Навгонӣ
12 Февраль 2013
Дирӯз Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов намояндагони ширкати «SEEN Holding»-и давлати Полшаро таҳти сарварии Рафал Липински ба ҳузур пазируфт. Зимни мулоқот, ки дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳусни тафоҳум сурат гирифт, ҷонибҳо оид ба сохтмони корхонаи коркарди партовҳои маишӣ дар шаҳр ибрози андеша намуданд. Меҳмонон, ки ба ҳайат Президенти гурӯҳи «SEEN Holding» Рафал Липински, директори техникии «SEEN Technologie» Гжегош Михаловски, директории генералии «Tokpol Ltd.» Томаш Кежковски ва намояндаи ширкати «SEEN Holding» Андрей Матвейчук шомил буданд, ақидаҳои хешро оид ба натиҷаву хулосаашон пас аз боздид аз партовгоҳи шаҳр ва сӯҳбат бо мутахассисони соҳа баён намуданд.