(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

Ҳисобот

оиди фаъолияти бахши фарҳанги шаҳри Хуҷанд дар

ним соли аввали соли 2015

 

Бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар се моҳи соли равон фаъолияти худро аз рӯи нақшаи чорабиниҳо ба роҳ монда фаъолияти хешро самаранок гардонид.
Дар оғози моҳи январ дар Раёсати фарҳанги вилоят маҷлиси машваратӣ бо иштироки сардори Раёсати фарҳанг О.Набиев, роҳбари бадеии барномаи наврӯзӣ Набӣ Ҷалолов ва аъзоёни ҳайати эҷодӣ гузаронида шуд.

Ҷаласаи кумитаи тадорукот бахшида ба вазифагузорӣ дар доираи омодагӣ ба Наврӯзи ҷаҳонӣ-2015 бо иштироки роҳбари бадеии барнома Набӣ Ҷалолов, коргардон О.Назаров, муаллиф +лмаси Хол, балейтместер Ф.Аюбҷонова ва рассом А.Маҳмудов шуда гузашт. Дар он нақши барнома тарҳрезӣ гардида, барои инкишофи он фикру андешаҳо иброз шуд.
Санаи 13.01.2015 дар Маркази фарҳанг маҷлиси фаъолони шаҳри Хуҷанд оиди ҷамъбасти фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд баргузор гардид. Дар он мудири шӯъбаи иқтисод У.Олимов оиди дастовардҳои соли 2014 маърӯза кард. Баъди музокира аз ҷониби Раиси шаҳр Раҷаббой Аҳмадзода ба соҳоти мухталиф вазифагузорӣ карда шуд.
Ҳамчунин ҷашни 70-солагии собиқ депутати СССР Махфират Дадобоева шуда гузашт.
Санаи 20.01.2015 дар китобхонаи вилоятии ба номи Т.Асирӣ маҷлиси машваратии Раёсати фарҳанги вилоят бо шаҳру ноҳияҳо баргузор гардид. Дар он чанд масъала аз қабили рушди муассисаҳои фарҳангӣ, таъмин намудани муассисаҳои фарҳангӣ бо лавозимоти аёнӣ ва омодагии пурра ба «Наврӯзи ҷаҳонӣ» мавриди баррасӣ қарор гирифт.  Бахши фарҳанги шаҳри Хуҷанд барои дастовардҳои шоён дар соли 2014 бо Ифтихорномаи Раёсати фарҳанг сарфароз гардонида шуд
Санаи 21.01.2015 дар мактаби мусиқии №2 вохӯрии намояндагони кумитаи амният ва шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Хуҷанд бо устодон ва волидайни хонандагони муассисаҳои фарҳангӣ-таълимӣ дар мавзӯи эксремизм, шомил шудани наврасон ва ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои гуногун, худкушӣ ва масъулияти падару модар нисбати тарбияи фарзанд шуда гузашт. Намояндаи кумитаи амнияти вилоят Шӯҳрат Носиров ва шӯъбаи корҳои дохилӣ полковник Пӯлод Саидов бо мисолҳои мухшаххас дар бораи ин зуҳуроти номатлуб сухан ронда, оиди пешгирӣ намудани он маслиҳатҳои муфид доданд.
Санаи 22.01.2015 дар назди муовини Раиси шаҳри Хуҷанд У.Муродова ҷаласаи навбатии ҳайати комиссияи ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ баргузор шуд. Дар он аъзоёни комиссия оиди тасдиқ намудани ҳайати нав, нақшаи чорабиниҳо дар соли 2015 ва нисбати таъмири Хона-осорхонаи Ҳоҷӣ Юсуф Мирфаёзов ибрози андеша карда, қарори дахлдор қабул намуданд. Дар музокирот олимон С.Марофиев, Н.Ҳакимов, М.Бойматов баромад карда, оиди ҷоннок намудани фаъолияти ҳайати комиссия ақидаи худро изҳор карданд.
Санаи 28.01.2015 дар мактаби санъати №1 озмуни «Ғунчаҳои санъат» баргузор шуд. Дар он шогирдони мактаб ҳунари худро вобаста ба сурудхонӣ, навозандагӣ ва рақс намоиш доданд. Худи ҳамон рӯз соати 14:00 дар китобхонаи ба номи Т.Асирӣ ҷашни камолоти эҷодии ҳунарманди Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарбалетмейстери театри тамошобини ҷавон Гуландом Аюбҷонова доир шуд.
