлоқӣ таæлил  намудани Рӯзи æавонони Тоæикистон дар шаҳри Хуҷанд, қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз 6 майи соли 2015, №340 ба тавсиб расид.
Тибқи нақша-чорабиниҳои қарори мазкур як қатор чорабиниҳо бахшида ба таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардиданд.
Аз ҷумла санаи 2 майи соли равон шанбегии умумишаҳрии ҷавонон барои беҳдошти фазои экологӣ доир гардид. Дар шанбегии мазкур беш аз 5000 нафар ҷавонон иштирок намуда, кӯчаву хиёбонҳо, мавзеъҳои истироҳатӣ аз партовҳо ва алафҳои худрӯй тоза карда шуданд.
Ба муносибати 70-солагии Иди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва таҷлили Рӯзи æавонони Тоæикистон, санаи 4 майи соли равон бо ташаббуси Шӯрои собиқадорони ҷанговарони интернатсиалисти вилоят ва шаҳр, бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Хуҷанд маҳфили идона бо иштироки собиқадорони ҷангу меҳант ва ҷанговарони интернатсионал дар Боғи Ирам баргузор гардид.
Дар маҳфили мазкур роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, консули Федератсия Россия дар шаҳри Хуҷанд, Раисони Шӯрои собиқадорони ҷанговарони интернатсиалисти вилоят ва шаҳр, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ,  ҷанговарони интернатсиалистӣ ҷавонони фаъол иштирок доштанд.
Барои иштирокчиён барномаи тарбиявӣ-фарҳангӣ бахшида ба 70 соагии Иди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо иштироки ҷавонони мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №29–и шаҳри Хуҷанд пешкаш карда шуда, собиқадорони ҷангу меҳант ва ҷанговарони интернатсионал бо медал ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.
Бахшида ба 70-солагии Иди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ санаи 6 майи соли равон вохӯрии ҷавонон бо иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар толори осорхона таърихии вилояти Суғд баргузор гардид. Дар он беш аз 60 нафар ҷавонони фаъоли шаҳр иштирок доштанд.
Бо мақсади татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълим ва тарбияи фарзанд”, тарғиби тарзи ҳаёти солим байни ҷавонон, пешгирии ҷинояткорӣ ва падидаҳои номатлуб санаҳои 4-7 майи соли равон дар Муассисаҳои таълимии шаҳр дар сафороии пагоҳирӯзӣ мулоқотҳо доир гардиданд. Аз ҷумла дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки мудири Бахш мулоқот баргузор гардид.
Тибқи иҷроиши қарори Раиси шаҳри Хуҷанд «Оид ба даъвати навбати шаҳрвандони солҳои таваллуди 1988-1997 ба хизмати ҳарбӣ моҳҳои апрел-май соли 2015» дар якчоягӣ бо комиссириати шаҳри Хуҷанд нақшаи гусели даъватшавандагон ба сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 8 майи соли равон ба иҷро расида, 160 нафар ҷавонон ба сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон номнавис гардиданд.

Ҷиаҳти беҳдошти тарбияи ватандӯстии ҷавонон санаи 11 майи соли равон Фестивал - озмуни вилоятии сурудҳои ватанпарас-тонаи «Суруди сарбоз» дар Маркази ҷавонон ба номи Лоиқ Шералӣ баргузор гардид. Дар он беш аз 400 нафар ҷавонону сарбозон иштирок доштанд.
Бахшида ба таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, Соли оила ва Рӯзи байналмилаии ҳамширагони тиб дар якҷоягӣ бо Муассисаи таълимии коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд санаи 12 майи соли равон озмуни Ҳамшираи шафқати беҳтарин ташкил ва гузаронида шуд. Дар озмун мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳр, омӯзгорони Муассисаи таълимии коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ва беш аз 200 нафар ҷавонон иштирок доштанд.
Мақсад аз барузории озмун ин баланд барлоштани савияи донишиандӯзии ҷавонон, мустаҳкам намудани дӯстии ҷавонон, татбиқи тарзи ҳаёти солим байни ҷавонон мебошад.

Дар натиҷа дастаи Ворисони Сино сазовори ҷои якум ва дастаи Флоренс Найтингейл сазовори ҷои дуввум гардиданд.

Бо мақсади беҳдошти тарбияи ватандӯстии ҷавонон, ҳурмату эҳтиром нисбати Ватан-Модар, санаи 13 майи соли 2015 дар қисми ҳарбии 3501-и ҚДВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Рӯзи дарҳои кушод ва барномаи фарҳангӣ доир гардид. Барои сарбозон лавозимоти гигиенӣ  ва тӯҳфаҳои хотиравии Раиси шаҳр қадрдонӣ карда шуданд.
Ҳамчунин ҷавонон аз ҳаёт ва фаъолияти сарбозон, шароити хизмат огоҳ гардида, барои ихтиёран ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон номнавис гардидан, пешниҳодҳои мушаххас баён намуданд.
Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва тарғиби ҳаёти солим санаи 12 майи соли равон марафони варзишии ҷавонон бо унвони «Ҷавонон ҷонибдори тарзи ҳаёти солим» аз шаҳри Хуҷанд оғоз ёфт. Ба ин муносибат дар пояи Парчами Миллӣ расми гусели 6 нафар варзишгарон бо иштироки зиёда аз 100 нафар ҷавонони маркази вилоят ва масъулини мақомоти маҳаллӣ доир гардид.
Ҷиҳати эҳёи ҳунарҳои миллӣ, санаи 14 майи соли равон дар Коллеæи ом¢згории шаҳри Хуҷанд маҳфили маркази таълимии ҳунаромӯзӣ ифтитоҳи гардид. Дар расми ифтитоҳи маҳфили таълимии ҳунаромӯзӣ муовини раиси вилоят Назира Ғаффорӣ,  муовини раиси ша³ри Хуæанд Бурҳонзода Умеда  ва дигар меҳмонони фахрӣ ширкат варзиданд.
Бо мақсади дастгирии ҷавонони маъюбу камбизоат дар арафаи таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд санаи 15 майи соли равон, 10 нафар ҷавонони маъюбу камбизоат ва имконияташон маҳдуди шаҳр бо маводҳои озуқа аёдат ва табрик карда шуданд.
