(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Ҳисобот

оид ба фаъолияти муассисаҳои тандурустии

шаҳри Хуҷанд дар нимсолаи аввали  соли 2015

 

Бахши тандурустии макомоти ичроияи хокимияти давлатии шахри Хуҷанд  барои дар амал татбиқ намудани барномаҳои “Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010 – 2020”, «Консепсияи ислоҳоти соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ», Қарору фармоишҳои Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва қарорхои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд барои беҳдошти вазъи сиҳатии омма, пешбурди кори муассисаҳои табобатӣ ва баланд бардоштани сифати хизматрасони ба аҳолӣ дар асоси нақшаи тасдиқгардида тадбирҳои мушаххасро дар амал татбиқ намуд.
Маблағгузории  муассисаҳои тандурустии шаҳри Хуҷанд.
Мувофиқи нақшаи барои соҳаи тандурустии шаҳр барои соли 2015 дар нимсолаи аввали соли 2015 ба нақша 14525419 гирифта шудааст, дар давоми нимсолаи аввали соли 2015  аз ҳисоби буҷаи маҳалли 13060508  сомонӣ маблаггузорӣ карда шудааст. Барои хурокворӣ 130384 сомонӣ, барои доруворӣ 406711, барои таъмир 1341622, барои камунналӣ 467378, барои ангишт 148062 сомонӣ маблағ сарф карда шудааст.
Оиди иҷроиши фармоиши Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №171 аз санаи 26.03.2010 сол «Дар бораи кор бо муроҷиати шаҳрвандон дар Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар давоми нимсолаи аввали соли 2015 доир ба масъалаҳои гирифтани муолиҷаи ройгон дар муассисаҳои тандурустии шаҳр ба бахши тандурусти 65 аризаи шаҳрвандон ворид гардид, ки ҳамаи онҳо мавриди барраси қарор дода шуда аз рўи имкониятҳои мавҷуда ҳалли худро ёфтанд.

 

Корҳои таъмиру сохтмон

 