Санаи 29.01.2015 дар муассисаи давлатии «Кохи Рӯдакӣ» мулоқоти Раиси вилоят бо кормандони фарҳанг баргузор шуд. Зимни баромади мавсуф тамоми паҳлӯҳои соҳаи фарҳанг мавриди таҳлил қарор гирифта, баҳри пешбурди он ба масъулин пешниҳодҳо гузошта шуд. Худи ҳамон рӯз дар мактаби мусиқии №2 озмуни «Ғунчаҳои санъат» доир гардид.
Санаи 30.01.2015 дар мактаби санъати №3 озмуни «Ғунчаҳои санъат» гузаронида шуд. Дар даври шаҳрии озмун 17 нафар ғолибон иштирок карданд.
Санаи 03.02.2015 дар бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ҷамъбасти озмуни «Ғунчаҳои санъат» дар муассисаҳои фарҳангӣ баргузор шуд. Аз 50 нафар иштирокдорон ба даври шаҳрӣ 19 нафар истеъдодони ҷавон пешбарӣ гардиданд.
Санаи 04.02.2015 дар Кохи фарҳангии ба номи А.Рӯдакӣ ҷашни камолоти камонвари номвари тоҷик, ғолиби Олимпиадаи ҷаҳонӣ соли 1982 Зебуннисо Рустамова баргузор гардид. Дар таҳнияти ӯ сарварони шаҳру вилоят ва муассисаҳои варзишӣ ширкат варзиданд.
Санаи 11.02.2015 дар бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ҷамъбасти озмуни «Ғунчаҳои санъат» баргузор гардид. Котиби ҳайати ҳакамот ба сарварони муассисаҳо оиди бурду бохти озмун сухан ронда қайд намуд, ки бояд аз рӯи Низомнома истеъдодони ҷавони ғолибомада, ҳамроҳи устодон омодагии ҳар чи бештар ба амал оранд.
Санаи 12.02.2015 бахшида ба таҷлили ҷашни Наврӯзи ҷаҳонӣ дар назди Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ҷаласаи корӣ баргузор гардид. Дар он намояндагони сохторҳои марбута ширкат варзида, нисбати ин масъала изҳори ақида намуданд. Раиси шаҳр дар доираи фаъолияти намояндагон ба сохторҳо вазифагузорӣ кард. Дар бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо иштироки сарварону роҳбарони бадеии Хонаҳои маданият ҷаласаи тадорукотии масъалаи омодагӣ ба таҷлили «Рӯзи Артиши миллӣ» ҳаллу фасл гардид.
Санаи 20.02.2015 дар муассисаҳои таълимӣ-фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи Артиши миллӣ дар мактаби санъати №1, №3, мактаби мусиқии №2 вохӯрӣ бо сарбозон ва барномаи фарҳангӣ доир гардид.
Санаи 22.02.2015 дар қисми ҳарбии 3501 барномаи фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи Артиши миллӣ доир шуд. Дар он Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ва фармондеҳи қисм полковник Х.Акобиров ширкат варзида, сарбозонро бо рӯзи ид муборакбод карданд. Баъдан барномаи музиқӣ бо иштироки ҳофизони ҷавон намоиш дода шуд.
Санаи 24.02.2015 дар мактаби рассомии бачагона бахшида ба Рӯзи Артиши миллӣ амали рассомони ҷавон намоиш дода шуд. Ҳамчунин дар вохӯрӣ бо хонандагон ҷанговари-интернатсионал Бобоев Шариф ширкат варзида дар бораи садоқат ба Ватан ва мардонагӣ нақлҳои ҷолиб кард.
Санаи 26.02.2015 дар боғи фарҳангии Наврӯзгоҳ ҷаласаи тадорукотӣ бо иштироки муовини Раиси шаҳр У.Муродова доир шуд. Дар кори ҷаласа мудирони шӯъбаю бахшҳои маориф, фарҳанг, раиси маҳаллаҳо, шӯъбаи савдо ва дигарон ширкат варзиданд. Худи ҳамон рӯз дар театри музиқӣ-мазҳакаи ба номи К.Хуҷандӣ ҷаласаи кории барномаи Наврӯзи ҷаҳонӣ бо сарварии роҳбари бадеии Набӣ Ҷалолов шуда гузашт. Дар кори он сардори Раёсати фарҳанг О.Набиев, мудири бахши фарҳанг Б.Қосимов, коргардон, балетмейстерҳо ширкат доштанд.