Бахшида ба таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ва бо мақсади бо ҷои корӣ таъмин намудани шаҳрвандон санаи 15 майи соли равон ярмаркаи ҷойҳои холи корӣ дар мавзеи регистон бозори Панҷшанбе баргузор гардид. Дар ярмаркаи мазкур ҷавонон ва варзишгарон низ фаъолона ширкат намуда, соҳиби ҷои кор гардиданд.
Тибқи нақшаи кории Коллеҷи омӯзгории шаҳри Хуҷанд санаи 18 майи соли равон конфронси илмӣ-амалӣ бо номи “Ҷилваҳои ҷавонӣ” ба муносибати зодрўзи Лоиқ Шералӣ дар толори китобхонаи Коллеҷи омўзгорӣ баргузор гардид. Дар конфронси мазкур ҷавонони фаъоли коллеҷ, устодони кафедраи забон ва адабиёт ва усули таълими он иштирок намуда аз ҳаёт ва шеърҳои Лоиқ Шералӣ ёдоварӣ намуданд.
Бахшида ба таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон санаи 19 майи соли равон вохӯри бо ҷавонони фаъоли шаҳр бо намояндаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуров Ҷалолиддин дар МТМУ №5 баргузор гардид. Дар ин вохӯрӣ беш аз 150 нафар ҷавонони фаъоли шаҳр иштирок намуданд. Намояндаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуров Ҷалолиддин ҳозиринро бо таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон табрик намуд. Дар охир ҷавонони фаъол бо сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Бо мақсади эҳё намудани анънаҳои Миллӣ, тарбияи маънавию эстетики ҷавонон, эҳтиром ва муҳаббат нисбат ба зан, ҳусну ҷамол, тарзи муомилаву завқи либоспушӣ, мустаҳкам намудани тарбияи зебопарастии ҷавонон, санаи 19 майи соли 2015 озмуни анъанавии шаҳрии «Маликаи сол 2015» бахшида ба таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ва Соли оила дар тарабхонаи «Шоира-Люкс» ташкил ва гузаронида шуд.
Дар озмун 6 нафар ҷавон духтарон иштирок намуда, аз рӯи 6 шарт байни ҳам қувваозмоӣ намуданд. Шартҳои озмун ин намоиши либоси миллӣ ва шиносоӣ, намоиши сару либосҳои ҳаррӯза, Изҳори муҳаббат (ба модар, падар, устод, маъшуқ, ватан), намоиши либоси ҷашнӣ, ҳунарномои дар ҷодаи саънат (ракс, хондани суруд ё шеър) Намоиши либоси базмӣ - арӯсӣ иборат буд.
Дар натиҷа донишҷӯи курси 2-уми донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Убайдуллоева Мавзунахон Маликаи сол-2015 интихоб гардид.
Ҷиҳати иҷроиши қарори Раиси шаҳр аз 6 майи соли 2015, №340 санаҳои 19-21 майи соли равон Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар ташкилоту муассисаҳои давлатию ҷамъиятӣ, таълимӣ ва кумитаҳои маҳаллаҳои шаҳр таҷлил карда шуд.
Тибқи нақшаи чорабиниҳои таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷкистон дар шаҳри Хуҷанд намоиши ҳунарҳои дастии ҷавондухтарон ва ихтирокорони ҷавон таҳти
Санаи 20 майи соли равон Рӯзҳои ҷавонони Тоҷикистон дар майдони назди театри мазҳака-мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ бо консерти идона ҷамбаст гардид. Дар оғоз ба 60 нафар муҳассилини беҳтарини муассисаҳои таълимии миёна, миёнаи махсус ва олӣ стипендияи Раиси шаҳрро, ки тариқи озмун ҳамсола интихоб карда мешаванд, ботантана супорида шуд. Қайд намудан ҷоиз аст, ки имсол маблағи стипендияи Раиси шаҳр 900 сомониро ташкил дода, ҳамсола он зиёд мегардад. Баъдан консерти ҳунармандони шинохтаи кишвар Нигина Амонқулова, Ҳасан Камол, Гуласал Пулодова, гурӯхи Ҳунарии «Садои Суғд» бо роҳбарии Ҳунарманди маъруф Анвар Қосимов ва гурӯҳҳои рақсии «Парниён» ва «Зебо» ин чорабиниро шаҳомати хоса бахшид. Дар чорабинии мазкур беш аз 15000 нафар шаҳрвандон иштирок доштанд.
Дар тантанаи ҷамбастии Рӯзҳои ҷавонони Тоҷикистон дар вилояти Суғд, ки санаи 23 майи соли равон ки дар Амфитеатри Қасри Арбоби ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баргузор гардид, беш аз 3000 нафар ҷавонони шаҳр иштирок намуданд.
Бахшида ба Рӯзи байналмилали ҳифзи кӯдакон, санаи 1 июни соли равон чорабинии фарҳангӣ дар Боғи Камоли Хуҷандӣ баргузор гардид, ки дар ҷавонону варзишгарони шаҳри Хуҷанд фаъолона иштирок намуданд. Дар ин рӯз намоиши намудҳои варзишӣ аз қабили намудҳои футбол, тенниси рӯи миз, дастхобонӣ, аргамчинкашӣ, ушу ва шашкаю шоҳмот ва намоиши туристӣ ташкил карда шуданд.
Бо мақсади пешгирии ҷиноятсодиркунӣ, шомилшави шаҳрвандон баа гурӯҳҳои терористию эктримистӣ, санаи 3 июни соли равон вохӯрӣ бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Коҳи Рӯдакӣ баргузор гардид, ки дар он ҷавонону варзишгарон низ фаъолона иштирок намуданд.
Тибқи супориши Роҳбари дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, санаи 5 июни соли равон аксия чорабинӣ бахшида ба таҷлили Иди байналмилалии Оила дар толори Маркази фарҳангии шаҳри Хуҷанд баргузор гардид. Дар аксия-чорабинии мазкур зиёда аз 250 нафар хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ донишҷӯёни донишгоҳҳои олӣ варзишгарон ҷавондухтарони Кумитаи маҳаллаҳо иштирок намуданд.
Бо максади таквият бахшидан ба корхои ободкориву созандагӣ, тозаю обод гардондани кӯчаву рохравхо хиёбону сайргоххо, соҳили дарёи санаи 6 июни соли равон шанбегии соҳил гузаронида шуд. Дар шанбеги ҷавонону варзишгарон иштирок намуда, соҳили дарёи «Сир» аз партовҳо, ифлосиҳо ва алафҳои худрӯй тоза карда шуданд.