Дар давраи ҳисобот барои таъмири беморхонаи шаҳрии №2 аз тарафи буҷа зиёда аз 200 ҳазор сомонӣ маблағ пешбини шудааст ва таъмир идома дорад, ки баъди таъмири хушсифат Стансияи ёрии таъҷилӣ фаъолият мебарад.
Марказҳои саломатии №3,4,5 ва 6 барои таъмири утоқи кории духтури стаматологии бачагона бо дастгирии Раиси шаҳр Раҷаббой Аҳмадзода 20000 сомони маблағ ҷудо карда шуд ва таъмири хушсифат ба охир расонида шуд ва дар беморхона сирояти таъмири маъмурият, ошхона ва ҷомашуйхона аз таъмири капитали бароварда шуд айни ҳол таъмири шӯъбаи 2-юм таъмир ба охир расида таъмири шӯъбаи 1-ум идома дорад, ки 300 ҳазор маблағ сарф шудааст.
Инчунин дар Таваллудхонаи шаҳрӣ Шӯъбаи навзодон, ҳуҷраи шустушӯ, ошхона аз таъмир бароварда шуда ва роҳравӣ шӯъбаи амрози занона, шуъбаи навзодон таъмири касметики гузаронида шуд.
Оид ба иҷроиши Қарори Раиси вилояти Суғд аз 19 майи соли 2011, № 166 ва қарори раиси шаҳри Хуҷанд аз  30 майи соли 2011, № 382 “Дар бораи тадбирҳои татбиқи “ Нақшаи стратегияи таҷдиди муассисаҳои тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2011-2020”  соҳаи тандурустии шаҳр яке аз сохторҳои муҳими шаҳр буда, аҳолии шаҳри Хуҷанд 170100 нафарро ташкил медиҳад, шумораи умумии занҳои шаҳр 80303 нафар, ки аз онҳо занҳои қобили таваллуд 43031 нафар, кӯдакони синни то 1 сола 3958 нафар кӯдакони синни то 4 сола 17563 нафар, кӯдакони синни аз 10 то 14 сола 13759 нафар, наврасони аз 14 то 18 сола 15893 нафарро дар бар мегирад. Баҳри хизматрасонии тибби ба аҳоли дар шаҳри Хуҷанд 16 муассисаҳои тибби амал мекунанд: аз ҷумла : беморхонаи клиники шаҳрии №1 (дорои 460 кат), беморхонаи шаҳрии №2 (дорои 150 кат), беморхонаи сирояткунанда ( дорои 270 кат), таваллудхонаи шаҳрӣ (дорои 140 кат), 6 марказҳои саломатии шаҳрӣ, дармонгоҳи стоматологии бачагона, Маркази назорати давлатии санитарӣ-эпидемиологӣ, Хонаи кӯдакон (дорои 70 кат), стансияи ёрии таъҷилӣ, Маркази мубориза бар зидди бемориҳои сил, Маркази ташаккули тарзи солими зиндагӣ фаъолият мебаранд. Дар марказҳои саломатии шаҳрии № 1 ва №5 шӯъбаи бистарии рӯзона бо 20 кат фаъолият доранд. Таъминот бо катҳо ба 10 000 нафар аҳолӣ 70,5%-ро ташкил медиҳад.
Айни замон мақсади асосии соҳаи тандурустии паст кардани сатҳи фавти кӯдакон, фавти модарон, кам кардани сатҳи бемориҳои сироятӣ, бурдани корҳои профилактики ва беҳтар намудан бо таъминоти дорувори аст. Дар ҳамаи муассисаҳои тибби шаҳр 2260 нафар кормандони тиб адои вазифа доранд. Аз онҳо 580 нафар духтурон ( бо дараҷаи олӣ-139 нафар, дараҷаи якум- 89 нафар, дараҷаи дуюм- 92 нафар, бе дараҷа – 20 нафар), 831 нафар ҳамшираҳои шафқат ( бо дараҷаи олӣ-201 нафар, дараҷаи якум- 184 нафар, дараҷаи дуюм- 47 нафар) ва 889 нафар дигар кормандони тиб. Таъминот ба 10000 нафар аҳоли бо духтурон 37,7% ва бо ҳамшираҳои шафқат 54,0%-ро ташкил медиҳад. Инчунин бо унвони Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон- 35 нафар, бо унвони Номзади илми тиб- 16 нафар, 3-профессор, бо унвони Корманди Шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон- 6 нафар ва дорандаи Медали “Шафқат”- 5 нафар фаъолият мебаранд. Айни замон 2 нафар духтурони амрози занона барои бардоштани малакаи дониш дар соҳаи эндаҷарроҳӣ ба шаҳри Маскав Федератсияи Русия равона карда шуданд.
Дар асоси “Консепсияи ислоҳоти соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар марказҳои саломатии шаҳрӣ хизматрасонии Тибби оилавӣ ҷорӣ карда шуда,  то давраи ҳисобот 136 духтурони оилавӣ ва 168 нафар ҳамшираҳои тибби оилавӣ хизмат мерасонанд.
Бо мақсади ҷалб намудани мутахассисони ҷавон бо ҷои кори доимӣ, аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва шӯъбаи тандурустии шаҳр нақша-чорабини тартиб дода шуда, он кормандони ҷавон, ки дар муассисаҳои тиббии шаҳри Хуҷанд ба фаъолият шурӯъ менамоянд, барои гирифтани замини наздиҳавлиги аз тарафи Раиси вилоят ва Раиси шаҳр дастгири карда шуда ба кормандони соҳаи тандурусти замини наздиҳавлигӣ ҷудо карда шуд. Инчунин барои баланд бардоштани дараҷаи тахассуси дар семинарҳо ва конфронсҳое, ки аз тарафи Ташкилотҳои байналхалқӣ гузаронида мешаванд, иштирок менамоянд.
Новобаста аз ин нарасидани кадрҳо дар муассисаҳои тиббии шаҳр ба назар мерасад аз он ҷумла: духтурони руҳшинос, силшинос, духтур-нарколог, духтури гӯшу гулӯю бинӣ, духтури эҳёгар, духтури асабшинос, духтури бодигарм.
Дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 600 аз 2 декабри соли 2008 «Дар бораи Тартиби хизматрасонии тиббию санитарӣ ба  шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои системаи давлатии тандурустӣ», қарори Раиси вилояти Суғд аз санаи 24 апрели соли 2009 таҳти № 111 – дар беморхонаҳои шаҳрии № 1 ва 2, таваллудхонаи шаҳрӣ, дармонгоҳи стоматологии бачагона ва ҳамаи 6 марказҳои саломатии шаҳри мутобиқи қарори мазкур хизматрасонии пулакӣ ҷорӣ карда шудааст. Дар давоми 6 моҳаи соли 2015-ум аз рӯи нақша 2879517 сомонӣ маблағ пешбинӣ кардашуда, дар давоми ҳисобот ба хазинаи муассисаҳои тандурустӣ ҳамагӣ 2916069 сомонӣ маблағ (101%) ворид гардидааст. Маблағҳои воридгардида барои пардохти музди маоши кормандон, хариди маводҳои конселярӣ, доруворӣ ва пардохти хизматрасониҳои коммуналӣ равона карда мешаванд.
Баҳри иҷроиши  Қарори  Раиси вилояти Суғд аз 12 феврали 2015 сол, №67  ва қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз 03 марти 2015 сол, №187 «Дар бораи таъмини иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробар бо доруворӣ ва лавозимоти тиббӣ» дар давраи 1 апрели соли 2015 дар муассисаҳои тандурустии шаҳри Хуҷанд иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватани 29 нафар, иштирокчиёни Ҷанги Афғонистон – 117 нафар, бартараф намудани Садамаи Чернобил- 49 нафар ва иштирокчиёни Сохти Конститутсионӣ- 57 нафар ба қайд гирифта шудаанд.
Давоми нимсолаи аввали соли 2015 ба 261 нафар шахсони имтиёзнок  1030 дона ресепти имтиёзнок навишта шудааст. Мутобиқи қарори мазкур барои бо дорувории ройгон таъмин намудани ин гуна шахсон то санаи ҳисобот ба Корхонаи Воҳиди Давлатии “Суғд-Фарматсия” 821 сомонӣ маблағгузорӣ карда шудааст. Барои шахсони имтиёзнок дар беморхонаҳои шаҳр ҳуҷраҳои алоҳида бо 2 нафар ҳамшираҳои шафқати ботаҷриба ҷудо карда шудааст. Дар нимсолаи аввали соли 2015 аз тарафи кормандони Стансияи ёрии таъҷилии тибби шаҳр ба 8 нафар иштирокчиён ва маъюбони ҶБВ ёрии авалиндараҷаи тиббӣ расонида шуд.
Оид ба иҷроиши қарори Раиси вилояти Суғд аз 12 феврали соли 2015, №66 ва қарори Раиси шаҳри Хучанд аз 03 марти 2015 сол, №186 “Дар бораи таъмин намудани кудакони синни то 3 сола ва маъюбони модарзод бо дорувориҳо” ба  КВД “Суғд-Фармасия”  мутобиқи қарор 2180  сомонӣ маблағ гузаронида шуд, ки ба 65 нафар кӯдакон барои гирифтани дорувории ройгон 154 дона ресепти имтиёзнок навишта дода шуд. Аз тарафи кормандони Стансияи ёрии таъҷилии тибби шаҳр ба 744 нафар кӯдакони синни то 3 сола ёрии тибби ройгон расонида шуд.
Оид ба иҷроиши Қарори Раиси вилояти Суғд аз 12 феврали 2015 сол, №63 ва Қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз 03 марти  2015 сол, №188 “Дар бораи таъмини хуни бехатари донорӣ”  ”  баҳри иҷроиши қарори мазкур дар беморхонаи шаҳрии №1  ба 511 нафар беморон резус ва гурӯҳи хун муайян карда шуда ба 2 нафар беморон аутогемотрансфузия гузаронида шудааст. Дар  6 моҳаи соли 2015 дар беморхонаҳои шаҳрӣ ба беморон чунин маҳлулҳои зерини хун рехта шудааст: дар беморхонаи клиникии шаҳрии №1 : зардоби хун – 35750 мл. эрит.масса - 15180 мл, эрит.шусташуда- 3120 мл, зардоби консентратӣ-17 мл, дар беморхонаи шаҳрии №2 – сафедаи хун - 930 мл., маҳлули эритросидҳо 450мл.
Дар беморхонаи касалиҳои сирояткунанда- зардоби хун- 5л 070 мл, эрит.масса- 620 мл -. ва албумин-2л. 310гр. ва 2л. 335гр. –реосорбилакт истифода бурда шудааст. Мутобиқи қарори мазкур дар муассисаҳои тандурустии шаҳр ҳамагӣ аз ҳисоби буҷаи маҳалли ба маблағӣ 11332 сомонӣ ва аз ҳисоби Раёсати тандурустии вилояти Суғд ба маблағӣ 2710 сомонӣ барои хун ва ҷузъҳои он маблағгузорӣ карда шудааст.
Бахри амалигардонии «Барномаи миллии пешгири, ташхис ва муолиҷаи бемории ишемиявии дил дар давраи солҳои 2007-2015» Қарори Раиси шаҳри Хуҷанд  таҳти  № 454 аз 18.06.2008 сол “Дар бораи таъсис додани Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирӣ, ташхис ва муолиҷаи бемории ишемиявии дил” ба тавсиб расида дар нимсолаи аввали соли 2015 як қатор корҳо ба сомон расонида шуданд.
Барои беҳтар намудани сифати ташхис ҳамаи 6 Марказҳои саломатӣ дорои таҷҳизоти электрокардиографии нави замонавӣ (ЭКГ) буда, миқдори воҳидҳои кории духтурони дил дар марказҳои саломатӣ ҳамагӣ 6,25 ташкил медиҳад. Дар ҳамаи Марказҳои саломатӣ духтурони дилшинос фаъолият мебаранд ва ба аҳолӣ хизмат расонида, дорои таҷҳизотҳои нави замонавии ЭКГ мебошанд. Дар давоми нимсолаи аввали якуми соли 2015-ум аз тарафи духтурони дилшиноси марказҳои саломатии шаҳрӣ 5451 нафар беморон қабул шуда, то санаи 1 июли соли равон  730 нафар   дар қайд меистанд аз он ҷумла (бо сактаи аввали дил 22 нафар ва БИД баъд аз сактаи дил 377  нафар. Аз тарафи марказҳои саломатии шаҳри давоми нимсолаи аввал ба беморон 576 дона роҳхат ба беморхона дода шуд, ки ҳамаи онҳо дар Маркази дилшиносии вилояти Суғд бистари шуда, муолиҷа гирифтанд. Ҳамагӣ дар беморхонаҳо ва марказҳои саломатӣ 3023 маротиба ташхиси ЭКГ гузаронида шудааст. Ҳангоми қабули беморон  оиди пешгирии хурӯҷи бемории ишемиявии дил ва бӯҳрони фишорбаландии шараён, оиди таъсири мусбати тарбияи ҷисмонии табобатӣ ва роҳгардии маъёри табобатӣ сӯҳбатҳо гузаронида мешавад.  Дар давоми нимсолаи аввали соли 2015-ум 25 нафар фавт аз бемории ишемияи дил ба қайд гирифта шудааст.