Санаи 28.02.2015 дар хиёбони ба номи К.Хуҷандӣ «Иди Ниҳол» баргузор гардид.
Санаи 01.03.2015 Рӯзи Интихобот аз ҷониби кормандони фарҳанг дар 22 нуқтаи овоздиҳӣ барномаҳои мусиқӣ-фарҳангӣ намоиш дода шуд.
Санаи 06.03.2015 дар тарабхонаи «Тоҷикистон» бахшида ба «Рӯзи Модар» тантанаи хотирмон доир гардид. Ба занҳои фаъоли шаҳр тӯҳфаи Раиси шаҳр эҳдо гардида, савту навои ҳофизони шинохта Н.Раҳимов, О.Воҳидов, О.Маҳмудов, Ҳасани Камол ва дигарон маҳфилро хеле бо шукӯҳ гардонид.
Санаи 10.03.2015 дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ҷаласаи корӣ бо иштироки Раиси шаҳри Хуҷанд бахшида ба омодагӣ ба Наврӯзи ҷаҳонӣ доир шуд. Зимни суханронӣ ба масъулин вазифагузорӣ гардид.
Санаи 12.03.2015 дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи 1-и маҷлиси вакилони шаҳри Хуҷанд даъвати 5-ум шуда гузашт. Дар кори ҷаласа муовини аввали Раиси вилоят Ҷ.Р.Сангинов ширкат дошт.
Санаи 21.03.2015 дар боғи «Наврӯзгоҳ» барномаи наврӯзӣ бо иштироки Раиси шаҳр ва вакили Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олӣ Г.Турсунова баргузор гардид. Худи ҳамон рӯз дар тӯйхонаи «Ҷавонӣ» вохӯрии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо 500 нафар кӯдакони бепарастор ҷашни наврӯзиро баргузор гардонид.
Санаи 22.03.2015 дар боғи фарҳангии Камоли Хуҷандӣ «Наврӯзи бостон» бо иштироки Артисти Халқии СССР, Ҷ.Муродов, Ҳунармандони Мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷ.Набиев, Т.Ниёзова ва ансамбли «Нури Хуҷанд» баргузор шуд. Худи ҳамон рӯз дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолият» барномаи калони фарҳангии «Наврӯзи ҷаҳонӣ» бо иштироки сарвари давлат доир шуд.
Моҳи апрел чорабинии Рӯзи Ханда дар Қасри Ҷавонони ба номи Л.Шералӣ ва консерти ҳисоботии мактабҳои санъати №1, №3, мактаби мусиқии №2, намоиши ҳисоботии макткаби рассомии бачагона, моҳи май чорабинӣ бахшида ба «Иди баҳору меҳнат» дар боғи ба номи К.Хуҷандӣ ва Наврӯзгоҳ, «Рӯзи Ғалаба» дар мавзеи муҷассамаи «Шараф» ва боғи ба номи К.Хуҷандӣ, Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар хиёбони ба номи К.Хуҷандӣ бо иштироки ситораи санъати Тоҷикистон Нигина Амонқулова ва ситораҳои эстрадаи вилоят О.Воҳидов, Г.Пӯлодова, А.Қосимов, Д.Олимов ва дигарон баргузор гардид. Ҳамчунин дар моҳи май озмунҳои шаҳрии «Родмардони Ватан», «Рақс бикун ҷоно», «Фарҳанги оиладории ҷавонон» бахшида ба рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, «Рӯзи Оила», озмуни «Навои най» бо шукӯҳ доир шуд.
Моҳи июн дар тамоми муассисаҳои таълимӣ-фарҳангӣ занги охирин барои хатмкунандагон садо дод. Соли равон муассисаҳои таълимӣ-фарҳангиро аз мактаби санъати №1 53 нафар, мактаби мусиқии №2 8 нафар, мактаби санъати №3 10 нафар ва мактаби рассомии бачагона 22 нафар хатм карда, соҳиби номаи камолот мегарданд. Дар оғози моҳи июн дар боғи ба номи К.Хуҷандӣ чорабинии мӯҳташам бахшида ба Рӯзи байналхалқии муҳофизати кӯдакон бо иштироки Раиси вилояти Суғд, мӯҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ ва Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ ҳофизони ҷавон М.Зоидов, М.Умаров, Г.