Дар асоси мактуби Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 майи соли 2015, бобати иҷроиши Баронмаи рушди туризм барои солҳои 2015-2017 ва нақша-чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди туризми дохилӣ, санаҳои 5-7 июни соли равон дар шаҳру ноҳияҳои Варзоб, Душанбе, Восеъ ва Кӯлоб туризми дохилӣ баргузор гардид. Дар он ҷавонони фаъол, болаёқат ва гирандагони стипендияи Раиси шаҳр иштирок намуданд.
Бахшида ба таҷлили Рӯзи Ваҳдаи миллӣ ва љашни 70- солагии сармуаллими коллеҷи омӯзгории шаҳри Хуҷанд Курбонов Муҳамадљон санаи 9 июни соли равон маҳфили илмию фарҳангӣ таҳти унвони «Сафобахшанда маърифат» дар толори коллељ баргузор гардид. Дар маҳфили мазкур ҷавонони фаъоли коллеҷ сарҷамъона иштирок доштанд.
Ҳамчунин санаи 10 июни соли равон мизи мудаввар бахшида ба ҳимояи оила ва кӯдакони муҳоҷирони меҳнатӣ, ки дар Тоҷикистон истиқомат мекунанд дар толори қаҳвахонаи Хушбахтӣ баргузор гардид. Дар он ҷавонони фаъоли шаҳри Хуҷанд ва мудири Бахш иштирок доштанд.
Тибқи иҷроиши қарори Раиси вилояти Суғд аз 7 майи соли 2015, № 233 «Дар бораи баргузор намудани Фестивали дӯстии ҷавонон бахшида ба таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ», санаи 15 июни соли равон Фестивали дӯстии ҷавонон бахшида ба таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.
Тибқи Барномаи Фестивал қабули иштирокчиёни Фестивал дар назди муҷассамаи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бо иштироки Раиси шаҳр ва гузоштани гулчанбар баргузор гардид. Дар Фествал 300 нафар ҷавонон аз Федератсия Россия, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва шаҳру навоҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок доштанд.
Дар доираи Барномаи Фестивал меҳмонон аз маркази таълимии «Шероз», муассисаи давлатии «Маҷмаааи ҳавзҳои шиноварӣ», муассисаи давлатии «Варзишгоҳи 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон», «Қасри варзиш» ва «Майдони чавгон» дидан намуданд.
Ҳамчунин меҳмонон дар гулбазми ҷавонӣ, ки дар «Боғи Ирам» бо иштироки Раиси шаҳр баргузор гардид иштирок намуданд.
Бо мақсади тарғиби фарҳанги зебоипаратӣ, рӯзғордорӣ ва корҳои ободониву созандагӣ ва иҷроиши қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз 9 июни соли 2015, №413 «Дар бораи ташкил ва гузаронидани Фестивали «Гулҳо» ва «Оши палав»», санаи 16 июни соли равон Фестивали «Гулҳо» ва «Оши палав» дар муассисаи давлатии «Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» баргузор гардид. Дар он ҷавонону варзишгарони шаҳр фаолона иштирок доштанд. Ҳамчунин иштирокчиёни Фестивали дӯстии ҷавонон дар Фестивали «Гулҳо» ва «Оши палав» иштирок намуданд.
Ҳамчунин санаи 18 июни соли равон вохӯрӣ бо сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд оид ба фарҳанги либоспӯши дар бозорҳо марказҳои савдо ва муасиссаҳои шаҳр баргузор гардид. Дар ин вохӯрӣ мудири бахш сарварони мактабҳои варзишӣ ҷавонони фаъоли шаҳр иштирок намуданд.
Дар асоси нақшаи якҷоя бо комиссириати ҳарбии шаҳр санаи 18 июни соли равон Рӯзи дарҳои кушод ва аёдати сарбозон аз тарафи волидайн дар қисмҳои низомии 3501 шаҳри Хуҷанд ва қисми низомии 14356 ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баргузор гардид.
Ҷиҳати амали намудани нақша-чорабиниҳои Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015 дар шаҳр Хуҷанд, дар давраи ҳисботи 74132 (ҳафтоду чор ҳазору як саду сию ду) сомонӣ аз буҷети маҳаллӣ ҷудо гардид.
Баҳри рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, ҷалби васеи омма ба варзиш ва тарзи ҳаёти солим санаҳои 4 то 22 январи соли 2015 тибқи тақвими чорабиниҳои варзиши соли 2015 дар майдони футболбози «Лочин»-и шаҳри Хуҷанд мусобиқаи варзишӣ оид ба футбол барои дарёфти мукофоти ширкати сохтмони «Равзана» байни наврасони соли таваллудашон 1997-1998, 1999-2000 ва 2001-2002 бахшида ба таътили зимистона баргузор гардид. Дар ин мусобиқа беш аз 480 нафар варзишгарони наврас  ҷалб карда шуданд. Дар натиҷа байни дастаҳои «Садаф»-и шаҳри Хуҷанд, «Суғдиён»-и шаҳри Чкалов, «МДМБВН №2»-и шаҳри Хуҷанд, «Ҷавони»-и ноҳияи Ҷаббор Расулов, «Равзана»-и шаҳри Хуҷанд ва ҷои сеюм дастаи «Меҳнатобод»-и ноҳияи Зафаробод ғолибони мусобиқа дониста шуданд.
Баҳри рушди футбол, ҷалби васеи омма ба варзиш ва тарзи ҳаёти солим тибқи нақша санаҳои 5 то 26 январи соли равон мусобиқаи анъанави шаҳри Хуҷанд оид ба футбол байни бачагон ва наврасони солҳои таваллудашон 1998-1999, 2000-2001 ва 2002-2003 барои дарёфти мукофоти «Бойчечак-2015» дар майдони варзишии Муассисаи давлатии «Мактаби варзишии бачагон ва наврасони №1»-и шаҳри Хуҷанд гузаронида шуд. Дар мусобиқаи мазкур беш аз 550 нафар варзишгарони наврас ҷалб карда шуданд. Байни наврасони солҳои таваллудашон 2002-2003 сазовори ҷойи якум дастаи «Лининг», сазовори ҷойи дуюм дастаи «Шарора» ва сазовори ҷойи сеюм МТМУ №14 гардиданд. Байни наврасони солҳои таваллудашон 2000-2001 сазовори ҷои якум дастаи «Лининг», сазовори ҷои дуюм дастаи «МТМУ №14» ва сазовори ҷои сеюм дастаи «Шарора» гардиданд. Байни наврасони солҳои таваллудашон 1998-1999 сазовори ҷои якум дастаи «Гимназияи №4», сазовори ҷои дуюм дастаи «Лининг» ва сазовори ҷои сеюм дастаи «МТМУ №25» гардиданд.