Аз тарафи ёрии таъҷилии тиббии шаҳри Хуҷанд ду адад бригадаи махсуси дилшиносӣ фаъолият мебаранд, ки дорои таҷҳизоти ЭКГ, дефибрилиатор ва маводҳои кӯмаки аввалини тиббии санитарӣ мебошанд.
Аз тарафи кормандони Стансияи ёрии таъҷилии тиббӣ давоми нимсолаи аввали сипаришудаи соли 2015-ум  ҳамаги ба 422 нафар беморон ёрии аввалин дараҷа расонида шуда, 235 нафар беморон аз тарафи кормандони Стансияи ёрии таъҷили дар Маркази дилшиносии вилояти бистарӣ гардонида шуданд.  Ба 304 нафар беморон санҷиши ЭКГ гузаронида шуд.
Барои пешгирии ин беморӣ аз рӯи нақшаи кории Маркази ташаккули тарзи хаёти солими зиндагӣ  байни аҳолӣ дар маҳаллаҳо, микроноҳияхои шаҳр ва корхонаҳои саноатӣ  корҳои  ташвиқотию  тарғиботи оид ба тарзи ҳаёти солим, ҳамчунин омилҳои пешгирандаи беморони ишемиявии дил, зарари тамоку, нӯшокиҳои спиртӣ, камҳаракатӣ барои саломатӣ гузаронида шуда истодааст.
Оиди иҷроиши Қарори Раиси вилояти Суғд  № 412  аз 29.12.2010 сол  Қарори Раиси шаҳри Хуҷанд № 115 аз 16.02.2011 «Дар  бораи татбиқи «Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои  2011-2020»  дар шаҳри Хуҷанд» ба тавсиб расида, дар давоми нимсолаи аввали  соли 2015 як қатор корҳо ба сомон расонида шуданд.
Дар шаҳри Хуҷанд мутобиқи қарори мазкур ҳайати Шӯрои ҳамоҳангсозии «Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020» таъсис дода шуда, дар асоси нақшаи чорабиниҳо фаъолият бурда истодааст. Аз тарафи кормандони Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими шаҳри Хуҷанд дар ҳамкори бо шӯъбаҳои маориф, фарҳанг, бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, кор бо занон ва оила, кор бо ноболиғон, кумитаи маҳаллаҳо нақша-чорабинии худро тартиб дода, корҳои тарғиботию ташвиқоти дар самти бурдани тарзи ҳаёти солими зиндаги байни маҳаллаҳо ва ҷойҳои зиёди ҷамъшавии аҳоли корбарӣ намуда истодааст.
Аз тарафи кормандони Марказ дар муассисаҳои табобатии шаҳр  нисбати пешгирии бемориҳои «Зуком», «Ботулизм», ОРЗ, зардпарвин оиди аҳамияти «Оби тоза» сӯҳбату вохӯриҳо мунтазам гузаронида мешавад. Дар якҷояги бо Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Хуҷанд баҳри пешгирии бемории «Ботулизм» ҳамаи бозорҳою мағозаҳои шаҳр аз тафтиш гузаронида шуда, маводҳои консерваи хонаги таҳти назорат гирифта шуд. Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим бахшида ба «Рӯзи мубориза бар зидди бемории сил-24 март  дар байни аҳолӣ, донишҷӯёну толибилмони мактабҳои таҳсилоти умумӣ моҳонаи тарғиботу ташвиқот гузаронида шуд. Дар рафти гузаронидани моҳона  дар ҷойҳои серодам «Дӯкони саломатӣ» ташкил карда шуда, буклету брошюраҳо оиди пешгирии ин бемори ройгон тақсим карда шуд. Инчунин дар бораи бурдани тарзи солими зиндагӣ, зарари тамокукашӣ, нашъамандӣ, риояи гигиенаи санитарӣ байни донишҷӯёни макотибҳои олӣ ҳар моҳа вохӯри гузаронида мешавад. Баҳри иҷроиши нақшаи кории марказ дар ҳамкори бо духтурони Маркази саломатии шаҳрии №6 дар корхонаи «Сатн» баҳри пешгирии бемории «Ботулизм» ва тарзи бурдани ҳаёти солими зиндаги сӯҳбат гузаронидашуда, дар боғчаҳои №11,20,ва 2-и шаҳри Хуҷанд лексияҳо ва вохӯриҳо гузаронида шуд. Инчунин  аз тарафи кормандони марказ бо тариқи рӯзномаи «Тирози ҷаҳон» мақола таҳти «Пешгирии Ботулизм» бароварда шуда, дар рӯзномаи «Саломат бошед» оиди пешгирии бемории сил мақола аз чоп бароварда шуд.
Аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим нисбати пешгирии бемориҳо аз ҷумла, бемориҳои сироятӣ дар байни аҳолӣ корҳои ташвиқотию тарғиботиро идома дорад.
Баҳри иҷрои қарори Раиси вилояти Суғд аз 15 декабри соли 2010, №399  «Дар бораи татбиқи Барнома оид ба муқовимат бо эпидемияи  вируси норасоии   масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2011-2015 дар вилояти Суғд» ва қарори Раиси шаҳр аз 21 декабри соли 2010, № 1010 як қатор корҳо ба сомон расонида шуд.
Баҳри иҷроиши Фармони Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 13.02.2008 №60 «Оиди беҳтар намудани пешгирии паҳншавии ВНМО/БНММ дар байни гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ» дар шаҳри Хуҷанд  «Нуқтаи боварӣ» таъсис дода шудааст. Дар худуди шаҳр ғайр аз МНДСЭ барои пешгирии ВНМО Маркази СПИД, Маркази ҷавонон «Дина» низ фаъолият мебаранд, онҳо  корҳои фаҳмондадиҳӣ  бо оилаҳои дорандаи вируси ВНМО, нашъамандон, занҳои фоҳишаро мебаранд.
Маълумоти ВНМО дар шахри Хучанд дар нимсолаи аввали соли 2015