Абдуллоева, ансамбли рақсии «Парниён» аз муассисаҳои фарҳангӣ-таълимии шаҳрӣ ширкат доштанд. Рассомони ҷавони мактаби рассомони бачагона дар роҳравҳо ба кашидани сурати манзара машғул буда, ба саволи ҳозирин оиди мӯъҷизаи сураткашӣ ҷавоб медоданд. Санаи 3 июни соли ҷорӣ дар МД Кохи Рӯдакӣ ҷамъбасти озмуни «Таронаи Ваҳдат» бо иштироки Раиси шаҳри Хуҷанд ва намояндагони Раёсати фарҳанги вилоят баргузор шуд. Ғолибон аз ҷониби Раиси шаҳр соҳиби тӯҳфа ва сипоснома гардида, ба даври ниҳоӣ, ки дар шаҳри Ҳисор баргузор мегардад, роҳхат гирифтанд.
Ба истиқболи рӯзи Ваҳдати миллӣ дар китобхонаи вилоятии бачагона бахшида ба истқболи Рӯзи Ваҳдати миллӣ вохӯрии хонандагон бо шоиру нависандагон С.Наҷимӣ, Муаттара, М.Субҳон баргузор гардид. Вохӯриро бо каломи ифтитоҳӣ сарвари китобхона М.Расулова оғоз кард. Баъдан меҳмонон дар бораи файзи Ваҳдат сухан ронда, аз эҷодиёти худ пораҳо қироат карданд. Дар боғи ба номи К.Хуҷандӣ бахшида ба «Соли гулҳо», фестивали «Оши палав» ва «Фестивали ҷавонони Тоҷикистон» тантанаи хеле хотирмон бо иштироки Раиси вилояти Суғд А.Қодирӣ, Раиси шаҳри Хуҷанд Р.Аҳмадзода, намояндагони шаҳру ноҳияҳои вилоят ва вилояти Хатлону Бадахшон доир шуд. Дар фестивали «Оши палав» аз 18 шаҳру ноҳияи вилояти Суғд ошпазҳои беҳтарин иштирок карда, маҳорати худро намоиш доданд. Ҳамчунин барномаи мусиқӣ бо иштироки ансамбли «Чаманоро», «Маҳастӣ», «Зебо», «Гулноз», «Парниён», «Бибиҳо» ва ҳофизони ҷавону шинохта Ш.Ниёзов, А.Абдураҳмонов, А.Дадобоев намоиш дода шуд.  Дар анҷом ҳунари ошпазони беҳтарин бо тӯҳфаҳои хотиравӣ ва диплому ифтихорномаҳо қадрдонӣ карда шуд. Санаи 25 июни соли равон дар пештоқи театри мусиқӣ-мазҳакаи ба номи К.Хуҷандӣ ҷашни 18 солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо тантана қайд гардид. Дар он Раиси шаҳри Хуҷанд ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар қисми расмӣ баромад карда, табрикоти худро ба хуҷандиён расониданд. Баъдан барномаи мусиқӣ бо иштироки ансамблҳои «Чаманоро», «Маҳастӣ», «Парниён», «Садои Суғд» ва ҳофизони шинохта А.Ҳасанов ва дигарон табъи ҳозиронро болида гардонид.
Дар давоми ним сол аз ҷониби бахши фарҳанг 83 – чорабинӣ гузаронида шуд, ки дар он қариб 192 ҳазор нафар тамошобинон иштирок карданд. Мувофиқи қарори Раиси шаҳри Хуҷанд барои чопи китоби бадеӣ 10 ҳазор сомонӣ, Наврӯзи ҷаҳонӣ 56 ҳазору 135 сомонӣ аз ҷумла барои сарулибоси саҳнақӣ 23 ҳазору 905 сомонӣ, барои ба навор гирифтани филми мустанад 19 ҳазору 394 сомонӣ, барои устои қолинбофӣ 13 ҳазору 77 сомонӣ, барои музди меҳнати устоҳои қолинбоф 9 ҳазору 120 сомонӣ, ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон 14 ҳазору 739 сомонӣ, барои либоси саҳнавии ансамбли «Парниён» 9 ҳазор сомонӣ, барои баргузории Рӯзи Ваҳдати миллӣ 83 ҳазору 751 сомонӣ ва дар маҷмӯъ 215 ҳазору 216 сомонӣ маблағ масраф гардидааст.
Бахши фарҳанг минбаъд низ нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷандро сармашқи кори худ намуда, саъй менамояд, ки фарҳанги шаҳрро рушду нумӯи тоза бахшад.

 

 

Мудири бахш                                                                     Б.Қосимов

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...

Youtube