Тибқи фармоиши Бахш аз 2 январи соли 2015, № 02  бахшида ба таътили зимистона санаҳои 6-27 январи соли равон спартакиадаи мактаббачагони шаҳри Хуҷанд аз рӯи намудҳои варзишии волейбол (писарон ва духтарон), баскетбол (писарон ва духтарон), шашка (писарон ва духтар), шоҳмот (писарон ва духтарон), тенниси рӯи миз (писар ва духтар), варзиши сабук (писар ва духтар), бадминтон (писар ва духтар) ва дастхобонӣ (писар ва духтар) ташкил ва гузаронида шуд.
Дар спартакидаи мазкур 415 нафар наврасону ҷавонон аз онҳо 265 нафар писарон ва 150 нафар духтарон ҷалб гардиданд.
Ҷамбасти спартакиада санаи 27 январи соли равон дар толори варзишии МТМУ №17 баргузор гардида дар натиҷа аз рӯи намудҳои варзишии сазовори ҷои якум дастаи МТМУ №20, сазовори ҷои дуюм дастаи МТМУ №22 ва сазовори ҷои сеюм дастаи МТМУ № 8 гариданд.
Дар мусобиқаи вилояти оид ба варзиши сабук, км санаҳои 9-10 январи соли равон дар варзишгоҳи шаҳраки Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баргузор гардид, дастпарварони шаҳр низ иштирок намуда, сазовори ҷойҳои дуюм ва сеюм гардиданд.
Мусобиқаи кушоди шаҳри Хуҷанд оид ба намуди варзиши чавгонбозӣ байни писарон ва духтарон, санаи 18-25 январи соли равон дар майдони чавгонбозӣ доир гардид. Дар мусобиқаи мазкур беш аз 80 нафар варзишгарон иштирок намуда, дастаи Хуҷанд сазовори ҷои аввал, дастаи Медведи сазовор ҷои дуюм ва дастаи Сирдаё сазовори ҷои сеюм гардиданд.
Дар доираи таътили зимистона, санаи 29 январи соли равон мусобиқаи варзишӣ оид ба намуди тенниси рӯи миз байни наврасону ҷавонон ташкил ва гузаронида шуд. Дар он беш аз 30 нафар наврасону ҷавонон иштирок намуда, дар натиҷа 3 нафар сазовори ҷои якум, 3 нафар сазоври ҷои дуюм ва 3 нафар сазовори ҷои сеюм гардиданд.
Ҳамчунин санаҳои 24-25 январи соли равон дар толори «Чашнӣ»-и шаҳри Хуҷанд чемпионати кушоди шаҳри Хуҷанд оид ба каратэ-до байни наврасон, ҷавонон ва бонувон баргузор гардид. Дар он 16 даста дар маҷмӯъ 362 нафар варзишгарон иштирок намуданд. Дар натиҷа дар ҳайати даставӣ, дастаи Хуҷанд сазовори якум гардида, 22 адад медали тилло, 14 адад медали нуқра ва 24 адад медали биринҷӣ ба даст овард.
Дар мусобиқаи байналмилалии ҷоми «Кейхатсу» оид ба каратэ-до, ки санаҳои 23-25 январ дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор гардид 5 нафар варзишгарони шаҳри Хуҷанд иштирок намуда, Исмоилов Дилшодхӯҷа сазовори ҷои 2-юм ва Қамбаров Валиҷон сазоврои ҷои гардид.
Бахшида ба 22-умин солгарди Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумхурии Тоҷикистон, санаи 17 феврали соли равон мусобиқаи шаҳри Хуҷанд оид ба намуди гӯштини тарзи озод байни наврасони синну соли 1999-2005 дар толори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров баргузор гардид. Дар мусобиқа беш аз 100 нафар наврасони гӯштингир аз рӯи 12 вазн иштирок намуданд. Дар натиҷа 12 нафар сазовори ҷои якум, 12 нафар сазовори ҷои дуюм ва 22 нафар сазовори ҷои сеюм гардиданд.
Ҳамчунин санаи 18 феврали соли равон мусобиқаи шаҳри Хуҷанд оид ба намуди гӯштини дзюдо байни наврасони синну соли 1998-2000 дар толори МТМУ №21-и шаҳри Хуҷанд доир гардид. Дар он беш аз 70 нафар варзишгарони наврас аз рӯи 9 вазн иштирок доштанд. Дар натиҷа 9 нафар сазовори ҷои якум, 9 нафар сазовори ҷои дуюм ва 18 нафар сазовори ҷои сеюм гардиданд.
Бахшида ба 22-умин солгарди Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумхурии Тоҷикистон, санаи 19 феврали соли равон, мусобиқаи варзишӣ оид ба намуди гӯштини юнонӣ-румӣ байни наврасони синну соли 1999-2005 дар толори варзишии ЛКП шаҳри Хуҷанд доир гардид. Дар мусобиқаи мазкур зиёда аз 60 нафар гӯштингирони наврас аз рӯи 12 вазн иштирок намуданд. Варзишгарон дар вазнҳои алоҳида ба чунин натиҷаҳо ноил гардиданд. 12 нафар сазовори ҷои аввал, 12 нафар сазвори ҷои дуюм, 22 нафар сазовори ҷои сеюм гардиданд.
Ҳамчунин санаи 20 феврали соли равон мусобиқаи варзишӣ оид ба намуди гӯштини самбо байни наврасони синну соли 1998-1999 дар толори варзишии «Тоҷителеком»-и шаҳри Хуҷанд доир гардид. Дар он беш аз 200 нафар варзишгарони наврас аз рӯи 9 вазн иштирок доштанд. Дар натиҷа 9 нафар сазовори ҷои якум, 9 нафар сазовори ҷои дуюм ва 18 нафар сазовори ҷои сеюм гардиданд.
Бахшида ба 22-умин солгарди Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумхурии Тоҷикистон, санаи 21-22 феврали соли равон, мусобиқаи варзишӣ оид ба намуди гӯштини камарбандӣ дар толори Гимназияи №24-и шаҳри Хуҷанд байни наврасони синну соли 1998-2000 ва 2000-2001 баргузор гардид. Дар он беш аз 60 нафар варзишгарони наврас аз рӯи 9 вазн иштирок доштанд. Дар натиҷа 9 нафар сазовори ҷои якум, 9 нафар сазовори ҷои дуюм ва 18 нафар сазовори ҷои сеюм гардиданд.