Дар  давраи то 1 июли  соли 2015  ҳамаги 29 нафар шаҳрвандони шаҳри Хуҷанд ба қайд гирифта шудаанд, ки аз онҳо 18 нафарашон мардон ва 11 нафарашон занҳо ташкил медиҳанд.
Ҳамаги аз шаҳри Хуҷанд 318 нафар шаҳрвандон айни замон дар қайд меистанд, ки 229 нафар мардон ва 89 нафар занҳо мебошанд.
Мувофиқи  ахборотҳои дастрасшуда дар нимсолаи аввали соли равон  шаҳрвандон аз ташхиси зидди бемории куфт гузаронида шуда, аз байни онҳо 3 бемории куфт дарёфт карда шудааст. Дар давраи ҳисобот  шаҳрвандон аз ташхиси зидди бемории сӯзок гузаронида шуда, аз байни онҳо фақат 7 бемории сӯзок дарёфт карда шудааст.
Баҳри иҷроиши «Барномаи ягонаи мақсадноки давлатӣ оид ба пешгирии нашъамандӣ ва муқобилият бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012», ҷиҳати пешгирии нашъамандӣ ва офиятбахшии беморон Маркази наркологии вилоят дар якҷоягӣ бо марказҳои вилоятии мубориза алайҳи ВНМО ва ташаккули тарзи ҳаёти солим, диспансери касалиҳои пӯсту таносули вилоят ва иттиҳодияи ҷамъиятии «ДИНА» ҳамкорӣ менамояд.
Баҳри беҳтар намудани хизматрасонии наркологӣ ба аҳолӣ дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ёрии наркологӣ» дар назди.
ҳамаи беморхонаҳои марказии шаҳр ҳуҷраҳои наркологӣ амал мекунанд. Дар 6 моҳаи аввали соли ҷорӣ  дар қайди маркази вилоятии наркологӣ ҳамагӣ 363 нафар (25 нафар занҳо-338 нафар мардҳо) зери назорат қарор доранд, ҳамагӣ муроҷиат карданд: 1246 нафар, аз он ҷумла аз 18 то 30 сола 21 нафар, аз 30 то 59, 319 нафар, аз 60 боло 23 нафар, нашъаманд 9 – нафар, бо героин 354 нафар, бо сӯзандоругӣ 350 нафар, аз нав ба қайд гирифта шуд 14 нафар, аз қайд бароварда шуд 5 нафар. Дар самти пешгирии нашъамандӣ сохторҳои дахлдори вилоятӣ ҳамкориҳои муфид бо иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, аз қабили «ДИНА», «Чайка», «Интернюс Тоҷикистон», «Интихоби кӯча», «Доступ», «АМАЛ», «Тумар», инчунин созмонҳои байналмиллалии Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ, АКДЕТ, Барномаи байналмиллалии «СПИД-Фонд-Восток-Запад» ба роҳ монда шудааст.
Иҷроиши Қарори Раиси вилояти Суғд №23 аз 02 феврали соли 2010 ва Қарори Раиси шаҳр №156   аз 11 марти соли 2010 «Дар бораи татбиқи Барномаи миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил барои солҳои 2010-2015»  давоми 6 моҳаи соли 2015 як қатор корҳо ба сомон расонида шуданд.
Дар муассисаи давлатии Маркази мубориза бар зидди бемориҳои сили шаҳри Хуҷанд дар 6 моҳаи соли 2015-ум ҳамагӣ 240 нафар бемор дар қайд меистанд, ки аз онҳо 62 нафар беморон ғайри шуш ҳисобида мешаванд. Давоми 6 моҳаи сипаригардидаи соли 2015-ум 49 нафар бемор аз нав ба қайд гирифта шуда, муолиҷаи онҳо таҳти назорати мутахассисони марказ қарор дода шуд. Дар давоми 6 моҳаи соли 2015 ба марказ муроҷиат намудагон 3391 нафарро ташкил медиҳанд, аз инҳо 2980 нафар калонсолон ва  411 нафар бачагони синни то 14 соларо ташкил медиҳад.  Ташхиси флюрографӣ 10278 маротиба, рентгеноскопия 786 маротиба ва рентгенеграфия 593 маротиба гузаронида шудааст. Ташхиси балғам бошад ҳамагӣ 1169 маротиба (аз онҳо 101 контролӣ ва 1068 диагностикӣ) гузаронида шуд. Фавт нест.
Моҳи феврали соли 2013-ум аз тарафи Фонди Глобали таҷҳизоти нав “Дҷен экспорт” барои бозҳам мукаммалтар дарёфти чӯпчаҳои сил ва мутобиқати онҳо бо доруҳои зидди сили ба таҳлилгоҳи марказ васл карда шуд ва айни замон фаъолияти худро бурда истодааст.
Ҳамагӣ дар шаҳри Хуҷанд 10 нуқтаи балғамҷамкунӣ ва 3 лабораторияи ДОТС амал мекунад, ки онҳо бо микроскопҳои бинокулялӣ, реактивҳо, контейнерҳо таъмин буда, дар ин лабораторияҳо мутахассисони баландихтисос фаъолият мебаранд.
Аз тарафи кормандони Марказ баҳри пешгирии бемории сил корҳои тарғиботию ташвиқоти хуб ба роҳ монда шудааст. Аз ҷумла бо кормандони Марказҳои саломатии № 1,2,3,4,5,6 семинар-машваратҳо гузаронида шуд. Бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди бемории сил санаи 24 марти соли ҷорӣ  дар Қасри ҷавонони ба номи Лоиқ Шералӣ дар сатҳи баланди ташкили гузаронида шуда, дар он викторина ва конкурсҳои варақаҳои санитарӣ ва барномаи консертӣ баргузор гардид. Аз тарафи кормандони марказ ва кормандони марказҳои саломатии шаҳрӣ байни аҳоли баҳри пешгирии бемории сил корҳои тарғиботиву ташвиқоти дар оянда ҳам давом дода мешавад.
Оиди  иҷрои Қарори Раиси вилояти Суғд  аз 13 марти соли 2006, № 70 «Дар бораи Барномаи вилояти Суғд оид ба солимии репродуктивии аҳолӣ дар давраи то соли 2014»  ва қарори Раиси  шаҳри Хуҷанд аз 18 июни соли 2008, № 452  «Дар бораи Барномаи шаҳри Хуҷанд оид ба солимии репродуктивии ахолӣ дар давраи то соли 2014» давоми нимсолаи аввали  соли 2015 як қатор корҳо ба сомон расонида шуданд.
Шумораи аҳолии шаҳри Хуҷанд дар санаи 1 июли соли 2015- 170 100 нафарро ташкил медиҳад, шумораи умумии занон 80303 нафар, аз ин занони соли репродуктивӣ 43031 нафарро ташкил медиҳад.
Дар 6 моҳаи соли 2015 дар муассисаҳои тиббии шаҳри Хуҷанд  ҳамагӣ 2098 таваллуди кӯдак аз шаҳри Худанд 1830 нафар ба қайд гирифта шудааст. Таваллуд дар хона 13 нафар (0,7%)  ташкил мекунад.
Ҷарроҳии қайсарӣ 682 ҳодиса (аз шаҳри Хуҷанд 146 нафар)-ро ташкил медиҳад, назар ба соли 2014, 744 нафар.  Нишондоди исқоти ҳамл дар давоми нимсолаи аввали  соли 2015 - ба 626 ҳодиса, ки 343,4 ба ҳазор нафар  ба зиндатаваллуд ташкил медиҳад, (дар соли 2014-814 ҳодиса, 469,4  ба ҳазор нафар зинда таваллуд). Маводҳои контрасептивӣ дар 6 моҳаи соли 2015  ҳамагӣ - 12443 –ро (23,5 %) ташкил медиҳад, (дар соли 2014 ҳамагӣ 9997-21,2%).
Фавти модар: Қодирова Наргиза соли таваллуд 1982 истиқоматкунандаи шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Д.Рахимов №1 ворид шуд. Санаи 24.02.2015 соати 14:00 бо хулосаи камиссияи тибби МСШ№4 барои исқоти ҳамл: Ташхис: ҳомиладории 13 ҳафта. ААА (бачапартои 3 маротиба) камхуни дараҷаи миёна. Ҳолат баъди гузаронидани инсулини ишемикӣ. Дар шуъба ҳамаги ташхисҳо гузаронида шуд. Санаи 25.02.2015. соати 10:00 консилиум гузаронида шуд. Дар ҳайати муовини сартабиб Тошматова М.Р. духтури асабшинос Шукуров духтурони дараҷаи олӣ Фозилова М.Д., Бобоҷонова Г.Н., ва мудири шуъба эҳё Маъмуров Д.Ю., санаи 26.02.2015 ба шуъба эҳё гузаронида шуд. Санаи 26.02.2015 соати 12:40 бо асбоб тоза кардани ковокии бачадон оғоз карда шуд ҳолати зан вазнин мешавад ба таври фаврӣ шахсони масъул даъват карда шуданд, чораҳои эхёгарӣ дар давоми 30 дақиқа гузаронида шуд, бенатиҷа соати 13:20 марги биологӣ қайд карда шуд.Ташхис: амалиёти бо асбоб тоза кардани ковокии бачадон (васеъкунии гарданаки бачадон) оиди ҳомиладории 13 ҳафтина бо нишондодҳои тиббӣ. Ҳамрав: инсулти ишемикӣ. Ориза: Тромбоемболия шадидӣ артерияи шушҳо.
2. Раупова Зӯҳро соли таваллуд 1989, истиқоматкунанда маҳаллаи 13, бинои 27, ҳуҷраи 17  санаи 05.03.2015 соати 15:45 ба таваллудхонаи вилояти ворид гардид. Ташхис дар вақти воридот: Ҳомилагии 31 ҳафтаина, пеомади сар. Ҳамрав: Бодхӯрдаи системавӣ бо ҷалбшавии дигар узву системаҳо. Санаи 06.03.2015 соати 6:00 шикоят ба бемадорӣ, ҳароратбаландӣ, сулфа. Ҳарорати бадан то 38 дар, шумораи нафас 26 маротиба, набз 112 зарба. Бачадон гоҳ дар ангезиш. Қарор дода шуд, ки табобати табобати бемории асосӣ давом дода шуда, консилиуми мутахассисон гузаронида шавад.
Санаи 06.03.2015 соати 10:00 бо саршавии фаъолияти зоиш муоинаи якҷоя бо мутахассиси пешбари РТВ Рустамова.Р.И сартабиб таваллудхона Азизова С.И., муовини сартабиб оиди корҳои муолиҷавӣ Раҳимбоева Н.У. гузаронида шуд. Ташхис: Ҳомилагии 32 ҳафтаина, пеомади сар, давраи 1 валодат. Ҳамрав: Бодхурда бо ҷалбшавии дигар узвҳо. Камхунии дараҷаи миёна.
Санаи 06.03.2015 соати 14:30 таваллуд карда писарчаи зиндаи норасида бо вази 1600 гр, дарозиаш 40см. Давраи пас аз таваллуд дар марҳилаи назорат ҳарорати бадан то 38-39 дараҷа. Санаи 7 март муоинаи тарбодшинос, нефролог, пулманолог, силшинос гузаронида шуд ва оиди бемории асосиаш табобат давом дода шуд. Консилиуми  такрорӣ бо мутахассисон: мудири бахши хизматрасонӣ бо модару кӯдаки Раёсати тандурустии вилояти Суғд Акмалхоҷаева И.И., мудири шӯъбаи эҳё БКВС Ваҳобов СА., мудири шӯъбаи ревматологӣ Абдуқодирова Ш., дотсент Раҳимова Т.Т. гузаронида шуд. Қарор дода шуд, ки ба БКВС  шӯъбаи эҳё санаи 13.03.2015 гузаронида шавад.  Санаи 14.03.2015 дар шӯъбаи эҳё БКВС фавт шудааст.
Дар шаҳри Хуҷанд  дар  давоми нимсолаи аввали соли 2015 ҳамагӣ таваллуд 2098 нафар таваллуд шудааст ва фавти кӯдакони то 1 сола 145 ҳамагӣ (69,1 промили). Дар соли 2014 бошад, таваллуд 2666 нафар ва фавти кӯдакони то 1 сола 165 нафар ( 79,9 промили)    ба қайд гирифта шудааст.
Барои беҳтар намудани нишондоди фавт бо назардошти зиёд шудани фавт дар солҳои охир дар байни нахустҳомилаҳо) санаи 1 феврали  соли 2013 Қарори Раиси вилоят №23 ва Қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз 26 феврали соли 2013 №94 «Дар бораи расонидани  кӯмаки антенаталӣ ба занҳои ҳомила» ба тавсиб расонида шуд. Ҷиҳати гузаронидани ташхиси занҳои нахустҳомила барои ташрифи якум дар муассисаҳои кӯмаки аввалии тиббӣ-санитарӣ шаҳри Хуҷанд тибки роҳхатҳои тасдиқшуда мутобиқи қарори мазкур ташхиси занҳои нахустҳомилаҳо дар КВД дар «Маркази табобату маслиҳати ва ташхиси вилоятӣ» гузаронида мешавад.
Оиди баланд бардоштани савияи дониш аз тарафи кормандони маркази репродуктивии марказҳои саломатии шаҳр якчанд маротиба вохӯри дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ, дар маҳаллаҳо, дар донишгоҳҳо, дар коллеҷҳои тиббию педагоги сӯҳбатҳо дар мавзӯъҳои «Гигиенаи шахсии духтарон», «Исқоти ҳамл ва зарари он», «Бемориҳои бо роҳи алоқаи ҷинсӣ гузаранда», «Сину соли никоҳи ва танзими расму ойинҳо», «Ташаккули тарзи ҳаёти солим», «Танзими оила ва нигоҳ доштани фосилаи байни таваллуд», «Истифодабарии маводҳои пешгирии ҳомилаи номатлуб», ки аз проблемаҳои актуалии ҷомеаи имрӯза ба ҳисоб мераванд, вохӯри гузаронида шуда истодааст.