Ҳамчунин санаи 21-22 феврали соли равон, мусобиқаи варзишӣ оид ба намуди гӯштини миллӣ байни наврасони синну соли 1998-2000 ва 2000-2001 дар толори варзишии «Тоҷиктелеком» баргузор гардид. Дар он беш аз 60 нафар варзишгарони наврас аз рӯи 9 вазн иштирок доштанд. Дар натиҷа 9 нафар сазовори ҷои якум, 9 нафар сазовори ҷои дуюм ва 18 нафар сазовори ҷои сеюм гардиданд.
Дар доираи таҷлили 22-умин солгарди Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумхурии Тоҷикистон, санаи 20 феврали соли равон мусобиқаи варзишӣ оид ба намуди шашка байни наврасони синну соли 1997-2000 баргузор гардид. Дар он 22 нафар наврасон иштирок намуда, дар натиҷа 1 нафар сазовори ҷои якум, 1 нафар сазовори ҷои дуюм ва 1 нафар сазовори ҷои сеюм гардиданд.
Бахшида ба 22-умин солгарди Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумхурии Тоҷикистон, санаи 22 феврали соли равон мусобиқаи варзишӣ оид ба тенниси рӯи миз байни наврасони синну соли 2000-2003, 2004 ва хурд баргузор гардид. Дар он беш аз 30 нафар наврасон иштирок намуда, дар натиҷа 1 нафар сазовори ҷои якум, 2 нафар сазовори ҷои дуюм ва 2 нафар сазовори ҷои сеюм гардиданд.
Бо мақсади тарғибу ташвиқи шоҳмот ҳайни омма, баланд бардоштани маҳорати варзишӣ ва мустаҳкам намудани алоқи дӯстӣ байни маҳаллаҳо ва шаҳрвандон, санаи 21 феврали соли равон мусобиқаи шаҳри Хуҷанд оид намуди шоҳмот байни сокинони маҳаллаҳо, ташкилоту корхонаҳо дар ҷойхонаи «Сирдарё» баргузор гардид. Дар он 24 нафар шоҳмотбозон иштирок намуда, дар натиҷа 2 нафар сазовори ҷои якум, 2 нафар сазовори ҷои дуюм ва 2 нафар сазовори ҷои сеюм гардиданд.
Ҳамчунин санаи 17 феврали соли равон мусобиқаи варзишии вилоятӣ оид ба намуди варзиши сабук байни наврасони синну соли 1996-1998 дар ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баргузор гардид. Дар он варзишгарони шаҳр иштирок намуда, дар натиҷа 2 нафар сазовори ҷои якум, 1 нафар сазовори ҷои дуюм, 1 нафар сазовори ҷои сеюм гардиданд.

Варзишгарони шаҳр дар Чемпионати Осиё оид ба намуди каратэ кёкуншинкай, ки санаҳои  20-21 соли равон дар шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии исолмии Эрон  доир гардид, 2 нафар варзишгарони шаҳр намуданд.
Бахшида ба 22-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санаи 23 феврали соли равон мусобиқаи варзишӣ оид ба тирпаронӣ дар толори ТҶММ гузаронида шуд.
Ҳамчунин санаи 24 феврал мусобиқаи шаҳрӣ оид ба варзиши сабук дар варзишгоҳи «Спартак»-и шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, ки дар он зиёда аз 80 нафар варзишгарон иштирок доштанд.
Бахшида ба Рӯзи Модар санаи 6-7 марти соли равон баргузор намудани мусобиқаҳои варзишӣ аз рӯи намудҳои каратэ-до байни духтарони гурӯҳҳои Муассисаи давлатии мактаби варзишии бачагон ва наврасони №3-и шаҳри Хуҷанд ва мусобиқаи варзиши оид ба намуди волейбол байни духтарони факултаи тарбияи ҷисмонии донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров баргузор гардид.
Санаҳои 28-1 марти соли равон дар толори варзишии меҳмонхонаи «Фирӯз» тибқи нақшаи тақвими ҷорабиниҳои варзишии чемпионати кушоди шаҳри Хуҷанд оид ба Ушу байни наврасон, ҷавонон ва калонсолон баргузор гардид. Дар чемпионати мазкур 177 нафар варзишгарон иштирок намуда, дар натиҷа 43 нафар сазовори ҷои якум, 43  нафар сазовори ҷои дуввум, 38 нафар сазовори ҷои сеюм гардиданд.
Дар толори варзишии “Чашни”-и шаҳри Хуҷанд санаҳои 3-4 апрели соли равон мусобиқаи вилояти оид ба намуди ҷанги дасти байни наврасон, ҷавонон, калонсолон бонувон баргузор гардид, ки дар он варзишгарони шаҳри Хуҷанд низ фаъолона иштирок намуданд.
Тибқи дастури Раиси вилояти Суғд мӯҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ ҳангоми баистифода супоридани майдони варзишии футболи хурд дар Муассисаи давлатии «Мактаби варзишии бачагон ва наврасони № 1» -и шаҳри Хуҷанд моҳи апрели соли равон мусобиқаи варзишӣ оид ба футболи хурд байни наврасони маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд, ки соли таввалудашон 2000-2002 барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Хуҷанд» баргузор гардид. Дар мусобиқаи мазкур дастаҳои футболбозони наврас аз 22 маҳаллаҳои шаҳр иштирок менамоянд.
Мақсад аз  ташкил ва гузаронидани мусобиқаи мазкур оммави гардонидаи намуди варзиши футбол байни наврасони маҳаллаҳо, пешгири аз қонунвайронкунӣ, ҷинояткорӣ, нашъамандӣ ва дигар ҳодисаҳои номатлуб мебошад.
Ҳамчунин варзишгарони шаҳри Хуҷанд мусобиқаи Чемпионати Осиё оид ба дастхобонӣ байни ҷавонон ва калонсолон, ки дар шаҳри анталияи Давлати Туркия, ки санаҳои 4 то 8 апрел баргузор гардид иштирок намуда 4 нафар ҷоизадори чемпионат  гардиданд.
Бо мақсади рушди намуди варзиши бокс санаҳои 17-19 апрели соли равон мусобиқаи шаҳри Хуҷанд оид ба бокс байни наврасон 2003 ва 2005 дар толори варзишии шаҳри Хуҷанд ташкил ва гузаронида шуд.
Дар ноҳияи Ашт санаи 22 апрели соли равон Чемпионати ноҳиявӣ оид ба намуди каратэ-до баргузор гардид, ки дар он дастпарварони шаҳри Хуҷанд иштирок намуда аз руи даставӣ сазовори ҷойи якум гардиданд.

Ҳамчунин санаи 24 апрели соли равонон дар варзишгоҳии «20 – солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» мусобиқа оид ба варзишии сабук байни наврасон баргузор гардид, ки дар он зиёда аз 100 нафар наврасон варзишгарон иштирок доштанд.
Ҳамчунин бахшида ба таҷлили Рӯзи æавонони Тоæикистон ва 70-солагии Иди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ мусобиқаи шаҳри Хуҷанд оид ба шоҳмот байни калонсолон дар боғи ба номи Камоли Хуҷандӣ баргузор гардид. Дар мусобиқаи мазкур 30 нафар дӯстдорони ин намуди варзиш иштирок намуданд. Мусобиқа ба таври инфиродӣ аз рӯи системаи даврӣ гузаронида шуд. Дар натиҷа Юлдошев Муҳаммадсобир сокини маҳҳаллаи Мевагул сазовори ҷои аввал, Исмоилов Собирҷон сокини маҳаллаи Қори Раҳмат Қурбонов сазовори ҷои дуввум ва Олимҷонов Маҳмудҷон сазовори ҷои севвум гардиданд.
Дар доираи таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва тарғиби ҳаёти солим санаи 12 майи соли равон марафони варзишии ҷавонон бо унвони «Ҷавонон ҷонибдори тарзи ҳаёти солим» аз шаҳри Хуҷанд оғоз ёфт. Ба ин муносибат дар пояи парчами миллӣ расми гусели 6 нафар варзишгарон бо иштироки зиёда аз 100 нафар ҷавонони маркази вилоят ва масъулини мақомоти маҳаллӣ доир гардид.
Бахшида ба таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон санаи 17 майи соли равон Рӯзи Дави миллӣ таҳти шиори «Ҷавонон ҷонибдори тарзи ҳаёти солим» баргузор гардид. Нақшаи Дави миллӣ аз назди маҷмааи ҳавзи шиноварӣ ба воситаи кӯчаи Сирдарё то назди Парчами миллии Тоҷикистон тасдиқ гардида, дар он беш аз 15000 нафар дӯстдорони варзиш иштирок намуданд. Ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли Дави миллӣ бо ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравии Раиси вилояти Суғд ва Раиси шаҳри Хуҷанд қадрдонӣ карда шуданд.
Ҳамчунин Санаи 19-уми майи соли 2015 дар маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» мусобиқаи шаҳрӣ оид ба шашкаи русӣ байни мактаббачагони шаҳри Хуҷанд, бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон гузаронида шуд. Дар ин мусобиқа зиёда аз 45 нафар наврасон иштирок намуданд, ки аз онҳо 15 нафарашон духтарон буданд.  Мусобиқа ба таври инфиродӣ ва  ба таври системаи олимпӣ гузаронида шуд. Дар натиҷа байни писарон ҷои 1 сазовори Ҳабибов Шарифҷон  хонандаи МТМУ №28, ҷои дуюм Сатторов Султонҷон хонандаи Гимназияи №1 ва ҷои сеюм Ҷӯраев Муйдин хонандаи МТМУ №28 гардид. Байни духтарон ҷои якум насиби Расулова Мадина хонандаи МТМУ №20, ҷои дуюм насиби Аҳмадҷонова Онаҷон хонандаи МТМУ №20 ва ҷои сеюм насиби Дадохӯҷаева Фирӯза  хонандаи МТМУ №20 гардид.
Ҷиҳати рушди варзиши намуди баскетбол санаҳои 18-21-уми майи соли 2015 дар МТМУ №20-и шаҳри Хуҷанд мусобиқаи шаҳри Хуҷанд оид ба баскетбол байни писарон ва духтарон, бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ташкил гузаронида шуд.  Дар ин мусобиқа байни писарон 9 даста ҳамагӣ 90 нафар писарон ва  байни духтарон 6 даста ҳамагӣ 60 нафар духтарон иштирок намуданд. Дар натиҷа байни писарон дастаи МТМУ №20 сазовори ҷои аввал, дастаи МТМУ №10 сазовори ҷои дуюм, дастаи МВБН №2 сазовори ҷои сеюм ва байни духтарон дастаи МТМУ №20 сазовори ҷои аввал, дастаи МВБН №2 сазовори ҷои дуюм, дастаи МТМУ №9 сазовори ҷои сеюм гардиданд.
Баҳри ҷалби ҷавонону наврасон ба варзиш ва тарзи ҳаёти солим, рушди соҳаи варзиш санаи 23-24 майи соли равон мусобиқаи кушоди шаҳри Хуҷанд оид ба тенниси рӯи миз бахшида ба таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ташкил ва гузаронида шуд. Дар мусобиқаи мазкур беш аз 60 нафар дӯстодорни ин намуди варзиш ҷалб карда шуда, ғолибон бо ифтихорномаҳо ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.
Дар майдони варзишии ба номи «Бобо Каримов»-и маҳаллаи «Раззоқ» мусобиқаи футбол байни маҳаллаҳо ва корхонаю муассисаҳои маркази вилоят баргузор гардид. Мусобиқаи мазкур таҳти сарпарастии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд доир гашта соли панҷум аст, ки он бо ташаббуси соҳибкорони маҳаллӣ ва дастгирии бахши ҷавонон варзиш ва сайёҳии шаҳри Хуҷанд гузаронида мешавад.
Дар мусобиқа дастаҳои футболбозон аз маҳаллаҳои шаҳр ва дастаҳои «Файзи Расул», «Ином Деҳқонов», «Шапарак», «Сехи қаннодии асалӣ» «Раҳмониён», «Автосервис» бо ҳам қувваозмоӣ намуда, дар натиҷаи дастаи «Бобо Каримов» сазовори ҷои якум гардид.
Ҷиҳати рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, ҷалби бештари ҷавонону наврасон ба варзиш алалхусус намуди варзиши футбол давоми моҳи майи соли равон мусобиқаи шаҳри Хуҷанд оид ба футбол барои дарёфти мукофоти «Тӯби чармин» байни синну солҳои 1998-1999, 2000-2001 ва 2002-2003 ташкил ва гузаронида шуд.
Бахшида ба таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон санаи 22-23 майи соли равон мусобиқаи кушоди варзишии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз рӯи намуди гӯштини юнони румӣ байни синну соли 1998-1999 ва хурд баргузор гардид. Дар ин мусобиқа варзишгарони шаҳри Хуҷанд 7 нафар сазовори ҷои якум, 3 нафар сазовори ҷои дуюм ва 11 нафар сазовори ҷои сеюм гардиданд.
Дар мусобиқаи вилоятӣ аз рӯи намуди гӯштини тарзи озод байни синну соли 1998-1999 ва хурд, ки снаи 20-22 майи соли равон дар шаҳри Чкалов баргузор гардид, 1 нафар сазовори ҷои дуюм ва 3 нафар сазовори ҷои сеюм гардиданд.
Ҳамчунин санаҳои 29 май то 1 июни соли равон дар шаҳри Турсунзода Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба каратэ-до баргузор гардид, ки дар ин мусобиқа зиёда аз 80 нафар варзишгарон аз шаҳру ноҳияиҳои Тоҷикистон иштирок намуданд варзишгарони мо ҷойҳои намоёнро ишгол намуданд.
Дар вилояти Хатлон шаҳри Қурғонтеппа санаҳои 29 май то 1 июни соли равон мусобиқаи кушоди вилояти Хатлон оид ба навмуди Таэквон-до (ВТФ) байни наврасон, ҷавонон ва калонсолон таҳти шиори «Як Супҳи Хатлон» баргузор гардид, ки дар мусобиқаи мазкур зиёда аз 100 нафар варзишгарон давлатҳои Авғонистон, Эрон ва аз Ҷумҳурии Қирғизистону Тоҷикистон иштирок намуданд дастпарварони шаҳри Хуҷанд 2 нафар ҷои якум, 3 нафар ҷои дуюм ва 5 нафар ҷои сеюмро ишғол намудан ва бо медалу ифтихорномаҳо қадрдони шуданд.
Баҳри рушди варзиши сабук санаи 30 майи соли равон дар толори варзишии Коллеҷи омӯзгории шаҳри Хуҷанд мусобиқаи варзиишӣ оид ба гимнастика байни наврасон бахшида ба таҷлили Рӯзи байналмилалии кӯдакон баргузор гардид.
Санаҳои 30-31 майи соли 2015 дар шаҳри Қайроққум Чемпионати вилояти Суғд оид ба каратэ-до баргузор гардид, ки дар он варзишгарони шаҳри Хуҷанд фаъолона иштирок доштанд.
Ҳамчунин санаҳои 4-5 июни соли равон дар майдони футболбози «Лоҷин»-и шаҳри Хуҷанд мусобиқаи футбол байни наврасони солҳои таваллудашон 2001-2002 барои дарёфти мукофоти мағозаи «Самсунг» баргузор гардид, ки дар он 8 даста иштирок намуданд ва дар натиҷа дастаи «Садаф» ҷойи якум, ҷойи дуюм дастаи «Сомониён» ва ҷойи сеюм дастаи «Ошоба» гаридид.
Бахшида ба таҷлили Рӯзи байналмилалии кӯдакон санаҳои 6-7 мусобиқаи шаҳри Хуҷанд оид ба гӯштини самбо, байни наврасон ва ҷавонони солҳои таваллудашон 1998-1999, 2000-2001, 2003-2004 ва 2006 дар толори варзишии «Тоҷиктелеком»-и шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.
Мақсад аз баргузории мусобиқа ин тарғибу ташвиқи самбо байни наврасону ҷавонон, баланд бардоштани маҳорати касбии варзишгарон, мустаҳкам намудани дӯсти байни варзишгарон, ҷалб намудани ҷавонон ба варзиш ва тарбияи насли солим мебошад. Дар мусобиқа беш аз 60 нафар наврасон иштирок намуданд.
Бобати рушди ҳамаҷонибаи соҳаи варзиш, сохтмон ва эҳёи майдончаҳои варзишӣ дар маҳаллаҳои шаҳр бо ҷалби маблағҳои буҷетӣ, соҳибкорон ва сокинони маҳаллаҳо майдончаҳои варзишию бозии кӯдакона  ба истифода дода шуда истодаанд.
Аз ҷумла дар маҳаллаи 32 назди биноҳои 88, 89, 90, 91, 92 майдончаҳои варзишию бозии кӯдакона  ба истифода дода шуд. Майдончаи мазкур ба маблағи 20 ҳазор сомонӣ бунёд гардида, дар он намудҳои варзишии баскетбол, волейбол, турник, брус ва монанди ин насб гардиданд.
Ҳамчунин санаи 27 марти соли равон бо иштироки Раиси вилояти Суғд муҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ майдони футбол бо алафи сунъи дар Муассисаи давлатии “Мактаби вазишии бачагон ва наврасони №1”-и шаҳри Хуҷанд ифтитоҳ гарид. Майдони мазкур бо қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз феврали соли 2015, № 104, тибқи стандартҳои ҷаҳонӣ ба маблағи 295 ҳазор сохта ба истифода дода шуд.
Дар маҳаллаи «Шарқ»-и шаҳри Хуҷанд низ, санаи 22 апрели соли равон майдончаи варзишии  волейбол ба истифода дода шуд.
Бахшида ба Рӯзи байналмилали ҳифзи кӯдакон санаи 2 июни соли равон дар микроноҳияи 8 дар назди бинои 54 майдончаи варзишии бозии кӯдакона бо иштироки Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ба истифода дода шуд.
Баҳри рушди соҳаи варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ дар давраи ҳисоботӣ барои амалигардонии «Барномаи маҷмӯии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015”, “Барномаи рушди футбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016” барои гузаронидани чорабиниҳо, мусобиқаҳо, сафарбаркунии варзишгарон ба мусобиқаҳои мухталиф, 11 ҳазору 770 сомонӣ, барои пардохти аъзоҳаққии «Маркази тайёрии олимпӣ»-и шаҳри Хуҷанд 7000 сомонӣ, барои пардохти идрорпулии наврасону ҷавонони “Маркази тайёрии олимпӣ”-и назди клуби футболи Хуҷанд 50000 сомонӣ, барои фаъолияти дастаи «Маркази тайёрии олимпӣ» дар соли 2015 баҳри бо муваффақият баромад намудан дар чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи якум» 50000 сомонӣ ва барои бунёди майдони фубол бо алафи сунъӣ аз буҷети маҳаллӣ 295000 сомонӣ  маблағ ҷудо гардид.
Бо мақсади рушди минбаъдаи соҳаи туризм, қарори Раиси шаҳри Хуҷандаз 27 январи соли 2015, № 78 «Дар бораи амалӣ намудани нақша-чорабиниҳои Барномаи рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2015-2017 дар шаҳри Хуҷанд» ба табъ расид.
Баҳри рушди туризм дар шаҳри Хуҷанд ширкатҳои сайёҳӣ ба монанди Ҷамъияти байналхалқии туризми ҷавонон «Спутник», ҶДММ «Суғдиён – Помир Тур», «Олами сайёҳат», «Шарқ -Амрико» фаъолият мебаранд, ки дар самтҳои давлатҳои Кореяи ҷанубӣ, Аврупо шаҳри Литва, Ҷумҳурии халқии Чин, Амороти муттаҳидаи Араб шаҳрҳои Дубай, шаҳри Таиланд, шаҳрҳои Русия ва +збекистон ба сайёҳон хизматрасонӣ менамоянд.
Ширкатҳои сайёҳӣ хизматрасониҳоро ба монанди пешниҳод намудани раводид, пешниҳод намудани чиптаҳои ҳавопаймои, таъмини меҳмонхона, ташкил ва хизматрасонии нақлиёти автомобилӣ (трансфер), суғуртаи сайёҳон ба роҳ мондаанд.
Ҳамчунин дар ширкатҳои сайёҳӣ шароити хубӣ ҷои корӣ бо таҷҳизотҳои техникии ба шабакаи интернет пайваст таъмин гардида, дар сайти интернети номнавис шудаанд. Дафтари қайди шаҳрвандон ва арзу шикоятҳо тартиб дода шуда, мунтазам корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ташкил ва гузаронида мешаванд.
Ҳамзамон барои қабули сайёҳон 12 меҳмонхонаҳо, аз ҷумла «Ленинобод», «Хуҷанд», «Ваҳдат», «Тавҳид», «Хесон», «Ватан», «Эҳсон», «Суғд», “Армони Хуҷанд”, «Хуҷанд Гранд отел», “Фирӯз” ва Хуҷанд-делюкс фаъолият мебаранд.
Барои сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ дар шаҳр якчанд боғҳои фарҳангию фароғатӣ аз ҷумла «Наврӯзгоҳ», хиёбони Исмоили Сомонӣ бо силсила фаввораҳо, осорхонаи вилоятӣ, барои истифода қарор дода шудааст. Ҳамчунин боғи фарҳанги фарғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ пурра азнавсозӣ гардида, бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор гирифт.
Ҳамчунин чойхонаи миллии “Сирдарё”, “Боғи Ирам”  аз нав эҳё ва бунёд гардида, хизматрасонии худро ба сайёҳони ватаниву хориҷӣ ба таври хоси миллӣ ба роҳ монд.
Дар шаҳр беш аз 32 адад ёдгориҳои таърихӣ, 3 адад ёдгориҳои археологӣ, 25 адад ёдгориҳои шаҳрсозиву меъморӣ ва санъат мавҷуд аст.
Барои сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ нуқтаҳои фурӯши маҳсулоти ороишӣ аз сангҳою металҳои қимматбаҳо, аз ҷумла ороишоти миллии тоҷикӣ зару зевар ва тӯҳфаҳои хотиравӣ, намунаҳои беҳтарини ҳунарҳои дастии ҳунармандони шаҳру ноҳияҳои вилоят, ки бо усули қадимаи миллӣ тайёр карда шудаанд, фаъолият мебаранд.
Бо мақсади муаррифии имкониятҳои туризми дохилӣ санаи 18 майи соли равон дар Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» Намоиши туристӣ баргузор гардид. Дар ин намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳӣ ба монанди Ҷамъияти байналхалқии туризми ҷавонон «Спутник», филиали ҶДММ «Суғдиён – Помир Тур» дар шаҳри Хуҷанд, ҶДММ «Олами сайёҳат», ширкат намуда, намоиши тарғоботии ширкатҳои худро пешкаши шаҳрвандон намуданд.
Дар асоси мактуби Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 майи соли 2015, бобати иҷроиши Баронмаи рушди туризм барои солҳои 2015-2017 ва нақша-чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди туризми дохилӣ, санаҳои 5-7 июни соли равон дар шаҳру ноҳияҳои Варзоб, Душанбе, Восеъ ва Кӯлоб туризми дохилӣ баргузор гардид. Дар он ҷавонони фаъол, болаёқат ва гирандагони стипендияи Раиси шаҳр иштирок намуданд.
Бо максади таквият бахшидан ба корхои ободкориву созандагӣ, тозаю обод гардондани кӯчаву рохравхо хиёбону сайргоххо, соҳили дарёи “Сир” санаи 6 июни соли равон шанбегии соҳил гузаронида шуд. Дар шанбеги ҷавонону варзишгарон иштирок намуда, соҳили дарёи «Сир» аз партовҳо, ифлосиҳо ва алафҳои худрӯй тоза карда шуданд.

 

Председатель города

Заместители Председателя

Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Бахтиёр Бокизода Бахтиёр Бокизода Заместитель председателя городаБахтиёр Боқизода родился 28 июля 1983 года в городе Худжанде, имеет четыре высших образования: юридическ...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Миробидова М. М. Миробидова М. М. Миробидова Муаттар Мирмухамедовна. Родилась 24 июня 1966 года в городе Худжанде, таджичка, образование высшее. В 1990 году окончила Таджикск...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим родился 1 августа 1968 года в городе Худжанде, по национальности таджик, имеет высшее образование. В 1994 году окончил ...
Бободжонзаде А. Бободжонзаде А. Бободжонзаде Абдусалом родился 27 декабря 1966 года в районе Б.Гафуров. По национальности таджик, имеет высшее образование, в 1992 году...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Недоступен ни однин перевод.Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Недоступен ни однин перевод.Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Каримов А. А. Каримов А. А. Недоступен ни однин перевод.Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумота...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Недоступен ни однин перевод.Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Недоступен ни однин перевод.Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии ти...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Недоступен ни однин перевод.Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ меб...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Недоступен ни однин перевод.Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ т...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Недоступен ни однин перевод.Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ...

Youtube