 

Вазъи эпидемиологии бемориҳои сироятӣ

 

Дар давоми нимсолаи аввали соли 2015 аз тарафи кормандони Маркази назорати давлатии санитарии-эпидемиологии шаҳри Хуҷанд оиди пешгирии бемориҳои сирояткунанда як қатор чорабиниҳои назаррас ба анҷом расонида шуданд. Дар давоми нимсолаи аввали моҳаи сипаришуда дар миқёси шаҳри Хуҷанд 343  ҳодисаи бемории зардпарвин (аз ҷумла Зардпарвини «А»- 289, зардпарвини «В»-3 нафар, зардпарвини «С»- 2 нафар) ба қайд гирифта шудааст. Аз тарафи кормандони Маркази назорати санитари-эпидемиологии шаҳри Хуҷанд ҳамаи суроғаҳои беморшудагон аз назар гузаронида алоқамандони беморонро аниқ карда ба марказҳои саломатии шаҳрӣ барои ба таҳти назорат гирифтан пешниҳодҳо дода шудаанд. Бояд қайд кард, ки сабаҳои пайдоиши бемори ин риоя накардани қоидаҳои гигиенаи шахсӣ,хусусан аз тарафи кӯдакони то 7 сола ва назорати сусти гурӯҳи номуташаккили кӯдакони синнашон томактабӣ аз тарафи волидайн мебошад, лекин дар давоми нимсолаи якум дар ҳудуди шаҳр авҷгирии бемории зардпарвин бо сабабҳои истифодабурдани оби ошомидани дар байни аҳолӣ дар мактабу боғчаҳо ба қайд гирифта нашудааст.
Оиди пешгирии бемории вараҷа дар муассисаҳои тиббии шаҳр аз 6322 ва 449 нафар  бо усули тести  беморони шубҳаноки ҳарорати баданашон баланд қатраи хуни ғафс барои гузаронидани ташхисӣ лабораторӣ гирифта шуда, аз ҳолати хуни гирифташуда бемории вараҷа ба қайд гирифта нашудааст. Бояд қайд карда шавад, ки ҳамаи муассисаҳои тибби профилактикӣ ва марказҳои саломатии шаҳрӣ бо лавозимотҳои зарури барои гирифтани қатраи ғафси хун таъмин мебошанд. Бо мақсади пешгири намудани бемории вараҷа аз тарафи Маркази мубориза бар зидди бемориҳои тропикии вилояти Суғд якчанд маводҳо ба монанди-дафтари бақайдгирӣ, роҳхати намунаи қатраи ғафси хун, варақаи хабари фаврӣ, сӯзанҳои яккарата, ранги Гимза ва равғани Эмирӣ ба тариқи ройгон ба ҳамаи марказҳои саломатии шаҳри тақсим карда шуд.
Дар 6 моҳаи соли 2015 дар байни аҳолӣ 610 машваратҳо, 36 лексияҳо инчунин 25 варақаҳои деворӣ бароварда шуд.
Дар ҳамаи муассисаҳои тибби ва Марказҳои саломатии шаҳрӣ шахси масъул бо фармони сардухтур таъин карда шуда бо нақшаи кори тасдиқшуда фаъолият бурда истодааст.
Оиди пешгирии бемориҳои хорӣ дар давоми 6 моҳаи соли 2015 ба Маркази назорати давлатии санитарӣ-эпидемиологии шаҳри Хуҷанд 264 хабарномаи фаврӣ оиди газидани ҳайвонот ворид гардид. Номгӯи ҳайвонот ва миқдори ҷабрдидагон бо муқоисаи ҳамин давраи соли 2014-ум дар ҷадвали поён нишон дода мешавад:

номгӯи ҳайвонот

дар 6 моҳи соли 2014

дар 6 моҳаи соли 2015

 

ҳамагӣ

маълум

номаълум

ҳамагӣ

маълум

номаълум

Сагҳо

139

99

40

111

76

35

Гурба

57

25

32

67

37

30

Муш

2

-

2

3

-

3

Каламуш

-

-

-

1

-

1

Харгӯш

3

3

-

7

6

1

Ҳамагӣ

201

127

64

190

119

71

 

Дар давоми 6 моҳаи соли 2015-ум аз тарафи идораи бойторӣ 247 саг ва 52 гурба ба қайд гирифта шуда, эмгузаронида шудааст. 313 сагони бесоҳиб аз тарафи кормандони автобазаи махсуси партовкашон нобуд карда шудааст.
Баҳри иҷроиши Қарори Раиси шаҳри Худанд  аз 14 январи соли 2015, таҳти №29 «Дар бораи тасдиқ намудани  Барномаи шаҳрии «Соли 2015-Соли гулҳо» дар ҳамаи  муассисаҳои тиббии шаҳр корҳои ободонӣ, зиёда аз 1400 ниҳолҳои дарахтони сояафкан ва мевадор, 2501 гулбуттаҳо ва тухмиҳои гулҳои ородиҳанда барои зебо намудани майдончаҳо шинонида шуд.Дар ҳамаи муассисаҳои шаҳр пиёзаки гули лола ба миқдори 1800 дона шинонида шуд. Корҳои ободони дар таваллудхони шаҳри низ худ ба ҷо монда шудааст. Дар майдонҳо 600 дона тухми гулҳои гуногун, 25 адад ниҳоли мевадаҳинда харидори ва шинонида шуд. Ба 250 метри квадрати тухми юнучқа ва ҷав пошида шуд. Дар ҳамаи муассисаҳо пиёзаки гули лола шинонида шуд. Дар беморхонаи сирояти беш аз 200 дона гулдонҳо  гузошта шуда дар беморхонаҳои клиникавии шаҳрии №1, 2 низ гулҳо ва гулдонҳо гузошта шуд.Ҳамзамон дар ҳамаи муассисаҳои тандурустии шаҳр ҳар ҳафта шанбегӣ гузаронида шуда, ҳуҷраҳои беморон, утоқҳои корӣ, роҳравҳо ва гирду атрофи биноҳо тозаву озода нигоҳ дошта мешаванд.
Кормандони соҳаи тандурустии шаҳри Хуҷанд дар чорабиниҳои идона бахшида ба таҷлили Иди Наврӯз дар муассисаҳои тандурустии шабнишиниву вохӯриҳо гузаронида, дар чорабинии идона, ки санаи 21 марти соли 2015-ум дар Боғи Ғалабаи шаҳри Хуҷанд дар сатҳи баланди фарҳанги таҷлил гардид, фаъолона иштирок намуданд.

 

 

Мутахассиси пешбари шӯъбаи  рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр                                               Каримов А.О.

Председатель города

Заместители Председателя

Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Бахтиёр Бокизода Бахтиёр Бокизода Заместитель председателя городаБахтиёр Боқизода родился 28 июля 1983 года в городе Худжанде, имеет четыре высших образования: юридическ...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Миробидова М. М. Миробидова М. М. Миробидова Муаттар Мирмухамедовна. Родилась 24 июня 1966 года в городе Худжанде, таджичка, образование высшее. В 1990 году окончила Таджикск...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим родился 1 августа 1968 года в городе Худжанде, по национальности таджик, имеет высшее образование. В 1994 году окончил ...
Бободжонзаде А. Бободжонзаде А. Бободжонзаде Абдусалом родился 27 декабря 1966 года в районе Б.Гафуров. По национальности таджик, имеет высшее образование, в 1992 году...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Недоступен ни однин перевод.Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Недоступен ни однин перевод.Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Каримов А. А. Каримов А. А. Недоступен ни однин перевод.Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумота...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Недоступен ни однин перевод.Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Недоступен ни однин перевод.Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии ти...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Недоступен ни однин перевод.Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ меб...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Недоступен ни однин перевод.Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ т...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Недоступен ни однин перевод.Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ...